Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, роҳи рушд ва шукуфоӣ

Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, роҳи рушд ва шукуфоӣ

24-06-2019, 09:25
Хабарро хонданд: 227 нафар
Назарҳо: 0

Машварати  ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ  дар Осиё, роҳи рушд ва шукуфоӣДар ҷаҳони кунунӣ, ки бо роҳҳои манфӣ ба даст овардани манфиат ба дараҷаи аъло расида, дому хатарҳои он тариқи пардапӯшона вориди билхоҳ ҷомеа гаштаанд, боиси нигаронӣ мебошад. Воқеан имрӯз дар баробари гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, фурӯши гайриқонунӣ ё тариқи фишор аз худ кардани зарираҳои табии кишварҳои кӯчак аз ҷониби мамолики абарқурдат, ҳамзамон даст задани гурӯҳҳои муаяйну номуаяйя ба тиҷорати инсонҳо ҳамчун мушкилоти калидии сайёра дониста мешавад. Ин гуфтаҳо дар ҳолеанд, ки бо мақсади ба даст овардани манфиат ташкил шудани гурӯҳу созмонҳои террористиву экстемистӣ ва ҳаркатҳои радикалии динӣ барои ҷаҳониёт вабои нави замонро дар миён гузоштааст.
Агарчӣ имрӯз терроризм ва экстремизми динӣ шояд барои созмондодагони он идоранашаванда гардидааст, аммо хушбахтона тоифаи хостори сулҳу амн ин ҳолатро дарк намуда, зидди ин зуҳутори номатлуб муборизаи дастаҷамъонаро бароҳ мондаанд. Имрӯзҳо дар ҳама қитъаҳову минтақаҳои сайёра давлатҳои хурду бузург гирди созмонҳои муаяйне ба ҳам омадаву дар мубориза алайни хатару чолишҳои замона гуфтушунид мебаранд ва дар зимн ба натиҷаи холхоҳ низ ноил шудаанд.
Ҷомеаи қитъаи Осиё , ки аз таҳдидҳои ноамнӣ ба амнияти ҷомеа дар канор намондааст, баҳри ҳифозати фазои сулҳу субот талош меварзанд ва дар ин самт созмону машваратҳои минтақавиро рӯи кор овардаанд, ки бузургтарини онҳо СҲШ, СААД, Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё дониста мешавад.
Чанде қабл, ки дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе Машварати панҷуми ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё баргузор гардида буд, мо тасми гирифтем қудрат ва тавоноии Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиёро бобати мубориза алайҳи таҳдиду чолишҳои ҷаҳонӣ, ба риштаи таҳлил бикашем.

Ёдовар мешавем, ки Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО), анҷумани байнидавлатӣ ва созмони минтақавиест, ки соли 1992 бо дастгирии СММ таъсис ёфтааст. Ба назари коршиносони ҳирфаии чаҳонӣ созмони мазкур дар муддати начандон тулонӣ метавонад ба яке аз анҷуманҳои пурқудрати байнидавлатӣ мубаддал гардад. Ин гуфтаҳо аз он сарчашма мегиранд, ки Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ба мавзуоти калидии ҷомеаи кунунии инсонӣ дахл намудааст. Дар ин баробар созмони мазкур кишварҳои зиёдеро ба ҳам овардааст, ки ҳалли дастачамъонаи муаммоҳои зикршуда баҳри 40 давлати сайёра мушкил нахоҳад буд.
Ба иқрори коршиносон баргузор гардидани чунин як ҳамоиши сатҳи баланд дар Тоҷикистон, бо шумоли ин ҳама шаҳомат бори нахуст аст, ки сурат мегирад. Чун дар Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ҳайати расмии зиёда аз 40 давлати сайёра иштирок доштанд. Бузургии ин созмон дар он зоҳир мегардад, ки аҳолии Осиё ва кишварҳоие, ки ба ҳамин машватар шомил ҳастанд 4,5 миллиард нафарро ташкил медиҳад, ки ин шумора 63% аҳолии сайёраро ташкил медиҳад.
Хотиррасон менамоем, ки ба сафи созмони мазкур абарқудрати давр Федератсия Русия ва кишварҳио қудратманди минтақа Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Ҷумҳурии Иисломии Эрон низ шомил мебошад.
Владимир Путин; Кишварҳои аъзои МҲТБО, бояд дар корҳои дохилии якдигар дахолат наварзанд
«Мо бояд ба манофеъ ва даромади гурӯҳҳои террористӣ, ки аз ҳисоби фурӯши маводи мухаддир сарчашма мегирад, монеа эҷод намуда, нагузорем ин гурӯҳҳои ҷиноятпеша ба маводи кимёвӣ даст ёбанд»- маҳз ин нуқтароВладимир Путин Президенти Федератсияи Россия зимни баргузории с, ки чанде қабл дар пайтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе баргузор гардид буд, зикр намуд. Владимир Путин дар нишасти сарони давлатҳои аъзои, аз намояндагони давлатҳои аъзои ин созмони бонуфузи байналмилалӣ даъват ба амал овард, ки дар мубориза бар зидди тахдиду чолишҳои замони муосир, хусусан терроризм, ифротгароӣ ва гардиши маводи мухаддир, ки омили асосии мабалағгузории гурӯҳҳои террористӣ дар ҷаҳон мебошанд, хамкории муштаракро тақвият бахшанд.
Бо дахли таҳкими ҳамкории давлатҳои аъзои ин созмони бонуфуз Владимир Путин зикр сохт, ки кишварҳои аъзои МҲТБО, бояд ба якдигар эҳтиром ва арҷ гузошта, дар корҳои дохилии якдигар дахолат наварзанд.
Ҳамзамон Владимир Путин дар баромади худ доир ба қазияи Афғонистон, Сурия, муносиботи ҳар ду Корея ва барномаи ҳастаии Эрон дахл намуда, гуфт ки Россия ҷонибдори тақвият ва густариши ҳамкории судманд бо кишварҳои аъзои МҲТБО мебошад.
Си Ҷинпин; Ҳадафи мо бунёди Осиёи кушодаву таҳаммулпазир аст
Ин ҳам дар ҳолест, ки зимни баргузории ҳамоиши мазкур Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин, ҳамчун намояндаи кишвари фаъоли ин созмон иштирок намуда, зимни суханронии хеш аз ҷумла таъкид намуд: “кишварҳоро зарур аст, ки якҷоя амниятро эҷод намоянд, соҳибихтиёрӣ ва роҳи демократиро эҳтиром гузоранд, инчунин барои интихоби роҳи сиёсӣ имконият диҳанд.Бунёди Осиёи Марказии бехатар ҳадафи умумии мо мебошад. Мо ҷонибдори муколама бар ивази муқовимат мебошем»,
Ба гуфтаи Си Ҷинпин, барои мубориза бо терроризм бояд бо дарназардошти ҳошияҳои Осиё тадбирҳои муассир андешида шаванд.
«Ҳадафи мо бунёди Осиёи кушодаву таҳаммулпазир ва мавҷудияти муносиби тамаддунҳо ба ҳисоб меравад», — тазаккур дод Си Ҷинпин.
Маврид ба тазаккур аст, ки баррасии масоили амният ва ҳамкорӣ дар қитъаи Осиё ва саҳмгузорӣ дар ҷараёни ҷаҳонии мубориза бо терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории фаромиллӣ аз ҳадафҳои асосии ин ҳамоиш аст.
Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё фаъолияти хешро дар доираи 5 ченак:
- Ченаки инсонӣ
- Ченаки иқтисодӣ
- Ченаки экологӣ (ё худ муҳити зистӣ)
- Ченаки низомӣ-сиёсӣ
- Ченаки хатар ва чолишҳои терроризми байналмиллалӣ
бароҳ монда, аз рӯи таҳлилҳои муҳаққикон самтҳои фаъолияти он бевосита ба мавзӯоти калидии минтақаро дар бар мегиранд.
Эмомалӣ Раҳмон; Тоҷикистон қадру қимати сулҳу суботу оромиро дарк намуда, гиромӣ медорад
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни суханронии хеш дар кори Машварати панҷуми ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ҳамчун муаррифгари Ҷумҳурии Тоҷикистон, чун кишвари пешқадам дар дарёфти роҳи ҳалли муамоҳои ҷаҳони кунунӣ ва мубориз дар роҳи маҳву нобудсозии терроризму экстремизм таъкид доштанд, ки:
“Тоҷикистон дар давраи садорати худ дар Машварат мусоидати ҳамаҷониба ба таҳкими муколамаи созанда ва мушорикати густурда миёни давлатҳои аъзо тавассути идомаи роҳандозии тадбирҳои боварӣ, инчунин саҳмгузорӣ дар шукуфоӣ ва рушди мутаносиби тамоми минтақаи Осиёро аз вазифаҳои аввалиндараҷаи худ мешуморад.Айни ҳол минтақаи фарохи Осиё бо таҳдидҳое рӯ ба рӯ аст, ки дар пасманзари онҳо тақдири таърихии мардум дар роҳи саъю талошҳо баҳри рушди иқтисодию устувори муштарак ва пешрафт бо ҳам пайвастаанд”.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин зикр намуданд, ки: “Тоҷикистон зарурати пешбурди минбаъдаи талошҳоро ҷиҳати таҳкими сулҳу субот ва амният дар Осиё, таъмиқи ҳамкории бисёрҷанба ва татбиқи чораҳои эътимодсозиро дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, экологӣ ва башардӯстӣ дар доираи раванди МҲТБО таъкид менамояд.Зуҳуроти афзоишёбандаи терроризму ифротгароӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои киберӣ ҳамоно ба амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ хатар ба бор меоранд.Мубориза бо ин таҳдидҳо аз ҳамаи давлатҳои аъзои Машварат андешидани тадбирҳои муштараки таъхирнопазирро тақозо менамояд”.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикисторо ҳамчун кишвари таҷрибадор дар самти мубориза бо терроризму экстремизм номида, байён намуданд: “Баъди аз сар гузаронидани ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми қарни гузашта Тоҷикистон қадру қимати сулҳу суботу оромиро ва зарурати мутлақи ҳифзу таҳкими онҳоро дарк намуда, гиромӣ медорад”.
Маврид ба зикр аст, ки аъзоёни Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё 4 соле як маротиба ба ҳам меоянд, ки мақсади он таҳлилу баррасии вазъи ҷаҳонӣ ва тартиби барномаҳои ҳаллу фасли мушкилоти башарӣ ва минтақавӣ мебошад.
Ин навбат низ зимни баргузории ҳамоиш Деклоратсия қабул карда шуд, ки дар он самтҳои фаъолияти минбаъда дар доираи ченакҳои муқарраршуда муайян гашт. Дар баробари дигар рукнҳои фаъолият дар бахши муборизаи муштакар ва ҷиддӣ нисбати терроризму экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир гуфтушунид сурат гирифта, Деклоратсия қабул шуд. Ин ҳолат барои ҷомеа сайёра ва минтақа боиси қаноатмандӣ гардид. Ба андешаи таҳқиқгарон “Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё” ҳамчун як созмони пурқудрат бечуну чаро аз уҳдаи вазифаҳои дар назди худ гузошташударо иҷро менамояд.
Суғдмеҳри Маъруфзод




Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: