Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » ФАЪОЛИЯТИ СУДИ АРБИТРАЖИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТИҶОРАТӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

ФАЪОЛИЯТИ СУДИ АРБИТРАЖИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТИҶОРАТӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

13-02-2019, 09:05
Хабарро хонданд: 539 нафар
Назарҳо: 0
ФАЪОЛИЯТИ СУДИ АРБИТРАЖИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТИҶОРАТӢ ДАР ТОҶИКИСТОН
Арбитражи байналмилалии тиҷорат яке аз шаклҳои таърихии анъанавии мадании ҳалли баҳсҳо ба ҳисоб меравад. Аз замонҳои қадим ҳокимон, тоҷирон ва корчаллонҳои кишварҳои гуногун аз ин шакли алтернативии мурофиаи судӣ самаранок истифода мебурданд.
Тоҷикистон ҳамчун узви Созмони Милали Муттаҳид аз ҷониби зиёда аз 150 давлати ҷаҳон шинохта шуда, қариб бо тамоми кишварҳои ҷаҳон муносибатҳои сиёсию иқтисодӣ барқарор намудааст. Дар як муддати кӯтоҳ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ пазируфта шуда, санадҳои зиёди ҳуқуқи байналмилалӣ аз ҷониби Тоҷикистон эътироф шуданд. Аз ҷумла, Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид (Конвенсияи Ню-Йорк) дар бораи эътироф ва мавриди иҷро қарор додани қарорҳои арбитражи хориҷӣ аз 10 июни соли 1958 аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 майи соли 2012 ба тавсиб расид.
Қобили зикр аст, ки барои таъсиси Арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо калон буда, бо ташаббус, роҳбарӣ ва дастгирии бевоситаи Сарвари давлат, бо мақсади тақвияти уҳдадориҳои байналмилалӣ ва мустаҳкам намудани нақши давлат дар муносибатҳои байналмилалии тиҷоратӣ, ҳамчунин бо назардошти пазируфта шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти Созмони ҷаҳонии савдо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ» таҳия гардида, 18 марти соли 2015 қабул карда шуд.
Ин институт гарчанде дар давлати мо навтаъсис бошад ҳам, аммо барои миллати мо он таърихи чандасра дорад. Ҳатто, дар давлати Сомониён дар баробари судҳои давлат судҳои ҳакам арзи вуҷуд доштанд ва онҳоро ҳакамҳо меномиданд. Дар он вақт салоҳияти судҳои ҳакам бо қаламрави муайян маҳдуд намегардид ва аз обрую эътибори ҳакамон вобастагӣ дошт. Истилоҳи "ҳакам" аз ҳамон давраҳо арзи вуҷуд дорад ва имрӯз дар тамоми ҷаҳон ин мафҳум бо ҳамин маънояш истифода мешавад.
Суоле ба миён меояд, ки Арбитражи байналмилалии тиҷоратии Тоҷикистон ба соҳибкорон, тоҷирон, сармоягузорон ва ширкатҳои хориҷию ватанӣ чи имтиёзе медиҳад ва бартарияти он аз судҳои давлат дар чист?
Таъсиси Арбитражи байналмилалии тиҷоратии доимоамалкунандаи Тоҷикистон ба иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, ки ба муносибатҳои тиҷоратӣ ҷалб шудаанд, нисбат ба судҳои миллӣ дар ҳалли баҳсҳо алтернативӣ буда, ба ҷалби сармоягузорӣ мусбат арзёбӣ мегардад. Илова бар ин, фаъолияти чунин як институти бонуфуз дар ҷумҳурӣ мушкилоти ҳалли баҳсҳои тиҷоратиро байни соҳибкорони ватанӣ ва хориҷӣ осон гардонда, онҳоро аз хароҷотҳои зиёдатии молиявӣ ва фазои бегонаи ҳуқуқӣ озод мекунад. Ин омилҳо аз зарурати саривақтии таъсис ёфтани Арбитражи байналмилалии тиҷоратии доимоамалкунандаи Тоҷикистон дар кишвар шаҳодат медиҳанд.
Таҷрибаи давлатҳои дорои низоми иқтисодии инкишофёфта аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар аксари мавридҳо соҳибкорон кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки баҳсҳои дар байни онҳо бавуҷудомада на дар судҳои давлат, балки дар судҳои арбитраж ҳал карда шаванд. Дар ҷумҳурии мо низ, баробари ҳамаҷониба инкишоф ёфтани муносибатҳои иқтисоди бозорӣ, эҳтиёҷ ба ҳалли баҳсҳо дар Арбитражи байналмилалии тиҷорат ба вуҷуд меомад. Аз ин ҷо зарурат ба ҳарчи зудтар дар Тоҷикистон ба тасвиб расондани Конвенсияи Ню-Йорк оид ба эътироф ва ба иҷро расонидани ҳалномаҳои Арбитражи байналмилал аз 10 июни соли 1958 ба миён омад.
Аз ин рӯ, таъсис ва фаъолияти Арбитражи байналмилалии тиҷоратии Тоҷикистон яке аз масъалаҳои мубрами рӯз буда, муайян намудани мавқеи институти мазкур дар низоми хуқуқии Тоҷикистон ва алоқамандии он бо дигар институтҳои ба ҳам наздик ниҳоят муҳим мебошад. Ҳамчунин, зикр бояд кард, ки азбаски дар Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои ҳуқуқии танзими Арбитражи байналмилалии тиҷорат ба таври бояду шояд вуҷуд надошт, баъзе масъалаҳои назариявии таъсис ва фаъолияти он тадқиқоти ҳаматарафа ва амиқро талаб менамуд.
Бо ин мақсад ва инчунин барои амалӣ намудани дастуру супоришҳои Сарвари давлат тайи солҳои 2004 – 2015 дар назди Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Марказ оид ба таҳияи лоиҳаи қонунҳои «Суди ҳакам» ва «Дар бораи арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ» таъсис ёфт, ки дар он якчанд гурӯҳҳои корӣ аз ҳисоби олимони шинохтаи соҳа ва мутахассисони варзида фаъолият намуда, якчанд санадҳои ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳои заминавии Арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ ва Суди ҳакамиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия намуданд. Дар ин давра барои муҳокимаи лоиҳаҳои таҳиягардида ва омузиши таҷрибаи пешқадами ҷаҳон дар шаҳри Душанбе ду конфронси байналмилалӣ: яке 11-12 апрели соли 2006 дар мавзӯи "Оид ба инкишофи Судҳои ҳакамӣ ва Арбитражи байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", дуюмин 29-30 майи соли 2008 дар мазӯи "Рушди Судҳои ҳакам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷрибаи ҷаҳон" бо ҷалби олимони шинохтаи соҳа ҳам аз дохил ва ҳам берун аз кишвар баргузор гардид, ки он такони бузург дар роҳи таъсиси Судҳои ҳакам ва Арбитражи байналмилалии тиҷорат гардид. Ҳамин тариқ, лоиҳаҳои таҳиягардидаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Суди ҳакамӣ» ва «Дар бораи Арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ» мутаносибан солҳои 2008 ва 2015 қабул гардиданд.
Мувофиқи қарори Шӯрои Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 апрели соли 2015 «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2015, №1183 «Дар бораи Арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ» ва вазифаҳо ҷиҳати мусоидат намудан барои ба танзим даровардани он дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон» заминаҳои ташкилии Арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шуд. Дар қарори мазкур Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ» ба роҳбарӣ гирифта шуда, оид ба таҳия ва барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои таъсисии Арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ масъалагузорӣ шудааст.
Дар асоси қонуни мазкур, тибқи қарори раёсати Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оиди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ» аз 5 августи соли 2015 дар назди Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Арбитражи байналмилалии тиҷоратии доимоамалкунандаи Тоҷикистон» таъсис дода шуд.
Арбитраж аз Раис, муовинони Раис, Раёсат ва Котибот иборат мебошад. Мақомоти Арбитраж аз ҷониби Муассиси Арбитраж – Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад.
Аз ҷумла, бо қарори раёсати Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Арбитражи байналмилалии тиҷоратии назди Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 7 сентябри соли 2015 раиси Арбитражи байналмилалии тиҷоратии Тоҷикистон ва баъдтар муовинони раис ва дигар кормандони масъули Арбитраж таъин гардиданд.
Мувофиқи қисми 2 моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ», бо қарори раёсати Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Оинномаи Арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ» аз 27 октябри соли 2015 Оинномаи Арбитражи байналмилалии тиҷоратии Тоҷикистон аз ҷониби Муассис - Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
Арбитражи байналмилалии тиҷоратии Тоҷикистон 22 декабри соли 2015 дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби равзанаи ягона, ҳамчун шахси ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ ба қайд гирифта шуд.
Бо мақсади шиносоӣ ва омӯзиши санадҳои арбитраж, бо дастгирии ташкилоти ИРС-и Олмон дар шаҳри Душанбе дар ду давра (1-2 ноябри соли 2016 ва 28-29 марти соли 2017), семинари илмию амал бо ҷалби коршиносони олмонӣ ва иштироки олимону мутахассисони соҳа, арбитрҳо ва намояндагони воситаҳои ахбори омма гузаронда шуд, ки он барои рушди институти арбитраж дар Тоҷикистон ва шиносоӣ пайдо кардан аз фаъолияти арбитраж такони бузурге буд.
Имрӯз иқтисодиёти Тоҷикистонро бе сармоягузории хориҷ тасаввур кардан ғайриимкон мебошад. Яке аз омилҳои ворид гардидани сармоягузор ба бозори дохилӣ ин мавҷудияти шароит барои ҳалли баҳсҳое, ки яке аз субъектҳои он ширкати хориҷӣ мебошад ва ҳангоми ба вуҷуд омадани баҳс, ҳалли холисона, саривақт ва камхарҷро талаб мекунад.
Дар ин раванд, ба ақидаи мо, арзи вуҷуд доштани принсипҳои ҳалли баҳсҳои ҳуқуқии иқтисод, ки умумиэътирофгардида буда, дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи арбитражи байналмиллалии тиҷорат" ва Дастури арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ Тоҷикистон ҷой дода шудаанд, хеле муҳим буда, яке аз омилҳои ворид гардидани сармоягузор ва ҳалли дурусти баҳсҳои тиҷорат ба ҳисоб мераванд.
Арбитраж дар асоси чунин принсипҳо фаъолият менамояд: баробарии тарафҳо, озодона интихоб намудани ҳайати арбитраж, озодона интихоб намудани ҳуқуқи татбиқшаванда, озодона интихоб намудани забон ва тартиби ҳалли баҳс, ба тариқи шартномавӣ муайян намудани тобеияти баҳсҳои баррасишаванда, бартарияти меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ, мустақилияти арбитражи байналмилалӣ ва арбитрҳо, махфӣ будани маълумотҳои баррасишаванда, мусоидат намудан ба созиши тарафҳо.
Яке аз принсипҳои муҳими фаъолияти арбитражӣ ин қатъ будани қарорҳои арбитраж ва бечунучаро иҷрошаванда будани онҳо аз ҷониби давлатҳои дигар дар асоси конвенсияи Ню-Йорк ва ғайра мебошанд.
Вазифаи асосии Арбитражи байналмилалии тиҷоратии Тоҷикистон баррасии баҳсҳои аз муносибатҳои шартномавӣ ва дигар муносибатҳои ҳуқуқии гражданӣ, ки ҳангоми амалисозии савдои хориҷ ва дигар робитаҳои байналмилалии иқтисод байни субъектони онҳо ба миён меоянд, мебошад. Арбитражи байналмилалии тиҷоратии Тоҷикистон инчунин метавонад дигар баҳсҳои дохилиро низ баррасӣ намояд, ки хусусияти иқтисодӣ дошта, бо созиши тарафҳо супурдани ҳалли баҳс ба арбитражи байналмилалии тиҷорат пешбин гардида, ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта бошад.
Яке аз заминаҳои муҳими муроҷиат ба Арбитражи байналмилалии Тиҷоратии Тоҷикистон ин дар шартномаҳо (контрактҳо) ҳамчун яке аз шартҳои асосии он мавҷуд будани созишномаи арбитраж (эзоҳи арбитраж) мебошад, ки он барои дар оянда ҳал намудани баҳсҳои бавуҷудомада хизмат мекунад.
Бинобар ин, Дастури Арбитражи байналмилалии тиҷоратии Тоҷикистон чунин намунаи тартиби навишти созишномаи арбитраж (эзоҳи арбитраж)-ро ба тарафҳо тавсия медиҳад:
"Ҳамаи баҳсҳои бавуҷудоянда вобаста ба шартномаи мазкур ё вобаста ба эътиборнокии он, аз ҷониби Арбитражи байналмилалии тиҷоратии Тоҷикистон тибқи Дастури он, дар ҳайати се нафар арбитрҳо, дар асоси ҳуқуқи Тоҷикистон, ба таври қатъӣ ҳал мегардад".
Мо ба ширкатҳо ва соҳибкорони Тоҷикистон тавсия медиҳем, ки ҳангоми бастани шартномаҳо ва ҷалби сармоя, махсусан бо ширкатҳои давлатҳои хориҷӣ, дар шартнома, дар қисмати ҳалли баҳсҳо ин навиштаҷотро ба таври ҳатм ҷойгир намоянд, то ки баҳсҳояшон дар ҳудуди Тоҷикистон ҳал гардад.
Арбитражи байналмилалии тиҷоратии Тоҷикистон нисбат ба судҳои давлат якчанд бартарият дорад. Аз ҷумла, тарафҳо ҳангоми ба вуҷуд омадани баҳс мақомотеро интихоб мекунанд, ки ҳангоми ҳалли баҳс аз давлат ва ҳукумат ё дигар мақомотҳои давлат ягон муносибат надошта бошад, то ин ки ба он таъсир расонда натавонанд. Бартарии арбитраж аз судҳои давлатӣ, инчунин, дар он аст, ки арбитрҳоро худи тарафҳо интихоб мекунанд. Илова бар ин, Арбитраж дорои рӯйхати тавсиявӣ аст, ки дар он мутахассисону олимони варзида ҷой дода шудаанд ва 30 фоизи ин рӯйхат аз ҳисоби мутахассисони хориҷ мебошад. Дар руйхати тавсиявӣ 60 нафар арбитрҳо ҷой дода шудаанд. Қатъи назар аз ин, тарафҳои баҳс метавонанд, ки арбитри дигарро, ки онҳо мехоҳанд, низ интихоб намоянд. Вақте ки тарафҳо арбитрро интихоб мекунанд, аллакай, ба касбият ва дониши онҳо шинос мешаванд. Баҳсҳоро арбитрҳое баррасӣ мекунанд, ки дониши назариявӣ ва таҷрибаи кории ғанӣ доранд. Бинобар ин, қарори қабулнамудаи арбитраж қатъ мебошад. Яъне, муҳокимаи арбитраж барои тарафҳо имконияти зиёд пешниҳод менамояд.
Инчунин, Арбитраж нисбат ба судҳои давлат дар як муддати хеле кӯтоҳ баҳсҳоро ҳаллу фасл менамояд. Масалан, агар дар судҳои давлат баҳс солҳои дароз тӯл кашад, мувофиқи қонун баҳс дар арбитраж дар муддати 6 моҳ ҳаллу фасл мегардад ва қарори қабулнамудаи он қатъ мебошад. Дар судҳои иқтисодӣ чанд зина мавҷуд аст ва кафолат нест, ки дар он зинаҳо ҳалнома тасдиқ мегардад ва ё бекор карда мешавад.
Илова бар ин, арбитраж мурофиаро пӯшида ва ба таври махфият мегузаронад, то ки ба эътибори кор ва нуфузи корхонаҳою ширкатҳо таъсир нарасонад. Инчунин, тарафҳо метавонанд пешниҳод намоянд, ки муҳокимаи арбитраж бе иштироки онҳо дар асоси ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда, ҳайати арбитраж ҳалнома қабул намояд.
Дар таҷрибаи байналмилалӣ санаде, ки ҳатм будани ҳалномаи қабулнамудаи судҳои давлатиро пешбинӣ менамуда бошад, мавҷуд нест. Ҳалномае, ки арбитраж қабул мекунад, дар давлатҳои хориҷ бе мамоният қабул ва иҷро мешавад. Чунки Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Ню-Йоркии соли 1958-ро эътироф намудааст, ки зиёда аз 150 давлати ҷаҳон ба вай ҳамроҳ аст ва дар он иҷрои ҳатмии санадҳои Арбитражи байналмилалӣ пешбинӣ шудааст. Дар сурати ихтиёр иҷро накардани ҳалномаи арбитраж он низ аз хизмати иҷрочиён истифода мешавад. Яъне, маҷбуран иҷро намудани ҳалнома пешбин шудааст, сарфи назар аз он ки тарафи дар баҳс мағлубшуда шаҳрванди дигар давлат мебошад.
Масъалаи хароҷотҳои арбитражӣ мувофиқи Низомномаи дар бораи пардохтҳо ва хароҷотҳои арбитраж, ки замимаи Дастури Арбитражи байналмилалии тиҷоратии Тоҷикистон мебошад, танзим карда мешавад. Пардохтҳои арбитраж бо асъори миллӣ, доллари ИМА, рубли русӣ, яъне бо он асъоре, ки нархи даъво нишон дода шудааст, рӯёнда мешавад. Агар тарафҳо дар бораи хароҷотҳои арбитраж ба созиш наомада бошанд, чун қоида хароҷотҳои арбитраж аз тарафе, ки баҳсро бохтааст, ситонда мешавад.
Дастури Арбитражи байналмилалии тиҷоратии Тоҷикистон ва дигар санадҳои ҳуқуқии он дар ҳамкор бо мутахассисони шинохтаи ин соҳа ва давлатҳои пешқадам омода гардидаанд. Маҳз бо ин асос ва бо дастгирию иштироки бевоситаи Лоиҳаи ИРС коршиносони олмонӣ дар се давра ба шаҳри Душанбе сафар намуда, барои коркарди санадҳои меъёрию ҳуқуқии Арбитраж ёрии методиву машварат расонданд.
Қонунгузории Арбитражи байналмилалии Тоҷикистон аз Конвенсияи ню-йоркии соли 1958 (Оид ба эътироф ва иҷрои ҳалномаҳои арбитраж), қонуни намунавии ЮНСИТРАЛ аз соли 1985 ва бо тағйироту иловаҳо аз соли 2006 (Дар бораи арбитражи байналмилалии савдо), Регламенти арбитражии ЮНСИТРАЛ аз соли 1976 ва дар таҳрири соли 2010, Конвенсияи Вашингтон оид ба баҳсҳои инвеститсионӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ иборат мебошанд.
Арбитрҳои Арбитражи Тоҷикистон асосан баҳсҳоро дар асоси регламентҳои институтҳои бонуфузи байналмилалӣ, ба монанди Палатаи байналмилалии савдо (ICC), Институтсияи арбитражи олмонӣ оид ба парвандаҳои арбитражӣ (DIS), Суди арбитражии байналмилалии Лондон (LCIA), Маркази арбитражии байналмилалии Сингапур (SIAS), Палатаи савдои Стокголм (SCC), Иттифоқи швейтсарии палатаҳои савдою саноат (Swiss Chambers of Commerce), Комиссияи Созмони Милали Мутаҳид оид ба савдо (UNCITRAL), Маркази байналмилали оид ба танзими баҳсҳои инвеститсион (ICSID), Комиссияи арбитражи иқтисодӣ ва савдои байналмилалии чин (CIETAC) ва ғайра анҷом медиҳанд.
Арбитражи байналмилалии тиҷоратии Тоҷикистон гарчанде ниҳоди ҷавон бошад ҳам, дар муддати кӯтоҳ бо институтҳои шинохтаи арбитраж ва бо давлатҳои сохти гуногун робитаи кориро ба роҳ мондааст. Аз ҷумла, Арбитражи байналмилалии тиҷорати Тоҷикистон бо Институтҳои бонуфузи арбитражии ҷаҳон, Палатаи байналмилалии савдо (ICC), Институтсияи арбитражии олмонӣ оид ба парвандаҳои арбитражӣ (DIS), МКАС - суди арбитражии байналмилалии тиҷоратии Россия, Маркази арбитражии Россия, суди арбитражии байналмилалии тиҷоратии Кирғизистон, суди арбитражии байналмилалии тиҷоратии Ӯзбекистон ва ғайра робита дорад.
Роҳбарияти Арбитражи байналмилалии тиҷорати Тоҷикистон соли 2017 барои омӯзиши қонунгузории арбитраж, фаъолияти арбитражҳои Олмон, Қирғизистон, Россия ва мубодилаи афкор оид ба ин масъала ба Олмон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва моҳи декабри соли 2018 ба Федератсияи Россия сафар доштанд.
Ҳамин тавр, сафари ҳайати корӣ ба Олмон, Қирғизистон ва Россия бо мақсади омӯзиши қонунгузорӣ ва таҷрибаи фаъолияти арбитраж ташкил гардида, вобаста ба натиҷаҳо метавонад барои таҳияи санадҳои меъёр-ҳуқуқии арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ, фаъолу ҷоннок гардондани он дар Тоҷикистон ва таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи арбитражи байналмилалии тиҷорат" дар таҳрири нав мусоидат намояд. Мо аз ин сафарҳо хеле маълумотҳои муҳимеро аз худ намудем, ки он барои таҷрибаи кор, тартиби коргузорӣ ва рушди қонунгузории арбитраж дар Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.
Бо ин мақсад, бо амри Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июни соли 2018 гурӯҳи кор оид ба таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ" дар таҳрири нав таъсис дода шудааст.
Бояд тазаккур дод, ки танҳо дар солҳои 2017 - 2018 Арбитражи Тоҷикистон се баҳсро мавриди баррасӣ қарор дода, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд. Яке аз сабабҳои кам ворид гардидани баҳсҳо ба Арбитраж ин надонистани талаботи қонунгузории арбитражӣ ва дар шартномаҳо ҷой надоштани созиши арбитраж (эзоҳи арбитраж) оид ба арбитраж супурдани баҳсҳо мебошад. Танҳо бо ин асос баҳсҳои зиёде бе баррасӣ баргардонда шуданд.
Зиёда аз ин, бо мақсади ба субъектҳои муносибатҳои хоҷагидор фаҳмонда додан ва шиносо пайдо намудан, инчунин омӯзиши Дастури Арбитраж ва дигар санадҳои ҳуқуқии он, аз ҷониби роҳбарияти Арбитраж бо ҷалби арбитрҳо, соҳибкорон, тоҷирон, сармоягузорон ва намояндагони муассисаю корхонаҳои ватанию хориҷ дар шаҳри Душанбе, марказҳои вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои саноат бо иштироки олимону мутахассисони варзидаи соҳа якчанд семинарҳои илмию амалӣ гузаронда шуда, дар воситаҳои ахбори омма мақолаҳои илмиву оммавӣ ба табъ расонда шуда, ба воситаи шабакаҳои гуногуни телевизион ва радиои Тоҷикистон мизҳои мудаввар барпо карда шуданд, ки ба андешаи мо хеле муҳим ва саривақт буданд.
Мо умедворем, ки ин намуди шиносоӣ бо фаъолияти Арбитражи байналмилалии тиҷоратии Тоҷикистон ва қонунгузории арбитражӣ дар оянда низ идома хоҳад ёфт.

Исрофил БОБОҶОНЗОДА - раиси Арбитражи
байналмилалии тиҷоратии назди Палатаи савдо ва
саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири давлатии
адлияи дараҷаи 1, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ

Файзулло АБДУЛЛОЕВ - муовини раиси Арбитражи
байналмилалии тиҷоратии назди Палатаи савдо
ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳуқуқшиноси шоистаи
Тоҷикистон, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 1,

Ғоибназар АМИРХОҶА - муовини раиси Арбитражи
байналмилалии тиҷоратии назди Палатаи савдо
ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: