Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ҲАЁТИ ҲИЗБ

ҲАЁТИ ҲИЗБ

18-04-2024, 09:12
Хабарро хонданд: 191 нафар
Назарҳо: 0
ҲАЁТИ ҲИЗБ
МУЛОҚОТИ АБДУҶАББОР АЗИЗӢ БО САФИРИ ДАВЛАТИ ФАЛАСТИН ЛУАЙ ИССА

11-уми апрели соли равон муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ бо Сафири Давлати Фаластин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доктор Луай Исса мулоқот кард.
Дар ибтидои вохӯрӣ Абдуҷаббор Азизӣ ҳайати меҳмононро бо фарорасии Иди саиди Фитр ва ҷашни Наврӯзи хуҷастапай табрик гуфта, иброз дошт, ки барқарории муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Давлати Фаластин ба рушду тавсеаи муносиботи ҳасанаи ҷонибҳо дар соҳаҳои мухталиф мусоидати муассир мекунад.
Абдуҷаббор Азизӣ густариши минбаъдаи робитаҳои дуҷониба ва аҳаммияти таҳкиму такмили заминаи қарордодиву ҳуқуқии ҳамкории ду кишварро муҳим ва зарур шумурда, самтҳои гуногуни иқтисодиву тиҷоратӣ, ҳамчунин соҳаҳои фарҳанг, илму техника, маориф ва тибро аз ҷумлаи самтҳои ояндадори ҳамкорӣ арзёбӣ кард.
Дар идомаи мулоқот Абдуҷаббор Азизӣ изҳор дошт, ки дар Тоҷикистон аз Роҳбари давлат то мардуми одии кишвар ҳамлаҳои истилогаронаи артиши Исроилро ба навори Ғазза, ки боиси кушта шудани ҳазорон нафар аҳолии бегуноҳ, аз ҷумла занону кӯдакон, кормандони Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх, намояндагони дигар созмонҳои байналмилалӣ, хабарнигорони васоити ахбори омма ва захмӣ шудани теъдоди зиёди мардуми осоишта гардид, қатъиян маҳкум мекунанд.
-Воқеияти имрӯза бори дигар бозгӯйи он аст, ки ҳалли қазияи Фаластин таъмини сулҳи одилона ва иҷрои қарорҳои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ташкили давлати мустақили Фаластин ба шумор меравад,-зикр кард дар мулоқот Абдуҷаббор Азизӣ.
Сафири Давлати Фаластин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доктор Луай Исса
дар навбати худ баён дошт, ки дар натиҷаи ҳамлаҳои мусаллаҳонаи артиши Исроил бештар мардуми осоишта ҷон бохта, айни замон зиёда аз як миллион аҳолӣ дар навори Ғазза дар шароити муҳосираи пурра аз норасоии озуқаворӣ, барқ, доруворӣ ва дигар маводи ниёзи аввалӣ азият мекашанд.
Мардуми ҷафокашида аз ҷомеаи ҷаҳонӣ амалҳои амниятии башардӯстонаро интизор ҳастанд, то ки ба фоҷеа ва ранҷу азият хотима дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар саммити муштараки изтирории арабию исломӣ, ки санаи 11-уми ноябри соли 2023 дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ баргузор гардид, дар ҳузури намояндагони кишварҳои исломӣ изҳор доштанд, ки “Тоҷикистон мавриди ҳамла қарор гирифтани иншооти ғайринизомиро дар навори Ғазза, ки боиси кушта шудани ҳазорон нафар аҳолии осоишта ва дар ин миён занону кӯдакон, ҷароҳат бардоштани шумораи зиёди мардум ва хароб гардидани инфрасохтори ҳаётан муҳим дар он гардидааст, шадидан маҳкум мекунад.
Тоҷикистон аз таъсиси Давлати Фаластин бо пойтахти он шаҳри Байтулмуқаддаси Шарқӣ дар асоси марзҳои соли 1967 ҷонибдорӣ мекунад.
Аз қатъномаи (№181) Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зиёда аз 75 сол сипарӣ гардида бошад ҳам, он амалӣ нагардидааст, то ҳол давлати мустақили Фаластин таъсис дода нашудааст.
То имрӯз орзуву омоли мардуми Фаластин дар мавриди таъсис додани давлати мустақил амалӣ нагардидааст.
Аз ин рӯ, ҷомеаи ҷаҳониро лозим аст, ки ҷиҳати татбиқи қатъномаҳои дахлдори Маҷмаи Умумӣ ва Шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳид саъю кӯшиш намоянд, то Давлати Фаластин бо заминҳои расмии хеш таъсис дода шуда, асоси ин ҳама нооромиҳо аз байн бурда шавад.
Эътироф кардани Давлати Фаластин як зарурати стратегӣ барои ҳифзи созиши ду давлат ва расидан ба сулҳ мебошад”.
Ҳамчунин, Сафири Давлати Фаластин қайд намуд, ки бо қарори Созмони Милали Муттаҳид 51 дарсади қаламрави Фаластин ба Исроил дода шуд, ба Фаластин 48 дарсад боқӣ монд ва 1 дарсад, аз ҷумла нисфи Байтулмуқаддасро минтақаи байналмилалӣ эълон карданд ва бояд фаластиниҳо дар макони будубоши худ, ки ба Исроил дода шудааст, ҳамчун шаҳрванди ин давлат зиндагии худро идома медоданд, аммо бар асари ҷабру зулми низомиёни исроилӣ мардуми маҳаллӣ манзилу сарпаноҳи худро гузошта, ба минтақаҳои амнтар фирор карданд.
Тайи ин солҳо 590 шаҳраку маҳаллаҳои фаластиннишин вайрону валангор ва 1 миллион фаластинӣ аз ватан берун шудаанд, ки шумораи онҳо алҳол ба 7 миллион нафар мерасад.
Бар асари ҳиҷрат ва ҷангу куштор шумораи сокинони Фаластин сол то сол кам мешавад.
Имрӯз ҳуқуқи мардуми Фаластин маҳдуд аст. Ҳукумати Фаластин низ фақат ҳуқуқи пеш бурдани корҳои идориро дорад. Ин маҳдудиятҳои ба сари мардуми Фаластин омада, аз ҷониби давлатҳои манфиатдори абарқудрат ба амал омадааст.
Сафири Давлати Фаластин доктор Луай Исса афзуд, ки дар натиҷаи бедодгариҳои низомиёни Исроил тайи ин солҳо теъдоди зиёди фаластинӣ ҷон бохта, алҳол 5 ҳазор фаластинӣ дар маҳбасҳои Исроил зиндонӣ ҳастанд.
Абдуҷаббор Азизӣ дар хотима гуфт, ки буҳронҳо ва хатару таҳдидҳои ҷиддие, ки имрӯзҳо дар паҳнои ҷаҳон ҷараён доранд, моро ба ваҳдату ҳамраъйӣ, муттаҳидиву сарҷамъии беш аз пеш водор месозанд.
Дар марҳалаи кунунӣ зарур аст, ки дар асоси нақшаи мақсадноки башардӯстона ҷиҳати расондани кумакҳои лозима ва таъхирнопазир ба мардуми Фаластин тадбирҳои амалӣ андешида шаванд.
Мулоқот дар руҳияи ҳамдигарфаҳмӣ ва фазои ҳусни тафоҳум анҷом пазируфт.
ҲАЁТИ ҲИЗБ
ОЗМУНИ РАСМКАШӢ БАХШИДА БА РӮЗИ КАЙҲОННАВАРДОН

Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар ҳамкорӣ бо Раёсати маорифи вилояти Суғд бахшида Рӯзи кайҳоннавардон озмуни расмкашӣ дар рӯйи замин байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ баргузор гардид.
Озмуни мазкур дар саҳни Муассисаи давлатию фарҳангии ба номи Абумаҳмуди Хуҷандӣ гузаронида шуд, зеро Абумаҳмуди Хуҷандӣ низ яке аз саҳмгузорони рушди нуҷумшиносӣ ба ҳисоб меравад.
Дар озмуни мазкур раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Мунзифа Пӯлотова, намояндаи Раёсати маорифи вилояти Суғд, мудири шуъбаи ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Парвиз Салоҳиддинов иштирок ва суханронӣ карданд.
Зикр шуд, ки аз соли 1961 инҷониб санаи 12-уми апрел дар тамоми дунё чун санаи муҳим ҷашн гирифта мешавад.
63 сол қабл, дар ин рӯз кайҳоннаварди собиқ Иттиҳоди Шуравӣ Юрий Гагарин бо киштии кайҳонии «Восток» Заминро аз рӯйи мадор давр зада, ба давраи кайҳоннавардии таърихи башар оғоз ниҳод.
Имрӯз тараққиёти илму техникаи муосир бо суръати баландтарин пеш меравад. Ин рушдро бе омӯзиш ва истифодаи кайҳон тасаввур кардан ғайриимкон аст. Ҷараёнҳои мазкур бо мақсадҳои осоишта ва сулҳҷӯёна ба роҳ монда шудаанд. Вобаста ба ин, манфиатдории башарият дар тадқиқот ва истифодаи фазои кайҳон бо мақсади баланд бардоштани тамаддуни башарӣ ва беҳтар кардани сатҳи зиндагии ҷомеаи ҷаҳонӣ равона карда шудааст.
Бояд қайд, ки истифодаи моҳвораҳои махсуси фазои кайҳон барои якчанд сохторҳо низ хеле зарур мебошанд. Алалхусус, барои пешгӯӣ ва назорати ҳодисаҳои фавқулода, аз ҷумла тармафароӣ, селҳо, сӯхтор ва ғайра саҳми омӯзиш ва истифодаи фазои кайҳон беназир аст. Мониторинги заминҷунбиҳо бо воситаи моҳвораҳои кайҳонӣ ва коркарди усулҳову аломатҳои пешгӯии заминҷунбӣ бе кайҳон ғайриимкон мебошад. Дар ҷамъбасти озмун ғолибон муайян гардида, бо диплом ва туҳфаҳои Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб сарфароз гардиданд. Ҳамчунин якчанд нафар иштирокчиён фаъол низ бо сипоснома ва туҳфаҳо қадршиносӣ карда шуданд.
ҲАЁТИ ҲИЗБ
САФИ АЪЗОИ «НЕРУБАХШ» МЕАФЗОЯД
Дар ташкилоти ибтидоии «Нерубахш» дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи академик Моёншо Назаршоев бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Зунайда Раҷабова, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хоруғ Париноз Азизова ва муовини ректор оид ба тарбия Рӯшонгул Шофақирзода оид ба зиёд намудани сафи аъзои ҳизб маҷлис баргузор гардид.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар Бадахшон Зунайда Раҷабова дар суханронии худ аз мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин, ки 9-уми марти соли равон баргузор гардид, ёдовар шуда, зикр намуд, ки мо бояд ба сатҳи дониши донишҷӯён диққати ҷиддӣ диҳем. Баҳри тарбияи насли наврас бояд донишҷӯён ҳаматарафа дониши муккамал дошта бошанд, то тавонанд наврасонро аз таҳдиди хатарҳои терроризму экстремизм нигаҳдорӣ намоянд.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хоруғ Париноз Азизова гуфт, ки ташкилоти ибтидоии "Нерубахш" дар самти корҳои ҳизбӣ фаъолияти назаррас доранд.
Дар вазъияти тантанавӣ ба 62 нафар омӯзгорони ҷавоне, ки барои дохил шудан ба ҳизб ариза пешниҳод кардаанд, шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд. Ҳамчунин, ба 10 нафар омӯзгор, ки аъзо ва ҷонибдори фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии «Нерубахш» мебошанд, аз тарафи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хоруғ сипосномаҳо тақдим гардиданд.

ВОХӮРИИ ГУРӮҲИ КОРӢ БО СОКИНОН ДАР БОХТАР

Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и шаҳри Бохтар ҷиҳати эълон гардидани соли 2024 "Соли маърифати ҳуқуқӣ" гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ва сохторҳои дахлдори он бо падару модарон, омӯзгорону устодон ва хонандагон вохӯрӣ сурат гирифт.
Дар мулоқот муовини раиси шаҳр Наргис Қурбонзода, мудири шуъбаи маориф Шоиста Абдуназарзода, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш Рухшонаи Шералӣ, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва Маркази саломатии шаҳри Бохтар иштирок доштанд.
Дар ибтидо Наргис Қурбонзода оид ба дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлат дар мулоқот бо фаъолони ҷомеа, ходимони дини кишвар, риояи талаботи қонунҳои миллӣ, тарбияи фарзандон дар руҳияи ватандӯстӣ, пешгирии зуҳуроти номатлуб миёни наврасону ҷавонон, ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ва тарғиби фарҳанги миллӣ суханронӣ намуд.
Инчунин, дигар шахсони масъул низ дар бораи ҷалби волидайн дар раванди таълиму тарбия, таъмини фарзандон бо ашёи хониш, саривақтии хонандагон дар дарсҳо ва эҳсоси масъулият доштан дар раванди татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф, ҷалби ҷавонону наврасон ба маҳфилҳои фанию ҳунармандӣ, варзишӣ, инчунин фаъолияти волонтёрӣ, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, саҳм гузоштан дар корҳои ободониву созандагӣ ва амсоли ин андешаронӣ карда, ҷамъомадагонро барои татбиқи ҳадафҳои созанда ва пешрафту шукуфоии сарзамини аҷдодӣ роҳнамоӣ карданд.

ДАР ОБОДИИ ДИЁР САҲМГУЗОРЕМ!

Бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ташкилоти ибтидоии “Ҷамоати деҳоти Балҷувон” аксияи ҳизбӣ зери унвони “ҲХДТ-ҳизби созандаву бунёдкор!” доир гардид. Дар аксияи ҳизбӣ фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ иштироки фаъолона дошта, дар тозаву озода ва ба тартиб даровардани деҳаву кӯча ва маҳали зисти худ саҳми арзанда гузоштанд. Шоистаи зикр аст, ки бо фаро расидани фасли баҳору зебоӣ аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон баҳри тозаву озода намудани кӯчаву хиёбонҳо, ҷӯйборҳои обгузар, гулгашту роҳравҳои одамгузар ба ҳашари дастаҷамъона баромада, корҳои ободониву созандагиро ба анҷом расониданд, ки ин иқдоми неки ҳизбиён ба симои ноҳия зебоии дигарро зам намуд.

“ДИЛ БА ДАСТ ОВАР, КИ ҲАҶҶИ АКБАР АСТ!”


Дар пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастгирии табақаҳои ниёзманди ҷомеа, кумак расонидан ба шахсони яккаву танҳо ва ятимону бепарасторон аз ҷониби фаъолони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, соҳибкорони ватандӯст ва шахсони хайрхоҳ дар арафаи иду ҷашнҳо ташаббусу иқдомҳои наҷиб анҷом дода мешаванд.
Мавриди зикр аст, ки гузаштагони мо дастгирию кумак ба ин қишри ниёзманди ҷомеаро барои ҳар як инсони соҳибдил фарз медонистанд. Ҳанӯз 1000 сол муқаддам устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ инсонро ба қаноатварзию шикастанафсӣ ва дастгирии ин табақаи имконияташон маҳдуд ҳидоят кардаанд ва камоли мардиву футувватро аз ҳамин кирдори накутарини инсонӣ иборат донистаанд.
Ба ин хотир, дар арафаи иди саиди Фитр ва 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш ва дастгирии аъзои фаъоли ҳизб, шахсони саховатманд аз ноҳияи Вахш ба аъзои ташкилоти ибтидоии “МНДРА” кумаки яквақтаинаи моддӣ расонида шуд.

ҒАМХОРӢ БА НИЁЗМАНДОН

Накуӣ, инсондӯстӣ, ҷавонмардӣ, раъиятпарварӣ ва ғамхорӣ ба ятимону барҷомондагон, шахсони яккаву танҳо аз ойини инсондӯстӣ аст ва аз фарҳанги ғаниву суннати азалии мардуми тоҷик ибтидо мегирад. Гузаштагони соҳибфарҳанги миллати тоҷик дар осори пурғановати хеш дасти ёрӣ ба эҳтиёҷмандонро аз ҷумлаи рисолати ҷавонмардӣ шумурдаанд. Бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва дар арафаи иди саиди Фитр бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ нафари маъюб, истиқоматкунандаи Ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳия Олим Шамсиев аёдат карда шуд.
Ҳафиза Сафар - раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ зимни суҳбат бо модари Олим Шамсиев иброз дошт, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон зикр карданд: “Мо бояд ҳамеша босабру таҳаммул бошем, ҳамдигарро дастгирӣ кунем, ба ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоат ғамхорӣ намоем, Ватанамонро сидқан дӯст дорем, фарзандонамонро дар ҳамин руҳия тарбия кунем...”.
Дар охир модари Олим Шамсиев барои иқдоми неки ҳизбиён миннатдорӣ баён карда, ин ҳама ғамхориро нисбат ба нафарони эҳтиёҷманд идомаи дастгириҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуд.

АМАЛҲОИ ИФРОТИРО МАҲКУМ МЕКУНЕМ!

Ба ифтихори 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар маркази ноҳия миёни сокинони касбу кори гуногун аксияи таблиғотӣ дар мавзӯи “Мо, ҷавонон амалҳои ифротгароӣ- террористиро маҳкум менамоем!” гузаронида шуд.
Дар аксияи ҳизбӣ кормандони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб, аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва волонтёрони ҳизбӣ иштирок карда, варақаҳои таблиғотиро ба сокинон дастрас карданд.

“РӮЗИ ЁДОВАРӢ” ДАР НОҲИЯИ ШАМСИДДИН ШОҲИН


Дар доираи амалиёти умумивилоятии “Рӯзи ёдоварӣ” дар ҳамоҳангии ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва сокинони деҳаву маҳаллаҳои ҳудуди ноҳияи Шамсиддин Шоҳин пайваста дар оромгоҳҳо корҳои ободонӣ ба роҳ монда шуда, гирду атрофи онҳо аз хасу хошок поккорӣ карда мешаванд.
Дар арафаи иди саиди Фитр дар доираи аксияи ҳизбии “Рӯзи ёдоварӣ” сокинони деҳаи Мирзоалии Ҷамоати деҳоти Саричашма ба ҳашари дастаҷамъона баромада, гирду атрофи оромгоҳи деҳаро бо симтур маҳкам ва барои сабзу хуррамгардонӣ бо истифода аз ҳавои мусоид беш аз 60 бех ниҳоли арча шинониданд.

Таҳияи Азамат Дӯстов

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: