Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ВОКУНИШ: Ҷавонмарди роҳи набард

ВОКУНИШ: Ҷавонмарди роҳи набард

8-05-2024, 08:00
Хабарро хонданд: 178 нафар
Назарҳо: 0
ВОКУНИШ: Ҷавонмарди роҳи набардМаркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масири таҳлил ва ояндабинии ҳадафҳои рушди устувори мамлакат
Вокуниш ба мақолаи “ Ҷавонмарди роҳи набард” (Ба хотираи неки Суҳроб Шарифов) дар ҳафтаномаи “Минбари халқ”, 24 -уми апрели соли 2024, № 17 (1465)

Навиштаи мазкур вокуниш ба андешаҳои доктори илмҳои фалсафа, профессори кафедраи илмҳои ҷамъиятӣ ва гуманитарии Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе Абдулвоҳид Шамолов дар бораи кору фаъолияти равоншод Суҳроб Шарифов дар нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон –“Минбари халқ ” аст. Муаллиф бо андешаҳои шахсии хеш пиромуни фаъолияти илмиву амалӣ ва хислатҳои неки шодравон Суҳроб Шарифов изҳори назар намуда, ҳамчун шахсияти илмӣ ва фарҳангии кишвар дар радифи дигар олимони барҷастаи кишвар дар соҳаи фалсафа ва сиёсатшиносӣ ӯро муаррифӣ менамояд. Сониян, кору фаъолияти шодравонро тайи солҳои 2000-2005 дар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдоварӣ карда, ба ҳайси директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданашро зикр менамояд.
Ин ҳақиқати бебаҳс аст, ки дар сиёсати кадрии Пешвои миллат афзалият ба кадрҳои донишманду болаёқат ва забондону ҷаҳонбинии фарохдошта дода мешавад ва то имрӯз ин интихоби оқилонаи кадрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон идома ёфта истода, барои ҷомеа самараи мусбат ба бор овардааст.
Интихоби шодравон Суҳроб Шарифов ҳам яке аз бозёфтҳои сиёсати кадрии Сарвари давлат аст, ки замони директори Маркази тадқиқоти стратегӣ буданаш барои пешбурди ин ниҳоди зеҳнӣ то ба кадом дараҷа ба муваффақиятҳо даст ёфт, ин баҳои арзандаи ҷомеа ва шаҳрвандон ба фаъолияти роҳбарии номбурда аст.
Пас аз Суҳроб Шарифов нафарони дигаре ҳам, ки ба ин ниҳоди муҳимми давлатии бонуфуз ба ҳайси директор таъин гардиданд, донишмандони барҷаста, ходимони давлатию сиёсӣ ва дастпарвари мактаби сиёсии кадрии Пешвои миллат буданд, ки бо Фармони Президенти мамлакат ба роҳбарии Маркази тадқиқоти стратегӣ сазовор дониста шуданд ва барои беҳбудии фаъолияти кори Марказ дар сатҳи минтақа ва сатҳи байналмилалӣ корҳои хеле муфид ва арзишмандро анҷом додаанд. Аз ин лиҳоз, қадрношиносию ноадолатӣ мебуд, агар ба корҳои анҷомдодаи роҳбарият ва кормандони Марказ, бо андешаи тангу нотавонбинона бо такя аз чунин истилоҳоти “мансабгадоён” ва “зоҳирпарастони илм”, ки муаллиф дар навиштааш истифода намудааст хатти бутлон бизанем.
Сиёсати хирадмандонаи кадрии Президенти мамлакат аз ҷониби олимону муҳаққиқони ватанӣ мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор гирифта, корҳои номзадӣ ва докторӣ дифоъ гардидаанд. Аммо, дар ин пажуҳишҳо низ ба чунин истилоҳоти мавриди назари муаллиф дучор нагардидаем, ки ин аз муҳимтарин хусусиятҳои интихоби кадрҳои кордону донишманд, эҳтирому бовар доштани Президенти кишвар ба кадрҳои интихобнамудаашон ба сохторҳои роҳбарӣ мебошад, ки дар сиёсати кадриашон дурандешона инъикос ёфтааст.
Қайд кардан бамаврид аст, ки дар ин замони нобасомону пуртазоди сиёсии ҷомеаи ҷаҳони муосир Маркази номбурда барои ҳалли масъалаҳои геополитикӣ, ба ҳадафҳои стратегӣ дар сатҳи минтақа ва байналмилалӣ оӯоз аз солҳои қаблӣ то имрӯз нақшаҳоеро рӯйи даст гирифтааст, ки дар партави ҳадафҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мешаванд.
Дар ин радиф як силсила қарордодҳои муҳимму зарурӣ бо намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, минтақавӣ, ниҳодҳои зеҳнии як қатор кишварҳо ба имзо расида, амалӣ намудани онҳо низ як самти назарраси фаъолияти ин ниҳод аст. Ин маънои онро дорад, ки вобаста ба зарурати равандҳои нави пайдогардида дар ҷомеа, муассиса воқеъбинона аз дидгоҳи нав фаъолияти худро пайваста таҷдиди назар менамояд ва ҳамкориҳои сифатан наву усулҳои самаранокро ҳадафи фаъолияти кори худ мепазирад.
Пешбурди робитаҳои илмию таҳқиқотӣ бо марказҳои зеҳнии дигар давлатҳо яке аз авлавиятҳои асосӣ дар фаъолияти ин ниҳоди муҳимми давлатии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Айни замон муассиса бо 26 Маркази тадқиқотӣ созишномаҳо ба имзо расонидааст, ки аз обрӯ ва нуфузи ин ниҳод дарак медиҳад.
Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як қатор марказҳои таҳлилӣ ва пажуҳишии дигар давлатҳо, аз ҷумла бо марказҳои таҳқиқоти стратегии Русия, Қазоқистон, Чин, Ҳиндустон, Арабистони Саудӣ, Туркия, Эрон, Узбекистон, Озарбойҷон, Туркманистон, Кореяи Ҷанубӣ ва ӯайра ҳамкориҳои самарабахш дорад.
Дар доираи ҳамкориҳо миёни марказҳои зеҳнӣ солҳои охир баргузор намудани семинару мизҳои гирд ва конфронсҳои илмӣ дар соҳаҳои гуногун ҳамчун таҷрибаи амалӣ ба ҳукми анъана даромадааст.
Қайд намудан ҷоиз аст, ки марбут ба масъалаҳои байнидавлатӣ таҳлили муфассали ҳолат ва ҷараёни стратегию татбиқи барномаҳои давлатӣ, санадҳои муштараки қабулшуда, ҷустуҷӯйи механизмҳои ноил шудан ба ҳадафҳои гузошташуда, таҳияи пешниҳодҳои мушаххас оид ба густариши ҳамкорӣ дар самтҳои афзалиятноки кишварҳо: тиҷорат, ҳамкориҳои саноатӣ, нақлиёт, рушди “иқтисоди сабз”, кишоварзӣ, масъалаҳои марбут ба иқлим, маориф, фарҳанг ва ӯайра корҳо анҷом ёфта аз натиҷаашон ба ниҳодҳои сарпарасту марбута иттилооти муфассал манзур мегардад.
Тайи солҳои охир Марказ дар фазои иттилоотии кишвар ва хориҷ аз он низ мавқеи муносибро касб кардааст. Таъсиси сомонаи ягона ва саҳифаҳо бо номи ташкилот дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ ин гуфтаҳоро исбот мекунанд ва пайваста таъсиррасонии иттилоотро бо набзи ҷомеа масъулин пайгирӣ мекунанд.
Мавриди зикр аст, ки дар давоми солҳои 2023-2004 ба сомонаи Марказ беш аз дуюним миллион нафар хонанда ворид шуда, маводҳои онро мутолиа кардаанд. Маводи сомонаи Марказ аз ҷониби нашрия ва дигар сомонаҳои интернетӣ пайваста бознашр мешавад.
Нақши Марказ дар афкори созандаю бунёдкоронаи ҷомеа,ташаккул додани сиёсати иҷтимоии замонавӣ, таҳлилу баррасии масъалаҳои иқтисодию фарҳангӣ ва илман исбот намудани равандҳои дар ҷомеаи навини тоҷик зуҳурнамуда муҳим аст, ки ин рисолатро сарбаландона иҷро карда истодааст.
Аз ҷониби Марказ дар ду соли охир се чорабинии сатҳи баланди минтақавӣ ва байналмилалӣ бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид. Аз ҷумла, рӯзҳои 8-10-уми марти соли 2023 бо иштироки роҳбарон ва коршиносони марказҳои зеҳнии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон конфронси байналмилалӣ таҳти унвони “Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ: сиёсати ҳамҷаворӣ, ҳамёрӣ, дӯстии абадӣ ва рушди муштарак” доир гардид. Ҳамзамон, Форуми XVIII-уми Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) таҳти раёсати Марказ санаи 22-23-юми моҳи майи соли 2023 дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.
Дар Форум беш аз 40 нафар роҳбарон ва коршиносони варзидаи марказҳои таҳлилӣ ва муассисаҳои илмию таҳлилии давлатҳои узв, кишварҳои нозир, шарикони муколамаи СҲШ, Котиботи СҲШ, намояндагони Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ, коршиносон ва рӯзноманигорони ватанию хориҷӣ ширкат намуданд.
Дар ҷараёни кори ҳамоиш Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти тадқиқоти стратегии Ҷумҳурии Беларус ба имзо расид.
Инчунин, моҳи апрели соли 2024 дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси муштараки Маркази тадқиқоти стратегӣ ва Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ дар мавзуи “Тоҷикистон ва Узбекистон: уфуқҳои нави ҳамёрии стратегӣ ва ҳампаймонӣ” баргузор гардид. Ҳамоиши мазкур идомаи мантиқии талошҳои муштараки роҳбарони ҳарду кишвар ва муносибати дӯстонаю хайрхоҳонаи мардумони Тоҷикистону Узбекистон оид ба таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва рушди муштарак мебошад.
Дар соли сипаригардида ва чор моҳи соли 2024 кормандони Марказ дар форум, конфронсу ҷамъомадҳо, семинару маҳфилҳо, мизҳои гирди баргузоршуда 142 маъруза ироа карда, беш аз 280 маротиба дар васоити ахбори омма суханронӣ карданд.
Маҷаллаҳои илмии Марказ таҳти унвони "Тоҷикистон ва ҷаҳони имрӯз" ва "Муносибатҳои байналмилалӣ ва амният" дар рӯйхати нашрияҳои эътиборноки доираҳои илму маорифи дохилию берунӣ қарор дорад ва дар рушди ҷаҳонбинии илмӣ, тарӯиби дастовардҳои илмии кормандони ташкилот ва таъмини устувории мавқеи ҷамъиятии аъзои ҷомеа саҳмгузоранд.
Мақолаҳои маҷаллаҳои “Тоҷикистон ва ҷаҳони имрӯз” ва “Муносибатҳои байналмилалӣ ва амният” дар индекси иқтибосҳои илмии Федератсияи Русия (РИНЦ) пайваста ворид карда мешаванд.
Марказ дар самти тарбияи мутахассисони забондону болаёқат ва дар ҷодаи илм роҳнамоӣ кардани ҷавонон низ саҳим аст. Аз ҷумла, вобаста ба дифои рисолаҳои илмии кормандон бо шуроҳои дифои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Пажуҳишгоҳи фалсафа, ҳуқуқ ва сиёсатшиносии ба номи академик А. Баҳоваддинов, Пажуҳишгоҳи иқтисод ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамкориҳои густурда дорад.
Роҳбарияти муассиса дар чандин маҷаллаҳои эътирофшудаи байналмилалӣ узви ҳайати таҳририя аст. Ҷалби олимону донишмандон, коршиносону таҳлилгарон аз вазорату муассисаҳои олии кишвар ва дигар ниҳодҳои таҳқиқотию таҳлилӣ ба симпозиумҳою конфронсҳо, мизи гирду дигар чорабиниҳои илмӣ мунтазам дар мадди назари аввали роҳбарияти ин ниҳоди муҳимми давлатӣ қарор дорад.
Ҳадаф ва масири пешгирифтаи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дидгоҳи тозаву муосир ба таҳлил ва ояндабинии рушди устувори мамлакат нигаронида шудааст.

Зубайдулло ДАВЛАТОВ,
сардори раёсати таъминоти иттилоотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Рамазонӣ ДАВЛАТОВ ,
котиби матбуотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: