НАТИҶАГИРИИ ВАЗЪИ КОРРУПСИЯ ДАР ТОҶИКИСТОН15-12-2017, 08:53
Хабарро хонданд: 155 нафар
Назарҳо: 0
Ҳарчанд дар фаъолияти ниҳоди асосии муқовимат алайҳи коррупсия–Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти сохтории мусбӣ рӯйи кор омадаанд, қазияи коррупсия дар Тоҷикистон ҳанӯз ҳам аз масъалаҳои мубрам боқӣ мемонад. Ин нуктаро коршиносони Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд зимни як нишасти хабарӣ баён намуданд. Нишасти хабарӣ, ки ба натиҷагирии мониторинги даври чоруми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Нақшаи Амалиёти Истамбулии мубориза бо коррупсия бахшида шуда буд, 8 декабри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар ин нишаст ба намояндагони васоити ахбори омма ҳисоботи коршиносони созмони мазкур пешниҳод гардид, ки дар он таҳлили пешрафт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми гузаронидани ислоҳоти зиддифасод ба даст овардааст ва он тибқи тавсияҳои зимни даври сеюми мониторинг дар ҳошияи Нақшаи Амалиёти Истамбулии мубориза бо коррупсия аз апрели соли 2014 ба даст омадааст. Ҳисобот ҳамчунин тавсияҳои нав доир ба сиёсати зиддифасодӣ ва ҷавобгарии ҷиноӣ барои ҳаракатҳои хусусияти коррупсионидоштаро дар бар мегирад. Мубориза алайҳи фасод самти муҳими сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Ҳуҷҷати асосии сиёсати зиддикоррупсионӣ «Стратегияи муқовимат алайҳи коррупсия барои солҳои 2013-2020» мебошад. Тоҷикистон як қатор лоиҳаҳои муҳими санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқиро омода ва қабул намуд, ки ба такмили танзими ҳуқуқии пешгирии коррупсия равона шудаанд. Тариқи мисол, Кодекси нави одоби хизматчиёни давлатӣ қабул гардид, тағйироти қонунгузорӣ барои маҳдудиятҳои хизматчиёни давлатӣ, ки тартиби ба тариқи озмун қабул гардидан ба хизмати давлатиро дар бар мегирад. Айни замон, дар ниҳодҳои алоҳидаи давлатӣ ба тариқи тестӣ ба кор ҷалб намудани хизматчиён мусбӣ арзёбӣ гардид. Аз ҷониби коршиносон гузаронидани беҳтарсозии сифатӣ дар санадҳои қонунгузории дахлдор тавсия дода шуд. Ба Тоҷикистон дар хусуси дастрасии озод ва номаҳдуд дар самти дастрасӣ тавассути шабакаи Интернет ба маълумоти омории пайваста таҷдидшаванда оид ба ҳуқуқвайронкуниҳои ҷиноӣ ва сохти коррупсионидошта тавсияҳои нав дода шуданд. «Ин таҷриба имрӯз дар тамоми кишварҳое, ки ба Шабакаи Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд шомиланд, васеъ истифода мешавад»,-қайд кард коршинос Андрий Кухарук. Тибқи маълумот, ҷазои маъмултарин барои ҷиноятҳои коррупсионӣ дар Тоҷикистон маҳрум кардан аз озодӣ мебошад ва ин чораи зарурӣ ва дуруст аст. Аз ҷониби коршиносон ҳамчунин тавсияҳои нав дар хусуси пешбинии ҷазо барои ҷиноятҳои коррупсионӣ ва мусодираи молумулк дода шуданд. Ҳамзамон зикр шуд, ки коррупсия дар қатори дигар зуҳуроти хавфноки ҷаҳони муосир асосҳои давлатдориро суст карда, садди роҳи инкишофи ҷомеа мегардад. Аз ин рӯ ҳар яки моро зарур аст, ки ҷиҳати боз ҳам пурзӯр намудани фаъолияти дастаҷамъона баҳри муқовимат бо коррупсия чораҳои саривақтӣ ва дахлдор андешем. Гуфта мешавад, ки мақсади асосии Шабакаи Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд оид ба мубориза бо коррупсия барои кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ, ки соли 1998 ташкил шудааст, дастгирии кишварҳои аъзо дар кӯшишҳои онҳо барои пешгирӣ ва муқовимат бо коррупсия, табодули маълумот, омода намудани амалияи дуруст ва ҳамоҳангсозии кумаки донорӣ дар шакли вохӯриҳои минтақавӣ ва семинарҳо, барномаҳои омӯзишии муштарак ва лоиҳаҳои махсус мебошад. Тавре зикр шуд, Нақшаи Амалиёти Истамбулии мубориза бо коррупсия барномаи баҳогузории муштарак аст, ки дар ҳошияи Шабака соли 2003 оғоз гардидааст. Он ислоҳоти алайҳикоррупсиониро дар Арманистон, Озарбойҷон, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Тоҷикистон, Украина ва Ӯзбекистон тавассути таснифи кишварҳо ва мониторинги иқдомоти онҳо барои роҳандозии баҳри дастгирии иҷрои Конвенсияи муқовимат бо коррупсияи СММ ва дигар стандартҳои байналмилалиро дастгирӣ мекунад. Ёдрас мешавем, ки ҳанӯз соли 2003 Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи Амалиёти Истамбулии мубориза бар зидди коррупсия барои давлатҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказиро ба имзо расонида, мунтазам ҳисоботҳои даврӣ ва фосилавии худро баҳри иҷрои тавсияҳо дар ин самт ба Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд пешниҳод менамояд ва то ин ҷониб коршиносони ин созмон чор маротиба мониториги иҷрои тавсияҳои худро дар Тоҷикистон гузаронидаанд. Ибодуллоҳи Тоҳир |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.