Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj

Нилкон ё некон

30-05-2016, 10:00
Хабарро хонданд: 271 нафар
Назарҳо: 0
Нилкон ё неконГузаштагони мо дар мавриди номгузорӣ мулоҳизакорона амал намуда, аз номгузориҳои тасодуфӣ худдорӣ менамуданд. Аммо дар бораи ин деҳаи зебоманзар фикру мулоҳизаҳои зидду нақиз гуфта мешавад, ки касро ба гумроҳӣ мебарад.

Банда дар Нилкон хешовандони зиёде дорам ва аз солҳои 60-уми садаи 20 ба он ҷо рафту омад мекунам. Тағо ва холаи завҷаам дар ин русто зиндагӣ доранд. Холаи завҷаам Сайидпочо зани бомаърифат ва хушсуҳбате буд, солҳои ҷанги шаҳрвандӣ оламро падруд гуфт, ҷояш дар ҷаннат бошад. Ин зани накуномро нилкониён дӯст медоштанд, чун садои фораму дилкаш дошт, ба тӯйҳои фарзандонашон барои «Саломномахонӣ» даъват мекарданд.

Як суҳбатамро бо ӯ, ки қабл аз вафоташ ба вуқӯъ пайваста буд, дар шакли мақолаи публитсистӣ таҳти унвони «Аммаи эрка» дар ҳафтаномаи «Чархи гардун» (25.05.2011) чоп шудааст. Ва дар ин суҳбат доир ба номи Нилкон изҳори назар доштем.

Инак порае аз он суҳбат.

«…Ин лаҳза завҷаам хӯроки гарм овард. Пайтро муносиб ёфта, хостам то онҳо (аммаҳоям С. Ф.) лаҳзае ҳам бошад хотираҳои ғамангези худро як сӯ гузошта, бо иштиҳо ғизо бихӯранд, бинобар ин аз аммаи Сайидпочоям пурсидам:

-Аммаҷон, деҳаи шумо Нилкон ном дорад ё Некон?

-Кӣ Некон гуфтааст?, - ба саволам тааҷҷубомез ҷавоб гардонид ӯ.

-Дар куҷое хонда будам,-посух додам ман.

- Аз замоне ки худро шинохтаам, - иброз дошт аммаам, - номи деҳаамон Нилкон аст, на Некон. Мардуми як деҳаи калон ҳамаашон аз некон иборат шуда наметавонад, ҳатто аҳли як хонаводаро аз некон иборатанд, гуфта наметавонем. Дар ҳар ҷое нек бошад, он ҷо бад ҳам вуҷуд дорад, - хулоса кард ӯ.

- Нил, бачаҷон, - суханашро давом дод ӯ, - гиёҳест, ки дар қадим аз шираи он ранги кабуди осмонӣ мегирифтанд ва бо он матоъҳоро рангомезӣ мекарданд. Он гиёҳ дар ҳамин деҳаи мо бисёр мерӯидааст ва аз ҳамин сабаб номи деҳаи мо Нилкон, яъне макони нил шудааст. Калонтарҳои мо ҳамин хел гуфтаанд ва ман аз забони онҳо инро шунида будам, - гуфт дар хотима.» Маълумоте, ки дар китобҳои муътабар сабт шудаанд, гуфтаҳои саҳеҳи аммаи нилкониямро ба хубӣ собит месозанд. Масалан, дар Энсиклопедияи советии тоҷик, ҷ.5, Душанбе, 1984, саҳ. 192 доир ба калимаи Нил дарҷ шудааст:

«Нил» 1) ранг, индиго (исп. indigo, аз юн. indikos-ҳинди), С16 Н12 О2 N2, моддаи кристаллии кабуди тира, t гуд. 390-392С, дар обу спирт ҳал намешавад, дар дигар ҳалкунандаҳои органикӣ кам ҳал мегардад. Н. аз қадимулайём маълум буда, барои рангу бори пахта ва пашм истифода мешуд. Вайро асосан аз растаниҳои ниловар (мас. indigofera tinctoria) мегирифтанд.

Тадқиқи сохт ва усулҳои синтези Н. дар охири асри 19 боиси инкишофи истеҳсоли рангубори нилӣ гардид.

2) Растанӣ, индигофера (indigofera), ҷинси растаниҳои буттагӣ ё алафӣ аз оилаи лубиёиҳо, барги тоқа-тоқаи паррадори мураккаб, гули дуҷинсаи гулобӣ, қирмизӣ ё сафед дорад. Қариб 300 намудаш дар ноҳияҳои тропикӣ ва субтропикӣ мерӯяд. Дар СССР 3 намудаш (1. gezizdianal, potaninu, 1. kizilorii)-ро дар Қрим, Закавказияи Ҷанубӣ ва Осиёи Миёна парвариш мекунанд. Дар Тоҷикистон 1. azticnjata дар ст. таҷрибавии Қубодиён (аз соли 1978) кишт мешавад. Аксари намудҳои Н. гликозиди индикан доранд. Дар байни онҳо аз ҳама зиёдтар Н-и рангдеҳ (1. tinktoria) ва Н-и анил (anil) аҳамият дорад».

Дар Фарҳанги забони тоҷикӣ калимаи Нил чунин шарҳ дода шудааст: «Нил 1 ҳ. 1. номи гиёҳе, ки дар мамлакатҳои гарм мерӯяд ва аз фишурдаи он ранги нилӣ мегиранд, индиго. 2. ранги кабуди баланди сиёҳтоб, ранги лоҷувардӣ, ки аз фишурдаи гиёҳи нил ҳосил мешавад ва онро ранги нилобӣ ҳам меноманд». (саҳ.854).

Тавре мебинем, гуфтаҳои пиразани нилконӣ (аммаи Сайидпочо) бо навиштаҳои маъхазҳои муътабари илмӣ пурра мувофиқат мекунанд.

Яъне нил ду навъ: маъданӣ ва растанӣ мешудааст ва метавон деҳаи Нилконро макони ҳарду навъи нил номид, зеро геологҳо ҳанӯз дар ин минтақа мавҷуд будани кони нилро рад накардаанд.

Хулоса, мардуми заҳматкаш ва шарифи Нилкон ҳеҷ гоҳ эҳсоси бартариҷӯӣ ва худхоҳӣ аз дигар маҳалҳоро надоранд.

Нилконро, ки ба «Некон» иваз намудем, бояд деҳаи дигареро «Бадон» номгузорӣ намоем, ки инро мантиқан ақли солим ба ҳеҷ ваҷҳ қабул нахоҳад кард. Деҳаи Нилкон бо ҳамин номи зебояш тайи садсолаҳо арзи вуҷуд намудааст, бинобар ин зери шубҳа қарор додани он аз рӯйи инсоф нест. Дар номҳо ва ривоятҳои марбути он таърих ва тақдиру сарнавишти инсонҳо сабт гардидааст. Имрӯз аз кӯдаки ҳафтсола то пири ҳафтодсола деҳаашонро Нилкон меноманд ва минбаъд ҳам ҳамин ном зинатбахши ин деҳаи файзбор боқӣ хоҳад монд.

Дар бораи худи гиёҳи «нил» бояд ҳаминро қайд намоем, ки он мисли бисёр дигар набототи нодир шояд дар натиҷаи тағйири иқлим ва ё дахолати ноогаҳонаи мардум аз байн рафта бошад. Чанд сол муқаддам ба гиёҳи камол низ ҳамин ҳодиса рӯй дода буд. Иддае аз мардум моҳияти табобатии камолро дарк намуда, онро мавриди «фурӯш» қарор доданд. Ва агар қарори саривақтии Ҳукумат ба имзо намерасид, метавон гуфт ин гиёҳи шифобахшро тамоман аз байн мебурданд. Солҳои қаблӣ дар масири шоҳроҳи Душанбе - Қӯрғонтеппа дар ағбаи Фахробод гиёҳи хушмазаи «чоқала» (соқала) хеле зиёд мерӯйид. Мусофирон мошинҳояшонро манъ карда, наркинҳои чоқалаҳоро чида, раҳравон ба иштиёқ нӯши ҷон мекарданд, вале ҳоло бошад дар пуштаву теппаҳои ин мавзеъ гиёҳи чоқала кам боқӣ мондааст. Ин гиёҳ низ на камтар аз камол аҳамияти табобатӣ дорад ва шояд чоқаларо низ мавриди «фурӯш» қарор дода бошанд.
Салоҳиддин ФАТҲУЛЛОЕВ, фолклоршинос, номзади илмҳои филологӣ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: