БАРОИ ЗИНДАГӢ ДУШАНБЕ МЕРАВАМ26-02-2024, 09:42
Хабарро хонданд: 270 нафар
Назарҳо: 0
(Достони онҳое, ки Тоҷикистонро интихоб мекунанд) Директори Институти Иттиҳоди иқтисодииАврупову Осиё Владимир Лепехин чунин мешуморад, ки дар айни ҳолТоҷикистон ба сатҳи нави рушд расидааст. Ҳоло дигар барои мантаронаи машҳури "I'll go to live in London" (“Ман барои зистан Лондон меравам”) дигар маъно ва аҳамияте надорад. Махсусан, дар чанд рӯзи охир дар сарам ин андеша чарх мезанад: «Вақте ба нафақа мебароям, барои зиндагӣ албатта,ба Душанбе меравам». Зеро яке аз дӯстони ман, ки аз муқовимат бо сахтиҳоизиндагӣдар Москва хаста шудааст (ӯ бо нафақаи дотсентиДонишгоҳи давлатии Москва ҳатто дар пардохти ҳаққи манзил ва хароҷотикоммуналӣ душворӣмекашад), манзили худро дар пойтахти Русия барои як сол ба афроди иҷоранишин гузошта, худ на ба кадом як кишвари Аврупо ва ҳатто на ба Гоа- иёлати Ҳиндустон, балки ба Душанбе - пойтахти Тоҷикистон барои зисту дамгирӣкӯчидааст. "Мехоҳам каме шифо ёбам. Ин ҷо гарм аст, меваҷот, оби тоза ва шароити муносиб барои тарзи ҳаёти солим дорад. Нафақаи ман ҳатто барои ҳар рӯзхӯроки шом хӯрдандар ошхонаю қаҳвахонаҳояшмерасад." Дарвоқеъ, онҳое, ки бори аввал ё пас аз танаффуси дарозмуддат ва махсусан дар нимаи дуюми моҳи май ба Тоҷикистон меоянд, камаш аз ду ҳолатҳаловат мебаранд: якум, аз як Душанбеи ғарқи гул, ки гул-гулзорҳои бисёр дорад, сониян, аз биноҳои наву хуштарҳибисёре, кисолҳоиохир бо меъмории дилкаш сохта шудаанд. Душанбе ин Остона - пойтахти Қазоқистон нест, ки дарҳол бо биноҳои инноватсионии худ, ки дорои гумбазҳои кабуд ва бе гумбаз ҳастанд, касро тасхир кунад. На. Душанбе як меъмории дигари хотирмон дорад, ки бо омезиши услуби омехтаи сохтмонҳоиқадимивузамонавиаш аз сохтори меъмории дар ҷомеаиАвруосиё бартариятдошта фарқ мекунад. Дар кӯшку қасрҳои нав, ки дар саросари пойтахти Тоҷикистон зиёд бунёд шудаанд, мисли дигар кишварҳои Осиёи Марказ, ҳатман як муассисаи давлатӣ, меҳмонхона ё маркази тиҷоратӣҷойгир нест, аммо дар ҳар кадоме аз онҳотолори варзишӣ, бозор ё ҳатто ошхонаро дидан мумкин аст. Биноҳои навибаландошёна (онҳоро номбар намекунам, акси чунин биноҳоро дар роҳнамое, ки барои сайёҳон ва меҳмонон таҳияшудааст, метавондид) дар байни сохтмонҳои биноҳои таърихии аз даврони Шуравӣ меросмонда ва ҳаттопешаз Шуравӣқадафрохтава дар баробари биноҳои нав қариб ҳамаион мероси қадимӣ низ таъмиру ба тартиб оварда шудааст. Дар Душанбе издиҳоми мардум (асосан занони миёнасол ва солхӯрда) ба тоза кардану ба тартиб овардани гулзорҳо машғуланд. Ман ҳатто дар бораи боғу гулгаштҳои бошукӯҳи ин шаҳрва кӯчаҳоибарҳавои маркази он, ки бо шохаҳои ба тоҷ монанди васеи чинорҳои куҳансол пӯшида шудаанду дар гармои тобистон ҳаворо кондинсионерҳоитабиӣсалқин нигоҳ медоранд, гап намезанам.Зеро, инро ҳар кас худ бояд бубинад ва тароваташро эҳсос намояд. Ҳамзамон бо ин, шаҳр дорои бисёр фаввораҳо, ҳавзҳо, таҷҳизотиравшаннамоии шабона ва кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣмебошад, ки ба назар ин ҳама шукӯҳу шаҳоматирӯз ба рӯзафзояндаи шаҳрро нигаҳбонӣ мекунанд. Хусусияти дигари Душанбе эҳтироми шаҳрвандон ба Парчами давлатӣ аст. Дар ин ҷо яке аз баландтарин сутунҳои Парчами миллӣдар чаҳон гузошта шудааст. Дар саросари пойтахт рамзҳои серангаи хурду калон овехта шудаанд, ки аз мавҷудияти ирода ва масъулиятидавлат дар ҳифзи суботу оромии ҷумҳурӣ гувоҳӣ медиҳанд. Чунонки дар кӯчаҳои шаҳр фаровон будани буттаҳои садбарг нишонаи мавҷудияти чашми мушоҳидакори як роҳбарисоҳибихтиёр ва сахтгир дар пойтахт мебошад. Ба ибораи дигар, Душанбе як нусхаи намунавии вориси сохтори ҳаёти шаҳри замони Шуравӣ аст, ки дар баробари дигаргуниҳои хубу пурарзиши хоси даврони муосир, боз ҳамбо фурӯшгоҳубозорҳои аз анвои гуногун ғанӣ ва қудратмандишарқӣлабрезаш ҷойгоҳи барҷастава муҳимро ишғол мекунад. Симои пойтахтиТоҷикистонба чунин андешаи барғалат ва аз воқеиятдурииддаеазмардумишаҳрнишин, масалан, москвагиҳо, ки ба пиндорашон, ин яккишваридурдастикӯҳистоние аст, кишаҳрвандонашба ҳадде камбизоат ҳастанд, кимаҷбурандҳаттодариҷроикорҳоипастдар вилояти Москваи Русиямашғуланд, мувофиқатнамекунад.Зеро, воқеият ин аст, ки Тоҷикистон босуръат рушд мекунад. Мушоҳидаи дигарам он аст, ки дар ҷумҳурӣпул кам аст, яъне, дар соҳаи истеҳсолот ва фароҳамоварииҷойҳоикор хеле кам будани маблағгузорӣ ба назар мерасад. Дар ин ҷо метавонам дар бораи нақши марговари Бонки ҷаҳонӣ ва дигар созмонҳои ғарбӣ барои тамоми фазои пасошуравӣ, ки ба фишори воқеии иқтисоди кишварҳои пасошуравӣ машғуланд, таваҷҷуҳ кунам, аммо ин мавзуъро барои баҳси дигар гузошта, танҳо мегӯям, ки Тоҷикистон бар асоси он чӣ мушоҳида кардам, дар як шароити душвор рӯ ба тараққӣ оварда, ин раванд беш аз пеш тавсеа меёбад. Душанбе аз рӯйи намуди зоҳирии худ, эҳтимолан пас аз пойтахти як кишвари дигари ИттиҳодиДавлатҳоиМустақил- Минск дуюм аст, ҳарчанд ки он шаҳр солҳоиохир чеҳраи хоси миллии худро гум мекунад. Суоли оқилонае ба миён меояд: кишваре, ки захираҳои назарраси карбогидрид надорад, аз ҷониби сармоягузорони хориҷӣ вайрон нашудааст ва умуман, дар канори Авруосиё - дар ҳамсоягии Афғонистони даҳсолаҳо гирифтори нооромиву кашмакашиҳои сиёсиву низомӣҷойгир аст, чӣ гуна тавонист наҷот ёбад, воридотро коҳиш диҳад ва ҳаҷми содиротро, аз ҷумла ба Русия афзоиш диҳад? Бесабаб нест, ки дар моҳи январ бархе аз нашрияҳои Русия бо рамз Тоҷикистонро “бабри нави осиёӣ” номиданд. Омилҳо бисёранд, ман фақат асосиашро номбар мекунам - меҳнати ҳалолу рӯҳияипурҷӯшу хурӯши деҳқонони тоҷик, ки бо заҳмати худ дар қитъаҳоиначандон калони заминҳояшонтамоми хоҷагии халқро аз ҳолати анъанавии кишоварзӣбароварда,ба равандҳои муосир пайванд карда истодаанд. Ба ман муяссар шуд, ки бо як одами аҷоиб -муовини вазири кишоварзии ҷумҳурӣҶамила Саидова - собиқ агроном, ҳоло шахсияти машҳур, олим ва ходими давлатӣ шинос шавам. Ӯ медонад дар Тоҷикистончӣқадар ҳосилилиму, ангур, гелос, харбуза, маҳсулоти полезӣ, пахта ва ғайра парвариш ва ҷамъоварӣ мешавад. Баъд аз суҳбатбо ин бонуи кордон чунин таассурот пайдо кардам, ки Ҷамила Самадовна қарибҳар кадоми 180 ҳазор хонаводаи деҳоти Тоҷикистонро мешиносад ва аксарияти ҳамкасбони ӯ онҳое мебошанд, ки имрӯз дар соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣкор мекунанд, низ бо одамону сарзамини худ ҳамин гуна муносибат мекунанд. - Мо нақшаистратегии афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро дорем, - мегӯяд ӯ,-агар имкони харидани техника ва таҷҳизоти зарурӣ медоштем, иҷрои онро тезонда метавонистем. ИмрӯзҶумҳурииБеларус ба мо барои фиристодани тракторҳо барои ин соҳадар бахши тавсеаи зироаткорӣ ёрии калон мерасонад. Ҷиҳати васеъ кардани заминҳоикиштваафзоишизаминҳоикиштҳоломосармоягузоронроазРусияинтизорҳастем. Бамотухмиихушсифатваанборҳоияхдондорлозимаст, боядширкатҳоимуштаракилизингӣтаъсисдода, корхонаҳоикоркардимаҳсулотикишоварзӣбунёдкунем. Ин андешаҳо дар ҳолебаёнмешаванд, киҳоло дар Тоҷикистон бештари мардум ба Русия умед бастаанд. Аз ҷумла, сода кардани иҷроирасмиёти гумрукӣ ва кам кардани монеаҳо аз роҳи фиристодани маҳсулоти ғизоӣ,пеш аз ҳама, маҳсулотидастранҷикишоварзонитоҷикба бозорҳои Русия аз дархосту умедвориҳои мақомотитоҷикаст. Аз рӯйимушоҳидаҳои ман, дар ин кишвар ҷонибдорони роҳи “аврупоӣ”-и рушд каманд ва дар Душанбе аз сатҳиҳамкорӣ бо Чини ҳамсояқаноатмандҳастанд. Ҷамила Саидова мегӯяд: "Мо омодаем, ки мизони содироти маҳсулотамонро ба Чин дар ҳар миқдори дилхоҳтаъмин кунем, аммо кишоварзон чун медонанд, ки соҳибкорони чинӣ ба замин чӣ гуна беэҳтиётона муносибат мекунанд, онҳо мухолифи фурӯши замини худ ва ҳатто барои иҷораи дарозмуддати он ба чиниҳоҳастанд." Афзалияти Душанбе имрӯз рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва дигар ҳамкориҳо бо кишварҳои ИттиҳодиАврупова пеш аз ҳама, бо Русия мебошад. Танҳо дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои Русия Тоҷикистон метавонад ба як кишвари содиркунанда дар самти ҷануб - барои Покистону Афғонистони ҳамсоя табдил ёбад. Ин аст, ки дар Душанбе бештар дар бораи зарурати шомил шудани ҷумҳурӣ ба Иттиҳоди иқтисодииАвруповуОсиёҳадди ақал ҳамчун кишвари нозир ҳарф мезананд. Дар ин сурат барномаҳои воридотивазкунандаи Русия дар бахши истеҳсолимаводи ғизоӣ маҳсулоти воридшаванда аз Тоҷикистонро низ дарбар хоҳад гирифт. Ман бовар дорам, ки Тоҷикистон дар замони хеле наздик ба зинаи нави рушди худ - ба сатҳи бесобиқаирушди устувори иқтисоди миллӣ, рушди фаъоли бозорҳои хориҷӣ ва табдили кишвар ба як бунгоҳи тавонои нақлиётию тиҷоратии дар маркази Авруосиё мерасад. Тарҷумаи Солеҳ Юсуфов /Манбаъ: https://tj.sputniknews.ru |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.