Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » АРТУЧ – мавзеи сайёҳист, АММО…

АРТУЧ – мавзеи сайёҳист, АММО…

2-09-2019, 15:13
Хабарро хонданд: 256 нафар
Назарҳо: 0
АРТУЧ – мавзеи сайёҳист, АММО… Ҳамарӯза сайёҳони зиёди дохиливу хориҷӣ ба минтақаи Артучи шаҳри Панҷакент, ки дорои манзараҳои дилфиреб мебошад, сафар мекунанд. Хусусан, Кӯли Калон таваҷҷуҳи гардишгаронро бештар ҷалб намудааст. Дар ин мавзеъ шаш кӯли хурд ва як кӯли калон мавҷуд аст. Калонтарини он дар баландии 3200 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир мебошад. Ғайр аз ин, дар давоми ин хатсайр мавзеъҳои дигари сайёҳӣ аз қабили кӯли Чуқурак, кӯлҳои Аловиддин, ағбаи Аловиддин ва Қуллаи Миралӣ (5132 м) мавҷӯданд, ки воқеан ҳам бо манзараҳои зебояш мароқангез аст. Аммо мушкилоте низ дар ин мавзеъҳо мавҷуд аст, ки бартараф кардани он ба рушди бештари соҳаи сайёҳӣ мусоидат менамояд.
Мушкили асосӣ валангории роҳ аст. Аз деҳаи Панҷрӯд то алплагери «Артуч» тақрибан 13 километр роҳ дар ҳолати бад қарор дошта, на ҳар мошини сабукрав имкони дар он ҳаракат карданро дорад. Чанде пеш дар рузномаи «Садои мардум» матлеберо оиди ин масъала нашр шуда буд, ки дар он аз ҷумла омадааст: «Рӯзи омадани мо ба ин ҷо сайёҳон аз ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва хориҷи дур — Олмон истироҳат мекарданд. Онҳо аз зебоии табиати кишвари мо, одамони меҳмон¬дӯсту оромии Ватани маҳбубамон, сухан мегуфтанд.
- Ман бори аввал ба Тоҷикис¬тон омадам, — мегӯяд нафақахӯр аз шаҳри Дрездени Олмон Волф¬ганг Трайде. — Артуч воқеан ҳам макони зебову дилкаш будааст. Офтоби ҷонбахшаш ба кас ҳаловат мебахшад. Тамошои қуллаҳои барфпӯши кӯҳи Аловиддин ва кӯли он табъи моро болида сохт.
Сокини дигари Олмон Штефан Узула гуфт, ки «тамошои арчазори Адам ва Миралӣ маро мафтун кард. Дар бисёр давлатҳои дунё, аз ҷумла Перуву Нидерландия будам, аммо чунин зебоиро надидам. Обаш ҳам ҷонбахшу нӯшиданӣ аст».
Ба андешаи сайёҳи дигари олмонӣ Элона Трайдер, «мардуми кишвари мо кушодачеҳраву ситорагарм ва меҳмондӯстанд. ӯро ҳам табиати зебо, ҳавои тозаву ағбаҳои сербарфу кӯлҳои оби тоза мафтун кардааст. Тоҷикистон дорои имкониятҳои бойи ташкили туризм аст, ки дар ҳолати рушд додани соҳа метавонад даромади хуб гирад. Лекин баъзе аз қитъаҳои роҳи ин масир валангоранд, ки сафарро мушкил мегардонанд…». Бардошти Элона Трайдер ҳақ аст. Роҳ аз маркази деҳаи Панҷрӯд то базаи сайёҳии «Артуч» (12,5 км) ноҳамвору хавфнок аст. Мо барои баландии роҳро «фатҳ» кардан маҷбур шудем, чанд маротиба сабукравро тела диҳем. Чун аз масъулони база пурсидем, ки «Артуч обод асту чаро роҳаш нообод?» посух доданд, ки «ҳамин сол ду маротиба тавассути булдозер роҳро ҳамвор кардем. Ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия муроҷиат намудем. Бояд таъмир кунанд». АРТУЧ – мавзеи сайёҳист, АММО… Бояд гуфт, ки роҳ дар ҳақиқат ба таъмири капиталӣ ниёз дошта, масъулинро мебояд сари он ҷиддӣ андеша намоянд. Зеро «ҳама ободиҳо аз роҳи хуб» гуфтаанд ва дар ҳолати валангорӣ қарор доштани роҳ бешубҳа ба рушди ҳама гуна соҳаи хоҷагии халқ, аз ҷумла соҳаи сайёҳӣ таъсири бад мерасонад. Ногуфта намонад, ки минтақаи Зарафшон саросар мавзеи сайёҳӣ буда, ҳамарӯза садҳо сайёҳӣ хориҷӣ ба тамошои манзараҳои он ва истироҳат меоянд. Хусусан, пас аз кушода шудани гузаргоҳҳои сарҳадии Ҷумҳурии ӯзбекистон воридоти сайёҳон бамаротиб бештар шудааст. Аз ин рӯ мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Панҷакент, Вазорати нақлиёт ва дигар вазорату идораҳои масъулро мебояд, ки сари ин масъала ҷиддӣ андеша намоянд.
Мушкилоти дигар, ин набудани аломатҳои роҳнамо ва иттилоотии мавзеъҳои сайёҳии минтақа мебошад. Ҳангоми дар кӯҳҳои Артуч сайр намудан, бо 4 нафар шаҳрванди Фаронса рӯ ба рӯ шудем, ки аз мо суроғаи Кӯли Калонро пурсиданд. Бинобар сабабе, ки мо низ бори аввал дар он ҷо будему мавзеъҳои сайёҳиро хуб намедонистем ва аз набудани аломати роҳнамои роҳ раҳгум зада будем, натавонистем мушкили сайёҳони хориҷиро ҳал кунем. Пас аз чанд лаҳзае бо сайёҳи дигаре вохӯрдем, ки бо забони русӣ васфи обу ҳаво ва манзараи зебои онҷоро мекард. Вале аз набудани аломатҳои роҳнамову иттилоотӣ ва мавҷи телефонҳои мобилӣ сахт изҳори нигаронӣ намуд.
Ба касе пӯшида нест, ки дар замони муосир сайёҳони хориҷиву дохилӣ ҳангоми сафар пеш аз ҳама ба се чиз бештар диққат медиҳанд: роҳ, аломатҳои роҳнамоӣ-иттилоотӣ ва телефону интернет. Дар сурати будани аломатҳо ва мавҷи телефони мобилӣ сайёҳ метавонад бо истифода аз имконоти шабакаи интернет ҷойи лозимаашро бемушкил пайдо намояд. Аммо дар Кӯли Калон мавҷи телефони мобилӣ мавҷуд нест. Телефон ва интернет танҳо то алплагери «Артуч» фаъол асту халос. Вақте мо Кӯли Калон мебаромадем, дар нимароҳ баъзе аз дӯстонамон, ки бо худ хаймаву дигар лавозимоти истироҳатӣ доштанд, аз мо дур монда, нопадид гаштанд. Имкони робитаи телефонӣ набуд. Ба гумоне, ки онҳо шояд бо дигар роҳ ба макон расида бошанд, 4 соат атрофи кулҳоро як - як давр задем ва бо мушкили зиёд ҳамдигарро пайдо намудем. Агар мавҷи телефони мобилӣ фаъол мебуд, мо ба ҳеҷ ваҷҳ ба чунин мушкил рӯ ба рӯ намегардидем.
Баъди бозгашт, вақте аз роҳбари бахши сайёҳии шаҳри Панҷакент Азизҷон Бобомуродов роҷеъ ба аломатҳои роҳнамоиву иттилоотӣ ва мавҷи мобилӣ пурсон шудем, гуфт: «Насби ҳеҷ гуна аломате зарурат надорад, бигзор сайёҳон аз роҳбаладони мо истифода кунанд». Пас аз ӯ пурсидем, ки оё шумораи роҳбаладон барои хизматрасонӣ басанда аст? ӯ сукутро ихтиёр кард. Вақте хостем дар мавриди мавҷи телефони мобилӣ суол кунем, ҳамсуҳбати мо суҳбатро қатъ намуда, дағалона рафтор кард...
Шояд ҷаноби Бобомирзоев намедонад, ки на ҳамаи сайёҳон хоҳиши аз роҳбалад истифода карданро доранд, зеро танҳо мушоҳидаи якрӯзаи мо нишон дод, ки аксари сайёҳон бидуни роҳбалад буданд.АРТУЧ – мавзеи сайёҳист, АММО…
Коршиноси масоили сайёҳи вобаста ба мушкилоти мазкур чунин назар дорад: «Хизматрасонӣ барои сайёҳон мисли занҷир аст. Вақте ки як ҳалқа канда шуд, эътимоди сайёҳ кам мешавад. Хизматрасони туристӣ аз «А» то «Я», яъне аз аввал то охир муназам бошад. Яке аз унсурҳое, ки сайёҳонро ҷалб мекунад, ин индустрияи меҳмоннавозӣ аст. Индустрияи меҳмоннавозӣ ин лаҳни хуб, пешвози хуб, гуфтори хуб ва дуюм ин албатта, будани аломатҳои роҳнамо дар мавзеъҳои сайёҳӣ мебошад. Агар яке аз ин унсурҳои хизматрасонӣ хуб ба роҳ монда нашавад, ҳатман барои рушди сайёҳӣ таъсири манфӣ мерасонад. Вақте ки ба тамоми кишварҳо меравӣ, ҳатман аломатҳои роҳнамо барои сайёҳони хориҷӣ ба забони англисӣ ва забони давлатии ҳамон кишвар насб шудааст, то ки сайёҳ ҷойи лозимаи худро бе ягон мушкилӣ пайдо намояд. Новобаста аз будану набудани роҳбалад. Новобаста аз он ки бо роҳбалад таъмин карда метавонад ё на. Яъне, аломатҳои роҳнамо буданаш ҳатмӣ аст. Як гурӯҳ сайёҳоне ҳастанд, ки онҳоро сайёҳони номуташаккилона (дикий туристи) меноманд. Онҳо сайёҳоне ҳастанд, ки худашон ба тамоми ҷаҳон сафар мекунанд. Онҳо на ба ширкатҳои сайёҳӣ муроҷиат мекунанд на ба роҳбалад ниёз доранд. Барои онҳо будани аломатҳои роҳнамо хеле зарур аст. Ҳангоми сайру гашт онҳо бештар ба ин аломатҳо диққат медиҳанд. Дигар ин ки дар мавзеъҳои сайёҳие, ки дар онҳо кӯлу дарёҳо вуҷуд дорад, дар он ҷойҳо аломатҳои иттилоотӣ дар бораи кӯлу дарёҳо бояд ҳатман бошад. Масалан дар ин кӯл шиноварӣ кардан мумкин аст ё на, дараҷаи хунукию гармии об ва чуқурии он нишон дода шавад. Организми инсон гуногун мешавад. Баъзе аз одамон дар дараҷаи аз ҳад хунукии об оббозӣ карда наметавонанд ва онҳо ҳатман кӯле мекобанд, ки обаш гарм бошад. Масалан, бархеи дигараш аз чуқурии кӯлу дарё ҳарос доранд ва метарсанд дар он шинов кунанд.
Умедворем, нашри ин матлаб, ки воқеан ҳам мавзӯи доғ асту ҳамчунин имсол ва ду соли оянда «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидааст, масъулинро бетараф намегузорад!

Ҳасан Азизов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: