Мазан лоф аз хурофоту таассуб4-01-2016, 06:00
Хабарро хонданд: 438 нафар
Назарҳо: 0
(Дар посух ба мақолаи С. Аминиён «Хурофот монеи пешравист» – //Минбари халқ №52 (1031), 23 декабри соли 2015)
Дар низомҳои сиёсии демократӣ ва дунявӣ, ки бар пояи ақлу мантиқ ва муҳимтар аз ҳама, бар мабнои биниши илмӣ устуворанд, озодии баён ва андеша авлавият дорад. Бар ин асос, андеша ва назариёти табақаҳои гуногуни ҷомеа дар матбуоти даврӣ ва дар маҷмӯъ, Васоити Ахбори Омма ироа мегарданд ва аз ин тариқа нармиши иҷтимоӣ ва мадорои фикрию ақидатӣ дар марзҳои иҷтимоӣ роҳандозӣ мешавад. Бо таваҷҷуҳ ба ин, дар фазои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қонунан низоми сиёсии дунявиро интихоб кардааст, бо рӯйи чоп омадани матолиби гуногун дар сафаҳоти матбуотӣ, табъан бар матолиби матбӯъ вокунишот низ интишор меёбанд. Моҳе қабл дар ҳафтаномаи «Минбари Халқ» (бознашр аз Тоҷикистон) мусоҳибаи матбуотии донишманд ва рӯшанфикри иронӣ устод Масъуди Миршоҳӣ нашр шуд ва, азбаски мусоҳиба ҷиддӣ буда, масоили умда ва калидии ҷомеаи тоҷикӣ – хурофоти динӣ-мазҳабиро фаро мегирифт, дар сатҳҳои гуногуни иҷтимоӣ гуфтушунудҳоеро ба вуҷуд овард. Агар матлаби Миршоҳӣ ҷиддӣ ва калидӣ намебуд, ҳеҷ гоҳ чолиши фикрӣ ва ақидатиро дар миёни табақоти мухталифи иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеаи тоҷикӣ ба бор намеовард ва бо он ки ҳоло гуфтугӯҳо дар ин маврид зиёд нестанду аксари фарҳангиёни мо дар баробари матлаби устод Миршоҳӣ хомӯшӣ ва сукутро ихтиёр кардаанд, мавзӯъ муҳимияташро аз даст надода, балки ҷиддитар мешавад. Мо низ дар партави мусоҳибаи устод Миршоҳӣ матлабе омода намуда, ба ҳафтавори «Фараж» ирсол доштем, ки мухтасар дар се шумораи ҳафтавор ба табъ расид (таваҷҷуҳ шавад ба ҳафтаномаи «Фараж» №51, 52,53). Дар қолаби вокуниш ба мусоҳибаи Миршоҳӣ донишманди тоҷик С. Аминиён таҳти унвони «Хурофот монеи пешравист» (//Минбари халқ №52 (1031), 23 декабри соли 2015) матлабе хонданӣ таълиф намудааст. Муаллиф дар муқаддимаи матлаб хеле хуб перомуни хурофот ва таъсири манфии он ба рушди ҷомеа суҳбат кардааст. Нукоте, ки устод Миршоҳӣ дар бораи хурофоти динӣ-мазҳабӣ, ки пойдовори хурофоти заминию осомонианд, бештар муаллифи мақоларо ҷалб намуда, асосан бар пояи назароти танқидии устод Миршоҳӣ суҳбати Аминиён ҷараён мегирад. Қатъи назар аз он ки С. Аминиён аз хурофот хуш надорад, мутаассифона, навиштааш бар мабнои андеша ва биниши динӣ-мазҳабӣ рӯйи коғаз омадааст. Лофзанӣ аз хурофот дар минтақаи мо собиқаи тӯлонӣ дошта, ин суннат имрӯз ҳам дар хуни рагу пайванди мардум ва аксари фарҳангиён ҷараён дорад. Қатъи назар аз он ки бузургон насиҳатамон мекунанд, ки: «Мазан лоф аз хурофоту таассуб, Ки охир мешавӣ дур аз ҳама ҳуб», мисли ин ки амдан лофзаниро такрор мекунем ва онро ба шеваи густурдатар баён месозем. Аз назари равоншиносӣ чун тафаккур ва биниши динӣ-мазҳабӣ бар асоси тасаввуроту эҳсосот созмон меёбад, аз ҳар матлаби эҳсосбарангез ҳассосият боло мегирад ва вокуниш бар он, қабл аз ҳама, аз тариқаи эҳсосот сурат мегирад. Ба назар мерасад, вақте ки андешаи Миршоҳиро роҷеъ ба қишри «маъруф»-и мулло мутолиа кард, устод С.Аминиён аз рӯйи бовару ихлосе, ки ба рӯҳоният дорад, ба ҳимоят бархест. Марзи ҳимоят ва пуштибонии С. Аминиён дар бовар ба «олимони худотарси исломӣ» ва муҳимтар, теологи динӣ-исломӣ Муҳаммад Ғазолӣ маҳдуд мешавад. Ба сухани дигар, муаллифи матлаб ба он назароти устод Миршоҳӣ, ки ба дин ва мазҳаб иртибот доранд, мухолифат меварзад. Мухолифати фикрӣ ва ақидатӣ, албатта, дар низоми дунявӣ хуб аст, чунки бар рағми ваҳдатгаройӣ (монизм) роҳро ба самти дигарандешӣ ва бисёрфикрӣ (плюрализм) ҳамвор карда, шеваҳои алтернативиро дар масири андеша ва андешидан ба миён меоварад. Муаллиф таъкид мекунад, ки сухани Миршоҳӣ танҳо ба баъзе муллоҳои дунёпараст мутааллиқ асту бас. Агар ин гуна муллоҳои дунёпараст баъзе мебуданд, кор ин қадар мушкил намешуд ва дар баданаҳои иҷтимоӣ шикоф ва заъфиятҳо рӯ намезаданд. Ин тоифа на кам, балки хеле ва хеле зиёданд, чунки шумо барин фарҳангиён аз онҳо дифоъ мекунед ва умри фиребу найранги ононро дароз мекунед. Устод Аминиён, инсофан, ба воқеияти рӯз бингаред ва ба таърихи сиёсию иҷтимоии мардуми форсу тоҷик аз нигоҳи сирф инсонӣ. Дар рӯнамои таърихи мо аз ҳама зиёд ба ҷомеа ҳамин қишри ба истилоҳи шумо «олимони худотарс» садама зада, роҳҳои рушди илму фалсафаро дар митақа бастаанд. Албатта, дар манотиқи урупоӣ ҳам ниҳоди хурофотпарасту таассубписанди динмадорон ва давлатдорон решаҳои зулму истибдодро амиқ карда, мардумро ба дод оварда буданд, вале дар Аҳди Эҳё алайҳи хурофоти динӣ-масеҳӣ ва ба истилоҳ, динмадорони замон аз тариқи дониши илмӣ ва фалсафӣ муқовимати шадид сурат гирифт (Горфункель А. Х. Философия эпохи Возреждения. – Москва: Высшая школа, 1980. – С.346). Муқовимати тезутунди ақли рӯшангар ва иродаи матини урупойӣ дар асри маорифпарварӣ дар симои Жан Мелйе (1664-1729), Шарл Луи Монтескиё (1689-1755), Франсуа Мари Волтер (1694-1778), Жан Жак Руссо (1772-1778), Дени Дидро (1713-1784) таҳаққук пайдо намуда, алайҳи динмадорону сиёсиюни хурофотпараст ба шӯр омад (ниг.: Антология мировой философии. Том 2. – Москва: Мысль, 1970. – С.553-650). Ин абармардони майдони илму андешаи илмӣ ва фалсафӣ дар ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ ва коҳиши нуфузи дин ва хурофот дар Урупо нақши калидӣ доштаанд.Чун он замон дин ва хурофот бо ҳам чодар бар рӯйи ҷавомеи урупойӣ кашида буданд, Волтер ва соири андешамандони пешқадами даврон тавассути навиштаҳояшон бар зидди динмадорону ҳукуматдорони хурофотзада баромада, сели интиқодоти шадидро рӯйи хурофотмаобон рехтанд. Маслан, Волтер дар навиштаи худ «Элдорадо» шаҳри тахайюлиеро ба риштаи тасвир мекашад, ки дар он рӯҳонию зиндон вуҷуд надорад ва ба ҷойи ин ду падидаи хирадситез илму мантиқ сари кор буда, мардум дар оромиш зиндагӣ мекунанд (ниг.: доктор Аҳмади Иронӣ. Волтер. Чопи дуюм. Лос-Анчелос, 1993. – С.14). Дар муҳити иҷтимоӣ, фикрӣ, мафкуравӣ ва фарҳангии асримиёнагӣ, ки дин ва мазоҳиби исломӣ аз нуфузи саросарӣ бархӯрдор буданд, хурофоту таассуби динӣ-мазҳабӣ салтанат мекард ва аҳли илму маърифат ҳамеша таҳти таҳқиру фишори рӯҳонияти мутаассибу хурофотӣ қарор дошт. Ҳанӯз аз замони вуруди дин ва мафкураи исломӣ ҳаракати «Шуубия», ки хусусияти миллӣ дошт, алайҳи хурофоту таассуби динию нажодии арабӣ-исломӣ қад алам карда, дар қолаби ду шоха – шохаҳои динӣ ва миллӣ бо мафкураи аҷнабӣ ва мушаххасоти он сахт муқовимат кард. Ба назари муҳаққиқон, ҳар ду шоха бо ҳар василаи дастрас кӯшиш мекарданд, ки дастуру қавонини динии аҷнабиро хароб ва таҳриф намоянд (Бекзода К. Таърихи равшанфикрӣ аз даврони Ҷамшед то замони Фирдавсӣ. Нақши шуубия дар таърихи худшиносии халқи тоҷик. – Душанбе: Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи академик А.М. Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2012. - С.7-8). Ин аст, ки фарҳанги асримиёнагии форсӣ-тоҷикӣ дар симои Ибни Ровандӣ, Закариёи Розӣ, Рӯдакӣ, Дақиқӣ, Фирдавсӣ, Ибни Сино, Носири Хусрав ва дигарон дар баробари хурофоту таассуби динӣ-мазҳабӣ мубориза бурда, аз истибдод, пастфитратӣ, ношоистагӣ, залолат, таассуб ва хурофоти хушку беарзиши қишри «муфтхӯр» шадидан интиқод карданд. Ашъору афкори шуаро ва адибони маъруфи форсу тоҷик Убайди Зоконӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Бедил, Донишу Айнӣ ва амсоли онҳо баёнгари муборизаи беамон бар зидди авомфиребон – шайху сӯфӣ, зоҳиду қозӣ, муфтиву муҳтасиб, раису шаҳна, ки динмадорони давру замон маҳсуб меёфтанд, мебошад. Фармудаи машҳури Хоҷа Ҳофиз «Май хӯр, ки шайху Ҳофизу муфтиву муҳтасиб, Чун нек бингарӣ ҳама тазвир мекунанд» чӣ маънӣ дошта метавонад? Албатта, шайёдӣ, авомфиребӣ, зулму ситам, ақибмондагию вопасзадагӣ, ҷаҳлу хурофотро, ки ҳамагӣ дар тоифаи рӯҳоният гунҷоиш ёфтаанд, маънидод мекунад. Агар муруре кӯтоҳ ба таърихи ҷавомеи мусулмон дошта бошем, ба осонӣ дармеёбем, ки аксаран, дар вартаи ҷаҳлу ҷаҳолат қарор доштаанд. Ба унвони намуна, метавон гуфтаи сайёҳи франсавӣ Волнейро овард, ки дар садаи ҳаждаҳуми мелодӣ аз Миср дидан намуда, таассуроташро бад-ин тарз ироа доштааст: «Ҷаҳл дар ин шаҳрҳо ому шоеъ аст. Ин шаҳрҳо монанди ғолиби билоди Усмонӣ (Туркия) аст, ки ҷаҳл дар миёни ҳамаи табақоти онҳо русухи комил дорад ва илму адабу ҳунару саноеъ дар онҳо ба баситтарин ва ибтидоитарин сурате боқӣ мондааст, чунонки агар соати шахсе хароб шавад, касеро наметавон ёфт, ки онро дуруст кунад, магар он ки бегона бошад» (Ҳалабӣ Алӣ Асғар. Таърихи наҳзатҳои динӣ-сиёсии муосир. Теҳрон: Заввор, 1382. – С.8). Дар зимн, С. Аминиён дар пешниҳоди «ҳунар ва варзиш ҷойгузини мазҳаб шавад»-и устод Миршоҳӣ ислоҳе ба тариқи «мардум бо хирадмандӣ дар мазҳаб пеш раванд»-ро ворид кардааст. Ҳунар ғаризаи офаридгории инсон аст ва бо хирад аз ҳар ҷиҳат ҳаммаъно мебошад, чаро ки хирад шинохтан, офаридан ва диданро дар худ мунсаҷим месозад. Аз ин рӯ, вақте ки ҳунар мегӯем, бо эҷод ва офариниш сарукор мегирем ва офариниш ҳувият месозад, на ҳувият меситонад. Ҳувият худбошию худшавист ва хурофоту таассуби динӣ-исломӣ асрҳои аср ҳувиятситезӣ карда, барои мардум, хусусан мардуми форсу тоҷик ҳувияти динӣ-мазҳабӣ, ки аз маҷмӯаи хурофоту таассуб таркиб ёфтааст, «ато кардаанд». Аз ин лиҳоз, бояд воқеиятро шинохт ва бо ҳар роҳу васила аз он набояд фирор кард ва натиҷатан, хурофоти динӣ-мазҳабиро дар ҷомеа ниҳодина сохт. Ба ҳар сурат, аз он чи ки С. Аминиён дар шакли матлабе мухтасар «амри маъруф» кардааст, метавон ҳадс зад, ки фарҳангиёни мо ҳанӯз дар қолаби хурофоти динӣ-мазҳабӣ, ки хатарноктарин бемории иҷтимоӣ ва фарҳангӣ талаққӣ мешавад, меандешанд. Дуруст аст, ки на ҳамаи диндорон золиму мустабиданд (як дар сади динмадорон, ки инсофу имони комил доранд, худро шайху мулло намеҳисобанд ва аз ҳамтоёни худ сахт танаффур доранд, илова бар ин, ин гурӯҳи кучакро ҳамтоёнашон чашми дидан надоранд, чаро ки мисли онҳо шайёд, найрангбоз, фитнагар, авомфиреб, замонасоз, хирадситез нестанд), вале таърихи миллӣ собит сохтааст, ки аксари кулли ниҳодҳои динӣ-мазҳабӣ, ки дар минтақаи мо таҳти унвони «мулло ва эшон» шинохта мешаванд, хушкандеше беш нестанд, илова бар ин, онҳо дар ободии диёр на танҳо саҳм намегиранд, балки барои қувват гирифтани хурофоту таассуби динӣ-мазҳабӣ аз рӯйи тавон ва имконот сарсахтона талош меварзанд. Акнун тасаввур кунед: мо ва шумо, ки даъвии зиёигарӣ мекунем, бо хушбоварии худ нисбати ин табақаи ба истилоҳ, фурсатталаб ва хушкандеш (хурофотро хушкандешӣ мегӯянд), ба илму дониш садама мезанем ва умри дурӯғу фитнаро дароз мекунем. Миллионерҳои Арабистони Саудӣ, ба қавли С. Аминиён, на аз маболиғи ҳаҷ, балки аз ҳисоби пули нафту газ кайфу сафо мекунанд ва дар миёни онҳо ҳам ашхоси худотарс вуҷуд дорад. Аввал ин ки, агар худотарс мебуданд, пулдору сарватманд шуда наметавонистанд, зеро қашшоқии мардуми нимҷазираи араб ва сокинини кишвари ҷангзадаи Фаластин рӯҳу равони имондорону худотарсонро ором нмегузорад ва ба онҳо ҳатман кумак мерасонданд. Аммо, чуноне ки мебинем, барои миллионерҳои араб ва ҳукумати Арабистони Саудӣ тақдири мусулмонон, аслан аҳамиятнок нест. Дар нимҷазираи араб мардум дар бесаводии саросарӣ ба сар мебаранд, вале ин хоби миллиоенерҳои арабро намепаронад ва ба кайфу сафои онҳо дар мамолики урупойӣ, мисли Фаронсаву Инглистон ва Испониёву Итолиё ва Амрико мумониат эҷод намекунад (ин нуктаро шояд шумо медонед, вале аз рӯйи имондорӣ ин гурӯҳро дифоъ мекунед). Устод С. Аминиён бештар ба андешаҳои Миршоҳӣ дар мавриди Муҳаммад Ғазолӣ изҳори номувофиқатӣ карда, навиштааст: «Ба назари ман Миршоҳӣ дар баҳо додан ба Ғазолӣ ба муболиғаву ифрот роҳ додааст». Дар мавриди Ғазолӣ устод Миршоҳӣ на муболиғаву ифрот, балки воқеиятро гуфтааст, ки мо аз он, мутаассифона, канор мегирем. Миршоҳӣ дар мавриди таърих, ҳунар, андеша, фалсафа, илм, дин, мазҳаб аз роҳи ақлу инсоф ва виҷдону мантиқ бархӯрд мекунад, на мисли мову шумо аз роҳи ихлосу имон. Илму фалсафа бо имон кор намегирад, балки масоилу мушкилоти иҷтимоӣ, фикрӣ, динӣ, ахлоқӣ, сиёсӣ ва фарҳангиро дар мизони ақлу мантиқ ва инсофу виҷдон андозагирӣ мекунад. Дар робита бо матлаб, бояд ёдовар шуд, ки дар тақвияти ҷараёни фалсафаситезию яктарафабинӣ, ки ба ташаннуҷи ифротгаройиву зиёдарвиии динии асримиёнагӣ ва имрӯзӣ мунҷар шудааст, саҳми Абуҳомид Муҳаммад Ғазолӣ кам нест. Ба қавли донишманди иронӣ Абдулҳодӣ Ҳоирӣ, «аз донишмандони бузурге, ки дар он рӯзгорон беш аз ҳар касе бо озодандешӣ ва густариши андеша бар пояи тааққул ва истидлол ситез кард ва яксӯнигариро ҷоне тоза бахшид, Имом Муҳаммад Ғазолӣ буд. Юриши саҳмгини ӯ ба фалсафа ва андешаҳои фалсафӣ, шеваҳои мубтанӣ бар хирад, андеша, истидлол ва жарфнигариро аз густариши фарогир боздошт» (ниг.: Ҳоирӣ Абдулҳодӣ. Нахустин рӯёрӯйиҳои андешагарони Ирон бо ду рӯяи тамаддуни буржуазии Ғарб. Теҳрон: Амири Кабир, 1367. –С.131). Ғазолӣ файласуфонро барои он такфир кард, ки онон боиси чолиши фикрӣ ва мунозиоти мазҳаб дар қуруни вусто гардиданд. Бо ин ният вай мутолиоти фалсафиро мамнӯъ сохт. Он чи ки зеҳнро тез ва тафаккурро равнақ мебахшад, аз назари Ғазолӣ нораво шинохта шудааст. Ба ин навиштаи Ғазолӣ таваҷҷуҳ мекунем: «Дар бозии шатранҷ, бо он ки зеҳнро неруманд месозад, мамнӯъ ва маҳзур (мамнӯъ, ҳаром, нораво –Н.Н.) аст ва ҳамчунин аст назар дар илми Уқлидус ва ал-Маҷастӣ (Геометрияи Евклид) ва дақоиқи ҳисобу ҳандаса ва риёзиёт. Дар онҳо, ки хотирро ташҳиз (тез кардан, бурро кардан –Н.Н.) ва нафсро неруманд мекунанд ва бо ин ҳол мо онро ба сабаби як уфт (нуқсон, камбудӣ –Н.Н.), ки дар пай дорад, манъ мекунем, зеро аз муқаддамоти илми авоил (улуми табиӣ) аст, ки мазоҳиби фосиде, ки мутааллиқ бад-ин бошад, вуҷуд надорад, лекин метарсам, ки бад-он мунтаҳо мегардад» (Сафо Забеҳуллоҳ. Таърихи улуми ақлӣ дар тамаддуни исломӣ то авосити қарни панҷум. Муҷаллади аввал. Теҳрон: Интишороти Донишгоҳи Теҳрон,1371. - С.149). Пойинтар мутаваҷҷеҳ мешавем: «Агар чизе суде танҳо ва зиёнҳое бисёр дорад, ҷойиз нест барои ин як манфиат худро ба зиёнҳои бузург дучор кард, чунон ки шароб, лошак, дар таъдили мизоҷ ва тақвияти табъу димоғ ва қимор дар ташҳизи (тезу бурро кардан-Н.Н.) хотир муассир аст ва бо ин ҳол ҳар ду ҳароманд ва ҳатто мудовамат дар бозии шатранҷ» (Сафо Забеҳуллоҳ. Таърихи улуми ақлӣ дар тамаддуни исломӣ то авосити қарни панҷум. Муҷаллади аввал. Теҳрон: Интишороти Донишгоҳи Теҳрон,1371. – С.149). Хирадситезӣ ё ба қавли Абдулҳодӣ Ҳоирӣ, «яксуянигарӣ», ки мабнӣ бар хурофоту таассуби динист, дар фазою муҳити кишварҳои исломӣ дар асрҳои миёна ва, мутаассифона, имрӯз ҳам сабаби бурузи ифротгаройӣ ва ба ин монанд истибдодҳои равонию ҷисмонӣ гардидааст. Таърихан, хирадситезӣ ва ҷаҳолатпарастӣ аз замони салоҷиқа дар Дорулислом (Бағдод) падид омада буд ва Ғазнавиёну Салҷуқиён онро идома бахшиданд (Зебокалом Содиқ. Мо чӣ гуна мо шудем: решаёбии илали ақибмондагӣ дар Ирон. Теҳрон: Интишороти Равзана, 1378. -С.206). Ба қавли Маҳдӣ Фаршод, фарогирии улуми ғайридинӣ ва фалсафа дар мадориси ҳавзаи хилофат (минҷумла Ирон) мамнӯъ шуда ва фақат омӯзиши матолиби динӣ муҷоз буд (Фаршод Маҳдӣ. Таърихи илм дар Ирон. Ҷилди 1. Теҳрон: Амири Кабир, 1365. –С.86-87). Муаррихи маъруфи илм Ҷорҷ Сартон омили уфул ё пастравии илмии муслиминро дар «ойини мадрасӣ» (scholasticism – схоластика), ки Имом Ғазолӣ аз намояндагони барҷастаи он ойини суннатӣ маҳсуб меёфт, дида, дар ин боб навиштааст: «Мардуми Шарқу Ғарб дар маърази озмоиши бузурги ойини мадрасӣ (scholasticism) қарор гирифтанд, мардуми Ғарб аз он бадар омаданд, вале шарқиён шикаст хӯрданд» (Сартон Ҷорҷ. Муқаддимаи таърихи илм. Ҷилди аввал. Теҳрон, 1353. – С.61-62). Ойини мадрасӣ бартарияти улуми диниро бар улуми табиӣ-риёзӣ ва фалсафӣ таъйид мекард ва дар натиҷа, Шарқи мусулмонӣ ба вартаи ақибмондагӣ ва вопасзадагии иҷтимоию фикрӣ афтид. Имом Ғазолӣ ҳамчун хидматгори шариати исломӣ ҳамчунин, дар садама задан ба фарҳангу маросими бостонии форсӣ-тоҷикӣ, амсоли Наврӯзу Сада, ки куҳантарин маросими фарҳангӣ ва ҳувиятсози мо маҳсуб меёбанд, низ як дараҷа кӯшидааст. Агар Дақиқию Фирдавсӣ ва Носири Хусрав барои густариши забону фарҳанги миллӣ саъю талоши фаровон варзида бошанд, Имом Ғазолӣ дар самти аз байн бурдани ҷашнҳои миллӣ Наврӯзу Сада ҷаҳду ҷадали зиёд кардааст. Ӯ дар китоби «Кимиёи саодат» зимни мункироти бозорҳо чунин гуфтааст: «… ва шамшеру сипари чӯбин фурӯшанд барои Наврӯз ва буқи сафолин (шайпур - Н.Н.) барои Сада ва аз ин чизҳо баъзе ҳаром аст, баъзе макрӯҳ. Аммо… он чи барои Сада ва Наврӯз фурӯшанд, чун сипар ва шамшери чӯбин ва буқи сафолин, ин дар нафси худ ҳаром нест, валекин изҳори шиори габргон аст, ки мухолифи шаръ аст ва аз ин ҷиҳат нашояд. Балки ифрот кардан дар оростани бозор ба сабаби Наврӯз ва қатоифи бисёр (ҳалво ва шириниҳо – Н.Н.) кардан ва такаллуфҳои нав сохтан барои Наврӯз нашояд, балки Наврӯз ва Сада бояд мундарис шавад ва касе номи он набарад. То гурӯхе аз салаф гуфтаанд, ки рӯза бояд дошт, то аз он таомҳо хӯрда наояд ва шаби Сада чароғ фаро набояд гирифт, то аслан оташ набинанд ва муҳаққиқон гуфтаанд: Рӯза доштан ин рӯз ҳам зикри ин рӯз бувад ва нашояд, ки номи ин рӯз баранд ба ҳеҷ ваҷҳ, балки бо рӯзҳои дигар баробар бояд дошт ва шаби Сада ҳамчунин, чунонки аз ӯ худ ному нишон намонад» (Ғазолӣ Муҳаммад. Кимиёи саодат. Ҷилди аввал. Ба кӯшиши Аҳмади Ором. – Теҳрон, 1333. – С.407). С. Аминиён дар мавриди муносиботи заношуӣ аз диди ислом бо шарҳу тафсири Ғазолӣ «амри маъруф»-и динӣ-мазҳабиро дунбол мекунад. Ростӣ, аз бисёр ҷиҳатҳо муносибот ба зан дар дину мазҳаб хуб нест, ончуноне ки устод Аминиён таъкид кардааст. Зан дар нигоҳи динӣ-мазҳабӣ абзор ва ашёе беш нест. Дар забони имрӯза зан объект аст, василаи бароварда сохтани ғариза ва ниёзҳои табиӣ, равонӣ, иҷтимоии мард. Муҳаммад Ғазолӣ боби ҳафтуми китоби «Насиҳат-ул-мулук»-и худро ба занон («Андар сифати занон ва хайру шарри эшон») ихтисос додааст. Дар он аз забони шахсиятҳои калидии дин мисолҳо ва ҳикоёт бозгӯ карда, мақоми занро дар муносиботи хонаводагва иҷтимоӣ таъйин намудааст. Аз забони паёмбар ва халифаи рошиди ислом чунин меоварад: «Пайғамбар (салавотуллоҳу алайҳ) гуфт: хуҷастатарин ва бабаракаттарин зан он аст, ки зоянда буваду бар рӯй некӯтар бувад ва ба кобин сабуктар бувад. Ва амиру-л-мӯъминин Умар (разияллоҳу анҳу) гуфт: ба худой паноҳед аз бадҳои занон ва аз порсотарини эшон барҳазар бошед, яъне зани худ ситоиш барнагиред (Ғазолӣ Муҳаммад. Насиҳат-ул-мулук. Таҳия ва тавзеҳи Нарзуллои Назар. – Душанбе: Ирфон, 1993. – С.125). Зан дар фаҳмиши Ғазолӣ, бо он ки аз ӯ таъриф мекунад, бояд порсо ва фармонбардор бошад. Гуфтани ҳадиси ишқ бо ӯ ба хотири тахрибкор шуданаш лузуме надорад. Пойин аз забони салафи солеҳ ҳазрати Умар мефармояд: «Амиру-л-мӯъминин Умар (разияллоҳу анҳу) гӯяд: бо занон ҳадиси ишқ магӯед, то дили эшон табоҳ нашавад, ки занон ҳамчун гӯштанд бар саҳро афканда, нигаҳдорандаи эшон худой аст» (Ғазолӣ Муҳаммад. Насиҳат-ул-мулук. Таҳия ва тавзеҳи Нарзуллои Назар. –Душанбе: Ирфон, 1993. – С. 129). Некутарини занон дар фаҳмиши исломӣ фармонбардортарини онон аст ва ин нуктаро Ғазолӣ аз забони паёмбар бар мабнои нақли Салмони Форс меоварад: «Салмон (Салмони Форсӣ марди иронинажод, ки саҳобаи пайғамбар буд ва соли 656 вафоташ иттифоқ афтодааст – Н.Н.) ривоят кунад аз пайғамбар (алайҳи-с-салом), ки ӯро пурсиданд, гуфтанд: аз занон кадом нектар? Гуфт: он ки фармони ту кунад ба ҳар чӣ фармоӣ. (Ғазолӣ Муҳаммад. Насиҳат-ул-мулук. Таҳия ва тавзеҳи Нарзуллои Назар. – Душанбе: Ирфон, 1993. – С. 129). Он чи ки дар боби зан ва ҷойгоҳи ӯ дар ислом аз забони бузургтарин худошиноси исломи форсӣ-тоҷикӣ Муҳаммад Ғазолӣ овардем, баёнгари он аст, ки зан ба сифати узви фаъоли иҷтимоъ дар маҳдудаи тафаккури динӣ-мазҳабии асримиёнагӣ фаъол нест ва табиист, ки фаъоли маданӣ буда ҳам наметавонад. Зеро тартиботи шаръӣ ва муқтазиёти динӣ ӯро намегузоранд, ки дар ҷомеаи мардсолори динӣ-мазҳабӣ озодона фаъолият барад ва дар рушди фарҳангу ҳунар саҳм бигирад. Дар ҷойи дигар С. Аминиён аз нияти поки масҷидсозии кишварҳои арабии исломӣ дар мамолики мусулмоннишин сухан дар миён меоварад ва гуфтаи Миршоҳиро дар мавриди ин ки масҷидҳои сохтаи онҳо (манзур кишварҳои исломӣ аст) боиси низоъу даргириҳои фирқаҳои исломӣ мегардад, интиқод мекунад. Ҷангу даргириҳое, ки солҳост миёни мазоҳиби исломӣ дар масоҷиди Покистону Афғонистон ва соири мамолики Ховари Миёна рӯйи кор омадаанд, авзои манотиқро хароб ва зиндагии мардумро табоҳ сохтаанд. Масҷид ба унвони маркази таҷаммӯи мардумӣ ва интишори хурофоту таассуби динӣ-мазҳабӣ солҳост мадди назари як гурӯҳи фурсатталаби сиёсӣ қарор дорад ва аз он чун механизми фаъоли иҷтимоӣ дар пахши низоъҳои динӣ-мазҳабӣ васеъ корбаст мекунанд. Силсилаи низоъ ва даргириҳо имрӯз ҳам дар масоҷиди мамлакатҳои исломӣ идома дорад ва афзоиш ёфтани масоҷид ва ҷалби насли ҷавони ҷавомеъ ба кори саросарии ибодӣ бесабаб нест ва аз он дар дасти бозигарони сиёсӣ барои даргир сохтани мардум, тавсеа бахшидани низоъу бадбиниҳои мазҳабӣ, таҳкиму тақвият додани хирадситезӣ ва хурофотписандии табақаҳои осебпазири иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ абзори калидии геосратегӣ мебошад. Ин аст, ки дар шароити имрӯзи бозиҳои геосиёсӣ, ба хотири ҳифзи арзиш ва манофеи миллӣ мебояд ҳушёр буд ва аз таблиғи хурофоту таассуби динӣ-мазҳабӣ, ки дар қолаби таълифоти бузургони исломӣ низ манзур мегардад, имтиноъ варзид. ©Нозим Нурзода |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.