РАНГ ҲАМ МАЪНӢ ДОРАД!24-09-2024, 09:52
Хабарро хонданд: 361 нафар
Назарҳо: 0
![]() Себ рамзи муҳаббат аст. Хусусан дар дубайтӣ ва рубоиҳои мардумӣ себ ҳамчун рамзи муҳаббат фаровон истифода шудааст. Китоби мондагори устод Раҷаб Амонов “Рубоиёти халқии тоҷикӣ ва рамзи бадеӣ” тасдиқкунандаи андешаи болост. Дар вақти мутолиаи китоб бо паҳлуҳои рамзии дарахти бед, себ, чанор... бештар ошно гаштам. Аммо дар вақти хондан дар зеҳнам суоле пайдо шуд: чаро нок не, анор не, шафтолу не... маҳз себ рамзи муҳаббат аст? Ба ин суол дар ягон сарчашма ҷавобе пайдо накардам ва ин чиз маро ботинан азоб медод. Як давра дар қатори дигар китобхонаҳо ба китобхонаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон обуна ва ҳуқуқи ба амонат гирифтани китобро доштам. Рӯзе аз он ҷо китоби “Рангшиносӣ” (“Цветовидение”)-ро бо худ бурдам ва баъд аз ошноӣ бо таъсири рангҳо мафҳуми рамзии себро пайдо намудам. Он кӯтоҳакак дар мақолаи “Зулм ва адолат” истифода ва дар рӯзномаҳои “Фараж” ва “Адабиёт ва санъат” интишор шуд. Дар навиштаи мазкур мақсад на шарҳи рамзии себ, балки чизи дигар аст. Баъд аз ошноӣ бо китоби “Рангшиносӣ” хусусияти таъсири ранг ба руҳи мардум бароям бештар ошкор гашт. Аз мутолиаи китоби “Рангшиносӣ” бист сол гузашта буд ва имрӯз таъсири хеле рангҳо аз майнаам зудуда гаштааст. Аммо таъсири ранги обӣ (кабуд) то ҳанӯз дар зеҳнам чарх мезанад. Зеро он сабаб дошт. Бонувони ноҳияи Бойсун, водии Зарафшон, Бухоро, Самарқанд... вақти азодорӣ аз қадим либоси обӣ ба бар мекунанд. Ҳамин чиз маро дар ҳайрат гузошт. Зеро ранги обӣ хусусияти таскин бахшидан ва баланд бардоштани руҳи одамонро доштааст. Баъд аз ошноӣ бо ин ақида аз шодӣ ғайриихтиёр дар лабонам сухане печид: ваҳ, миллати тоҷик аз азал офаридгор будааст! Хуб, имрӯз илми муосир хусусияти таъсири ранг ба руҳи мардумро собит сохтааст. Аммо миллати тоҷик чандин ҳазор сол аз ин пеш бузургтарин қобилияти равоншиносӣ доштааст. Он амале, ки дар боло зикраш рафт, ҳамту сар назадааст. Ин натиҷаи тафаккур, таҷриба ва мушоҳидаи одамони ҳамон давра аст. Занони минтақаҳое, ки дар боло зикрашон рафт, дар ҳолати аз даст додани наздикони худ либоси обӣ ба бар мекарданд. Бо ин роҳ бо либоси обӣ табиатан руҳи наздикони атрофашонро, ки онҳо низ аз даст додани пайвандашон ҳолати сангине доштанд, боло мебардоштанд. Шояд мардум чунин хусусияти ранги обиро пай набаранд, аммо ин ба расму ойини доимӣ табдил ёфтааст. Баъд аз истилои арабҳо баъзе минтақаҳои кишвар дар вақти азодорӣ ба бар намудани либоси сиёҳ рӯ овардаанд. Истифодаи ранги сиёҳ дар байни мардум на аз ҷиҳати илмӣ, балки ҳиссӣ аст. Имрӯз дар байни занон бо тақлиде сарсарӣ ранги сиёҳ ба либоси ҳаррӯза табдил ёфтааст. Ранги сиёҳ ҳамчун рамзи андӯҳ аст. Дар рӯзи азодорӣ ба ҷойи ором ва руҳбаланд намудани наздикони атрофашон бештар онҳоро гирифтори андӯҳ менамоянд. Аммо дар либоси обӣ бештар хусусияти башардӯстона эҳсос мегардад. Ана ин аст хислати эҷодкоронаи миллати тоҷик! Бояд аз он ҳеҷ гоҳ набояд рӯ гардонид! Ҳамроҳи АВЛИЁПУР
|
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.