Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ВОКУНИШ БА МАҚОЛАИ «ПИЛЛАИ ТОҶИК»-РО КӢ БА НЕСТӢ БУРД?

ВОКУНИШ БА МАҚОЛАИ «ПИЛЛАИ ТОҶИК»-РО КӢ БА НЕСТӢ БУРД?

14-02-2019, 08:58
Хабарро хонданд: 277 нафар
Назарҳо: 0
ВОКУНИШ БА МАҚОЛАИ  «ПИЛЛАИ ТОҶИК»-РО КӢ БА НЕСТӢ БУРД?

Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи Тоҷик» дар иртибот ба мақолаи «Пиллаи Тоҷик»-ро кӣ ба нестӣ бурд», ки дар ҳафтаномаи Минбари Халқ №3 аз санаи 16.01.2019с. нашр шудааст иттилоъ медиҳад, ки дар ҳақиқат ин масъала ҳалталаб буда, мавриди муҳокима қарор дода шудааст. Бояд қайд кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромаду паёмҳои худ пайваста таъкид менамоянд, ки ашёи хом аз қабили пахта, пилла ва пашм дар дохили кишвар коркард шаванд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки ҳақиқатан солҳои охир яке аз ашёҳои хоми саноат –пилла рӯ ба таназзул ниҳодааст, вале баъзе масъалаҳое, ки муаллиф дар мақола дарҷ намудааст, на он қадар асоснок шудааст.
Дар мақола омадааст, ки яке аз сабабҳои коҳиш ёфтани соҳаи кирмакпарварӣ иҷро накардани низомномаҳо аз тарафи сардорони сохторҳои марбута мебошад ва чунин фаъолият боиси ба нестӣ рафтани пилла гардидааст. Вале бо хулосаи мутахассисони соҳа яке аз сабабҳои кам шудани пилла ин дар ҷануби ҷумҳурӣ ҷанги шаҳрвандӣ ва ҳангоми табдил додани колхозу совхозҳо ба хоҷагиҳои деҳқонӣ, ки дар он механизми назорати тут ва тутзорҳо (ба тавозуни онҳо гузаронида шудааст) нишон дода нашудааст, дар натиҷа тутҳоро бурида чун сӯзишворӣ истифода бурдаанд ва ҳоло ҳам решакан кардани тутҳо ва нест кардани тутзорҳо дар баъзе ноҳияҳо мушоҳида мешавад. Ҳол он, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қонун “Дар бораи пурзӯр намудани ҷавобгарӣ барои буридан ва поймол намудани тут ва тутзорҳо”-ро таҳти №768 аз 24.06.1993, қабул намудааст, вале ин қонунро алоҳида мақомотҳо риоя намекунанд. Омили дигар паҳншавии ҳашароти зараррасони тут “Оташак” мебошад, ки боиси паст шудани ғизонокии барг гаштааст. Гарчанде, ки Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 31.08.2012, № 477 оиди мубориза алайҳи ин ҳашарот ба тасвиб расида буд, вале ҷиҳати иҷрои он ягон чора андешида нашуд.
То солҳои 1996 дар ҷумҳурӣ на 3 корхона, балки 2 комбинати бузурги шоҳибофӣ фаъолият доштанд, ки пиллаи дар ҷумҳурӣ истеҳсолшударо коркард менамуданд, ҳамагӣ 400 тонна нахи абрешим истеҳсол карда мешуд, дар корхонаи “Тоҷикатлас” ва “Хуҷандатлас” ҳамагӣ 10 млн. метри муррабаъ матои шоҳигин истеҳсол карда мешуд, на ин ки 69 млн. метри муррабаъ, ки дар мақола дарҷ шудааст.
Бояд зикр намуд, ки соли 1997 ҳангоми аз фаъолият мондани комбинати шоҳибофии шаҳри Душанбе, онро ба ҶСК “Тори заррин” табдил доданд ва як қисми комбинат аз ҷониби ширкати ватанӣ хусусӣ гардонида шуд. Дар заминаи ҶСК “Тори заррин” соли 2000 дар якҷогӣ бо ширкати “Азия силк корпарайшин” корхонаи муштараки Тоҷикистону Ветнам ҶДММ КМ “Роҳи абрешим” ташкил карда шуд ва ин ширкат дар навбати худ дар шаҳри Кӯлоб, Сарбанд ва Данғара филиалҳо ташкил намуд. Таҷҳизоти ин корхонаҳо куҳна буданд ва дегхонаи он бо сӯзишвории салярка кор мекард, аз ин рӯ хароҷотҳояшонро пӯшонида натавониста аз фаъолият монданд. Корхонаи муштарак бинобар бо ашёи хом таъмин нашуданаш фаъолияташро қатъ намуда, таҷҳизотҳояшро ба фурӯш баровард ва як қисми онро чун оҳанпора супорид. Айни замон корхона ба ширкати ТВЕА Ҷумҳурии Халқии Хитой тааллуқ дорад.
Дар мақола омадааст, ки сабаби барҳамхурии соҳа дар кишвар ин аз як сохтор ба сохтори ғайрикишоварзӣ вобаста кардани соҳаи мазкур мебошад ва аз моҳи майи соли 2017 ба ширкати хусусӣ фурухта шудааст. Дар ҳақиқат кирмакпарварӣ ба соҳаи кишоварзӣ мансуб мебошад, вале дар даврони шӯравӣ низ ин соҳаро ба саноат гузаронида буданд, ҷиҳати натиҷа надодан боз ба Вазорати кишоварзӣ гардонида шуд. Ин амал соли 2004 аз нав такрор ёфт, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон КВД «Пилла» ба Вазорати саноат гузаронида шуд. КВД «Пилла» дар асоси «Барномаи хусусигардонии моликияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2016», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5.12.2013 с. № 557 тасдиқ шудааст, ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи Тоҷик» табдил ёфт, вале он хусусӣ гардонида нашудааст.
Бояд қайд кард, ки дар тобеияти ҶСК “Пиллаи Тоҷик” яз заводи зотпарварии тухми кирмак ва ду заводи истеҳсоли тухми кирмаки саноатӣ фаъолият менамуданд, ки дар даврони шӯравӣ қисман онҳо аз буҷаи ҷумҳурӣ маблағгузорӣ мешуданд. Ҷиҳати истеҳсоли тухми босифат ҳар даҳ сол пас дар заводи зотпарварӣ, ки сарчашмаи истеҳсоли тухми кирмак дар ҷумҳурӣ буд, зотивазкунӣ гузаронида мешуд ва ин масъала дар сатҳи ҷумҳурӣ ҳал мешуд. Тайи 26 сол ин зотҳо иваз нашуданд ва гарчанде бо онҳо кор бурда мешуд, абрешимнокии пиллаи истеҳсолшуда ба талаботи технологияи ҳозира ҷавобгӯ набуд ва талаботи бозори ҷаҳониро низ қонеъ гардонида натавонист. Тухми истеҳсолшудаи заводҳои мо ва пиллаи аз он истеҳсолшуда харидор надошт, аз ин рӯ заводҳои тухмистеҳсолкунӣ муфлис гаштанд.
Дар мақола дарҷ гардидааст, ки 25 млн. дарахти тут ҳангоми ба музоида баровардан ба ҳисоб гирифта нашудаанд, вале маълум аст, ки тут ва тутзорҳо ба тавозуни хоҷагиҳо гузаштаанд ва дар тобеияти Вазорати кишоварзӣ мебошанд.
Нисбати хусусигардонии корхонаҳои зертобеъ чунин иброз менамоем, ки дар шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Восеъ ва Муминобод корхонаҳоро хусусӣ гардонида, ҳамчун хонаи истиқоматӣ истифода бурда истодаанд. Мутахассисони соҳа дар ин ноҳия ҷиҳати надоштани бинои маъмурӣ сарсону саргардон иҷоранишинанд. Корхонаи пиллаи Кушониён аз ҷониби соҳибкор Нуриддинов Н., хусусӣ карда шуда, ба сармуҳосиби пиллаи вилоят ягон мансубият надорад.
Боиси дастгирист, ки соҳибкори ватанӣ дар ноҳияи Шаҳритус корхонаи коркарди пилла бунёд кардааст. Ҳар сол ин соҳибкор Мунавваров Додарбек се ноҳияро сармоягузорӣ намуда, 30 тонна пиллаи хушкро захира менамояд, вале дар корхонааш ҳамагӣ 5-6 тоннаро коркард намуда, боқимондаашро ба хориҷи кишвар бекоркард содир менамояд. Дар мақола омадааст, ки дар ҷумҳурӣ дар як сол то 3 бор ҳосили пилларо гирифтан мумкин аст. Дарҷ бояд намуд, ки дар як сол 2 маротиба ҳосил гирифтан мумкин аст, дар ҳолате, ки захираи барги тут кофӣ бошад, на 3 бор.
Сабаби дигари кам шудани истеҳсоли пилла дар ҷумҳурӣ нарасидани кадрҳои тахассусӣ, кам будани музди маоши агрономҳои соҳа, нақшабандӣ нагардидани хоҷагиҳои деҳқонӣ ва мусоидат накардани ҳокимияти иҷроияи маҳалҳо мебошад.
Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.05. с. 2018 №294 дар бораи хусусигардонии бастаи саҳмияҳои ҶСК “Пиллаи Тоҷик" санаи 1.02. с. 2019 тендери байналмилалӣ доир гардид, ки дар он ҶДММ “Ганҷ” ҳамчун харидор этироф гардид.

Н. Назаров,
Директори генералӣ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: