Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj

ПАРАСТУ

26-02-2024, 09:56
Хабарро хонданд: 1185 нафар
Назарҳо: 0
ПАРАСТУ
Аз эҷоди ҳамкорон





(Ҳикоя)

Чодари абр чеҳраи офтобро пӯшонидааст. Аз нолаи гургонаи бод шоху навдаҳои дарахтон ларзида, баргҳо чун шапалакҳо ҳар сӯ дар парвозанд. Ҳаво ғуборолуд. Боридани борон аз эҳтимол дур нест.
Ин ҳолати табиат табъи бе ин ҳам хираи Раҳим Халилӣ-мудири шуъбаи рузномаи «Оҳанги зиндагӣ»-ро хиратар кардааст. Вай дар як гӯшаи хилвати боғ рӯйи харак нишаста, омадани Дилошӯбро интизор аст, зеро парастуи ишқи ин зан дар гӯшаи айвони дилаш лона гузоштааст.
Мисли он ки замони бачагиаш дар деҳа дар сақфи долони хонаашон парастуҳо бо заҳмати зиёд лона мегузоштанду аввал тухм, баъд ҷӯҷа мебароварданд. Ҳар боре онҳо барои чӯҷаҳояшон обу дона меоварданд, фазои хонаро садои хушҳолии парандаҳои навзод пур мекард. Чун мавсими гармо мегузашту чӯҷаҳо парвозӣ мешуданд, рахти сафар мебастанд. Ӯ намехост, лонаи он ҷуфти зебо вайрон шавад. Бовар дошт, баҳор бармегарданд ва дар лонаи тайёр зиндагиро идома медиҳанд. Хотираҳои кӯдакии Халилӣ хушҳолкунандаанд. Ҳамеша бо некӣ ёд мекунад он давронро.
Ӯ акнун дарк намуд, ки чаро Дилошӯбро гоҳо «парастуи ман» мегӯяд. Эҳсос мекард, ки ин ҳарфи саршор аз меҳр аз қаъри дилаш берун меояд.
Халилӣ ҳарчанд дар хараки зери дарахти куҳан нишаста, ба роҳи Дилошӯб чашм дӯхтааст, аммо мурғи хаёлаш дар фазои хотира пару бол мезанад…
Як рӯзи баҳор духтаре вориди ҳуҷраи кориаш шуд. Лаҳни ширин, қаду басти зебо, чеҳраи гарм, рафтори муаддабонаи ӯ бо як нигоҳ дилашро бурд. Духтар худро Дилошӯб Раҳимзода, корманди китобхонаи шаҳрӣ муаррифӣ карда, гуфт, ки матлабе овардааст. Халилӣ ваъда дод, ки фурсат ёфта, навиштаашро мехонад ва хулосаашро мегӯяд. Бо ҳамин рақами телефони ҳамдигарро ёддошт карданду хайрбод гуфтанд.
Дилошӯб хостааст ба ифтихори фарорасии соли нави хониш барои муаллимаи азизаш «сюрприз» кунад. Ӯ дар ситоиши ин зани отифа меҳрномае навишта, дар баробари тавсифи устодаш, аз нокомии даврони кӯдакию ҷабри сарнавишт ҳикоят кардааст, ки басо муассир аст: «…Вақте ки ба синфи якуми дабистон рафтам, модарам муаллимаи аввалинам буд. Дар қатори ҳамсолон аз лутфу меҳрубониҳои модар пару бол мебаровардам. Мехостам парандае шаваму дар самои орзуҳо парвоз кунам. Аммо тақдир ба ман бераҳмӣ кард. Соле, ки ба синфи сеюм мегузаштам, як моҳ пеш аз оғози таҳсил модарам низ мисли падар маро ба таври доимӣ тарк гуфт…».
«…Рӯзи аввали хониш сарвари таълимгоҳ ному насаби муаллимаи нав бамактабомадаро гирифта, гуфт, ки «акнун ӯ роҳбари синфи шумо аст. Агар нағз хонед, фардо чун инсонҳои неку донишманд, дар ҷомеа соҳибэҳтиром мешаваед, - навиштааст дар идома Дилошӯб.- Ҳар гоҳе ба синф медаромадам, ба ҷои модарам муаллимаи навро дида, хориам меомад, дарун ба дарун месӯхтам. Аҳволамро муаллима магар дарк намуд, ки як рӯз пас аз дарс маро нигаҳ дошт. Бо лутфу меҳрубонӣ сарамро сила карда, аз рухсораам бӯсид. Дар ҳоле, ки овозаш меларзид, ин ҳарфҳоро ба забон овард: «Дилошӯб, зиқ нашав, аз ин ба баъд ман модари ту ҳастаму ту духтари ман». Ҳар ду дар оғӯши ҳам ашк рехтем. Ҳарчанд ин ҳолро қабул надоштам, вале оҳиста-оҳиста ба муаллима дил бастам. Солҳои мактабиам бо ёди падару модар чун хобу хаёл гузаштанд. Баъди хатми мактаб орзуи дар донишгоҳ хондан доштам. Аммо маблағи таҳсил монеи роҳам мешуд. Азбаски аз мадди назари муаллима дур набудам, бо роҳнамоии он кас сазовори номи донишҷӯ шудам. Санаде, ки аз сар рафтани падару модарамро тасдиқ мекард, имкон дод, ки аз пардохти маблағи таҳсил озод бошам»…
Баъд аз чанд рӯз Халилӣ хушхабарро ба Дилошӯб расонд. Дилошӯб хурсанд шуд, ки навиштааш зуд дар газета нашр шудааст.
Шиносоии онҳо ҳамин гуна сурат гирифт. Суҳбатҳои телефонӣ ва гоҳе дидори рӯ ба рӯ ҳамдигарро наздиктар мекарданд. Ба ҳадде, ки агар як рӯз Халилӣ занг намезад, Дилошӯб паёмак фиристода, изҳори ташвиш мекард ва ё баръакс. Дар паёмакҳои телефонӣ андешаашонро бо пораҳои шеърӣ тақвият мебахшиданд. Рӯзҳоро хушу гуворо мегузарониданд, бо суҳбату ҳамнишинӣ. Дили ҳар ду ба ҳам кашол. Аммо…
Халилӣ ҳис мекард, ки Дилошӯби ҷавони дар печутоби зиндагӣ дармонда. муҳтоҷи навозишу меҳрубонӣ аст, аммо ҳамеша фосиларо нигаҳ медошт. Ҳам дар вақти тамошои гулгашту хиёбонҳои шаҳр ва ҳам аснои ба консерту театр рафтан.
Рӯзҳо ба ҳамин минвол паси сар мешуданд. Боре дар гулгаште сайр доштанд. Нигоҳи Дилошӯб ба духтарчае афтод, ки худро аз дасти модар раҳо карда, ба сӯи гулҳои шукуфон медавид. Ба «начин» гуфтани модар эътибор надода, гулеро канда, зуд баргашту сӯи модар дароз кард.
Дилошӯб аз ин рафтори кӯдак завқида, ба Халилӣ нигарист ва бо хушҳолӣ лаб кушод, ки орзуи доштани чунин духтарчаро дорад. Вале беихтиёр мақоли «Мо дар чӣ хаёлему фалак дар чӣ хаёл» ба ёдаш расиду аз гуфтааш пушаймон шуд. Ҳарчанд дар дили Халилӣ шарораи ишқ рӯшантар мешуду ба умқи андеша фурӯ мерафт, аз ноилоҷӣ забон мехоид.
Чи боис шуд, ки онҳо чанд рӯзи охир имкон наёфтанд, то аз аҳволи ҳамдигар пурсон шаванд. Халилӣ гилаи Дилошӯб «Рӯзҳои охир таваҷҷуҳи Шумо ба ман кам шудааст» - ро аз телефон хонда, зуд посух навишт: «Туро на танҳо ёд мекунам, балки ҷойгоҳат дилу дидаи ман аст». Аммо ба навиштаи ӯ аз он сӯ ба зудӣ ҷавоб наомад. Ниҳоят, Халилӣ бетоқатона, нимшӯхӣ навишт: «Медонам, Шумо серкор, вақт надоред», вале аз посухи Дилошӯб «Бале, дар тараддуди тӯй ҳастам», вуҷудаш сӯхт, дилаш ба дард омад, пару болаш гӯё рехт.
Бо алам телефонро як сӯ гузошт, вале занги дуюмбора маҷбураш кард, ки онро ба даст гирад ва рӯйи табло чеҳраи Дилошӯбро дид:
- Дар бозор будам, - ҷиҳози харидкардаи арӯсиашро нишон дода, бо лабханд гуфт ӯ, - акнун аз шаҳр кӯч мебандам, ба як деҳаи дур. Аммо пасфардо мехоҳам Шуморо бубинам…

Халилӣ аз интизорӣ магар бетоқат шуд, ки аз ҷой бархоста ба атроф назар кард. Аз Дилошӯб ҳанӯз дарак нест. Бетоқатона боз рӯйи харак нишаста, телефонро ба даст гирифту чашм ба навиштаҳои пешини Дилошӯб дӯхт: «Бо ҷавони ҳавобаланд, худхоҳ, сабукандеш ва дағалгуфтор чӣ гуна оила сохтан мумкин? Мехоҳам, ҳамсафари ҳаётиам марди донишманд, хушахлоқу меҳрубон бошад. Ин бароям ҳам бахт асту ҳам тахт…».
Андешаманд нигоҳашро аз телефон бардошт ва ҳамин дам аз дур Дилошӯбро дид. Ҳарчанд хабари тӯй ғамгинаш карда буд. Ба истиқболи ӯ аз ҷой бархост. «Аҷаб не, ки хешони падариаш боз бо тақдири духтар бозӣ доранд. Як бор саросема, бе розигии ӯ ба шавҳар доданд. Аммо домод, ки муносибаш набуд, шаби аввал фирор кард. Ба амри хешовандон сар нафаровард, ба хонаи шавҳар дигар барнагашт. Ӯ шод буд, ки дар ин савдо номусашро ҳифз кардааст. Ҳарчанд дар хонаи падарӣ барои хешовандон “бегонаю дарди сар” шуда буд. Бинобар ин, ҷиддӣ азм намуд, ки кор пайдо мекунаду бахташро меёбад... Агар чунин намебуд, чанд рӯз пеш бо Дилошӯб вохӯрд, аммо дар хусуси тӯй ҳарфе нашунид”, аз дил гузаронд Халилӣ.
Баробари наздик шудан Дилошӯб худро бо оғӯши Халилӣ партофт. Сарашро гунаҳкорона дар китфи ӯ гузошт. Халилӣ пайкари нозуки Дилошӯбро дар даври дастонаш мефишурд. Пешобағали дамидаи духтар ин ҳангом ба бадани ӯ молиш хӯрда, эҳсоси гувороеро ба вуҷуд меовард. Дар ҳоле, ки тапиши дили духтарро баръало мешунид, аз рухсораи Дилошӯб бӯсида, хомӯширо барҳам зад:
- Эҳсос мекунам, дили софу бекинаат дар гирдоби орзуҳо ранҷ мекашад. Бисёр мехостам ангуштарии меҳрамро дар ангуштат гузорам. Аммо истиҳола кардам, ки дар мо қонунгузорӣ ба бисёрҳамсарӣ иҷоза намедиҳад.
- Илоҷи ҳар кор ёфт мешавад, агар дил хоҳад. Дер кардед. Умедвор будам, ки бо шумо дар як болин сар мемонам. Бо орзуҳои зиёд ба дидор меомадам. Талош кардам, ки донаҳои муҳаббатам дар замири шумо сабз мешавад, аммо пуч баромаданд. Акнун интихобам дигар шуд. Баъди ду рӯз тӯй. Бо вуҷуди ташвиши зиёд ба ҳурмати муҳаббатам барои дидани шумо фурсат ёфтам. Дар издивоҷи аввал бахт ба рӯям нахандид. Намехоҳам дигар таънашунав бошаму бори миннати дигаронро кашам. Аз ин ба баъд барои зиндагии хубу гуворо талош мекунам. Дар ҳақам дуогӯ бошед, то хушбахту хонаобод шавам.
- Ҳамеша дуогӯят ҳастам, саодати зиндагиро бубинӣ. Ҳамвора ба некӣ ёдат мекунам. Маро низ аз гӯшаи хотират берун накун. Ҳар гоҳе пойтахт омадӣ, аз худ дарак деҳ.
- Не, дидори мо баъд аз ин имкон надорад. Роҳи ман акнун дигар аст.
Дилошӯб худро аз оғӯши Халилӣ раҳо кард. Халилӣ лаҳзае ҳайрон ба Дилошӯб нигарист, гӯё чизе ба хотираш расиду даст ба ҷайбаш бурда, бастаи маошашро, ки дирӯз гирифта буд, баровард, «ин тӯёнаи ман аст», гӯён сӯйи ӯ дароз кард. Дилошӯб бо ишораи «намегирам» сар ҷунбонд. Аммо Халилӣ исрор варзид, ки тӯёнаро намегардонанд ва пулро ба халтачаи дасти Дилошӯб андохт.
- Ин хел бошад, ман ҳам бароятон туҳфае дорам, - гӯён Дилошӯб қадам пеш гузошту аз лабони Халилӣ бӯсид. Онҳо чанд лаҳза дар оғӯши ҳам истода, хомӯшона ба чеҳраи якдигар нигоҳ карданд.
- Мехоҳам хушбахт шавам, - дар ҳоле Дилошӯб ин ҳарфҳоро ба забон овард, ки аз Халилӣ фосила гирифта буду қатраҳои ашк дар мижгонҳояш ҳалқа мезад ва осемасар ба роҳи омадааш пас гашт. Суханони охири Дилошӯб вуҷуди Халилиро такон дод. Вай ҳис кард, ки ганҷи бебаҳоеро аз даст додааст.
Халилии дилбохта, акнун бо нигоҳ ӯро мегуселонид ва ба ҳақиқати андешаи дар куҷое хондааш - «тиҳидастӣ ба нокомӣ мебарад», сарфаҳм мерафт.
Дарди ишқ магар пакараш кард, ки аз нав болои харак такя зад ва бо ҳасрат ба осмон нигарист. Селаи парастуҳоро дид, ки ба кишварҳои гарм кӯч мебастанд.
Алӣ ҶӮРА
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: