Тоҷикистон: Шикасти мухолифон19-08-2019, 17:38
Хабарро хонданд: 166 нафар
Назарҳо: 0
Дар шабакаҳои интернет пайи ҳам мақолаҳои танқидии фармоишӣ пайдо мешаванд, ки кӯшиши қасдан таҳриф кардани дастовардҳои воқеии Тоҷикистон, таҳти роҳбарии оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи рушди созандагиро доранд.
Сабабҳо ва ҳадафҳои аслии шармовари ин муаллифони фасодкор ва ба ном «ифшогар» ба таври дуруст аз ҷониби коршинос Карим Воҳидов нишон дода шуда, зикр шудааст, ки «ин нашрияҳо ба масъалаҳои марбут ба иҷтимоию иқтисодӣ дахл доранд, ки барои ҳалли онҳо талошҳои зиёд лозиманд». Аммо соддалавҳона мебуд, агар гумон кунем, ки муаллифон ва зиёда аз ин ташкилкунандагони чунин маъракасозони иттилоотӣ ҷиҳати «тозакунии мағзҳо»( бо забони омиёнаи хадамоти махсус маҳз ин ибора ба кор бурда мешавад), аз ҷой кардани тўҳматномаҳои худ дар интернет-сайтҳо мақсади нек, ё ғами ҳимоят аз манфиатҳои мардуми тоҷикро дар сайтҳо дошта бошанд. Баръакс, ангезаи чунин амали онҳо тамоман чизи дигар ва муқобили ин аст. Фаҳмидани ин ҳама чандон душвор нест: барои ин бо дикқат мутаваҷҷеҳ шудан ба вазъи кунунӣ дар Сурия, Ироқ, Либия, Украина ва дигар “нуқтаҳои доғ” ва пас аз он чи тавр оғоз шудани ҳодисаҳои ин кишварҳоро ба ёд овардан кифоя аст. Кишварҳои рў ба рушди босубот, оилаҳои бо хонаю дари обод, дастархони пур аз анвои хӯрокворӣ, дилпурӣ аз фардо, эътимод ба ояндаи худ дар ибтидо мавриди ҳамлаҳои зиёди иттилоотӣ, ки илҳомбахшашон хадамоти иктишофии хориҷӣ буданд, қарор гирифтанд. Бо истифода аз одамакҳо, сиёсатмадорони фасодкори дохилӣ, чеҳраҳои ҷамъиятӣ ва намояндагони ВАО, дар муддати кўтоҳе ҷамъияти ин кишварҳоро тавонистанд бовар кунонанд, ки шаҳрвандон аз имтиёзоти зиёде маҳруманд, давлатҳои онҳо мардумонашонро ба таври лозим ғамхорӣ намекунанд. Масъулон ҳама фасодкор ҳастанд ва танҳо роҳи тағйири вазъият ва беҳбуд бахшидан ба зиндагиашон муборизаи мусаллаҳона бо ҳукуматдорон аст. Ба ваъдаҳои риёкорона дар бораи ояндаи афсонавӣ ва суханҳои дурўғини морсуратҳо, ки матни баромадҳояшон аз сўи хоҷагони хориҷӣ ва ҳатто дар он сўи уқёнус мувофиқа мешуд ва танҳо пас аз он аз сўи сиёсатмадорони маҳаллӣ ба забон баён мегардид, мардуми ин кишварҳо дар як муддати кўтоҳ аз ҳам чизҳо маҳрум гардиданд. Бар ивази сулҳ, рушди босубот ва ризоияти иҷтимоӣ бетартибӣ, харобӣ, камбизоатӣ, хун, марг, зӯроварӣ ва фардои номуайян, эҳтимолан то рӯзҳои охирини ҳаёташонро ба даст оварданд. Имрӯз боз ҳамон технологияҳои санҷидашудаи мудирият кардани шуури оммавиро хадамоти иктишофии хориҷӣ мекӯшанд нисбати мардуми Тоҷикистон татбиқ кунанд. Бо вуҷуди талошҳои нерўҳои хориҷӣ дар солҳои 1990- ум, ки ҷумҳуриро ба машъали сўзон табдил дода, оташи терроризм ва бетартибиҳои идорашавандаро дар тамоми Осиёи Марказӣ ва баъдан ба минтақаҳои дигар паҳн карданӣ буданд, мақомоти Тоҷикистон бо дастгирии тамоми ҷомеа тавонистанд сулҳу оштиро дар сарзамини худ бо роҳи саривақт безарар гардонидани исломиёни фурўхташуда, ки аз охўри хадамоти ҷосусии хориҷӣ таъмин мешуданд, нигоҳ доранд. Нақшаи нерўҳои хориҷӣ бо мақсади табдил додани кишвари мо ба Афғонистони дуюм, кишваре, ки акнун чанд даҳсола аст мардумаш ранҷу азоби ҷанги хонумонсўз, зўроварии ҳарбиёни гуногуни таҷовузкорро мекашад, бебарор шикаст хўрд. Доду фарёдҳои баланд ва авомфиребона (демогогона)-и онҳо дар ин бора, ки Ҳукумати Тоҷикистон аз эътимоди мардум бархурдор нест ва вазъияти кишварро таҳти назорат надорад, маълум шуд, ки фақат як садои холӣ аст ва ба воқеият ҳеҷ рабте надорад. Тамоми ҷаҳон худ ҳамбастагии ҷомеа бо сиёсати давлатии роҳбарияти Тоҷикистон, мавзеи устувори мақомотҳои давлатӣ бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ ва дастгирии табақаҳои васеи мардумро дида, эътимод пайдо кард. Ин ҳама акнун боиси бадхоҳии қувваҳои харобкори беруна мегардад, ки барои ташкили бетартибиҳои идоракунанда дар Тоҷикистон садҳо миллион долларро беҳуда сарф намудаанд ... Сирри мавзеъгирии барои хадамоти иктишофии хориҷӣ нофаҳмои тоҷикон хеле содда аст - онҳо ватани худро дӯст медоранд, аз ҷанги шаҳрвандии солҳои 1990-ум гузаштаанд ва ин дастовардҳои назаррас худ дар рушди давлати соҳибихтиёрро қадр мекунанд, ки ба шарофати сулҳ ва татбиқи пайгиронаи роҳбарияти кишвар стратегияи дохилии рушд ва ба ҳамкории самарабахши байналмилалӣ ноил гардидаанд. Ба ақидаи коршиносон, ҳатто мунаққидони ҳукумати кунунӣ эътироф мекунанд, ки Тоҷикистони муосир хеле зуд холигоҳи азими рушдро, ки дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандии дарозмуддат ба вуҷуд омада буд, бартараф кард ва имрӯз он аз ҳолати солҳои 90-ум хеле фарқ мекунад. Зиёда аз бист сол аст, роҳи дурусти танзимшудаи сиёсӣ ба ин кишвар имкон додааст, суръати устувори рушди иқтисод ва некӯаҳволии иҷтимоиро таъмин намояд, сарфи назар аз он ки ҷумҳурӣ дорои конҳои калони рушдкардаи ашёи хоми карбогидридҳо нест». Ҳамзамон бо ин, дар татбиқи сиёсати давлатӣ манфиатҳои мардуми Тоҷикистон дар мадди аввал гузошта мешаванд. Танҳо чанд мулоҳизаро аз Паёми солонаи Сарвари давлат ба парлумон овардан кифоя аст: «Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарфи назар аз дигаргуниҳои ҷаҳонӣ дар соҳаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва соҳаи амният, дар роҳи рушди устувори иқтисодӣ, ноил шудан ба ҳадафҳои стратегӣ ба хотири таъмини зиндагии шоистаи мардум қадамҳои устувор мегузорад ... Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадафи баландтарини худро боло бурдани сатҳ ва сифати зиндагии мардум эълон карда, фаъолияти худро барои ҳалли вазифаҳои дар Стратегияи Миллии Рушд пешбинишуда тавассути ҳалли масъалаҳои рушди устувори иқтисодӣ, таҳкими нерӯи инсонӣ, такмили системаи идоракунии давлатӣ, тавсеаи имконоти содиротии кишвар ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ рушди бахши хусусӣ ва такмил додани бозори меҳнат равона мекунад... Ин аз мо талаб менамояд, ки ба ҳаллу фасли масъалаҳои дорои хусусияти иҷтимоию иқтисодӣ, аз ҷумла баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии аҳолӣ ва тақвияти нерӯи истеҳсолии кишвар аҳамияти аввалиндараҷа диҳем ...» Ғамхории Пешвои миллат нисбати халқ, таҳкими давлатдорӣ дар амалҳо ва дастовардҳои воқеӣ инъикос ёфтааст. Ҳар як сафари кории Сарвари давлат ба минтақаҳо бо кушодани иншооти нави истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ ҳамроҳ буда, ҳамчун омили қавии ҳавасмандгардонии мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ дар баланд бардоштани суръати тараққиёти минтақаҳо, иқтидори саноатӣ ва беҳтар кардани шароити зиндагии аҳолӣ хизмат мекунад. Ҳамин тавр, танҳо дар ҷараёни сафарҳои августии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияҳои вилояти Хатлон, маросимҳои ба баҳрабардорӣ супурдани иншооти зиёде баргузор гардид. Тибқи иттилои расонаҳо, «дар ноҳияи Ховалинг, дар ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ, Президент якчанд мактаби миёна, бинои нави маъмурӣ, амфитеатр бо ҳазор ҷойро ифтитоҳ кард, кӯдакистон, маркази ҷавонон ва майдони футболи варзишӣ ва Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихӣ-кишваршиносии ба номи Восеъро ифтитоҳ кард. «Дар маркази шаҳр, дар масоҳати 2,5 гектар, боғи сарсабзи фароғатӣ барои истироҳати сокинон боз шуд. Тарҳи асосии онро манори 24 –метра бо нишони миллӣ ва суккони дорои баландии 53 метр зеб медиҳад. Дар ноҳияи Балҷувон як боғчаи нав ва як мактаб-интернат ифтитоҳ ёфт, сехи коркарди сангҳои маҳаллии ҶДММ «Элегант-Балҷувон» ба истифода дода шуд, мактаби нави дуошёна барои 1300 хонанда ва маркази бисёрҷанбаи хизматрасонӣ ва фароғатии кӯдакону наврасон ба кор оғоз карданд. Ҳангоми сафари корӣ ба вилояти Хатлон бахши нави роҳи мошингарди Кангурт-Балҷувон-Ховалинг кушода шуд, ки дарозии 43 километр ва паҳнои 7 метр дорад. Тибқи лоиҳа, дар тӯли тамоми ин роҳ 6 пул, 5 таваққуфгоҳ ва дигар инфрасохтори зарурӣ сохта шудаанд. Як корхонаи коркарди гиёҳҳои шифобахши «Сари Хосор» ва дигар иншоот ба истифода дода шуд. Ҷойи зикр кардан аст, ки дар тўли 70 соли давраи Шӯравӣ дар ягон минтақаи дурдасти кӯҳистон ба монанди Помир, Ховалинг, Балҷувон, Рашт ва ғайраҳо ҳатто як қисми ками чунин иншоот, ки имрӯз бо дастгирии бевоситаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон сохтмонашон анҷом дода шудаанд, бунёд нагардидаанд. Дар бораи нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва дастовардҳо сухан ронда, бояд ба ҳисоб гирифт, ки тибқи маълумоти манбаъҳои расмӣ, дар 27 соли соҳибистиқлолӣ бори аввал аст Тоҷикистон ҳоло на танҳо пурра бо қувваи барқ таъмин карда мешавад, балки ба миқдори қариб 3 миллиард кВт /соат нерӯи барқи худро содир мекунад. Дар тӯли 10 соли охир иқтидори истеҳсолии системаи энергетикии кишвар ба андозаи 1,520 мегаватт афзоиш ёфта, беш аз 1300 километр хатҳои баландшиддат сохта ва ба истифода дода шуданд. Аз оғози сохтмони НБО «Роғун», аз ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ 24 миллиард сомонӣ азхуд карда шудааст, танҳо дар соли 2018 3,9 миллиард сомонӣ ва дар соли 2019 барои ин мақсад қариб 4 миллиард сомонӣ пешбинӣ шуда, ки имкон медиҳад агрегати дуюми бузургтарин нерӯгоҳи обӣ дар минтақа саривақт ба кор андохта шавад. Сентябри соли 2018 дар минтақаи кӯҳии Мурғоб Нерӯгоҳи барқи обии «Тоҷикистон» бо иқтидори 1500 киловатт ва арзиши 80 миллион сомонӣ ба кор дароварда шуд, ки ба он эҳтиёҷоти барқ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пурра қонеъ мегардад. Ҳоло асосноксозии техникии сохтмони боз ду нерӯгоҳи барқи обӣ дар ин минтақа, яъне дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – «Санобод» ва «Себзор» бо иқтидори умумии 211 мегаватт омода шуда истодааст ва кор бо созмонҳои байналмилалӣ барои дарёфт ва ҷалби сармоя идома дорад. Дар солҳои охир, дар натиҷаи бунёди роҳҳои автомобилгарди байналмилалӣ ва пайвастани Тоҷикистон ба роҳҳои Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, кушодани роҳи оҳан ва 16 нуқтаи сарҳадӣ бо Ӯзбекистон ин кишвар роҳи бунбасти коммуникатсиониро шикаст, ки ин яке аз ҳадафҳои стратегии сиёсати давлатӣ дар даҳсолаҳои охир ва аз дастовардҳои назаррас дар сарсари ҷаҳон мебошад. Инчунин аз пешрафтҳо дар дигар соҳаҳо низ бояд ёдовар шавем. Соли 2018 афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,3 фоизро ташкил дод, дар ҳоле ки нишондиҳандаи таваррум 5,4 фоиз аст. Рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт таъмин гардида, аз ҷумла дар соҳаи истеҳсолот зиёда аз 150 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуданд ва дар се соли охир шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ 25 фоиз кам шудааст. Даромади пулии аҳолӣ 11 фоиз зиёд шуд, ҳаҷми пасандозҳо дар низоми бонкии кишвар нисбат ба соли қаблӣ 9 фоиз афзоиш ёфт ва сатҳи камбизоатӣ то 29,5 фоиз коҳиш ёфт. Тамоюлҳои мусбӣ дар соҳаи иҷтимоӣ идома доранд, аз ҷумла дарозумрии аҳолӣ 75 солро ташкил дода, фавти модарон ва кӯдакон нисбат ба соли 1998 мутаносибан 2,1 ва 2,6 маротиба коҳиш ёфт. Аҳолии Тоҷикистон аз 5,4 миллион нафари соли 1990 то ба 9,1 миллион нафар дар соли 2018 афзоиш ёфт ва тибқи пешгӯиҳо, шумораи аҳолии кишвар дар соли 2023 ба 10 миллион нафар хоҳад расид. Аз сентябри соли 2018 музди меҳнати кормандони ташкилоту муассисаҳои соҳаҳои буҷетӣ, аз ҷумла илм, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоӣ, инчунин кормандони дигар ташкилоту муассисаҳое, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, ҳамзамон нафақа ва стипендия ба 15 дарсад зиёд гардидааст. Бояд дар назар дошт, ки даромади буҷети давлатӣ аз 6,5 миллиард сомонӣ дар соли 2010 то 24 миллиард дар соли 2019, тақрибан 4 маротиба афзоиш ёфта, дар он ҳиссаи хароҷот дар соҳаи иҷтимоӣ 43,7 дарсадро ташкил хоҳад дод. Дар муқоиса бо соли 2018, дар буҷети соли 2019, беш аз 17,3 фоизи маблағ ба соҳаи фарҳанг ва варзиш, 14 фоиз ба илму маориф, 9,5 фоиз ба суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, 7,2 фоиз ба соҳаи тандурустӣ равона мешаванд. Дар як вақт, вазъияти зикршуда аз шикасти мухолифон шаҳодат медиҳад, ки дигар наметавонанд далелҳое ёфта, мақомотро беасос ва бо ҳар баҳона таҳқир кунанд. Ҳарчанд дар Тоҷикистон қариб ҳар рӯз корхонаҳо ва иншооти иҷтимоӣ ва фарҳангӣ кушода мешаванд, ки ин хотиру ҳуши мухолифонро тира месозад ва нақшаҳои харобиоварашонро вайрон мекунад. Бо вуҷуди ин бе ягон ангеза ва далел, онҳо аз тариқи васоити ахбори оммаи ғаразнок ҷанги иттилоотиро идома медиҳанд, ки ин ба обрӯи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми он зарар мерасонад. Аммо, ин ва бисёр дигар нишондиҳандаҳои рушди устувори Тоҷикистон далели возеҳ ва боэътимоди кори самарабахши ҳукумат, дар андешаи беҳбудӣ ва ояндаи хушбахтии мардуми кишвар будани он мебошанд. Чунин ба назар мерасад, ки ин вазъият он қувваҳои харобиовари берунаеро, ки мехоҳанд оташи дигаре аз ҷангу бесарусомонии Афғонистонро ба хоки Тоҷикистон бикашанд, сахт ба ташвиш меорад. Барои ин кор онҳо бо дастгирии ҳомиёнашон одамакҳоеро яклухт ва чакана мехаранд, ки ин ҳама дастовардҳои мардуми моро бо навиштаҳои ғаразнок сиёҳ кунанд, дар ҳоле ки худашон дур, дар шароити бароҳат дар хориҷа пулҳои ба онҳо додашударо барои хиёнат ба ватанашон бе азоби виҷдон ва бе пушаймонӣ мехӯранд. Онҳо танҳо инро ба назар намегиранд, ки мардуми Тоҷикистон, бар асоси таҷрибаи фоҷиавии солҳои 90-ум, арзиши аслии суханрониҳои дурӯғинашонро аллакай медонанд ва ҳоло метавонанд ин махлуқҳоро бишносанд ва нисбаташон нафрат дошта бошанд. Сӯҳроб Рашидов,
иқтисодчии байналмилалӣ (Манбаъ: ЦентрАзия) Аз русӣ тарҷумаи С.Юсуф |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.