Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Рисолати таълиму тарбия дар дохили нақлиёт бар дӯши кист?

Рисолати таълиму тарбия дар дохили нақлиёт бар дӯши кист?

23-01-2019, 08:27
Хабарро хонданд: 443 нафар
Назарҳо: 0
Рисолати таълиму тарбия дар  дохили нақлиёт бар дӯши кист?
Канораҷӯӣ аз пешгирии қонуншиканӣ ва рафторҳои номатлуби ҷавонону наврасон дар ҳама ҷо ба зарари аҳли ҷомеа анҷом ёфта, салоҳияти таълиму тарбия бахусус дар нақлиёт низ коҳиш меёбад. Чи дар кӯчаю хиёбонҳо, чи дар нақлиёт, чи дар театр ва ҷойҳои дигари ҷамъиятӣ метавон салоҳияту рисолати тарбияро анҷом дод. Барои мисол, шахсан банда агар дар чунин ҷойҳо камбудии ҷавонону наврасонро бинам, дарҳол кӯшиш мекунам, ки бо онҳо дар гуфтугӯ бошам. Бахусус, дар нақлиёти мусофиркаш нисбати рафтору гуфтори наврасону ҷавонон, ки ба пулчинӣ машғуланду вазифаи кондукторро иҷро мекунанд, бетараф будан наметавонам, чунки нисбат ба мусофирони дар нақлиётбуда беақлона, дағалона ва таҳқирона муносибат карда, нописандона ва мағрурона бо “ту” муроҷиат мекунанду баъзе ронандаҳо бошанд, чунин рафтору кирдори онҳоро тарафдорӣ намуда, барои ситонидани маблағи роҳкиро дучанд моҷарою хархашаро раво мебинанд. Ҳол он ки пирону барҷомондагонро, ки интизори нишастан доранд, намебинанд. Мепурсам, ки дар кадом мактаб таҳсил мекунанд, дар синфи чандум мехонанд, муаллимашон кист ва ғайра? Агар паст наоянд, аз ҷадвали зарб савол медиҳам. Чун надонанд, хиҷолат мекашанд. Пас, ба панду андарзи ниёгон рӯ меоварам:

Дар ҷавонӣ дор пиронро азиз,
То азизи дигарон гардӣ ту низ.

Модоме ки шаҳри Душанбе дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар рӯ ба тараққӣ ниҳодааст, мо ҳамагон бояд барои ободонӣ ва созандагии он таҳти роҳнамоии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ саъю талош намоем. Дар ҳудуди шаҳрамон ба ғайр аз биноҳои серошёнаю иншоотҳои хурду бузург боз даҳо сафоратхонаю идораҳои сайёҳӣ барои хориҷиён ва садҳо майдонҳои хурду бузурги варзишӣ қомат афрохтаанд, ки зебу зиннати онро беш аз беш афзун намуда истодаанд. Агар мо шаҳрамонро зеби дунё мекарда бошем, вақти он расидааст, ки ҳатман кабинаҳои нақлиёти мусофирбариро бо асбобҳои техникии баландгӯякҳо муҷаҳҳаз гардонем, то ин ки имконияти бо мусофирон муносибати некбинона ва муроҷиат кардани ронандаҳою кондукторҳо пайдо гардида, баҳри эҳтироми пиронсолон ва модарони кӯдакбадаст шароит фароҳам оварем.
Банда, ки аз соли 1986 истиқоматкунандаи шаҳраки Маяковскийи ноҳияи Синои пойтахт мебошам, дар муассисаҳои таълимии миёнаи умумии гирду атроф даробаро мекунам. Атрофиёну ҳамсояҳои мефаҳмидагӣ маро ҳамчун олим, педагог эҳтиром карда, “профессор” гуфта муроҷиат мекунанд, вале барои баъзе аз бефарҳангону фарзандони бетарбияашон ман “муаллими ганда” ном гирифтаам. Чунки борҳо наврасони ноболиғ ва ҷавонони масту бе ҳуҷҷати ронандагиро дар сари чамбараки мошинаҳои сабукрав дида, баъзан нақши намояндаи БДА (Бозрасии давлатии автомобилӣ)-ро адо мекунам. Агар худро муаллим гуфта, муаррифӣ намоям, натиҷаи машваратамон ба манфиати шахси муқобил ҳал гардида, оқибати кор манфӣ анҷом меёбад. Дар чунин мавриҳо банда ба намояндагони БДА, ки дар ҳамсогии шаҳраки Маяковский ҷойгиранд, занг мезанам ва ё ба нозири минтақаю навбатчии ШКД-1 ноҳияи Сино хабар медиҳам. Чандин маротиба шоҳиди зери чархи автомошинаҳои чунин ронандаҳои нохонда гардидани тифлону кӯдакони ҳамсояҳо ҳам шудаам.
Банда мувофиқи супориши Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми ҶТ доир ба масоили мубрами пешгирии ҷинояти ноболиғон ва ҷавонон зиёда аз даҳҳо дастуру мақолаҳо ва монографияҳои илмӣ таҳия намуда, дастраси устодону омӯзгорони макотиби олӣ ва таҳсилоти умумӣ намудаам. Аз ин лиҳоз, чандин ҷавонону наврасони беҳуҷҷату мадҳуши сари чамбараки автомобилҳои сабукрав нишастаро ба дасти милитсия супорида, чандин нафари дигарро аз он ҷо раҳо кардаам. Тангназарон “кораш чӣ бошад?” гӯён пичингу таъна ҳам мезананд, вале ҳамоно боҷуръатона ба тарбияи аҳли ҷомеа машғулам ва инро барои худ шарафи бузург меҳисобам. Аз тариқи шабакаҳои радио ва телевизиони марказӣ ҳамасола ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ даъват ба амал меоварам, ки ҳангоми шоҳид будан ба ҳолати ба ҷиноятсодиркунии наврасону ҷавонон бетарафиро ихтиёр накарда, чораҳои таъҷилии имконпазир андешанд. Маро борҳо тарсонданӣ шуда, сӯйиқасд ҳам ташкил карданд, вале “чоҳкан зери чоҳ” гуфтагӣ барин, худашон ба дом афтода, пас аз даҳ- понздаҳ рӯзи паси панҷара нишастан бо пушаймонӣ омада тавба кардаанду узр хостаанд.
Баҳри пешгирии ҷинояти ноболиғону ҷавонон ва муътадилгардонии давомоти пурраи хонандагон ба таҳсил бо сохторҳои қудратӣ ва падару модарон ҳамкориҳои судманди педагогӣ анҷом дода, хулоса ва бардоштҳои беҳтарини хешро ба чоп месупорам; ба ҳамкорону мутахассисони соҳа салоҳияту рисолати таълиму тарбияро пешкаш менамоям; ба семинару конфронсҳои минтақавию ҷумҳуриявӣ ҳарбиёнро даъват мекунам; аз онҳо ҳамкории дастаҷамъиро дархост мекунам; баҳри ислоҳи наврасону ҷавонони оворагард ва солимгардонии рӯзғори ободу осоиши атрофиён бетарафиро раво намебинам. Бо дидани барномаи телевизионии “Сипар”, ки ҳар ҳафта манзури ҳазорон тамошобинон мегардаду манзараҳои фоҷиаовар ва хатарнокро намоиш медиҳад ба фаъолияти кормандони БДА аҳсан мехонем. Лек худ хонандаи муҳтарам, қазоват намоед, ки ба ҳамаи шумо садои гӯшхароши ба ном “кондукторҳо” дар автобусу тролейбусҳои мусофиркаш аз истгоҳҳо маълум аст. Ҳатто дар ҳузури кормандони БДА бо садои баланду дағал мусофиронро ба саворшавӣ даъват мекунанд. Дур нарафта, ҳамарӯза мо худ шоҳиди чунин ҳолатҳои номатлуб дар истгоҳҳои назди мағозаи “Олами китоб” ва ё бинои Донишгоҳи миллӣ мегардем, ки наврасону ҷавонони “кондуктор” беибо ва бешарму ҳаё ҳаёҳуй ва шавқун мекунанд. Саволе ба миён меояд, ки чунин падидаҳои номатлубро кӣ бартараф мекарда бошад? Ба ғайр аз кормандони БДА, боз кӣ мешуд? Мутаассифона, онҳо дар ин макон аксар мавридҳо “чун сӯзани яккора” машғули тафтишоти қоидавайронкуниҳои ронандагонанду саргарми ҷаримаситониҳо. Ба анбӯҳи мошинҳои сабукрав, ки истгоҳҳои автобусу троллейбусро банд карда, барои даробарои мусофирони хатсайрҳои гуногун хатар эҷод мекунанд, кам эътибор медиҳанд.
Акнун як дақиқа худро дар дохили автобуси мусофиркаши хатсайри №7 ва ё тролейбуси №9 (Обшорон- комбинати гӯшту шири ш. Душанбе, кунун “Обшорон-БДА) тасаввур кунед, ки банда бо онҳо рафтуо дорам (ҳоло бо сабаби роҳсозӣ танҳо автобуси №7 дар ҳаракат асту вассалом). Ҳангоми вориди автобус шудан мебинед, ки аз як тараф муносибати дағалонаи кондуктор табъи шуморо хира намояд, аз тарафи дигар наврасону ҷавонон нишастаю занону мӯйсафедон ва ҳатто модари кӯдак ба даст рост истода. Вале ҳама лаб ба хамушӣ бурда, ҳатто забони кондуктору ронанда бо муроҷиат намепечад гӯянд, ки наврасону ҷавонон бояд калонсолонро ҳурмат карда, ҷой диҳанд. Дар чунин маврид, якум ба дархости маблағрӯёниашон посух медиҳам, ки аввал дағалиашонро ислоҳ намоянду ҷадвали зарбро азёд кунанд, пас маблағро аз банда гирифта метавонанд, вагарна намедиҳам. Бигзор ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр шарти муаллимро расонанд. Дар чунин ҳолат ҳеҷ мумкин нест, ки бетарафиро ихтиёр кард. Дарҳол бонг мезанам, ки наход шумо бачагони нағз ва ҷавонони асил, ҳамагон касалманд ва ё коркуфта ҳастед, ки ба калонсолон ҷой намедиҳед? Ба кондуктору ронанда муроҷиат карда, мефаҳмонам, ки вазифаи онҳо танҳо аз ҷамъоварии маблағи роҳкиро иборат набуда, бояд наврасону ҷавононро барои ҷой додан ба калонсолон ҳушдор диҳанд ва пас ҳар истгоҳи пешмеомадаро эълон кунанд. Банда ҳамчун омӯзгори собиқадор ва дорои дараҷаи олии омӯзгорӣ, ҳуқуқи ихтиёр кардани мавқеи бетарафиро надорам. Ба ҷавонону наврасон панд медиҳам. Солҳои аввали рафтуомадам ба ин хатсайр ниҳоят душвору баъзан хатарнок ҳам буд. Чунки ҳамагон хапу танҳо банда “сергап”. Тӯли солиёни охир оҳиста–оҳиста қариб тамоми кондукторону ронандаҳо бо ман гӯё унс гирифта бошанд, ки гапамро мегирифтагӣ шуданд. Вале душвории тағйир додани муносибати кондукторону ронандаҳо ва мушкилоти таъсири тарбиявӣ ба наврасону ҷавонон дар он аст, ки ҳар гоҳ ба хатсайрҳои гуногун автобусу ронандаҳо ва кондукторҳои нав ба нав ворид мегарданд, ки талабот ба ислоҳи камбудию норасоиҳои онҳо боз ҳам мисли пештара аз нав ба вуқӯъ мепайванданд.
Аз қатори ронандаҳо ва кондукторҳо ҳамеша ҳангоми саворшавӣ ба атобуси №7 банда ҳамкорони онҳо Назаралӣ, Давлат, Зокир, Холмурод (кондуктори Назаралӣ) ва Муҳаммадшариф (кондуктори автобуси Давлат)-ро, ки дар ҳамин хатсайр фаъолият мекунанд, дар муқоиса барои намуна ёдовар шуда, ҳам ба ронандаю кондукторҳо ва ҳам ба мусофирони дохили автобус таърифу тавсиф мекунам.
Аксари онҳо дар натиҷаи фаҳмондадиҳӣ эҳтироми мусофирони дохили нақлиётро ба ҷо меовардагӣ шуданд. Вале ҳастанд он ронандаю кондукторҳое, ки бо дағалию зӯроварии хеш нописандона айбу иллати худро ҳеҷ ба зимма нагирифта, мисли он, ки гӯё автобус моли шахсиашон бошад, бо баҳонаи нарасидани саляркаю бензин фақат дар фикри маблағситонӣ мебошанду вассалом. Ягон кондуктор маълумоти касбии кондукторӣ надорад. Бо муносибатҳои дурушту дағалона табъи ҳамагонро хира месозанд. Вақти он расидааст, ки курсҳои кӯтоҳмуддати касбии кондукторӣ кушоем. Он гоҳ шояд ғайр аз маблағситонӣ онҳо муносибати инсонгароёнаи огоҳкунӣ аз истгоҳҳои оянда ва муроҷиат ба наврасону ҷавонон баҳри шинонидани калонсолон ба ҷойҳои хешро омӯзанд.
Боре дар истгоҳи назди Бозрасии давлатии автомобилӣ ронандае бо ном Саид бешармона исрор мекард, ки гӯё ҳамагӣ 5 дақиқа пас аз автобуси навбатӣ ҳозир гардида бошад. Ҳол он ки ба ӯ аз рӯи реҷаи мусофирони интизорбуда қотеона исбот кардем, ки ҳаракатро риоя накарда, 15 дақиқа дер омада аст. Инро ман ба ӯ рӯирост гуфтам. Вай бар ивази узру маъзур, бо таҳдиду ҳақорат забонашро олуда намуда, “Ту муаллим гузаронидӣ, ман каллаи туро мебурам”- гуфта, ба ҳуҷуми ногаҳонӣ хез зада болои кабинаи автобус баромаду муқобили банда равона шуданӣ буд, ки одамон роҳашро банд карда, баргашта ба сари чамбараки мошин шинониданд. Баъдан аз ҳамкоронаш фаҳмидам, ки вай гӯё иштирокчии ҷангҳои Афғонистон будааст. Бо ин хел таҳдиду ҳақоратҳои қабеҳ ва муносибати дағалонаю зӯроварӣ магар чунин “каллабурҳо” ҳуқуқи дар сари чамбараки автобус нишастан доранд? Ман маслиҳат медодам, ки бигзор чунин ронандаю кондукторҳои ”зӯровар” аввал вазъи саломатиашонро табобат намоянду барои кафолати ронандагӣ дафтарчаи санитарӣ пешниҳод намоянд. Он гоҳ шояд сатҳи маърифатии хешро низ боло бардоранду аз чанголи бесаводӣ наҷот ёфта, бо мусофирон ҳамчун инсон эҳтиром гузоранд.
Барои пурра беҳбудӣ бахшидану ба танзим даровардани хатсайрҳои шаҳри Душанбе пеш аз ҳама бояд бо кумаки кормандони БДА истгоҳҳои пойтахт аз мошинҳои сабукрав холӣ бошанд, ки вақту фурсати мусофиронро нагирифта, автобусу тролейбусҳо озодона равуо намоянд. Оғози сол мо шоҳиди дар автобусу троллейбусҳои нав бо баландгӯякҳо эълон намудани истгоҳҳо ва зарурияти гуфтугӯи огаҳкунанда гардида хурсанд шудем, аммо афсӯс, ки дере нагузашта, оҳиста - оҳиста ин ташаббуси ноустувор рӯ ба нестӣ оварда, табъи ҳамагонро аз нав боз хиратар кард.
Дигар он, ки таъмири роҳи миёни истгоҳи Комбинати шири кӯчаи Маяковский ва Иттифоқҳои касабаи хиёбони Саъдии Шерозӣ ҳамагӣ 1020 м. дарозӣ дошта бошад ҳам, зиёда аз ду сол мешавад, ки кашолакорӣ идома дорад. Агар боз бо ҳамин ҳолат суръати роҳсозии нимаи боқимонда идома ёбад, пас аз ду-се соли дигар мардуми ин минтақаи сераҳолӣ бе нақлиёт мемонанд. Чунки аз истгоҳи чорраҳаи кӯчаи Маяковский (гардиши он) то “Садбарг” ғайр аз автобуси №7 дигар ягон хатсайри хурду калон гардиш надоранд.
Бар замми ин, чорраҳаи гардиши кӯчаи Маяковский чунон хатарнок гардидааст, ки аз набудани камера ва чароғакҳои раҳнамо (светофор) нақлиёти сабукрав бо сураъти баланд ва акси қоидаҳои ронандагӣ ҳамдигарро думболагирӣ намуда, бо кӯшиши пештар гузаштан рақобат менамоянд. Наход, ки илоҷи бо намояндагӣ аз БДА баҳри бехатар гардонидани он роҳандозии чаҳортарафа имконнопазир бошад?
Ғайр аз ин, дар як шаҳри нисбатан хурд анбӯҳи мошинаҳои сабукраву калонҳаҷм чунон афзудаанд, ки тез-тез боиси танбашавӣ ва баъзан бархурди онҳо мегардад. Наход ки илоҷи кам кардану ихтисор кардани онҳо набошад?
Камбудиҳо дар кори мусофиркашонӣ ҳанӯз зиёданд. Бинобар ин масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва корхонаю идораҳои дахлдори онро зарур аст, ки назоратро ҷиҳати ҳалл масоили мубрами нақлиётӣ пурзӯр намоянд.
Изатулло Давлатшоев, докторанти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: