Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ифтитоҳи сардхонаи замонавӣ дар Ҷамоати деҳоти «Заргар»-и ноҳияи Бохтар

Ифтитоҳи сардхонаи замонавӣ дар Ҷамоати деҳоти «Заргар»-и ноҳияи Бохтар

16-08-2017, 09:21
Хабарро хонданд: 257 нафар
Назарҳо: 0
16.08.2017 08:47, ноҳияи Бохтар
Дар Ҷамоати деҳоти «Заргар»-и ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи сардхонаи замонавӣ иштирок карданд.

Сардхона барои нигоҳдории маҳсулоти хоҷагии қишлоқ дар Ҷамоати деҳоти «Заргар»-и ноҳияи Бохтар дар асоси вазифагузориҳои пайвастаи роҳбарияти олии сиёсии Тоҷикистон бунёд гардида, ҳаҷми ғунҷоиши иншооти мазкур 2000 тонна мебошад.

Иншооти мазкур аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Назарбек Шарифов тавассути сармоягузории хориҷӣ сохта шуда, мақсад аз он дар фаслҳои тирамоҳу зимистон таъмин намудани аҳолӣ бо меваю сабзавоти тару тоза мебошад, ки ин раванд ба танзими нарху наво дар бозори истеъмолӣ низ мусоидати фаъол мекунад.

Дастандаркорони ин ташаббус хабар доданд, ки арзиши лоиҳавии ин сардхона 2,5 миллион сомонӣ буда, он дар давоми як сол бунёд ёфтааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин иқдоми соҳибкорро намунавӣ хонда, бобати бештар кардани теъдоди чунин сардхонаҳо дар ҳудуди ноҳияи Бохтар ва дигар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон масъулонро вазифадор карданд. Зеро вилояти Хатлон аз минтақаи калидии аграрии Тоҷикистон буда, таъминоти аҳолии ҷумҳурӣ бо аксар номгӯи маҳсулот аз ҳамин минтақа бастагии амиқ дорад.

Сипас Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамоати деҳоти “Заргар” дар намоиши маҳсулоти кишоварзии хоҷагидорону барзгарони ин ноҳияи калони аграрии ҷумҳурӣ ширкат варзиданд. Дар намоишгоҳ намунаҳои дастранҷи деҳқонон ва дастовардҳои ҷомеаҳои меҳнатии ноҳияи Бохтар ба маърази тамошо гузошта шуд. Зикр гардид, ки айни замон дар ноҳияи Бохтар 1917 хоҷагӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин теъдод 1861 адад хоҷагии деҳқонӣ, 4 адад хоҷагии ёрирасони тухмипарварӣ, 6 ширкати аграрӣ, 4 хоҷагии давлатӣ, 37 хоҷагии ҷамъиятӣ ва 5 ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд фаъолият менамоянд.

Кишоварзони ноҳия намунаи ҳосили ғалладона, сабзавоту полезӣ, мевагиҳо ва маҳсулоти занбӯри асалро ба намоиш гузоштанд, ки басо диданӣ буд. Маҳсулоти ба намоиш гузошташуда гувоҳӣ аз он медод, ки хоҷагидорону барзгарони ин ноҳияи калони вилояти Хатлон дар пайгирӣ аз дастуру супоришҳои роҳбарияти давлату Ҳукумат ба нишондодҳои баланди истеҳсолӣ ноил гардидаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми боздид аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, ноҳияи Бохтарро аз зумраи минтақаҳои фаъол дар самти таъмини амнияти ғизоӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ арзёбӣ карда, фаъолияти босамари деҳқонони кордон ва сокинони меҳнатқарини онро, ки дар истифодаи мақсадноки неъматҳои табиӣ, аз ҷумла обу замин пешқадам мебошанд, намунаи ибрат маънидод карданд.

Як гӯшаи дигари намоишгоҳро дастовардҳои саноатчиёни ноҳия оро медод. Бояд зикр намуд, ки дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ соҳаи саноат ҳам дар ноҳияи Бохтар рушди тадриҷӣ пайдо кардааст. Вобаста ба он ки соҳаи кишоварзӣ дар ноҳия хеле тараққикарда аст, фаъолияти аксари корхонаҳои саноатӣ ҳам ба коркарди маҳсулоти ҳамин соҳа нигаронида шудааст, яъне стратегияи давлатии табдил додани ҷумҳурӣ ба кишвари индустриаливу аграрӣ дар ин ноҳия тадриҷан амалӣ мешавад.

Тавре иттилоъ дода шуд, дар маҷмӯъ дар шаш моҳи сипаришудаи соли равон дар ноҳияи Бохтар дар ҳаҷми бештар аз 53 миллиону 863 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шудааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд аст. Ҳамин тариқ дар намоишгоҳ маҳсулоти истеҳсолкардаи ширкатҳои ҶДММ “Бохтар – Инвест - Коттон”, ҶДММ “Коттон-Ансор”, ҶДММ “Ресандаи Хатлон”, ҶДММ “Муъмин-Коттон” ҶСШП “Мину - Фарм” ва амсоли ин ба маърази тамошо гузошта шуда буд.

Роҳбари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти босамари корхонаҳои саноатиро ҳамчунин як воситаи муҳими таъмини мардум бо ҷойи кори доимӣ номида, аз саноатчиёни ноҳия даъват ба амал оварданд, ки сифати маҳсулоташонро боз ҳам беҳтар ва ба талаботи бозори ҷаҳонӣ мутобиқ гардонанд. Зеро маҳз сифати баланд ва намои зебои маҳсулот кафолати асосии таъмини фаъолияти бонизоми ҳар як корхонаи саноатӣ мебошад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: