ГУМРОҲӢ МОРО ТО КУҶО МЕБАРАД?13-11-2018, 09:05
Хабарро хонданд: 164 нафар
Назарҳо: 0
Яке аз поягузорони адабиёти тоҷик дар охири қарни 20 ва аввали асри 21 шодравон академик Муҳаммадҷон Шакурӣ дар яке аз нигоштаҳои худ овардаанд, ки ба атроф нуру зиёи маърифату одамият пошидан, бо андешаи расо мардуми гирду пешро ба роҳи ҳақиқат ҳидоят намуда, аз фалокати гумроҳӣ наҷот додан рисолати зиёиву равшангари ҳақиқист. Воқеан ҳам дар шароити ҳасосии ҷаҳонишавии тамаддунҳо нақши зиёиён ва равшанфикрон чун тӯдакаши ҷомеа дар бедории худшиносии миллӣ хеле калон аст. Зеро мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки оне имрӯз муваффақу комгор аст, агар донишу саводи казоӣ дошта бошаду бо нури маърифати худ дилҳоро мунаввар гардонад. Аз азал тоҷикон бо фарҳангу маданияти баланди худ миёни дигар миллату қавмҳо ба куллӣ фарқ мекарданд. Зеро аксаран аз осори гаронмояи соҳибхирадон бархӯрдор будану онро дар зиндагӣ шиори худ қарор медоданд. Аммо дар баробари истиқлолият ба даст овардани кишварамон иддае, ки шояд аз кӯчаи дину диёнат умуман нагузашта бошанд, таълимоти кӯр-кӯронаи диниро як рукни шинохти миллат дониста, ба хотири олуда сохтани мафкураи шаҳрвандон, хосса, ҷавонон бо кушодани мактабҳои алоҳидаи динӣ камар бубастанд. Чун нафарони зиёдеро пойбанди таассуб гузоштанд, онҳоро талқин мекарданд, ки ба хотири баровардани саводи динии худ рӯй ба мадрасаҳои динии кишварҳои Урдун, Покистон, Афғонистон, Эрон Сурияву Ироқ оваранд. Тавре аз мушоҳидаҳо бармеояд, аксари ҷавононе, ки дар давлатҳои Ховари Миёна таълимоти ғайрирасмии динӣ гирифтанд, баъзеашон гумроҳона ва нафарони дигар ба таври иҷборӣ аз ҷониби эмиссарҳои ташкилотҳои террористӣ ба ташкилотҳои экстремистию террористӣ дохил мешаванд. Онҳоро чун «фидоиёни роҳи Ислом» дар марказҳои таълимии ҳарбӣ омӯзонида, баъдан ба амалиётҳои ҷангӣ мефиристоданд. Ҳар якеи онҳо вақте ба сафҳои ташкилотҳои террористии «Давлати исломӣ», «Ҷабҳат-ун-Нусра» ва ғайра дохил мешаванд, қасам мехӯранд, ки дар роҳи расидан ба ҳадафу мақсад ҷонашонро фидо мекунанд. Аз рӯи таълимоти динии ин гурӯҳҳо гӯё нафароне, ки дар роҳи ислом ҷиҳод мекунанд, ҷояшон «ҷаннат» аст. Аммо касе аз ин саркардагон ҷасорат намуда, намегӯянд, ки «магар рехтани хуни бегуноҳ, ки аксаран мусулмонанд» гуноҳи азим дар назди Худованд нест? Охир ҷаннатиён онҳое, ҳастанд, ки мувофиқи оятҳои қуръонӣ дар зиндагӣ касеро озор надода бошанд, хоксориву фурӯтаниро шеваи худ донанд. Пас маълум мешавад, ки онҳо дар роҳи ҳақ нестанд. Зиёд мисолҳоеро овардан мумкин аст, ки ҷавонони мо ба хотири баланд бардоштани дониши худ ба хориҷи кишвар рафта, ҳурмату падару модар, арзиши Ватану ватандориро пушти по мезананд. Волидон то лаҳзаи охирин умед ба он мебанданд, ки ҷигарбандашон рӯзе аз кардаи худ пушаймон шуда, бармегардад. Аммо мутаассифона он вақт дер хоҳад шуд. Дар ин росто тасмимгириҳои давлат ва Ҳукумати кишвар шоистаи зикр аст. Вазорати корҳои хориҷӣ бо истифода аз имкониятҳои консулигариҳои худ дар хориҷи кишвар ба баргардондани шаҳрвандони мо мунтазам мусоидат намуда, дар як вақт ҷиҳати мушаххас намудани рӯйхати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба таври ғайрирасмӣ дар давлатҳои хориҷӣ ба таълимоти динӣ фаро гирифта шудаанд, корҳои зиёдеро анҷом додааст. Маҳз баҳри пешгирии чунин ҳолатҳо аз соли 2010 то инҷониб бо кӯшишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муассисаҳои таълимии динии ғайрирасмии давлатҳои хориҷӣ зиёда аз се ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон баргардонда, ба кору таҳсил фаро гирифта шуданд. Муҳимаш он, ки давлат ва ҳукумат барои онҳо имтиёзҳо медиҳанд, то дониш омӯзанду зиндагиашонро пеш баранд. Вакте ин мавод иншо мешуд, ба хотирам суханони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо зиёиёни кишвар омад. Он кас қайд карда буданд, ки имрӯз дар ҷомеа эҳтиром нисбати муллоҳо афзудааст, аммо қадру манзалати оне, ки умре пайи таълиму тарбияи фарзандон аст, ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтааст. Воқеан ҳам, ин гуфтаҳои Сарвари давлат ҷон дорад. Мо ҷойе, ки барои фарзандонамон шароити дурусти таълимӣ фароҳам оварем, бо баргузории ҳар гуна чорабиниҳои серхарҷ, ки воқеан ҳам садрнишини он домуллоҳо ҳастанд, вақти қиммату даромади худро сарф месозем. Бехабар аз онем, ки ҳар гуна ангезаҳои нодурусти сиёсӣ, даъватҳои бемавқеъ метавонад фалокатеро ба сари мо биёрад. Ба мо воқеаҳои солҳои навадум бояд ибрат бошад. Ангезаҳои ба ном «исломпарастӣ» дар кишвари мо аз давраи бозсозӣ оғоз ёфта, самараи таассубу «исломгароиро» мо дар пӯсту устухони худ санҷидем. Ҳазорон ҳазор ҷавонон хуни ноҳақ рехтанд. Зеро гумроҳӣ, надоштани дониши динӣ ва сиёсӣ моро ба чунин ҳол овард. Окибати ин амалҳоро мо ба доми фиреб ва найранги хоҷагони гирифтор шудану аз зиндагии ширин, аз диёри зебо, аз миллати нозанини хеш ношукрӣ карда, ба ҳизбҳои характери экстремистӣ-динӣ дошта ворид шуда, ҳатто ба Сурияю Ироқу Афғонистон рафтани ҷавононамонро дида истодаем. Бояд мо бештару беҳтар ба қадри суботи сиёсӣ, истиқлолияти ба ҷон баробари кишвар, ба ваҳдати миллии хеш расему онҳоро ҳамчун гавҳараки чашмонамон эҳтиёт ва муҳофизат намоем. Дар ҳоле, ки кишварҳои мутараққии ҷаҳон аз фатҳи койиноту, ихтироъкорӣ ҳарф занад, мо пойбани хурофотпарастӣ ҳастем. Бояд ҳар як шаҳрванд, хосса зиёиён рӯшанфикрон ҷавононро дар руҳияи хештаншиносиву меҳанпарастӣ бояд тарбия намоянд. Аз қаҳрамониву бебокии падарону бобоёни мо дар набардҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ бояд нақл кард. Онҳо барои Ватан, Модар, марзу буми худ ҷангиданд. Ҳоло чи давлати Ироқу Шом, ки аз мо ҳазорҳо километр дурр аст, майдони «ҷасорати тоҷикбаччагон» гаштааст. Охир Ватани мо Тоҷикистон аст. Ба ҷои чунин «бебокиҳо» мо аз технологияи пешрафта бояд огаҳ бошем, сатҳи забондонии худро боло бардорем, дастовардҳои варзиширо афзун намоем, насли наврасро дар руҳияи дӯст доштани обу хоки Ватан тарбия намоем. Зеро дӯст доштани Ватан як рукни имон аст. Имон ба Ватан, имон ба ин сарзамини биҳиштосо, ки номаш Тоҷикистон аст. Ӯғулой Умаралиева, номзади илмҳои суханшиносӣ, сармутахассиси шуъбаи тарбияи раёсати ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.