Ҷаҳон Камарбанди нав барои рушд17-06-2017, 16:56
Хабарро хонданд: 176 нафар
Назарҳо: 0
Пас аз баргузории форуми «Як камарбанд, як роҳ» баъзе аз расонаҳо ин иқдомро оғози рақобатҳои нави Хитой ва Америка барои бештар таҳти нуфузи худ гирифтани сарватҳои иқтисодӣ ва манбаъҳои обию энергетикии минтақаҳои ҷаҳон, аз ҷумла Осиёи Марказӣ донистанд. Дар ин форум, ки чанде пеш дар Пекин доир шуд, мақомоти сатҳи олии Чин ваъда доданд, ки барои ҳимоят аз ташаббусҳо ҷиҳати иҷрои ин лоиҳа 124 миллард доллар сармоягузорӣ мекунанд. Ин Форуми сатҳи олӣ барои ҳамкориҳои байналмилаӣ дар доираи ибтикори чинӣ «Камарбанди иқтисодии Роҳи абрешим» баргузор гардид. Аз сӯи дигар ба назар мерасад, ки моҳиятан он иқдоме барои пешгирӣ аз нуфузи ғарб ба иқтисоду сиёсати кишварҳои минтақа ҳам ҳаст. Дар ин чорабинӣ мақомоти олии қариб сӣ кишвар ва беш аз 20 созмони байналмилалӣ иштирок карданд.Дар маҷмӯъ намояндагони 110 кишвари ҷаҳон иштирокчии барномаи ин ҳамоиш буданд.Президенти Ҷумҳурии Халқии Чин Си Тсинпин ба унвони мизбон дар нишасте, ки бо иштироки мақомоти сатҳи олии 29 кишвари Осиё ва Аврупо доир гардид, суханронӣ карда, хостори ҳамкориҳои наздиктар дар арсаҳои молӣ ва мубориза бо терроризм шуд. Ӯ гуфт, ки ҳадаф аз ин барнома тақвияти ҳузури Чин дар иқтисоди ҷаҳонӣ ва ҳалли масъалаҳои геополитика аст. Тавре мақоми олии Чин изҳор кард, кишвараш ба сиёсатҳо кордор нест, балки дар барномаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ҳамкорӣ мекунад. Бинобар ин, ҳукумати кишвараш мехоҳад бо харҷи 124 миллиард доллар барои навсозӣ ва бунёди роҳу бандарҳо ва минтақаҳои саноатӣ Африкаву Осиё ва Европаро наздиктар пайванд созад. Ин ибтикори Чин ҳанӯз соли 2013 аз сӯи Си Тсинпин, ки нав ба мақоми раҳбари ин кишвар расида буд, бори аввал матраҳ шуд ва дар ин муддат барномаи он таҳия ва бо дарназардошти таҳаввулоти ҷаҳон ва минтақа такмил гардид. Он ба мақсади танзими иқдомоти иқтисодӣ барои оянда, таҳияи посухҳои муштарак ба ҳар гуна мушкилот ва муттаҳид намудани кӯшишҳои ҳамагонӣ дар заминаи эҷоди шароит барои рушди кишварҳои иштирокчӣ ба иҷро мерасад. Аз сӯи дигар, ин иқдоми Чин ҳадафи безарар кардани бархе аз мақсадҳои кишварҳои ҷаҳонгир, аз ҷумла муқовимат ба стратегияи Вашингтон аст, ки мехоҳад роҳҳои тиҷоратии Хитой ва таъмини энергетики ин кишварро таҳти назорат дошта бошад. Такя ба Русия ва Туркия Си Тсинпинг дар ин ҳамоиш, аз ҷумла дар ҳузури Владимир Путин ва Раҷаб Тайиб Эрдагон Раисони ҷумҳурии Русия ва Туркия инчунин дипломатҳои ғарбӣ гуфт, ки «Бо барномаи «Як камарбанд, як роҳ» мо бозиҳои қадимаи мавҷуд байни кишварҳои рақибро ба кор намегирем. Баръакс, шеваи нави ҳамкорӣ ва шароит барои расидан ба манфиати дутарафаро фароҳам мекунем.» Ин баёния дар ҳоле садо дод, ки ҳамагӣ чанд рӯз пеш зимни мулоқоти Президенти Чин дар Кохи сафед Доналд Трамп, Президенти Америка изҳор дошт: «Америка дар тиҷорату муносибатҳои сиёсӣ манфиатҳои кишварашро дар мадди аввал мегузорад.» аммо Раиси ҷумҳури Чин баъдтар дар суханронии худ дар нишасти байналмилалии Пекин аз ҷаҳонишавии иқтисод ва ҳаққи ҳар кишвар барои рушду пешрафт ҳимоят кард. Дар ҳоле, ки Русия ва Туркия дар ин ҳамоиш аз ҷумлаи меҳмонони асосӣ буданд, Ҳиндустон, як кишвари дигари бонуфус ва калидии минтақа аз иштирок дар он дар сатҳи олӣ худдорӣ кард. Сабаб ин канорагирии Деҳлӣ ба мухолифати тӯлониаш бо Исломобод дониста мешавад. Пекин яке аз тарҳҳои худро ба эҷоди даҳлези иқтисодӣ байни Хитою Покистон мебахшад, ки барои мақомоти ҳиндӣ чандон хушоянд нест. «Кишварҳо набояд лоиҳаи марбут ба масъалаҳои муҳими худро бо сарфи назар кардани соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии Ҳиндустон таҳия ва марвриди иҷро қарор диҳад», - гуфт Гопал Баглай, як намояндаи Вазорати корҳои хориҷаи Ҳиндустон. Бо вуҷуди ин дипломати ҳиндӣ Пекинро ба муколамаи созанда дар ин масъала даъват намуд. Возеҳ аст, ки аксари лоиҳаҳои ҳамкорӣ дар доираи ибтикори нави хитоиҳо - «Як камарбанд, як роҳ» барои баланд бардоштани иқтидори техникӣ, расондани молҳо ба Чин ва вуруди бемонеаи ашёи хом ва энергия ба ин кишвар аст. Сохтмони роҳҳо, навсозии онҳо, аз ҷумла роҳҳои оҳан ва автомобилгард, рушди системаи нақлиёт, қубурҳои газу об ва хатҳои интиқоли барқ, сохтани бандарҳо ва дигар воситаҳои ҳамлу нақл, аз ҷумлаи тарҳҳое аст, ки Чин дар ин нишаст пешниҳод кард. То ба ҳол дар ин чорчӯб ҳафт даҳлези иқтисодӣ ва «пулҳои заминӣ» пешниҳод гардида, ки нақлиёт, ҳамлу нақл ва инфрасохторҳои бандарҳои обиро дар бар мегирад ва Чинро бо Русия, Иттиҳоди Аврупо, ғарби Осиё (нимҷазираи Араб), Ҳиндухитой, Покистон ва Ҳиндустон мепайвандад. Бино ба омори расмӣ, Хитой аз замони эълони ташаббуси худ дар соли 2013 то ба имрӯз дар заминаи беҳбуди инфрасохтори ин самтҳо дар маҷмӯъ беш аз 50 миллиард доллар сармоягузорӣ намуда, дар кишварҳои шомил ба «Як камарбанду як роҳ», ки дар доираи лоиҳаи «Роҳи абрешим», вале фаротар аз он ба иҷро мерасад, 56 минтақаи тиҷоратию иқтисодӣ таъсис дод. Дар натиҷа, кишварҳои ҳамкор аз иҷрои ин тарҳҳо қариб 1,1 миллиард доллар даромади андоз гирифта ва барои шаҳрвандонашон 180 ҳазор ҷои нави кор фароҳам сохтанд. Ин дар ҳоле аст, ки бинобар омори дигари расмӣ, дар семоҳаи аввали имсол ҳаҷми гардиши хориҷии мол байни Хитой ва кишварҳои ҳамкори лоиҳаи номбурда ба 1 триллиону 660 миллиард расид. Дар ин давра агарчӣ ҳаҷми тиҷорати Хитой бо Русия 37%, Покистон18%, Лаҳистон 19%, Қазоқистон 69%, Ҳиндустон 27,7% боло рафт, вале бо баъзе сабабҳо ин нишондиҳанда бо Тоҷикистон то 20% кам шуд. Чин сиёсати «аввал молҳои америкоӣ» - ро ҳам дар назар дорад Бояд ёдовар шавем, ки пас аз ба қудрат расидани Трамп, ки сиёсати «аввал молҳои америкоӣ»- ро пеш гирифт, мушкилоте дар роҳи содироти бемонеаи молҳои чинӣ ба ин кишвар пеш омад. Аммо Чин бо суръат бахшидан ба иҷрои лоиҳаи нав мехоҳад робитаашро бо кишварҳои дигар тақвият намояд ва нафақат барои содироти маҳсулоти худ ба хориҷ роҳро боз нигаҳ дорад, балки барои дастрасӣ ба ашёи хоми зарурӣ аз кишварҳои дигар низ ҳамеша шароити лозимро дар ихтиёр дошта бошад. Чин бо иҷрои ин тарҳи нав дар шароити ҷаҳонишавӣ нақши кишвари пешрав дар раванди нави геополитикиро ҳам ҳифз мекунад. Бо дарназардошти таҳдидҳои нави Америка буд, ки пеш аз нишасти Пекин 5 май дар ҳамоише дар шаҳри Токио вазирони молия ва раҳбарони банкҳои марказии Хитой, Кореяи Ҷанубӣ ва Япония муқобили ҳар гуна сиёсати худкомаи иқтисодӣ изҳори назар карда, ба таври ғайримустақим сиёсати тиҷоратии идораи нави ИМА – ро танқид карданд. Пекин мегӯяд: Мақсад аз тарҳи нав бунёди Роҳи абрешими сулҳ аст, ки такя бар субот ва талошҳои якҷояи таъсиси шабакаи тиҷоратӣ мекунад ва барои сулҳи минтақавӣ мусоидат менамояд. Ин ҳадафҳо ба таври усулӣ аз ончӣ ки ғарб тайи солҳои дароз дар дастури амали худ қарор додааст тафовут дорад, зеро ин лоиҳа кадом пешшарти сиёсию идеологиро намегузорад. Балки аз оғоз шаффофият, ҳимоят аз манфиатҳои якдигарро ба хотири ҳифзи сулҳ эълон кардааст. Аз ин сабаб, аз сӯи кишварҳои «номзади демократия» ҳам, ки ғарб худ интихобу эътироф мекунад, бештар тарафдорӣ мешавад. Нуктаи дигари муҳим ин аст, дар шароите, ки Чин ба монанди Америка имкон ва ё дақиқтар бигӯем, чун Америка талоши аз роҳи низомӣ фишороварӣ ба шариконашро надорад, бештар ва асосан аз роҳи ба кор бурдани фарҳанги сиёсӣ мехоҳад бурд ҳосил кунад. Бесабаб нест, ки расонаҳои ғарбӣ дарҳол ин иқдоми Пекинро зери танқид қарор доданд ва онро кӯшиши нави мустамликадорӣ дониста, лоиҳаро ба «нақшаи Маршалл», ки пас аз Ҷанги Дуюми Ҷаҳон дар Европа ба иҷро расид, монанд карданд. Раҷаб Тайиб Эрдагон президенти Туркия, ки аз иштирокчиёни фаъоли нишасти Пекин буд, бо ҳимоят аз ин иқдом гуфт: «Як камарбанд, як роҳ»- и Чин бо тавсиаи ҳамкорӣ дар заминаи тарҳҳои зерсохторӣ метавонад ба шикасти терроизм дар ҷаҳон кумак кунад. Раиси ҷумҳури Туркия, дар ин ҳамоиш таъкид кард: «Ин тарҳе аст, ки дар сурати иҷрои муваффақона метавонад ба терроризм поён диҳад. Зеро он моделе барои ҳамкорӣ ба нафъи ҳама аст.» Ба андешаи Президенти Туркия, ин тарҳ ба рӯшди пойдор ва тавсиаи босифати зиндагии кишварҳои ҳамкор низ мусоидат менамояд. Аксар кишварҳои ширкаткунанда аз тарҳи нав ҳамин умедро доранд. Дар ҳоле ки торафт возеҳ ва дақиқ мешавад: терроризм ва ифротгароӣ абзоре аст, ки ғарб барои расидан ба ҳадафҳои худ сохтаву акнун онро дар саросари ҷаҳон истифода мекунад, лоиҳаи «Як камарбанд…» метавонад, василае барои пешгирӣ аз фарогиртар шудани ин таҳдидҳо дар ҷаҳон бошад. Солеҳ Юсуфов |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.