Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Проблемаи амнияти иқтисодӣ «ПИЛЛАИ ТОҶИК»-РО КӢ БА ЯҒМОВУ НЕСТӢ БУРД?

Проблемаи амнияти иқтисодӣ «ПИЛЛАИ ТОҶИК»-РО КӢ БА ЯҒМОВУ НЕСТӢ БУРД?

18-01-2019, 09:49
Хабарро хонданд: 529 нафар
Назарҳо: 0
Проблемаи  амнияти иқтисодӣ «ПИЛЛАИ ТОҶИК»-РО КӢ БА ЯҒМОВУ НЕСТӢ БУРД?

Бо шарофати сулҳу ваҳдат ва суботи сиёсӣ, бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвар ба марҳалаи нав – давраи созандагию бунёдкорӣ қадам гузоштааст.
Дар натиҷаи амалӣ гардонидани тадбирҳо ҷиҳати тезонидани рушди соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ дар давраи Истиқлолияти давлатӣ пешрафти назарраси нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодӣ мушоҳида мешавад. Барои ноил шудан ба чунин пешрафт Ҳукумати ҷумҳурӣ бо нақшаву чорабиниҳо оид ба тараққиёти соҳаҳои воқеии иқтисодӣ тадбирҳои судмандро амалӣ намуда истодааст, ки яке аз онҳо ислоҳоти иқтисодӣ мебошад. Дар мамлакат соли 1995 бори аввал ва соли 1997 бори дуюм Барномаи ислоҳоти иқтисодӣ қабул шуда буд ва чорабиниҳои мушаххаси гузариши иқтисодиёти миллӣ ба муносибатҳои бозоргонӣ шурӯъ гардид. Аммо дар ислоҳоти иқтисодии баъзе соҳаҳои истеҳсолот аз таъсири вазъи нооромии солҳои 1991-1997 ва буҳрони молиявии ҷаҳонӣ, ҳамчунин интизоми пасти роҳбарии сохторҳои ҳукуматӣ дар маҳалҳо ва аз тарафи онҳо иҷро нагардидани низомномаҳои ҳуқуқии соҳавӣ, риоя, низом ва тартиботи иқтисодӣ камбудиҳои ҷиддӣ содир шуда истодаанд. Аз ҷумла яке аз маҳсулоти соҳаи содиротии кишоварзии мамлакат - пиллакорӣ, ки миллати тоҷик дар тӯли ҳазорсола дар истеҳсол ва коркарди он дар Осиёи Марказӣ шуҳрати ҷаҳонӣ дошт, дар тӯли 27 соли истиқлолият рӯ ба нестӣ овардааст.
Ин ҷо қайд кардан ҳатмист, ки дар шимоли мамлакат ҳодисаҳои вазнини ҷанги шаҳрвандии дар ҷануби кишвар рӯйдода ба амал наомада буд, аммо бо ташкилшавии фаъолияти ширкати якҷояи Тоҷикистону Ветнам («ВТ-Силк») дар шаҳри Хуҷанд ин соҳаи стратегии мамлакт завол ёфт.
Яке аз сабабҳои аз байн рафтани соҳаи пиллапарварӣ дар мамлакат иҷро накардани низомномаҳо аз тарафи сардорони сохторҳои марбута ва роҳбарони шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо мебошад, ки дар маҷмӯъ, ба амнияти иқтисодию миллии мамлакат зарари иҷтимоию иқтисодии зиёд расондаанд. Чунин фаъолияти пасти корӣ ба истеҳсол ва коркарди маҳсулоти саноатии абрешими ҷумҳурӣ ва ба нестӣ рафтани ин соҳаи стратегии кишвар сабаб шуда, боиси аз байн рафтани монополияи давлатӣ дар содирот ва афзоиш наёфтани буҷети давлатӣ гардидааст. Аз ҷумла, агар истеҳсоли пилла дар ҷумҳурӣ соли 1991 4582 тоннаро ташкил дода бошад, пас дар соли 2016 ҳамагӣ 868,6 тонна истеҳсол шудааст, ки 20 фоизи истеҳсоли пиллаи соли 1991 ташкил медиҳад. То охири солҳои 90 дар ҷумҳурӣ се корхонаи истеҳсоли маҳсулоти пилла, аз ҷумла, корхонаи абрешим ва «Тоҷикатлас»-и шаҳри Душанбе, абрешими шаҳри Хуҷанд (аз с.1931) ва «Хуҷандатлас»-и қадима бо ҷалби то 15-17 ҳазор коргар фаъолият мекарданд. Ҳоло бошад, корхонаҳои мазкур, ки бо таҷҳизоти хориҷии муосир васл шуда буданд, пурра тороҷ гардида, аз фаъолият бозмондаанд.
Қайд кардан ҷоиз аст, ки соли 1991 дар мамлакат 69 млн. метри мураббаъ матои шоҳиворӣ истеҳсол шуда буд, аммо бо сабаби барҳам додани корхонаҳои абрешимбофӣ соли 2016 дар кишвар ягон метр матои шоҳиворӣ истеҳсол нашудааст. Аз ҷумла, дар соли 1991 вилояти Суғд, ки 94 фоизи матои шоҳии дар мамлакат истеҳсолшударо (64,7 млн. м2 дар бар мегирифт, дар соли 2016 дар ин вилоят ягон метр матои шоҳиворӣ истеҳсол нашудааст.
Корхонаи «Тоҷикатлас»-и шаҳри Душанбе, ки дар соли аввали истиқлолият 3,8 млн. метри мураббаъ матои шоҳиворӣ ва Корхонаи абрешими шаҳри Душанбе, ки соле то 400 тонна риштаи абрешим истеҳсол мекарданд, аз фаъолияти истеҳсолӣ бозмондаанд ва таҷҳизоти нодири тамғаи ҷопонӣ, ки солҳои 1983-86 дар корхонаи абрешим васл шуда буданд, аз тарафи ширкати «ВТ-Силк»-и шаҳри Хуҷанд, харидорӣ ва пас нобуд карда шуд. Ҳоло корхонаи абрешими шаҳри Душанбе ҳамчун номи истгоҳи назди фурудгоҳи пойтахт боқӣ мондааст, вале дар Кумитаи андози ҷумҳурӣ ба номи хонаи шаҳрванди ноҳияи Шомансур қайд шудааст. Ин аст назорати Кумитаи андози ҷумҳурӣ дар соҳаи иқтисодиёти мамлакат!
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ моликияти соҳаи пиллапарварӣ, аз қабили нуқтаҳои пиллақабулкунӣ ва пиллахушкуниро дар аксарияти шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо нархи ночиз ба моликияти хусусӣ табдил додааст, ки дар онҳо хонаҳои истиқоматии мансабдорон сохта шудаанд ва ин яке аз сабаби асосии ба нестӣ рафтани соҳаи стратегии мамлакат пиллакорӣ мебошад. Аз ҷумла дар вилояти Хатлон дар ноҳияи Восеъ ва шаҳри Кӯлоб коргоҳи пиллатайёркунӣ ба хонаи истиқоматӣ ва нуқтаи қабули метал, дар ноҳияи Данғара ба хонаи шахсии собиқ роҳбари пиллапарварӣ, дар шаҳри Бохтар ба хонаи истиқоматии собиқ муҳосиби пиллаи вилоят ва ғайра табдил ёфтаанд. Дар вилояти Суғд бошад, соли 2015 идораи пиллаи ноҳияи Спитаменро ба шаҳрванди хориҷӣ фурӯхтанд ва як қисми идораи пиллапарварии шаҳри Исфара ба хонаи шахсӣ табдил ёфтааст. Ҳамчунин, дар таназзули корхонаҳои коркарди абрешими ҷумҳурӣ ширкати Тоҷикистону Ветнам («Вт-Силк»-и шаҳри Хуҷанд зич алоқаманд аст.
Дигар сабаби барҳамхӯрии соҳаи содиротии пиллапарварӣ дар кишвар ин аз як сохтор ба сохтори ғайрикишоварзӣ вобаста кардани соҳаи мазкур мебошад. Аз ҷумла дар 26 соли гузашта корхонаи воҳиди давлатии «Пиллаи тоҷик» аз Вазорати кишоварзӣ ба Вазорати саноат ва баъд ба Кумитаи амвол гузаронида шуда, ҳоло бошад, аз моҳи майи соли 2017 ба ширкати хусусӣ табдил ёфтааст.
Ҳамин тавр, бар хилофи қонун, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Корхонаи воҳиди давлатии «Пиллаи тоҷик»-ро 19 сентябри соли 2016 ба Ҷамъияти саҳомӣ табдил дода, сармояи ҷамъияти мазкурро, ки дар муддати зиёда аз 70 сол ба танзим даромада буд, бо арзиши ночиз муайян кардааст, ки дар ин арзиш 25 млн. дарахти тути дар ҷумҳурӣ барои хӯроки пилла таъйиншударо дохил накардааст ва дар натиҷа амволи «Пиллаи тоҷик» аз соли 2017 ба ширкати шахсӣ фурӯхта шудааст.
Дар ҳақиқат, чунин нархи пасти амвол барои ҳарчи тезтар фурӯхтани моликият сабаб мешавад ва ҳоло яке аз корхонаи калонтарини ҷумҳурӣ оиди барориши тухми кирмаки пиллаи шаҳри Душанбе, ки дорои зиёда аз 7 га замин мебошад, дар ҳолати тақсимоти моликият қарор дорад. Чунин ҳолат дар корхонаҳои истеҳсол ва парвариши тухми пиллаи шаҳрҳои Хуҷанд ва Ваҳдат ҳам ба назар мерасад.
Дар маҷмӯъ ин соҳаи стратегии мамлакат, ки монополияи давлат буд ва маҳсулоташ пурра содирот карда мешуд, дар ҳолати нобудшавӣ қарор дорад, ки зарари иқтисодиаш ба садҳо миллион доллар баробар аст.
Дар ин маврид таъкиди Сардори давлат: «Дар хусусигардонии моликияти калон ба шитобкори, зудтар фурӯхтану халос хӯрдан мумкин нест. Махсусан ҳангоми таъсиси ҷамъиятҳои саҳомӣ ва корхонаҳои муштарак мо бояд хеле боэҳтиёт рафтор намоем» комилан риоя нашудааст.
Солҳо боз то ин ҷониб дар баъзе ноҳияҳо боғзори дарахти тут ва ниҳолҳои шинондашудаи тутро нобуд карда истодаанд. Бинобар ин, барои нигоҳ доштан ва таъмин кардани пиллапарварӣ бо хӯрока, дарахтони тути хӯроки пиллабударо ба рӯйхати ҷамоатҳои маҳаллии деҳот гузаронида, ҳисоботи махсуси омориро ҷорӣ кардан зарур аст.
Бемасулиятию хунукназарии ҳукуматҳои маҳаллӣ боиси он гардид, ки дар тӯли 27 соли гузашта таҳкурсии истеҳсоли ин соҳаро дар маркази шаҳру ноҳияҳо фурӯхта, изофанависии истеҳсоли пилларо авҷ дода, истеҳсол ва коркарди онро ба нестӣ оварда расондаанд. Аз ҷумла дар соли 2017 мувофиқи ҳисоботи оморӣ дар ҷумҳурӣ ягон метр матои шоҳиворӣ истеҳсол нашудааст ва ҳамагӣ 56 ҳазору 500 метри мураббаъ матои адрас, ки асосан аз пахта мебошад, истеҳсол шудаасту халос. Дар айни замон, дар тамоми ҷумҳурӣ косибони оилавӣ дар коркарди истеҳсоли матои шоҳиворӣ бо таҷҳизоти дастии асримиёнагӣ кор карда истодаанд, ки ин маънои аз технологияи ҳозиразамон қафо мондан аст.
Ҳоло барои фаъолияти коргоҳҳои дастии абрешимбофӣ риштаи абрешимӣ дар ҷумҳурӣ ёфт нашуда, онро аз хориҷа (Чин, Ҳиндустон, Ӯзбекистон) бо нархи гарон харидорӣ мекунанд.
Бо сабабе, ки корхонаҳои абрешими ҷумҳурӣ барҳам дода шудаанд, мувофиқи маълумотҳо соҳибкорон ҳоло пиллаи истеҳсошудаи ночизро ба хориҷи кишвар содир мекунанд. Аз ҷумла дар 11 моҳи соли 2017 вилояти Хатлон ба маблағи 101 ҳазор доллар ашёи хоми пилла ба хориҷи кишвар содир кардааст. Хулоса, аз барҳам додани соҳаи пиллапарварии мамлакат ба амнияти иқтисодии кишвар дар як сол (фақат аз рӯи ҳисоби истеҳсоли риштаи абрешим ва матои шоҳии соли 1991-ум) зиёда аз 300 млн. доллар зарари молиявӣ расонда шуда истодааст.
Ҳоло дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон аз тарафи соҳибкор, истиқоматкунандаи ноҳияи Қабодиён Додарбек Мунавваров ширкати истеҳсол ва коркарди пилла ташкил шудааст. Ин ширкат дорои 7-8 га замин буда, дар 7 га ниҳоли дарахти тут шинондааст, ки имконияти дар як сол се ҳосили пилларо бо хӯрока таъмин кардан дорад, ғайр аз ин, ширкат барои истеҳсоли риштаи абрешим ва матои шоҳӣ бо арзиши зиёда аз 100 ҳазор доллар таҷҳизот харида васл намудааст. Таҷрибаи ин шахси наҷиб барои барқарор кардани соҳаи қадимаи миллати тоҷик, ки зиёда аз 2 ҳазор сол амал мекард (нишонаи дӯхти зардузӣ аз нуқтаи таърихии асримиёнагӣ Тахти Сангин ёфт шудааст), қобили дастгирӣ аст. Ба гуфтаи ин соҳибкор барои аҳолиро ба ин шуғл ҳавасманд кардан дар аввал барои хариди 1 кг пилла имконияти то 40-60 сомонӣ додан мумкин аст. Ин соҳаи нодири табиат, ки дар 40 рӯзи корӣ метавон ҳосил бардошт, дорои даромаднокии баланд буда, аз як ҳосилаш то 87,2% ва аз се ҳосил дар як сол то 154,6% даромаднокӣ (рентабелность) гирифтан имконият дорад. Яъне соҳаи пиллапарварӣ ду-се баробар нисбати соҳаи пахтакорӣ, ки парвариши пахта то 145 рӯз давом мекунад, фоидаовартар аст. Агар таҷрибаи Хитою Япония оид ба соле гирифтани се ҳосили пилла ба роҳ монда шавад, манфиат боз ҳам бештар мегардад. Ин соҳаи муҳими стратегӣ имконият медиҳад, ки аксарияти аҳолии деҳоти мамлакатро ба ҷои кор таъмин намуда, шароити иҷтимои аҳолиро муҳайё созад.
Бино бар ин, барои ба роҳ мондани истеҳсол ва амалӣ кардани ислоҳоти соҳаи пиллапарварии ҷумҳурӣ барномаи махсус таҳия карданарур аст.
А. Акрамхонов, мушовири давлатии дараҷаи 2, иқтисодчӣ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: