Дил шод шуд аз садои гурзаш...5-09-2016, 16:23
Хабарро хонданд: 214 нафар
Назарҳо: 0
Он замон, ки хабари Қаҳрамони олимпӣ шудани ҳамватани мо- гурзандози маъруфи тоҷик Дилшод Назаров ба кишвар расид ва мардумро як рӯҳия ва ҳисси баланди хештаншиносиву меҳанпарастӣ фарогир шуд, баъд аз таҳаммул ва то андозае ором гаштани шиддати ҳиссиёт дар шабакаҳои иҷтимоӣ, бахусус Fasebook санаи бозгашти ӯ- бегоҳи рӯзи 26 август эълон гардид. Ва дар ҳамин шабакаҳои иҷтимоӣ маъракаи «Қаҳрамони олимпиро сазовор пешвоз мегирем!» оғоз шуд, ки акнун шаҳрвандони кишвар рӯз ва соатҳои башумори вуруди ӯро ба хоки Меҳан бесаброна интизорӣ мекашиданд… Инак, ҳамин ки вақти аниқи фурудоии тайёрае, ки Қаҳрамони олимпии моро ба Ватан бояд меовард, муайян гардид, (с.18-00 бо вақти Душанбе), аз идора супориш шуд, ки мо бояд ҳатман дар фурудгоҳ ҳозир бошем. Бо ҳамкорам Ибодуллои Тоҳир, дар даст зиёда аз 100 шумораи тозанашри «Минбари халқ»-ро, ки бо мақсади тақсим кардан ба мардум гирифта будем, ҳанӯз соат 17 нашуда ба фурудгоҳ омадем… Ва саҳну кӯчаҳои онро моломоли мардум дидем-гӯё, ки баҳри одамиро мемонд… Аз дидани чунин манзара беихтиёр зери дил гузаронидам: «Зиҳӣ, Дилшод, ки мардумро ба ҳам овардаӣ! Ин аст хидмати бузург ва ҳиссаи ту дар баҳамоӣ ва ваҳдати сокинони кишвар!» Ин ҷо ашхоси касбу кори гуногун, ҷавонон, занону духтарон ҳама дар даст Парчами Ватан Дилшодро интизорӣ мекашиданд. Шиносон ва дӯстони зиёди худро дидам, ки бо рӯҳияи болида ин сӯву он сӯ бесаброна қадам мезаданд. Аз ҷумла, Отабек Ниёзов-мудири шуъбаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии мақомоти иҷроияи маҳаллии шаҳри Ҳисорро, ки шумораи зиёди ҷавонони шаҳрро барои истиқболи Дилшод бо худ оварда буд. Ҳамқаламони сершуморамон низ дар ҳоли ҳаяҷон ҳамагӣ интизориро пеша карда буданд. Ҳунармандон бо карнаю сурнай ва таблҳои худ вақтро беҳуда зоеъ накарда, гоҳ-гоҳе садои савти худро баланд мекарданд. Назди минбаре, ки бояд Дилшод аз болои он бо ҳамватанонаш шодбош бигӯяд, рафтам. Гирдогирди онро ҷавонон-аъзои «Созандагони Ватан» бо парчамҳои кишвар ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иҳота карда буданд. Дар майдон суруди тозаэҷод бахшида ба Дилшод садо медод… Ва ҳамон лаҳзаҳо фикри аҷибе ба сарам омад: охир ҳамин тайёраи BOENG-и мутааллиқ ба ширкати SOMON AIR низ то андозае хатсайри таърихиро иҷро мекунад ва худ ҳам моли таърих шудааст, нахустин медали тиллоии олимпӣ ва нахустин Чемпиони олимпиро ба кишвар меорад! Ва ҳамин сарнишинҳояш низ «миссия»-и таърихиро адо мекунанд, ки то ин замон ба ҳеҷ як ҳамтояшон даст надода буд. Бигзор, ки шумораи чунин тайёраҳо биафзояд ва ҳар чи бештар қаҳрамонҳоро ба Ватан оранд, аммо акнун ин BOEING дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол мақоми хешро монанди Дилшод чун «аввалин» касб кард… Инак, ҳавопаймо фуруд омад ва баъди чанд лаҳза Дилшод, дар гардан гулчанбару дар китфони паҳлавононааш Парчами кишвар намоён шуд. Мардумро ҳаяҷон фаро гирифт ва садои «Дилшод, Дилшод!» майдонро пур кард. Дилшод, бо табассум дар чеҳраи рустамонаву тоҷикона, зери нидоҳои ҳамватанон ба минбар баромад: - Ассалому алайкум, ҳамватанони азиз! Чуноне ки қаблан гуфта будам, ин ғалабаи ҳамаи мо-мардуми Тоҷикистон аст. Ман аз ҳар яки шумо миннатдор ҳастам. Раҳмат ба Шумо! Ман мехоҳам назди тамоми мардуми Тоҷикистон миннатдориамро ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баён кунам. Ин медали олимпӣ медали ҳамаи мо аст. Ташаккури зиёд! Дилшод сухан мегуфту гӯё чизе гулӯямро банд мекард. Аҷиб, ҳамеша фикр мекардам, ки он қадар фарди эҳсосӣ нестам, аммо маълум шуд, ки иштибоҳ кардаам… Ҳангоме ки нидоҳои «Дилшод, Дилшод!!!» садо медоданду ман ба онҳо ҳамовозӣ мекардам, аз дил мегузаронидам, ки чӣ рамзист, ки аввалин медали тиллои олимпӣ дар остонаи таҷлили 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст омадааст. Магар хидмати ҷаҳонпаҳлавон Дилшод назди мардумаш бузург нест, ки сари тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ баланд кард?! Магар ин ҳамон Дилшоде нест, ки Парчами миллии моро миёни 207 кишвари олам баланд карду маҷбур сохт, ки ҳазорон-ҳазор шахсони дар варзишгоҳбуда аз ҷой бархоста, Суруди Миллии моро гӯш андозанд?! Алорағми нотавонбинони кишвари мо, ки берун аз он алайҳи давлати тозабунёди мо жожхойиву бадгӯӣ мекунанд ва ин амали хеш маънои зиндагишон шуда, Дилшод тавонист исбот кунад, ки дар Меҳан ҳастанд ҷавонмардоне, ки новобаста аз гуфтори муғризонаи бархе аз «дӯстон»-у «дилсӯзон»-и хасакӣ номусу шараф ва имиҷи кишварро ҳифз мекунанд! Аммо ҳоло, ки шиддати эҳсосот батадриҷ рӯ ба пастӣ мениҳад, оид ба тарафҳои манфии варзиши ватанӣ бояд сухане гуфт. Танҳо ҳаминро аз масъулини соҳаи варзиши мамлакат тақозо дорам, ки акнун сари баромади варзишгарони мо дар бозиҳои 31-и олимпии Рио хеле ва хеле чуқур андеша кунанд! Шахсан ман аз Дилшод боварии кулл доштам, ки ӯ бояд ҳатман бо медал бармегашт (медали тиллоии ӯ бароям он қадар ғайричашмдошт набуд, чун Дилшод Назаров хеле вақтест, ки дар элитаи намуди варзиши гурзпартоии ҷаҳон қарор дорад), аммо дар умқи дил аз Комроншоҳи Устопириён ва боксчии моҳирамон Анвар Юнусов низ баромади хотирмон умедвор будам, вале афсӯс… Мағлубияти ин ду нафарро ман то андозае тасодуфӣ мебинам, ки яке аз камтаҷрибагӣ (ҳарифи гурҷии Комроншоҳ-Варлам Липартелиани- қаҳрамони ҷаҳон ва қаҳрамони чандинкаратаи Аврупо дар риштаи дзюдо паҳлавони хеле пурқувват буд, ки дар олимпиадаи Рио соҳиби медали нуқра гардид), дигаре бо сабаби лат бардоштан (Анвар Юнусов) ноком гаштанд. Аммо инҳо ҷавон ҳастанд ва боварӣ дорам, ки ғалабаҳо минбаъд ҳар ду ин варзишгарро думболагир хоҳанд шуд, ки то ин замон ҳам Комроншоҳ ва ҳам Анвар касбияти баланди худро ба ҷаҳониён нишон додаву дар мусобиқаҳои гуногун шаҳди ғалабаро чашидаанд. Оғоз фаъолияти федератсияҳои гӯштии дзюдо ва тарзи озод (самборо низ, ҳарчанд ин намуди олимпӣ нест)-ро бознигарӣ мебояд, чун айб аст, ки мо тоҷиконро, ки ин намуди суннатии мост, касе нест, ки дар арсаи байналмилалӣ шарафи кишварро муносиб ҳифз кунад. Умед танҳо ба наврасон мондааст, ки аз мусобиқоти сатҳи миёна, аҳёнан бузург каму беш бо «дастовезҳо» меоянд. Кишвари ҳамсоя-Ӯзбекистонро бубинед, ки дар намуди бокс қариб тамоми медалҳо (3 тилло, 2 нуқра ва 2 биринҷӣ)-ро соҳиб шуд ва ҳатто Куба (!!!)-и номдор дар рӯихат баъд аз он ҷой гирифт ва ҳамсоякишвари мо дар ин намуд бартарии худро дар сатҳи ҷаҳонӣ нишон доду ахиран мақоми аввалро касб кард (аз кишварҳои собиқ Шӯравӣ нахустин шуд, ки ин муваффақият даст додаст). Такрор мекунам, бояд фаъолияти федератсияҳои гӯштии мо аз боло то ба пойин аз нав дида шавад, албатта, дигар риштаҳои варзиш низ кори зиёд мехоҳанд, аммо бояд гӯштӣ (самбо, тарзи озод, дзюдо, кураш, классикӣ-юнониву румӣ) дар сархат қарор дошта бошанд. Рақобати солим бидуни маҳалчигиву ошнобозиву фишороварӣ ва маблағгузории лозима мебояд, дар чемпионату маъракаҳои дохилӣ, истеъдодҳоро дастгирӣ бояд намуд, вагарна паҳлавонони моро дар сатҳи ҷаҳониву минтақавӣ ҳамавақт «пой аз осмон» хоҳад омад. Бубинед, Гурҷистони бародарӣ ҳудудан кишвари аз мо хурд аст, кишвари аз мо доротар нест, аммо варзишгарони риштаи дзюдо ва тарзи озодаш чи гуна олӣ дар арсаи байналмилалӣ баромад мекунанд, ки Олимпиадаи ахирӣ ва дигар мусобиқоти ҷаҳонӣ далели гуфтаҳои болост. Бояд акнун сари таъминоти варзишгарон ҷиддӣ фикр кард, шароити муносиб барояшон ҳарчи бештар фароҳам овард, мураббиён ва варзишгарони лаёқатманди хориҷиро, ки дар тимҳои кишварҳои хеш бо сабабҳои гуногун роҳ пайдо намекунанд, барои баланд бардоштани сатҳи мактабҳои варзишии ватанӣ ва омӯхтани роҳу усулҳои муосири варзишӣ ба кишвар мутахассисонро даъват бояд намуд ҳарчи зудтару зиёдтар, чун мураббиёни дохилии мо, мутаассифона, аз равандҳои муосири варзиши ҷаҳонӣ хеле ақиб мондаанд, ки ба манфиати кор нест. Сармояро барои ин ҷалб намудан лозим аст, роҳи дигар вуҷуд надорад. Ин таҷрибаро кишварҳои дигар ба таври васеъ амалӣ мекунанд (ба хотир биёред Артур Таймазови осетинро, ки ба тими Русия дар замони худ нагирифтандаш, зери ливои ҳамсоякишвари мо ғолиби чандинкаратаи чемпионати ҷаҳону Осиё ва Бозиҳои олимпӣ дар риштаи гӯштии тарзи озод шуд. Кавказиҳо ва дигар варзишгарони асли баромадашон аз кишварҳои ИДМ кишварҳои тамоман гуногунро дар Олимпиадаи Рио (дар дигар мусобиқоти байналмилалӣ низ) хеле арзанда муаррифӣ кардаанд, ки гувоҳи гуфтаҳои болост. Чунин мисолҳо зиёданд. Мо ҳам дар ин самт таҷриба дорем- Юсуф Абдусаломови доғистонӣ дар Олимпиадаи Пекин-2008 ба кишвари мо медали нуқра тақдим кард ва хайрият ҳамин Дилшод будааст, ки медали тиллоиро ба даст овард, дар акси ҳол ҳамон медали нуқраи Юсуфи легионер баландтарин дастоварди варзиши тоҷик дар Олимпиадаҳо то ҳол ва ё ояндаи наздик маҳсуб мегардид. Ин таҷриба дар ҷаҳон паҳншуда аст ва бояд мавриди омӯзиш қарор дошта бошад. Ман ҳайрони онам, ки чи гуна варзишгаре, ки дар мусобиқоти дохилӣ соҳиби чандин автомашинаҳо ва дигар туҳфаҳои қиматбаҳо шудааст ва аз пешгомтарин гӯштигирони кишвар маҳсуб меёбад, дар якум набарди худ ҳатто зоҳири рақобату муқобилиятро нишон надод?! Агар «зӯр»-и мо ҳамин бошад… Ва ё аз ҷиҳати тактикиву ҷисмонӣ омода набуд, ки сабаби мағлубияташ гардид? Фаҳмост, ки бидуни рақобати пешакӣ ва тариқи квота (барои мамолики аз нигоҳи рушди варзишӣ заиф) ин нафар ба Олимпиада роҳ пайдо кардааст, вале ба ҳар ҳол… Ё ин ки ҳамин аст сатҳи имрӯзаи варзиши ватанӣ, бахусус гӯштии мо?! Акнун думболи «чаро»-ву «вале»-ҳо рафтан дер шуд-илоҷи ислоҳро ҷустан лозим аст, агар ба мо ояндаи насли наврас ва имиҷи кишвар як зарра қадре дошта бошанд. Ин гуфтаҳо ба намуди таэквондо ITF-и мо тааллуқ надорад. Мирсаид Яҳёев назди миллат хидматашро ба ҷо овард ва дар ин намуди варзиш моро дар элитаи ҷаҳонӣ ҷойгузин карду чандин қаҳрамонони ҷаҳонро омода намуд. Сад афсӯс, ки таэквондо ITF намуди олимпӣ нест, дар он сурат, боварӣ дорам, ки ин мураббии боистеъдод чандин қаҳрамонону ҷоизадорони Бозиҳои олимпиро ба Ватан меовард... Баъдан, гумон мекунам, агар дар садри федератсияҳои варзишии кишвар ашхоси дороро монем, барои рушди варзиши миллии мо ва ҷалби сармоя ба он бамаротиб манфиатовар мебуд-масалан, сарватмандтарин фарди Русия-тоҷири машҳур Алишер Усмонов имрӯз федератсияи шамшерзании кишварро сарварӣ ва сармоягузорӣ мекунад, Раиси ФИДЕ-федератсияи байналмилалии шоҳмот- собиқ президенти Қалмиқистон (доротарин шахси он) Кирсан Илюмжинов, раиси Формула-1Берни Экклстоун ва дигарон ҳастанд, ки ҳамчун «локомотив» варзишро бомуваффақият пеш мебаранду ба равнақи он мусоидат мекунанд. Яъне, мо ба менеҷерони босалиқаи соҳа ниёз дорем. Хуб, аз сари масъала дур наравем, чун имрӯз рӯзи Дилшод аст, ки бо ғалабааш дар Рио рӯйи ҳамаи моро сурх кард. Ба хона баргаштаму маросими қабули Дилшодро аз ҷониби Президенти кишвар ва ба ӯ супоридани Ордени «Шараф»-и дараҷаи 1 ва маблағи пулии 300 ҳазор сомонӣ, ҳамчунин ба шарафи ӯ баргузор шудани барномаи консертӣ дар Амфитеатри пойтахтро тариқи телевизион тамошо кардам. То дергоҳ хобам набурд, сари корнамоии Дилшод фикр кардам, сари он туҳфае, ки ин ҷавонмард ба миллати куҳанбунёди мо дар остонаи 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон овард. Оре, хонандагони азиз, ҳамагӣ бояд нисбати ин қаҳрамонӣ шодмонӣ дошта бошем ва минбаъд кӯшиш ба харҷ диҳем, ки даҳҳо ва садҳо Дилшоди дигарро тарбия карда, номи Ватанро, ки хокаш ҳамеша қаҳрамонхез буду ҳаст, машҳури ҷаҳон гардонам. Азамат Дӯстов |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.