Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » «Хуҷамуъмин» табобат мекунад

«Хуҷамуъмин» табобат мекунад

24-05-2019, 09:47
Хабарро хонданд: 223 нафар
Назарҳо: 0
«Хуҷамуъмин» табобат мекунадАгар шумо боре ба ноҳияи Ҳамадонӣ сафар карда бошед, баъди аз деҳаи Олимтой гузаштан ва баромадан ба баландии қатортеппаҳои ноҳияи Восеъ қабл аз ҳама чашматон ба гунбази кӯҳи намаки Хоҷамуъмин мерасад. Ин гумбаз ба сарпӯши деги азиме шабоҳат дорад ва дилхоҳ бинандадаро ба худ мутаваҷҷеҳ месозад…

Даврони бачагии банда дар ноҳияи Ҳамадонӣ, дар наздикии ҳамин кӯҳ сипарӣ шудааст. Деҳаи мо аз кӯҳи Хуҷамуъмин тақрибан 2-3 километр дуртар ҷойгир буд. Мо наврасони солҳои 70-ми асри гузашта, борҳо ба сайри он мебаромадем ва аз манзараҳои дилфиребаш лаззат мебурдем. Дар қисми болоии кӯҳи Хуҷамуъмин чукрӣ, чоқла, ров, рошак, шибит ва дигар намуди алафҳои кӯҳӣ месабзанд ва дар моҳҳои апрел, қисми зиёди бачаҳои деҳаҳои гирду атроф ва маркази ноҳия чукричинӣ мебаромаданд. Аммо, мутаассифона, мо дар бораи таърихи кӯҳи Хуҷамуъмин чизеро намедонистем. Ҳатто волидону муаллимонамон аз таърихи ин кӯҳи нодиру ҳайратовар бехабар буданд. Ба назар чунин мерасад, ки имрӯз ҳам гузаштаи дури ин кӯҳ барои бисёриҳо ниҳон мондааст.
Кӯҳи Хуҷамуъмин тақрибан 25 километр дуртар аз шаҳри Кӯлоб дар байни ноҳияҳои Восеъ ва Ҳамадонӣ дар баландии 1332 м аз сатҳи баҳр ҷойгир шудааст. Бостоншиносон ақида доранд, ки замоне дар ҷои кӯҳи Хуҷамуъмин баҳре будааст ва вобаста ба гузашти қарнҳо ин баҳр хушк гардида ба ҷояш ин кӯҳ гӯё пайдо шудааст. Мувофиқи маълумоти маъхазҳои таърихӣ Хуҷамуъмин то ҳудудҳои Осиёи Миёнаро забт кардани арабҳо, кӯҳи Мехатон ном дошт.
Дар аввали асри 8 вақте ки кишвари моро лашкари араб забт намуд, ба ин ҷо бисёр олимони илоҳиётшиносӣ форсу араб сафар мекарданд ва мафтуни табиати зебо, кӯҳҳои пур аз ганҷ, чашмаҳои шифобахш, дарёи обҳои равон гашта, аксари онҳо дар ин ҷойҳо маскан мегирифтанд. Мувофиқи ривоятҳо, дар байни онҳо олимони ирфонӣ, чаҳор бародарон Хоҷа Сартези Валӣ, Хоҷа Абдулмӯъмини Валӣ, Хоҷа Қутбиддини Валӣ ва Хоҷа Киромиддини Валӣ низ буданд. Ҳар чор бародарон дар охирҳои асри 11 ва аввалҳои асри 12 аз Эрон ба Осиёи Миёна омада, баъди сайру саёҳати зиёд дар қаламрави Хатлон маскан гирифта буданд.
Хоҷа Абулмӯъмини Валӣ дар масҷиди дар пояи кӯҳи Мехатон сохташуда ҳаёт ба сар мебурдааст. Баъдтар яке ҷойҳои хушманзараи болои кӯҳи намакро барои зист интихоб намуда, дар он ҷо барои худ бошишгоҳ сохта, то охири умраш дар он ҷо ҳаёт ба сар бурдааст. Баъди фавт дар зери кӯҳи намак ӯро ба хок месупоранд ва мақбараашро месозанд, ки то имрӯз маҳфуз мондааст. Ана аз ҳамон давра сар карда, ин кӯҳ ба худ номи Хуҷамуъминро мегирад.
Мутафаккир ва донишманди бузурги асри 10 Абӯрайҳони Берунӣ дар бораи кӯҳи намак маълумоти зиёди илмӣ дода, навиштааст: «Мехатон яке аз захираҳои калонтарини намаки ҷаҳон мебошад. Намаки он сафеду кабудчаранг, замчмонанд, сурхчатобу бунафшранг буда, хеле хуштаъм ва сифаташ аъло мебошад».
Тамоми кӯҳ аз намаксанги сафеди сабзтоб, бунафш ё сурхчатоб иборат буда, рӯи онро қабати (0-42 метр) ҷисмҳои гипсу англедритдор (CaSO4) пӯшонидаанд. Нишебиҳояш ҷаридор ва қисман рости девормонанд аст. Баландии ҷариҳо ба аз 50 то 150 метр мерасад. Дар бари ҷариҳо ҳарҷо шӯшаҳои сафеди намакин овезонанд.
Олимони даврони шӯравӣ В. Н. Вебер, А. Г Берман, Д. Богданович, Н. М Федоровский, Р. Баротов ва олими соҳаи намак А. И Дзенс-Литовский борҳо ин қӯҳро омӯхтаанду онро яке аз ганҷинаҳои азими намаки ошӣ донистаанд. Соли 1933 олими рус табиатшинос А.Федоровский муайян карда буд, ки захираи намаки ошӣ дар ин гумбаз зиёда аз 30 миллиард тонна мебошад. Сипас олимони бостоншиноси тоҷик Ю.Яқубов, Ҳасан Асоев ва дигарон низ дар ин ҷода саҳми худро гузоштаанд. Тадқиқоти зиёди ин гурӯҳи олимон оид ба пайдоиш, захира ва табиати кӯҳи мазкур маълумоти илмии муфассалу фарогир додаанд.
Агар аз масофаи начандон дур ба кисмати поёнии кӯҳи Хуҷамуъмин назар андозед, он шакли девореро дорад, ки дар он шушаҳои зиёди сафеди ба ях монанд овезонанд. Ин шушаҳо намакҳое мебошанд, ки бо василаи боридани борон ва об шудани намак пайдо шудаанд.
Аз баландиҳои ин кӯҳ тақрибан 160 чашмаи шӯр ҷорӣ мегардад, ки онҳо низ дар шакл гирифтани ин шушаҳо боис шудаанд. Чашмаҳо дар натиҷаи заминларзаи сахт, кафидани замин бо мурури замон ба вуҷуд омадаанд. Иддае аз олимони заминшинос ақида доранд, ки агар ин чашмаҳои кӯҳӣ намебуданд, сатҳи намаки кӯҳи Хуҷамуъмин ҳар сол рӯ ба афзоиш меовард. Зеро намак аз зумраи минералҳое мебошад, ки дар натиҷаи хушк будан ҳар сол зиёд шудан мегирад.
Гурӯҳи дигари олимон ин кӯҳро таҳқиқ намуда, харитаи онро тартиб дода, роҳҳои баромади обҳои шӯрро муайян карданд. Ба ақидаи онҳо агар аз тани ин кӯҳи азим чашмаҳои шӯри намак ҷорӣ нашаванд ва ба поён нараванд, қуллаи он бо мурури замон хеле баланд мешавад.
Дар таркиби оби ин чашмаҳо намудҳои гуногуни микроэлементҳо, инчунин пайвастагиҳои маъданҳои ҳалшуда (аз ҷумла металогҳои радиоактивӣ) фаровон мебошанд. Аммо радиатсияи намаки ин кӯҳ зараровар нест. Ҳамаи инҳо барои инкишофи организми инсон мусоидат намуда, хеле зарурӣ мебошанд. Аз ҳамин лиҳоз оби ин чашмаҳо хусусияти табобатӣ доранд. Аз чашмаҳои ин кӯҳ мардум хуб исифода мебарад ва иддае аз беморон аз дуру наздик омада худро табобат мекунанд.
Мувофиқи нишондоди муаррихон аз даврони қадим табибони халқии маҳалҳои атрофи ин кӯҳ, бемориҳои гуногунро, аз ҷумла тарбод, махавшавии пӯст, диққи нафас (астма) ва даҳҳо бемориҳоро ба воситаи лой ва оби шӯри ин чашмаҳо муолиҷа мекарданд.
Дар ибтидои асри 20 яке аз муҳаққиқони машҳури рус Д.Н. Логофет намаки Хуҷамуъминро беҳтарин навъ дониста, онро барои табобати инсон муфид ҳисобидааст. Сайёҳи дигари номии дунёи Марко Поло менависад: «Дар назди ин кӯҳ бозори нон, гандум аст ва аз зери он дарёчаҳои зиёди шӯр ҷориянд. Мардуми зиёде дар обҳои шӯри шифобахши дарёчаҳо худро табобат мекунанд». Хушбахтона то ҳанӯз сайёҳон аз дохилу хориҷ омада, бо обҳои шӯри чашмасорони кӯҳи Хуҷамуъмин баъзе аз маризиҳоро аз ҷисмашон дур мекунанд.
Дар хусуси ғорҳои дар кӯҳ буда ва хосияти табобатии онҳо мардуми маҳалли гирду атрофи Хуҷамуъмин нақл мекунанд, ки солҳои шастуми асри гузашта, марди рустаборе омада, дар назди ғори азими он, ки паҳноияш 350 метр аст, хайма зад. Гоҳ-гоҳ мардуми атроф ба наздаш омада, барояш нону панир, мевагӣ ва дигар анвои хурданӣ оварда бо ӯ ҳамсуҳбат мешуданд. Он марди ношинос ба онҳо нақл кардааст, ки бемории диққи нафас (астма) дорад ва ҳавои намакин метавонад ӯро аз ин беморӣ наҷот баҳшад. Таи ду сол ин мард ба ин маскан омада табобат гирифтааст ва оқибат шифо ёфта ба ватанаш баргаштааст.
Ғорҳои кӯҳи Хуҷамуъмин на танҳо хусусияти шифобахшӣ доранд, балки таскинбахши майнаи инсон ҳам ҳастанд. Ҳангоме ки кас вориди ин ғорҳо мегардад ба гӯшаш садои наймонанди ҳаво мерасад, ки он навои мусиқиро ба хотир меорад.
Дар қисми зиёди ин ғорҳо чашмаҳои шӯр тамоми фаслҳои сол ҷориянд. Кас аз он дар ҳайрат мешавад, ки ин обҳо аз куҷо сарчашма мегиранд, ҳол он ки дар моҳи май боронгариҳо дар ин мавзеъ ба итмом мерасанд. Аҷобати дигари ин кӯҳ дар он аст, ки замини он асосан шӯр аст, аммо дарахтони зиёди мевадиҳанда ба монанди писта, бодом, нок, амрут, ва ғайраҳо дар он ҷо мерӯянд ва меваҳои ширин доранд.
Дар охир, ҳаминро бояд гӯем, ки кӯҳи Хуҷамуъмин яке аз мавзеъҳои муфид барои сайру сайёҳат аст ва он метавонад бо хосиятҳои табобатии аҷибаш таваҷҷуҳи ҳазорон сайёҳонро аз хориҷу дохили кишвар ба худ ҷалб карда, назаррастарин мавзеи сайёҳӣ шавад. Агар дар атрофи ин кӯҳ пансионату хонаҳои истироҳатӣ бино меёфтанд, нуран алонур мешуд. Хуб мебуд, ки соҳибкорони ватанӣ барои амалӣ шудани ин нақшаҳо саъй мекарданд.

Тағоймуроди Орифӣ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: