Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Рушди сайёҳӣ - омили пешрафти иқтисоди миллӣ

Рушди сайёҳӣ - омили пешрафти иқтисоди миллӣ

16-05-2024, 10:45
Хабарро хонданд: 2289 нафар
Назарҳо: 0
Рушди сайёҳӣ - омили пешрафти иқтисоди миллӣ
Баъд аз эълон гардидани соли 2018 ҳамчун “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бо ибтикори Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи сайёҳӣ дар кишварамон ҳамчун соҳаи асосии рушди иқтисодӣ ва фароҳамории ҷойҳои нави корӣ табдил ёфт. Аз ҷониби дигар, метавон гуфт, ки ҷаҳонишавии босуръат ва равобити мунтазам бо кишварҳои хориҷӣ ба инкишофи ин соҳа заминаи мусоид гузошт. Бинобар андешаи мутахассисон, дар ҳолати дуруст ба низом даровардани рушди сайёҳӣ дар мамлакат, ин соҳаи манфиатнок метавонад дар солҳои наздик 25 дарсади даромади Тоҷикистонро таъмин намояд.
Албатта, инчунин, ҷаҳонишавии илму фарҳанг ва иқтисодиёту савдо низ ба рушди бемайлону босуръати сайёҳӣ заминаи васеъ фароҳам овард.
Мувофиқи омори байналмилалӣ, аз 1/3 қисми аҳолии сайёра имрӯзҳо хоҳиши ҳамешагии саёҳат доранд. Илова бар ин, фаъолияти зиёда аз 250 миллион нафар аҳолии ҷаҳон бо ин ё он андоза ба сайёҳӣ марбут аст. Инчунин, беш аз 15 мамлакати олам рушди иқтисодиёти худро ба ин соҳа вобаста медонад. Ҳамзамон, даромади ин гуна давлатҳо аз ҳисоби соҳаи сайёҳӣ нисбат ба содироти мол 4,5-5 маротиба бештар мебошад. Ба ғайр аз ин, ҳиссаи сайёҳӣ 8 дарсади ҳамаи маблағгузорӣ ва 5 дарсади андози ҷаҳониро ташкил медиҳад.
Хусусан, сокинони мамлакатҳои қитъаи Аврупо ва Амрикои Шимолӣ мехоҳанд, ки вақти рухсатии худро берун аз кишварҳояшон гузаронанд. Бояд гуфт, ки ба ин гурӯҳ қариб 7 дарсади аҳолии ҷаҳон шомил мешавад.
Бино ба маълумоти мавҷуда, беш аз 8 дарсади аҳолии Амрикои Шимолӣ ва қариб 12 дарсади захираҳои меҳнатии мамолики Аврупо ба ин соҳа банд мебошанд.
Азбаски Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни дигар кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дорои иқтидори бузургу дилрабои мафтункунанда дар соҳаи сайёҳӣ ва ҳамзамон, таҳкими саломатӣ мебошад, пас, дар ҳолати дуруст ба роҳ мондани хизматрасонӣ, бунёди инфрасохтори воқеӣ метавонад, ки на танҳо талаботи сайёҳони дохилӣ, балки ҳамсояҳои наздик ва сайёҳони дури хориҷиро низ қонеъ гардонад. Аз ҷониби дигар, сарзамини тоҷикон аз қадимулайём чорроҳае ба шумор мерафт, ки Шарқу Ғарб ва Ҷанубу Шимолро бо ҳам мепайваст. Савдогарону бозаргонон тавассути Роҳи Абрешим ба мамолики дуру наздик рафтуомад мекарданд, аз сафарҳои худ ва диду боздидҳояшон ба ҳамдигар нақлу ҳикоят мекарданду шуълаи сайру сайёҳӣ ва тиҷорату бозаргониро дар дили дигарон меафрӯхтанд.
Таҷрибаи аксари давлатҳои мутараққии қораи Осиёву Аврупо собит намудааст, ки дастгирӣ ва рушди соҳаи сайёҳӣ барои давлат аҳаммияти муҳимми иқтисодиву иҷтимоиро доро гардидааст.
Кишвари мо имкониятҳои зиёди рақобатпазири соҳаи сайёҳиро доро буда, дар фазои сайёҳии ҷаҳон метавонад мақоми устуворро касб намояд. Аз ҷониби дигар, Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари амну бехатар барои истиқболу пазироӣ ва сайругашти бемамониати сайёҳони хориҷӣ мебошад.
Дар шароити ҳозираи иқтисоди бозоргонӣ дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон соҳаи сайёҳӣ мавқеи махсус пайдо карда, дар самти рушди иқтисоди миллии кишварҳои ҷаҳон нақши басо бориз мебозад.
Тавре аз маълумоти оморӣ бармеояд, даромади умумӣ аз ҳисоби сайёҳии байналмилалӣ дар сатҳи ҷаҳон ба 1,5 триллион доллари амрикоӣ баробар гардид, ки 10 дарсади Маҷмуи маҳсулоти дохилии ҷаҳонро ташкил медиҳад.
Ташрифи сайёҳони хориҷӣ дар миқёси ҷаҳон ба 1,2 миллиард нафар расидааст. Давоми як сол ба ҳисоби миёна аз ин ҳисоб Аврупо 509 миллиард доллар, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 177 миллиард, Испания 65 миллиард ва Ҷумҳурии Мардумии Чин 57 миллиард доллар даромад ба даст овардаанд. Ҳамзамон, беш аз 30 дарсади содироти хидматрасонии ҷаҳонӣ ба ин навъи фаъолият рост меояд, ки онро ҳамчун манбаи устувори иқтисодӣ инъикос менамояд.
Бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар ва сулҳу субот дар мамлакат дар заминаи аҳду талошҳои пайваста, содиқона ва собитқадамонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар соҳаҳои иқтисодиёти кишвар соҳаи сайёҳӣ низ рӯ ба пешрафт ниҳод.
Барои тараққӣ ёфтани ин соҳаи аз лиҳози иқтисодиву иҷтимоӣ муҳим дар ҷумҳурии мо ҳамаи заминаҳои зарурии меъёрии ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуда, дар баробари ин, як силсила чораҳои ҳавасмандкунӣ низ татбиқ гардиданд.
Пешвои миллат ба рушди сайёҳӣ диққати махус дода, дар Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба вусъат бахшидани сиёсати давлатӣ дар ин соҳаи муҳим ба сохтору мақомоти марбута дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд.
Ин аст, ки солҳои 2019-2021 аз ҷониби Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардида, даҳҳо иншооти муосир дар минтақаҳои гуногуни мамлакат бунёд гардиданд.
Тавре Президенти мамлакат дар Паёми навбатии худ “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 23-юми декабри соли 2023 зикр карданд, дар панҷ соли охир барои пешниҳоди хизматрасонӣ ба сайёҳон беш аз 600 ва танҳо соли 2022-юм 100 иншооти инфрасохтори сайёҳӣ сохта, мавриди истифода қарор дода шудааст.
Воқеан ҳам, имрӯз қариб дар тамоми минтақаҳои кишвар иншооти муосири хизматрасонии сайёҳӣ, аз қабили меҳмонхона, тарабхона, марказҳои савдову хизматрасонӣ, дармонгоҳҳо ва дигар иншооту марказҳои марбут ба соҳа бунёд ёфтаанд, ки ҷолибият ва роҳати минтақаҳои дурдасти кишварро барои сайёҳон таъмин менамоянд. Ин ва талошҳои мақомоти салоҳиятдор дар соҳаи сайёҳӣ ҷиҳати муаррифии иқтидори сайёҳии кишвар дар бозори ҷаҳонии сайёҳӣ мусоидат намуданд, ки гардиши сайёҳон дар Тоҷикистон бамаротиб афзуда, соли 2022 ба 1 миллион нафар расад.
Гуфтан бамаврид аст, ки бо вуҷуди ҳамаи ин пешравиҳо бояд суръати ободонӣ ва бунёдкориҳо боз ҳам вусъат ёбанд, мушкилоти мавҷуда бартараф шавад ва рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ тақвият ёбанд. Ҳамаи ин, албатта, бе мутахассисони соҳибтахассусу ҳирфаӣ номумкин хоҳад буд. Чун мутахассисони забондону соҳибихтисос дар пешрафт ва рақобатпазир гардондани соҳа дар бозори ҷаҳонии сайёҳӣ нақши ҳалкунанда мебозанд, пас, онҳо бояд ба талаботи рӯз ҷавобгӯ бошанд, то шумораи ҳар чӣ бештари сайёҳонро ба кишвари маҳбубамон - Тоҷикистон ҷалб карда, хизматрасонии қобили қабулро пешниҳод намоянд.
Бо ин мақсад зарур аст, ки мутахассисони забондон, донандаи фарҳангу таърих ва технологияҳои муосирро омода созем, кормандони ширкатҳои сайёҳӣ, роҳбаладон, тарҷумонҳо ва дигар мутахассисони соҳаро мутобиқ ба талаботи бозори сайёҳӣ ба воя расонем.
Тарбияи кадрҳои баландихтисос на танҳо ба рушди сайёҳӣ дар кишвар мусоидат менамояд, балки ба пешрафти иқтисоди миллии кишвар такони ҷиддӣ бахшида, боиси пазируфта шудани Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибтамаддуну мутараққии ҷаҳон мегардад.

Сайёд ОДИНАЗОДА,
омӯзгори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саймуъмин Раҳимов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: