Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj

Архимед

31-05-2018, 08:50
Хабарро хонданд: 855 нафар
Назарҳо: 0
Архимед
Ў дар замони хеле қадим ба таври ғайриоддӣ зиндагӣ кардааст, ки хотироташ монанди як муҷассамаи бостонӣ дар уқёнуси хайёл шиновар аст ва гўё танҳо тариқи ривоятҳо то мо расидааст. Шояд ба гузашти беш аз 2300 сол саҳми ривоятҳо бештар аз ҳақиқат бошанд.
Падари ў математик ва ситорашинос машҳур буд ва ба Ҳиро яке аз золимони Сиракуз риштаи хешутаборӣ дошт. Архимед аз даврони тифлияш ба дунёи ададҳо ва ҳисобу китоб шавқи зиёде пайдо кард. Ў тамоми умр аз мантиқи устувори қонунҳои ҷовидонаи ин олами муъҷиза, ки дар баробари он, қонунҳои ҷаҳони инсон зудгузар, таҳаввулпазир ва номукаммал буданд, лазат мебурд. Архимед инро махсусан дар Искандрия ҷое, ки Птоломейҳои қудратманд ба қавли як файласуфи оворагард «артиши кирмҳои дастии китобиро мехўрониданд, ки ҳамеша дар лонаи илҳом вақти худро сарфи баҳс мекарданд»
«Кирмҳои китобӣ» - ин баргузидагони илм ва адабро аз тамоми гўшаву канори дунё гирд меоварданд, то барои шуҳратёр шудани фармонравоёни Миср заҳмат кашанд ва он ҳоро дар эҷодиёти худ сано хонанд.
Ин замони фиребандагии «зариф ва ҳушмандона», хушомадгўии «ҷаззоб», чоплусии «боназокат» буд, ки хоҳиши писанд омадан ба Птоломей на танҳо афкори шоиронро, ки моил ба саногўӣ буданд, балки мағзи нобиғаҳои улуми нуҷум, риёзӣ ва ҳандасаро низ тасхир карда буд. Шояд ҳамин эҳсоси «вафодорӣ»-и ҷомеа ба ҳокимон, ки хеле бо оҳанги мутантан ва ҳарисона баён мешуд, боис гардид, ки донишманди ҷавони Сиракузи-Архимед ин маркази илму маърифатро, ки бойтарин китобхонаи ҷаҳон дар он мустақар буд, тарк кунад ва ба хонааш, Ситсилия баргардад.
Ва ё шояд ў Искандирияро ба хотири он низ тарк кард, ки назару андешаҳои Арастуи бузургро доир ба механика саҳл мегирифтанд ва «маҳорати косибӣ»-и дархўри бардагон (ғуломон) мешумориданд. Ҳамин улуми механика буд, ки бо зебогиву ҷаззобияташ на камтар аз ҳандаса, таваҷҷуҳи ўро ба худ ҷалб мекард.
Вай дарк мекард, ки маҳз қонуни фишанг- қонуни ҳақиқии коинот аст ва эҷоди занҷираи фарзияҳову теоремаҳо дар миханика, амале буд, ки худи Евкилид низ ба он даст задааст. Ба Сиракуз ў асосҳои илми наверо овард, ки наслҳои оянда онро омор «статистика» номгузорӣ карданд ва дар он ҳамчун таҳкурсии устувор, бинои бузурги илми механикаро замина гузоштанд.
Дар Сиркуз Архимед бидуни ташвиш дар иҳотаи муҳаббату ғамхорӣ зиндагии шоиста дошт ва аз маблағ танқисӣ намекашид. Бо вуҷуди ин ў ба зиндагӣ ва роҳати худ аҳамият намедод ва ҳамеша ба ҳисоб машғул буд. Овозаҳои гуногуне паҳн мешуд, ки гўё Архимед муддатҳои тўлони ғизоро фаромўш кардаст ва ҳатто шустушў ҳам намекард, аммо омода буд, ки дар болои чангу ғубор, хокистар ҳатто танаи худ хату нақшаҳо кашад. Як рўз ў дар ҳавзи ҳаммом ба таври ногаҳонӣ нерўи ғайриоддии теладиҳандаро кавш кард, ки ҳангоми ҳангоми ғутавар шудани баданаш дар об (яъне модаи моеъ) эҳсос кард ва ҳама чизро фаромўш карда, урён дар кўчаҳои Сиркуз медавид ва бо нидои ғолибона «Эврика!», яъне «Ёфтам!» дод мезад. Ў дар ин ҳол аслан парво набуд, ки мардум дар борааш чӣ андеша мекунанд ва ояндагон чи хоҳанд гуфт, ҳатто барои фикр кардани ин масъалаи ба назараш беарзиш ва пуч, вақт надошт.
Баъзе аз андешаҳои худро ҳатто лоиқи дар варақ сабт кардан намешуморид ва мо ҳеҷ гоҳ намефаҳмем, чи хел тавонистааст решаҳои квадратиро аз шумораи зиёди рақамҳо то пайдо шудани қоидаҳои истихроҷи реша, барорад.
Архимед дар илм аз камтарин намунаҳои дар як шахс таҷассум ёфтани ҳам олими бузурги назария ва ҳам муҳандиси соҳибихтисос буд ва имрўз бидуни завқ ва тааҷҷуб наметавон сатрҳои то ба мо расидаи Плутархро хонд, ки чӣ тавр дар бораи муҳосираи Сиркуз аз ҷониби сарлашкари Рум Марсело нақл мекунад.
Даҳо манҷаниқҳои дар заминаи нақшаҳои Архимед бунёдшуда ба киштиҳои ҷангии душман сангҳои бузурги киштишиканро ҳавола мекарданд. Ба сари маллоҳон ва аскарон борони найзаҳое аз аслиҳаҳои механикӣ файр мешуданд. Ин механизмҳои беназир одамонро бо «панҷа»-ҳояшон бардошта, ба баландӣ мепартофтанд. Ҳатто ин мошинҳо қодир буданд, ки аз бинии киштиҳо бардошта онҳоро чаппа кунанд. «Чи илоҷ, мо бояд ҷангро алайҳи муҳандис қатъ кунем»-бо шўхӣ, вале маҳзун мегуфт Марсел. Архимед пирўз шуд. Ба шаҳодати Плутарх: «Архимед меҳвари мудофиа буд, сари танҳо ҳама чизро ба ҳаракат медаровард ва ба ин васила шаҳрро ҳифз мекард». Ў – «тарроҳи асосӣ» Сиракузи қадим, намунаи олии қаҳрамонии илмӣ ва шаҳрвандиро ба насли оянда мерос гузошт. Ва ҳангоме, ки хоинон дари шаҳрро ба рўи римиҳо кушоданд ў ҳамчун аскари оддӣ аз теғи легионерҳои рум ба қатл расид.
Далел ҳама вақт далел боқӣ мемонад: Рими қадим ҳеҷ гоҳ натавонист асрори мошинҳои Архимедро бифаҳмад ва ягона ғанимати Марсела, ки беҳтарин ороиши хонаи ў гардид, кураи шуҳратманди Архимед буд, ки дар он нақши ҷирмҳои осмонӣ ифода гардидаанд. Баъд аз солҳои тўлонӣ Марк Тули Сисирон ба ин кура назар андохта гуфт: «…ин ситсилиягӣ то ҳадде нубуғ дошт, ки гумон мекунам табиати инсони ба он дастрасӣ надорад».
… Архимед дар ҳамон рўз чунон саргарми кор буд ва ҳатто нафаҳмид, ки шаҳрро Римиҳо ишғол кардаанд. Вақте ки аскари фиристодашуда пешаш омад ва амр кард, ки зуд пеши Марсела ҳозир шавад, Архимед мисли шахсе, ки аз хирагии паша ба танг омада бошад, ғазаболудона сарашро аз болои нақшаҳояш набардошта, нимғурма гуфт:
- Халал нарасон ман ҳисоб карда истодаам. Аскар шамшерашро кашида сари Архимедро аз тан ҷудо кард.
Бо гузашти вақтҳои зиёд қабраш нопадид шудааст, аммо асрҳои аср наслҳои баъд ва пайравони ў ҳамеша ҳангоми кашвиёти илмие нидои пирўзӣ хоҳанд зад- «Эврика!», яъне «Ёфтам»
Таҳияи Гулҳаёи Мадимар
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: