Сайёҳӣ дар Тоҷикистон яке аз соҳаҳои муҳими таҳрикдиҳандаи иқтисодиёти кишвар маҳсуб мешавад, ки тайи чанд соли ахир босуръат рушд карда истодааст. Дар солҳои 90-ум бо сабаби нооромии кишвар сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон чандон зиёд намеомаданд. Баъди анҷоми ҷанги шаҳрвандӣ ва ором гардидани вазъи ҷомеа соли 1997, туризми кишвар тадриҷан рушд кард ва аз миёнаи солҳои 2000-ум дар заминаи такмил ёфтани инфрасохтор сифати хизматрасонӣ ба сатҳи сифатан нав расид.
22-юми декабри соли гузашта, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид. Пешвои миллат зимни баромад чунин қайд карданд: “Бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ пешниҳод менамоям, ки соли 2018 дар кишвар ”Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон карда шавад”.
Мавриди зикр аст, ки кишвари мо бо табиати нодир ва захираҳои бойи сайёҳии худ, қалби ҳазорон сайёҳони дохиливу хориҷиро тасхир менамояд. Аз Аврупо то Осиё дар бораи Тахти Сангину Қалъаи Ҳисор, Водии Вахону Саразм, кӯлҳое, ки дар баландии беш аз 3000 метр ҷойгир шудаанд, мисли “Искандаркӯл”, “Сарез”, “Ҳафткӯл”, «Моркӯл» ва дигар ҷойҳои таърихии мо бо хушнудӣ ҳарф мезананд, ки ин ифтихори ҳар яки мост. Дар баробари ин, дар рустоҳои ноҳияҳо занони ҳунарманд дар дӯхтани либосҳои атласу адрас, намадрӯзӣ, қолинбофӣ, корҳои қаннодӣ, сохтани кӯза, танӯри бобоӣ маҳорати баланд доранд. Инчунин ширкатҳои нӯшокиҳои истеҳсоли ватанӣ низ дар ин равия саҳми арзандаи худро гузоштаанд.
Ширкати бонуфузи “Оби Зулол” аз оғози ташкилёбӣ ҳамчун истеҳсолкунандаи нӯшокиҳои ташнашикан дар Тоҷикистон мақоми хоса пайдо кардааст. Бо сифати баланду ҷавобгӯй ба меъёрҳои умумиҷаҳонӣ будани маҳсулоташ дар миёни мардуми тоҷик ва сайёҳон мавқеи худро ишғол намудааст. Мушоҳидаву суҳбатҳои мо нишон дод, ки сайёҳони хориҷӣ аз ҳама беш ба нӯшокиҳои ҶСП “Оби Зулол” таваҷҷуҳу эътимод доранд.
Як нафар сайёҳи Арманистон нависанда ва рӯзноманигор Елена Шуваева чунин зикр намуд, ки “Ба кӯҳнавардӣ бисёр шавқу рағбат дорам. Ман шодам, ки ба Тоҷикистон сафар кардам. Дар бораи кӯҳҳои осмонбӯси Тоҷикистон хеле суханҳоро шунида будам. Аммо вақте ки худ бо чашмам ин кӯҳҳои бузурги боҳашаматро аз наздик дидам, хеле эҳсосоти нотакрор дар вуҷудам пайдо гардид. Ҳангоми ба кӯҳ баромадан ман бисёр ташна мешавам ва албатта бо худ нӯшокӣ мегирам. Фурӯшандаи як мағоза ба ман “Оби Зулол”-ро тавсия дода қайд намуд, ки аз беҳтарин нӯшокиҳои ташнашикани ҷумҳурӣ мебошад. Воқеан ҳам гапаш дуруст будаст, таъмаш ба ман хеле писанд омад. Дар вақти истеъмоли хӯрок ва ё истироҳат низ "Оби Зулол”-ро истеъмол менамоям”.
-Оби тоза ба саломатии инсон фоидабахш аст. “Оби Зулол”, ки имрӯз бренд маҳсуб мешавад, дар таркибаш минералҳои фоидабахш дорад, ки барои обутоби организм муфид аст. Ман ба сифати ин маҳсулот эътимод дорам ва бештар аз он истеъмол менамоям. Мо арманиҳо низ кӯҳистонием ва ба қадри оби тоза мерасем” – бо табассум гуфт сайёҳи арманӣ.
Коргоҳи ҶСП "Оби Зулол дар шаҳри Истаравшан дар масоҳати 10 гектар ҷойгир шуда, 7 гектари онро дарахтони мева фаро гирифтаанд. Дар дохили коргоҳ корпуси истеҳсолӣ, офиси дуошёна, иншооти тозакунанда ва анборҳо сохта шудаанд. Коргоҳ ду чоҳи артезианӣ дорад, ки аз доманакӯҳҳои Шаҳристон маншаъ мегирад. Санҷишҳо нишон доданд, ки оби он на танҳо болаззат, балки фоидабахш ҳам ҳаст.
Бранка Эличеч сайёҳ аз Хорватия, ки шуғли тарҷумонӣ дорад, мегӯяд, ки “ман ба бисёр давлатҳои хориҷа сафар менамоям. Шуғли дӯстдоштаи ман таблиғи санъати балет мебошад. Ман барои шинос шудани фарҳанги суннатии тоҷикон ба кишвари шумо ташриф овардам. Роҳбалади ҳавопаймо ба мо аз нӯшокиҳои “Оби Зулол” пешниҳод кард. Азбаски ман худ бисёр “Кола”-ро дӯст медорам, аз роҳбалади ҳавопаймо хоҳиш намудам, ки ба ман “RC Сola” диҳанд. Хеле таъми хуш дошта ва ҳатто аз навъи колаҳое, ки дар Хорватия истеҳсол мешаванд, беҳтар буд. Гумон мекунам сирри он дар об аст, ки аз кӯҳистон ҷорӣ мешаваду таркибаш аз минералҳои табиӣ бой. Ва ман ин намуди нӯшокии ҶСП “Оби Зулол”-ро хеле дӯст доштам. Дар Театри опера ва балети ба номи Садриддини Айнӣ бахшида ба ёддошти Малика Собирова барномаи консертӣ баргузор гардид. Ман дар ҷузвдонам нӯшокии “RC Сola”-ро ҳамроҳ гирифтам ва то охири барномаи консертӣ аз таъми хушаш лаззат бурдам”.
Гуфтан бамаврид аст, ки маҳз кӯшишу талош ва сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки барои сармоягузории хориҷӣ дар кишвар замина фароҳам омад ва марди боғайрату соҳибкори матин Рустам Болтаев бо дастгирии Бонки Аврупоии Рушд ва Таҷдид ва дигар хазинаҳои вобаста ба ин соҳа ҶСП “Оби Зулол”-ро фаъол кард.
12-уми сентябри соли 2000 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин корхонаро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Шароити хуби инвеститсионӣ имконият дод, ки дар кишвари азизи мо корхонаҳои нави пешқадами замонавӣ рӯз то рӯз зиёд шаванд ва маҳсулоти онҳо сифати баланд дошта бошад. Ширкати “Оби Зулол” ифтихор мекунад, ки дар тӯли фаъолияташ дар ин самт муваффақ буд. “Оби Зулол” дар пешравӣ ва рушди иқтисодиёти Тоҷикистон саҳми беназир мегузорад. Масалан, дар 5 моҳи соли 2018 ба миқдори 17,95 миллион литр ба маблағи 48,1 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кард. Дар ҳамин давра ба буҷет 15,5 миллион (андозҳо - 10,8 млн. сомонӣ, пардохтҳои гумрукӣ - 4,7 миллион сомонӣ ) сомонӣ ворид сохт. Айни ҳол дар ҶСП “Оби Зулол” 236 нафар кор мекунанд. Музди миёнаи меҳнат 2500 сомониро ташкил медиҳад. Умуман, аз соли ташкилшавӣ “Оби Зулол” ба маблағи 1 миллиарду 172 миллион сомонӣ маҳсулот тавлид намуда, ба буҷаи давлат 402,5 миллион сомонӣ пардохт намудааст.
Кордонӣ, таҷрибаи баланд ва ҷаҳонбинии васеи роҳбари ширкат Рустам Болтаев имкон дод, ки панҷ хатти пешқадами технологӣ, аз ҷумла барои истеҳсоли обҳои ташнашикан, шаҳду шарбат, коркарди меваю сабзавот насбу васл гарданд.
ҶСП “Оби Зулол” дар умум 13 намуди маҳсулоти шарбати “Нури Зулол”-ро дар бозориТоҷикистон ба мардум пешниҳод мекунад, ки дар соли ҷорӣ дизайни нави тамғақоғази шарбатҳои мевагии “Нури Зулол” коркард шуд. Он рангорангу зебо гаштааст. Ин афшурдаи меваву сабзавот на танҳо болаззатанд, балки ба саломатӣ ҳам фоида доранд.
Сайёҳи дигар аз Маҷористон -Вашш Аннамария, ки касбаш омӯзгорист ва дар яке аз донишгоҳҳои кишвараш дарс медиҳад, аз нахуст сафараш ба Тоҷикистон чунин нақл кард:
- Урфу одат ва фарҳанги мардуми тоҷикро мехоҳам омӯхта китоб нависам. Ман дар семинар-машваратҳои илмие, ки дар Душанбе баргузор гардиданд, зиёд иштирок доштам. Дар рафти ҷаласаҳо пай бурдам, ки болои миз барои иштирокчиён ғолибан шарбатҳои ҶСП “Оби Зулол”–ро мегузоранд. Ман аз шарбатҳои “Нури Зулол” нӯшидам, воқеан ҳам таъмаш ба ман хеле писанд омад. Ҳангоми дар меҳмонхона истиқомат кардан ҳам бештар дар утоқҳои он барои истеъмоли меҳмонон аз нӯшокиҳои ҶСП “Оби Зулол” мегузоранд. Ман барои хонаводаамон куртаҳои рангоранги миллии шуморо бо номи атласу адрас ва ҷӯробҳои аз риштаҳои рангин бофташударо харидорӣ кардам. Барои худ дар бордон шарбати “Нури Зулол”-ро гирифтам. Дар вақти сафар менӯшам. Ба ҳамаи дӯстонам низ тавсия додам, ки ҳангоми дар Тоҷикистон буданашон маҳсулоти ҶСП “Оби Зулол”-ро истеъмол намоянд.
Тамоми маҳсулот барои истеҳсоли шарбатҳои ин корхона комилан ватанӣ буда, аз ноҳияҳои гуногуни ҷумҳурӣ оварда шуда, дар дастгоҳи JBT коркард мешаванд. Олу, шафтолу, себ, зардолу, биҳӣ дар офтоби саховатманди Тоҷикистон парварида шудаанд, аз ин лиҳоз шарбаташон бениҳоят хуштаъму фоидабахш аст.
Роҳбарияти ширкати “Оби Зулол” дар тӯли фаъолияташ бо якчанд корхонаи хориҷӣ ҳамкориҳои густурдаро ба роҳ монда, миёни кишварҳои ҷаҳон обрӯву эътибори хосаро сазовор гаштааст. Натиҷаи фаъолияти софдилонаи роҳбарият ва кормандони ҶСП “Оби Зулол” буд, ки солҳои зиёд, чи ширкат ва чи роҳбарияти ширкат бо мукофотҳои гуногун қадрдонӣ гаштаанд. “Оби Зулол” ҳанӯз аз оғози кор, аз ҷумлаи ширкатҳои муваффақ ва мавриди назар табдил ёфтааст. Ба сифати маҳсулоти истеҳсолмекардаи он созмонҳои соҳавӣ, мутахассисону коршиносони хориҷӣ баҳои баланд додаанд. Ҳамин тавр, ҳар сол ҶСП “Оби Зулол” соҳиби ҷоизаҳо мегардад.
Соли 2001- ҷоизаи аввалин, сифати оби “Оби Зулол” дар сатҳи байналмилалӣ эътироф шуд. Дар озмуни ҳамасолаи об дар Беркли Спрингзи Колорадои ИМА, ки беш аз 4 ҳазор тавлидгари оби ҷаҳонро ҷамъ овард, “Оби Зулол” дар номинатсияи "Интихоби мардум” мақоми аввал ва медали тиллоро гирифт;
Соли 2002 - мукофоти “Барои саҳми истисноӣ дар дастёбӣ ба фурӯши маҳсулоти RC Cola international;
Соли 2004 – мукофоти “Барои эътирофи хизмат дар фурӯши назарраси маҳсулоти RC Cola international;
Солҳои 2007–2008 - мукофоти “Барои эътирофи хизмат дар фурӯши назарраси маҳсулоти RC Cola international;
Солҳои 2007-2008 - мукофоти “Барои эътирофи саҳми истисноӣ дар талош барои боло бурдани сифати маҳсулоти RC Cola international сазовор гаштааст.
Мукофотҳои “Оби Зулол” дар Русияро бояд алоҳида зикр кунем. 23-27-уми апрели соли 2013 дар шаҳри Нижний Новгороди Русия таҳти унвони “Олами маҳсулот-2013” як намоишгоҳи умумирусиягӣ баргузор шуд. Дар ин намоишгоҳ шарбати зардолуи “Оби Зулол” Шоҳҷоиза ё “Гран При”-и намоишгоҳро ба даст овард. Ба ҷуз ин, шарбати себ, помидор, омехтаҳои шафтолуву себ, зардолуву себ, дар умум 7 нӯшобаи ширкати “Оби Зулол”, ки бо тамғаи “Нури Зулол” ба бозор ворид карда шуданд, медали тилло ба даст оварданд. Ин муваффақияти хеле бузург барои ширкати “Оби Зулол” мебошад.
Дар озмуни ҷумҳуриявии “Бренди сол-2013” “Оби Зулол” ҷоизаи тиллои бренди “Қуллаи Шараф”-ро ба даст овард.
Ҳамчунин, соли 2015 дар ярмаркаи минтақавии савдо дар вилояти Суғд сазовори сипосномаи раиси вилоят шуд. Соли равон дар озмуни “Маҳсулоти беҳтарини сол “ дар сатҳи вилоят ва ҷумҳурӣ ҷои аввалро гирифт. Ин ҳама натиҷаи меҳнати софдилонаи корхонаи “Оби Зулол” дар соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мебошад, ки сол ба сол таҳким меёбад.
Зикр кардан ба маврид аст, ки кормандони ҶСП Оби Зулол Обидҷонов Нуриддин, Умаров Саъдихон, Ортиқов Шуҳратҷон, Кароматуллоев Эҳсонулло, Мирбобоев Фозил, Урунов Сайфулло, Рӯзибоев Зафар, Абдуллоев Нурулло, Азимов Маруф, Султонов Баҳром, Олимов Мурод ва дигарон ҳамарӯза барои пешрафти кор фаъолият бурда, ҳамзамон дар ҳаёти сиёсии давлатамон иштироки фаъол доранд. Номбаршудагон аъзои ҲХДТ буда, дар байни коргарони коргоҳ ҳамеша аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, Президенти муҳтарами мо Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда таъмини осоиштагии кишварро аз тараққиёти ҳамаҷонибаи соҳаҳои иҷтимоиёт медонанд.
ҶСП “Оби Зулол” дар тамғакогазҳои маҳсулоти нави обҳои функсионалиаш рамзи “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”-ро ҷойгир намуд. Ин ин иқдом ба хотири таблиғи ташаббуси Пешвои миллат аст, ки бешубҳа ҷиҳати ба яке аз соҳаҳои сердаромади иқтисодиёти кишвар табдил ёфтани соҳаи сайёҳӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Сифат барои ширкати ҶСП “Оби Зулол” дар ҷойи аввал меистад. Ҳангоми истеҳсоли нӯшокиҳои ширини газнок ва шарбатҳо аз мева, ширкат дар назди худ мақсад гузоштааст, ки талаботи мардумро аз маҳсулоти ҷавобгӯи сифатҳои стандарти ҷаҳонӣ таъмин намояд.
Нигора Саидбекова