Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ВА ПАҲНОИ ОН

ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ВА ПАҲНОИ ОН

17-04-2024, 11:21
Хабарро хонданд: 190 нафар
Назарҳо: 0
ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ВА ПАҲНОИ ОН

Бо шарофати истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти тамоми соҳаҳои ҳаётиҷомеа беш аз пеш рушд ёфта, робитаҳои милливу байналмилалӣтаҳким меёбанд. Давлати Тоҷикистони соҳибистиқлол маорифро ба соҳаи имтиёзнок табдил дода, ҳанӯз аз нахустин рӯзҳои барқарор гардиданаш ба масъалаи инкишоф додани равобити байналмилалии илму маориф диққати махсус медиҳад, зеро маориф заминаи тамоми пешравиҳост.
Аз ин ҷост, ки дар як муддати нисбатан кӯтоҳ дар кишвар муассисаҳои таълимӣ барои тарбияи насли наврасу ҷавонони соҳибмаълумот ва коршиносони ҷавобгӯйи замон хеле зиёд шуда, дар миқёси ҷаҳонӣ мақоми хоса касб мекунанд.
Маълум аст, ки ин ҳама бидуни маърифат, маданият, забон ва робитаи қавии байни давлатҳо наметавонад равнақи пайваста гирад.
Дар ҳамин раванд Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи интишори забони тоҷикӣ дар хориҷаз кишвар аҳаммияти махсус дода, ташаббусҳои ин соҳаро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд.
Бахусус ба туфайли дастгириву мусоидати давлати Тоҷикистон забони тоҷикӣ ҳоло дар чандин марказҳои тамаддуни муосир таълим дода мешавад ва рушд меёбад.
Маҳз даврони охир дар хориҷаи дуру наздик муассисаву марказҳои тоҷикшиносӣ таъсис ёфта, барои ҳарчӣ хубтар муаррифӣ кардани Тоҷикистон соҳибистиқлол нақши назаррас доранд.
Дар Федератсияи Россия низ чунин марказу бахшҳо таъсис ёфта, хуб амал менамоянд. Аз ҷумла, чандест, ки дар яке аз бонуфузтарин муассисаҳои таълимии Федератсияи Россия- Донишгоҳи давлатии забоншиносӣ(лингвистӣ)-и шаҳри Москва дар як гурӯҳи алоҳида бо забони тоҷикӣ забон ва фарҳанги тоҷик таълим дода мешавад, ки онро меваи истиқлол бояд донист.
30-юми апрели соли 2013 дар Донишгоҳи давлатии забоншиносии Москва (ДДЗМ) чун Созмони пойгоҳии забон ва фарҳанги Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилнахустин Маркази забон ва фарҳанги тоҷикии Россия дарҳои худро барои дӯстдорону ҳаводорони ин забону фарҳанги бостонӣ боз кардааст.
Марказ тибқи созишномаи ҳамкорӣ байни муассисаи таълимии федералии Донишгоҳи давлатии забоншиносии шаҳри Москва ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Ҳоло он босамар фаъолият бурда, дар кори тарғиби забон, адабиёт ва фарҳанги тоҷик саҳмгузорӣ мекунад.
Марказ бо китобхона муҷаҳҳаз аст, ки дар он толибилмон метавонанд адабиёти илмӣ ва бадеӣ, васоити таълим, маълумотномаҳо ва фарҳангу луғатҳои гуногунро пайдо намоянд, ки дар раванди омӯзиши забони тоҷикӣ кумак мекунанд.
Ҷолиби қайд аст, ки Марказ бо усулу таровати миллӣ оро дода шуда, ҷанбаи этнографӣ низ дорад. Дар ин ҷо ашёи рӯзгори тоҷикон, либосҳои миллӣ, либосҳоимаҳалҳои гуногуни ҷумҳурӣ, асбобҳои мусиқӣ, аз қабили дутор, доира ва таблакро дидан мумкин аст, ки табъи гарми миллӣ ба вуҷуд меоваранд. Дар низомномаи Марказ чунин самтҳои асосии фаъолияти оннишон дода шудаанд:
- ба толибилмони рус таълим додани забони тоҷикӣ, шиносоӣ бо таърих, маданият, урфу одат ва анъанаҳои халқи тоҷик; таҳияи маводҳои таълим ва дастурҳои таълимӣ; оммавӣ гардонидани забон ва фарҳанги тоҷикӣ; таҳкими робитаҳои фарҳангӣ, эҷодӣ, маънавӣ, робитаҳо дар соҳаи маориф байни Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ва ғайра.
Бо мақсади муҳайё гардонидани муҳити амалии омӯзиши забон зуд-зуд ташкил намудани вохӯриҳо бо ходимони намоёни илму фарҳанг, дипломатия, варзиш ва саноату зироати Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле хуб ба роҳ монда шудааст.
Директори Марказ ва омӯзгоризабони тоҷикӣ, номзади илмҳои таърих, дотсент СайёраАшрафова чун педагоги соҳибтаҷриба, роҳбари кордону дурбин ва мураббии байналмилал ба дастпарварони худ нозукиҳои забони модарӣ, хусусиятҳои забони давлатӣ ва мақоми байналмилалии он, таъриху тамаддуни тоҷикон, дастовардҳои имрӯзаи ононро омӯзонида, дар зеҳни шогирдон руҳияи тоҷикдӯстӣ, башардӯстӣ ва ҳамзистии мусолиматомезро тарбия менамояд.
Ҳамчунин, тибқи созишномаи дуҷониба донишҷӯёне, ки забони тоҷикиро меомӯзанд, дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҷрибаомӯзӣ ва таҷрибаҳои забонӣ мегузаранд.
Дар натиҷаи кӯшишу ғайрати бисёри босамар хатмкардагони он мутахассисони баландихтисос мешаванд, ки соҳибдониш буда, озодона бо ду-се забони хориҷӣ (тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ё олмонӣ) сухан мегӯянд, ки ин бартарии иловагии дастпарварон дар бозори меҳнати дохилӣ ва хориҷӣ мебошад.
Боиси ифтихор аст, ки имрӯзҳо аллакай дастпарварони Марказ дар соҳаҳои гуногун кору фаъолият мекунанд ва ин ифтихори донишгоҳ аст. Тамоюли мусбати дигар ин аст, ки чанде аз хатмкардагони он дар донишгоҳи худ ҳамчун омӯзгориҷавон ифои вазифа доранд. Масалан, соли 2021 Анастасия Белоногова пас аз анҷоми таҳсил дар донишгоҳ ба сифати омӯзгори забони тоҷикӣ ба фаъолият оғоз карда, ин фанро бо диди нав таълим медиҳад.
Дар Марказ бо мақсади оммавӣ гардонидани забон ва фарҳанги тоҷикӣ дар байни донишҷӯёни донишгоҳи мазкур чорабиниҳои маърифатӣ- тарбиявӣ баргузор мегарданд, ки иштирокчиён ва меҳмонони он намояндагони ниҳоди дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия -сафирони фавқулода ва мухтор, мушовирон, вазирон ва намояндагони зиёии эҷодкор мебошанд.
Донишҷӯёне, ки забони тоҷикиро меомӯзанд, иштирокчиёни доимии конфронсҳои илмии умумироссиягӣ ва байналмилалӣ, семинарҳо, мизҳои мудаввар, форумҳо ва фестивалҳо мебошанд, ки ҳам дар донишгоҳ ва ҳам дар кишварҳои узви ИДМнамояндагӣ мекунанд.
Ҳамасола Марказро 10-15 нафар хатм карда, дар ниҳоди мухталиф бо забони тоҷикӣ ба меҳнату заҳмати бунёдкорона шуғл меварзанд.
Бо мақсади ба роҳ мондани фаъолияти фарох ва дар айни замон мушаххас дар донишгоҳ аз соли 2018 инҷониб кафедраи забонҳо ва фарҳангҳои кишварҳоиузви ИДМва хориҷи наздик амал менамояд ва таълими забони тоҷикӣ низ бар дӯши он аст. Дар натиҷа муносибатҳои гуманитарии байналмилаливу таълими забонҳо ва фарҳангҳои кишварҳои узви ИДМва мамоликиҳамсоя рушду таҳким ёфтааст.
Кафедра ба ҳайати Раёсати Ташкилоти асосии забон ва фарҳанги кишварҳои узви ИДМшомил аст.
Фаъолияти онро муассисаи появии забон ва фарҳанги мамлакатҳои узви ИДМ(директори он профессор Вячеслав Конев) парасторӣ менамояд ва ба таъриху забони тоҷикӣ таваҷҷуҳи хоса дорад.
Дар кафедра омӯзгорони баландихтисос, аз ҷумла устодони даъватии мамлакатҳоиузвиИДМва кишварҳои ҳамсоя кор мекунанд.
Дар кафедра забони давлатии 8 кишвар, аз ҷумла озарбойҷонӣ, арманӣ, гурҷӣ, қазоқӣ, қирғизӣ, тоҷикӣ, узбекӣ ва украинӣ таълим дода мешавад. Таълими забонҳои гурҷӣ ва руминӣ низ дар ихтиёри он аст.
Хатмкунандагони бакалавриатоид ба забон маълумоти бунёдӣ(фундаменталӣ) мегиранд, ки ба онҳо имкон медиҳад, таҳсили магистриро бо забонҳои кишварҳои узви ИДМ дар донишгоҳҳои Россия ва муассисаҳои таълимии хориҷа идома диҳанд.
Дарсҳо аз фанни забонҳои мазкурҳафтае то 16 соат дар марказҳои забонҳо ва фарҳангҳои кишварҳои ИДМ, аз ҷумла тоҷикӣ бо истифода аз технологияҳои муосири чандрасонаӣ баргузор мегарданд.
Зимни таълим ба муоширати шифоҳӣ аҳаммияти махсус дода мешавад.
Ҳайати гурӯҳи забоншиносӣ бо дарназардошти самти таълими донишҷӯён ташкил карда шудааст ва шаклу усулҳои муосири навоваронаи таълим истифода мегардад.
Дарсҳоро омӯзгорони моҳир - забоншиносони дорои таҷрибаи ғании донишгоҳ ва омӯзгорони даъватшуда аз донишгоҳҳои шарики кишварҳои узви ИДМ мегузаронанд, ки муаллифи ин сатрҳо яке аз онҳост.
Кафедра барои донишҷӯён бо забонҳои таълимӣ китобҳои дарсӣ, васоити таълим ва методӣ, маҷмуаҳои таълимию методӣ таҳия ва нашр кардааст.
Илова бар ин, барои таблиғ ва ғанӣ гардонидани забон ва фарҳанги кишварҳои узаи ИДМ корҳо ва хонишҳои беруназсинфии ҳамарӯза(на камтар аз 4 соат ҳар рӯз, илова ба дарсҳои ҷадвалӣ) гузаронида мешаванд, ки ин навъе аз кори мустакилона мебошад.
Дар барнома намояндагони адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик дар асоси барномаи мактабҳоиҳамагонии Тоҷикистон ворид карда шудааст ва шогирдон аз он огоҳии хуб доранд.
Омӯзгорон ва донишҷӯёне, ки забонҳои кишварҳоиузвиИДМва кишварҳои ҳамсояро меомӯзанд, дар чорабиниҳои байналмилалӣ, ки аз ҷониби донишгоҳ дар сомонаҳоиинтернетиидонишгоҳҳои шарики ИДМ ташкил карда мешаванд, фаъолона ширкат меварзанд.
Тибқи қарори Шурои олимони Донишгоҳи давлатии забоншиносии Москва, соли 1998 Маркази илмӣ-таълимии забонҳо ва фарҳанги Авруосиёи Шимолӣ (ИДМ ва Балтика) таъсис дода шуда буд.
Моҳи майи соли 2003 он ба Маркази забон ва фарҳанги кишварҳои узви ИттиҳодиДавлатҳоиМустақилтабдил дода шуд.
Дар соли 2018 дар заминаи он Раёсати Ташкилоти появии забон ва фарҳанги кишварҳои узви ИДМ таъсис ёфт ва ҳоло дар амал аст.
Бинову синфхонаҳои таълимгоҳ бо навтарин техникаҳо муҷаҳҳаз мебошанд. Дар факултетҳо ва марказу бахшҳои онҳо тибқи нақшаҳои таълимӣ бо дарназардошти талаботи касбӣ дар муддати муайян таълими барномавии забонҳотаъмин карда мешавад.
Раёсат, ҳамчунин, вазифаҳои зеринро ба иҷро мерасонад: мубодилаи маълумот оид ба усулҳои муосири таълими забонҳои ИДМ; таҳия ва татбиқи курсҳои интенсивӣ, инчунин курсҳои омӯзиши фосилавии забонҳо; ташкил ва гузаронидани вохӯриҳо бо чеҳраҳои маъруфи давлатҳои аъзои ИДМ дар соҳаи маориф, фарҳанг ва илм; ташкили намоиши филмҳои илмӣ, ҳуҷҷатӣ ва бадеӣ бо муҳокимаю таҳлили онҳо; мусоидат ба рушди фаъолияти байналмилалӣ ва таҳкими обрӯи Раёсат ва донишгоҳ дар кишварҳои фарогир; рушд ва густариши ҳамкорӣ бо ташкилотҳои таълимии кишварҳои узви ИДМ; ташкил ва гузаронидани конфронсҳои илмии байналмилалӣ, симпозиумҳо, семинарҳо, олимпиадаҳо, озмунҳо, шабҳои мавзӯӣ оид ба донистани забон ва фарҳанги кишварҳои дахлдор, таърихи давлатҳои аъзои ИДМ; ширкат дар таҳияи бюллетенҳо ва буклетҳои марказҳои Ташкилоти асосии забон ва фарҳанги давлатҳои аъзои ИДМ ва донишгоҳ; ширкат дар конфронсҳои илмӣ, ки аз ҷониби ташкилотҳои Федератсияи Россия ва давлатҳои аъзои ИДМ гузаронида мешаванд; таъмини ҳамкорӣ ва робита бо сафоратхонаҳои кишварҳои ИДМ дар шаҳриМосква.
Марказҳо, аз ҷумла маркази забони тоҷикӣ, дар байни русҳо дар бораи дастовардҳои кишварҳои ИДМ дар соҳаи маориф, илм ва фарҳанг чорабиниҳои фаъоли маърифатӣбаргухор менамоянд.
Дар бобати омӯхтани забонҳо низ дар давоми соли хониш тадбирҳои маърифатӣ ва мубодилаи таҷриба сурат мегиранд.
Ҳоло дар донишгоҳ 10 забон (арманӣ, гурҷӣ, қазоқӣ, қирғизӣ, руминӣ, русӣ, озарбойҷонӣ, тоҷикӣ, туркманӣ, украинӣ, узбекӣ) аз рӯйи 18 барномаи интенсивӣ таълим дода мешавад.
Кафедра таълими фанҳои амаливу назариявӣ ва ҳама намудҳои тарҷумаро ба забонҳои номбаршуда дар гурӯҳҳои факултети тарҷумонӣ, факултаи муносибатҳои байналмилалӣ ва ҷомеашиносӣ таъмин мекунад.
Дастпарварони Донишгоҳи давлатии забоншиносии Москва, ки як ё чанд забони кишварҳоиузвиИттиҳодиДавлатҳоиМустақилро медонанд, дар 16 муассиса, аз ҷумла сохтори давлативу қудратӣ, сафоратхонаҳо, мактабҳои олӣ ва муассисаҳои дигари Россияву кишварҳоиузвиИДМ ба ҳайси коршинос, тарҷумон ва омӯзгор талабгори рӯзафзун доранд.
Зурур аст, ки коршиносони соҳа бо чунин муассисаҳову марказҳо робитаи хуб барқарор намуда, баҳри ҳарчӣ бештару беҳтар татбиқ кардани бандҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони лавлатӣ» ва қарорҳои Ҳукумати мамлакат оид ба таҳким бахшидани робитаи байнидавлатӣ саҳмгузорӣ намоянд.

Туғрал ШОКИРОВ,
доктори илмҳои филологӣ, профессорикафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон



Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: