Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Умут Аҷар: «Муносибот бо Тоҷикистон аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии Туркия аст»

Умут Аҷар: «Муносибот бо Тоҷикистон аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии Туркия аст»

15-02-2024, 14:40
Хабарро хонданд: 200 нафар
Назарҳо: 0
Умут Аҷар: «Муносибот бо Тоҷикистон аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии Туркия аст»
Дар доираи 32-мин солгарди муносиботи байнидавлатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия суҳбате оростем бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Умут Аҷар:

-Муҳтарам Сафир, Туркия аз шумори аввалин кишварҳои дунё буд, ки оғози солҳои 90-уми қарни гузашта Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохт.
Агар ба таърих рӯ оварем, ин 16-уми декабри соли 1991 рӯйи кор омад, муносиботи дипломатӣ 29-уми январи соли 1992 барқарор шуда, сафорати Туркия дар Тоҷикистон расман 22-юми марти соли 1992 ифтитоҳ гардид.
Бояд гуфт, ки дар он соли барои кишвари мо фоҷеабор, ки ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ сар зад, ин нахустин миссияи дипломатии бозшуда дар Душанбе буд.
Дар ҳамин давраи мураккаб дар доираи сафар ба кишварҳои тозаистиқлоли Осиёи Марказӣ сарвазири вақти Туркия Сулаймон Демирел ба Тоҷикистон ташриф овард, ки баёнгари муҳиммияти барқарорсозии муносиботи Туркия бо минтақа буд.
Бо гузашти 32 соли ҳамкориҳои муштарак, имрӯз сатҳи муносиботи байнидавлатӣ миёни кишварҳои моро чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

-Тавре Шумо дуруст қайд кардед, мо дар замони 32-юмин солгарди муносибатҳои дипломатиамон қарор дорем.
Ман 9-умин сафири Туркия ҳастам, ки дар Тоҷикистон ин вазифаи пурмасъулро иҷро мекунам.
Нахустин сафирамон, равоншод Орҳан Эрдиванли, ҳангоми омадан ба шаҳри Душанбе аввал меҳмонхонаи “Тоҷикистон”-ро ба сифати дафтари корӣ-офис интихоб кард, чун ҳоло бинои сафорат набуд. Бо истифода аз фурсат, хотираи ҳамкорони турку тоҷикамонро, ки имрӯз бо мо нестанд, ёд мекунам ва барояшон аз даргоҳи Худованд раҳмату мағфират хоҳонам. Дар забони туркӣ мақоли хеле зебое ҳаст: “Дӯст дар рӯзи сиёҳ муайян мегардад”.
Сафари Президенти шодравон Сулаймон Демирел (пас аз як соли нахустин сафари кутоҳмуддат ба ҳайси сарвазир ба Тоҷикистон Сулаймон Демирел аз соли 1993 то 2000-ум Президенти Туркия интихоб гардид; А.Д.) ба Тоҷикистон дар соли 1995 далели ин гуфтаҳост.
Дар замоне, ки Тоҷикистон душвортарин давраи таърихии худро аз сар мегузаронид, Туркия дар паҳлуи кишвари дӯсту бародар қарор гирифт ва дастгирии хешро дареғ надошт.
Туркия ва Тоҷикистон ду кишвари дӯсту бародар буда, пайвандҳои қавии шикастнопазири миёни ду кишвар ба дарозои таърих такя мекунанд.
Мо ду роҳбаре дорем, ки ҳамдигарро хуб мешиносанду самимона эҳтиром мекунанд ва таҳти сарварии онҳо мо азми қавӣ дорем, ки дар тамоми сатҳу соҳаҳо робитаҳоямонро рушду равнақ бахшем.
Миёни кишварҳои мо мушкилоти ҷиддии сиёсӣ вуҷуд надоранд. Барои баррасии баъзе масъалаҳои техникӣ механизмҳои лозимӣ мавҷуд ҳастанд. Робитаҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, низомӣ ва амниятии ду кишвар бо гузашти вақт рушду тавсеа ёфта истодаанд ва ин, албатта, хурсандибахш аст.

-Дар рафти сафари ба наздикӣ анҷомдодаи хеш ба Тоҷикистон, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Ҳақан Фидан баъд аз мулоқот бо Президент ва вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, қайд кард, ки ҷонибҳо ҷиддан ният доранд, ки ҳамкориҳоро дар ҳама сатҳу соҳаҳо дар заминаи ташаббус ва иродаи муштарак зоҳиршуда аз ҷониби сарварони ду давлат, ҳамчунин, тавсеа ва рушд додани ҳамгироӣ, дар навбати аввал дар соҳаҳои иқтисодиёт, амният, маориф ва сайёҳӣ боз ҳам густардатар созанд. Ҳамчунин, ҷаноби Фидан изҳор дошт, ки айни замон ҷонибҳо дар масъалаи васеъгардонии фаъолияти сармоягузорони туркӣ дар Тоҷикистон, амалисозии лоиҳаҳои муштарак, масоили маблағгузорӣ ва сармоягузорӣ, бартарафсозии монеаҳо барои тиҷорат ва сармоягузориҳои муштарак корҳои машваратӣ доир мекунанд. Сармоягузорӣ ба иқтисодиёт ҷузъи муҳимтарини рушди ҳар кишвар аст, ҳамчунин масоили амният, маориф ва тиб муҳиммияти хосро доро ҳастанд.
Ба назари Шумо, дар ин самт боз чӣ гуна корҳои муштаракро метавон амалӣ сохт, кадом монеаҳо дар ин самт вуҷуд доранд, ки онҳоро бояд бартараф кард?

-Оре, муҳтарам вазири корҳои хориҷии Туркия санаҳои 9-10-уми январи соли 2024 аз Тоҷикистон боздид карданд. Аввалин сафари расмии вазири корҳои хориҷии Туркия дар соли 2024 ба минтақаи Осиё Марказӣ сурат гирифт ва миёни кишварҳои боздидшуда Тоҷкистон низ қарор дошт ва ин баёнгари муҳиммияти хос доштани минтақа, аз ҷумла Тоҷкистон барои мо мебошад.
Сафари ҷаноби вазир ниҳоят муваффақ буд ва ҷониби Тоҷикистон, мисли ҳамеша, меҳмоннавозии самимӣ ва дар сатҳи олӣ нишон дод.
Чунин мешуморам, ки барои боз ҳам рушд додани муносибатҳоямон моро зарур аст, ки қабл аз ҳама, сафарҳои дуҷонибаро зиёд кунем. Зарур нест, ки ҳамаи сафарҳо бояд дар сатҳи баланд бошанд.
Афзоиши сафарҳо дар сатҳи мутахассисон ва ҳайатҳои техникӣ аз ҷиҳати ошкор намудани самтҳои ҳамкорӣ хеле муҳим мебошад.
Дар баробари ин, бояд самтҳои афзалиятнок муайян гарданд. Механизми Комиссияи байниҳукуматии Туркия ва Тоҷикистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ аз ин лиҳоз ниҳоят муҳим мебошад.
Дар Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, ки таҳти ҳамраисии вазирони саноати ду кишвар баргузор мегардад, на танҳо масъалаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, балки рӯзномаи васеъ, аз ҷумла соҳаҳои маориф ва фарҳанг баррасӣ мегарданд.
Нақша дорем, ки ҷаласаи навбатии Комиссияи мазкурро, ки мутаассифона, соли гузашта бо сабаби заминларзаи мудҳиши дар Туркия рухдода баргузор нагардид, моҳи ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Анқара доир намоем. Аз ҷониби дигар, эҳтиёҷ ба созишномаи имтиёзноки тиҷоратӣ вуҷуд дорад.
Ба шарофати он имкон пайдо хоҳем кард, ки андозҳоро ба мисли андози гумрукӣ ва дигар намудҳои он то сатҳи дилхоҳ паст кунем ва тиҷорати солонаро ба сатҳи муайяннамудаи сарварони давлатҳои мо, яъне ба 1 миллиард доллар расонем.

-Туркия ҳавасмандии худро дар рушди босуботи муносибот бо Тоҷикистон дар тамоми самтҳои барои ҷонибҳо зарурӣ зоҳир менамояд ва муҳим аст қайд кунем, ки мавқеи кишварҳои мо дар масоили минтақавӣ ва байналмилалӣ ба ҳам мухолифат намекунанд, ба ҳар ҳол, ихтилофоти ҷиддӣ дида намешавад. Дар умум, метавон гуфт, ки ҳамкориҳои байнидавлатӣ ба беҳтарсозии низоми раводидӣ, рушди ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва фарҳангӣ, дастгирии муштараки фаъолияти соҳибкорӣ равона шудаанд, ки бозгӯи ҷараёни солими муносиботи мост. Аз назари Шумо, зарфиятҳои истифоданашудае миёни кишварҳо мавҷуданд, ки онҳоро метавон барои боз ҳам таҳким бахшидани муносибот истифода бурд?
-Шумо комилан ҳақ ҳастед. Воқеан ҳам, Туркия ва Тоҷикистон дар бисёре аз масоили минтақавию байналмилалӣ нуқтаи назар, мавқеъ ва сиёсатҳои монанд доранд. Масалан, агар ба масъалаҳои вобаста ба об, ки дар мавриди захираи он ва ташаббусҳо дар ин самт Тоҷикистон дар ҷаҳон пешсаф мебошад, таваҷҷуҳ кунем, дида мешавад, ки байни кишварҳои мо дидгоҳи монанд вуҷуд дорад.
Байни намояндагиҳои доимии мо дар назди Созмони Милали Муттаҳид ҳамкориҳои зич ба роҳ монда шудааст. Ҳамчунин, бархӯрдҳои мо дар масъалаҳои асосии амниятӣ, аз қабили мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва амнияти сарҳадӣ низ ба ҳамсонанд.
Ба фикри ман, равобити тиҷоративу иқтисодии кишварҳоямон аз тамаркуз доштан ба овардану фурӯхтани мол ё бахши хидматрасонӣ бояд акнун ба истеҳсол, нигаҳдорӣ ва логистика самтгирӣ гарданд.
Тариқи корхонаҳои истеҳсолие, ки аз ҷониби соҳибкорони турк ва тоҷик муштарак бунёд карда мешаванд, метавонем дар иқтисодиёт ва содироти Тоҷикистон саҳмгузор бошем. Аз дигар тараф, мебинем, ки иштироки Туркия дар лоиҳаҳои зерсохтори нақлиётӣ ва энергетикӣ дар сатҳи барои ҷонибҳои мо дилхоҳ нест. Дар ин соҳа мо дорои иқтидори қавӣ ҳастем. Туркия дар чунин лоиҳаҳо таҷрибаи бузурги байналмилалӣ дорад. Ҳамчунин, боварӣ дорам, ки ҳамкориҳои мо дар соҳаи маъданкорӣ низ бояд такмил дода шаванд.
Тоҷикистон дорои сарчашмаҳои ғании зеризаминӣ мебошад. Инчунин, мушоҳида мекунам, ки ҳамкориҳо дар соҳаҳои маориф ва фарҳанг низ барои рушду тавсеа мусоид ҳастанд. Дар ин соҳаҳо имкониятҳои зиёд дорем. Ниҳоят, моро мебояд, ки имконоти нақлиётии ду кишварро тақвият диҳем. Бо ин мақсад, хоҳони онем, ки ширкати ҳавопаймоии “Turkish Airlines” дар як ҳафта 3 рӯз не, балки ҳамарӯза ба Тоҷикистон парвозҳо анҷом диҳад. На танҳо ба Душанбе, балки ба Хуҷанд низ роҳандозӣ кардани парвозҳо муфид арзёбӣ мегардад. Ин иқдом барои таҳкими муносиботи гуногунҷанбаи тарафайн муфид ҳастанд.

-Туркия аз рӯйи баъзе нишондодҳои иқтисодӣ дар ҷаҳон дар раддаи аввал ҷой гирифтааст, кишвар барои ҷаҳиши технологӣ нақшаҳои зиёд дорад. Барои рушди худ Тоҷикистон кадом ҷиҳатҳои мусбатро метавонад аз таҷрибаи туркӣ бигирад?
- Аз лиҳози таърихӣ Тоҷикистон ҳоло давлати ҷавон мебошад. Аммо, нигоҳ накарда ба ҷанги бисёрсолаи дохилӣ ва бӯҳрони иқтисодиву маънавие, ки кишварро тӯли солҳои 90-уми қарни гузашта фарогир буд, бо итминони комил метавон гуфт, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол сиёсати дурустро пеш гирифта, то ин замон ба пешравиҳои ниҳоят бузург ноил гардидааст.
Сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат паст гардид, солҳои охир суръати рушди иқтисод ҳамасола дар сатҳи 7-8% таъмин мегардад.
Тоҷикистон кишварест, ки бо аҳолии ҷавону серғайрат ва сарватҳои табиии худ ояндаи хеле дурахшон дорад.
Соли гузашта Туркия 100-солагии Ҷумҳуриятро ҷашн гирифт. Кишвари мо имрӯз дорои яке аз 20 иқтисоди бузургтарини ҷаҳон мебошад.
Бо мақсади оғоз намудани ҳаёти нав, кору фаъолият ва ё сипарӣ намудани даврони нафақахӯрӣ (пиронсолӣ), аз сар то сари ҷаҳон шаҳрвандони хориҷии зиёде дар Туркия муқимӣ мешаванд.
Туркия бо мавқеи беназири ҷуғрофӣ, имкониятҳои васеи иҷтимоӣ, анъанаҳои ғании мардумӣ ва таърихи куҳани худ барои шаҳрвандони хориҷӣ ва аҳли оилаи онҳо, метавон гуфт, як кишвари беҳамтост.
Ҳамлу нақл дар кишвар бо фаъолияти тақрибан 60 фурудгоҳи муҳим, шоҳроҳҳои дутарафа ва шабакаи қатораҳои баландсуръат ба таври хеле фаврӣ ва самаранок анҷом меёбад.
Бо ширкати ҳавопаймоии Туркия - “Turkish Airlines”, ки яке аз беҳтарин ширкатҳои ҳавопаймоии ҷаҳон аст, метавон аз Истанбул ба 129 кишвар ва 349 нуқтаи парвоз сафар намуд.
Такя бар ин, шабакаи васеи ширкати ҳавопаймоии Туркия-THY аз ҳама ширкати серпарвозтарин ба кишварҳо ба шумор меравад.
Фурудгоҳи Истамбул аз ҷиҳати ҳамлу нақли мусофирон калонтарин дар қитъаи Аврупо мебошад.
Туркия яке аз кишварҳои ангуштшуморест, ки аз ҷиҳати таъмини амнияти озуқаворӣ ва кишоварзӣ худкифо аст.
Кишвар аз лиҳози истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар қитъаи Аврупо пешгомтарин ва дар миқёси ҷаҳон 10-умин кишвар буда, ба 200 кишвари ҷаҳон маҳсулот содирот мекунад.
Бо суръати рушди миёнаи солонаи 5,4% Туркия дорои яке аз иқтисодҳои босуръат тараққикунандаи ҷаҳон аст ва бозори бузурги минтақавие мебошад, ки ба он 1 миллиард истеъмолкунанда дастрасӣ доранд ва ба маркази минтақавии истеҳсолӣ ва содиротие табдил ёфтааст, ки барои ширкатҳои фаромиллӣ тамосҳои бефосилаи глобалиро фароҳам месозад.
Агар дар Туркия теъдоди ширкатҳои дорои сармояи байналмилалӣ соли 2002-юм 5600 адад буд, имрӯз бошад, шумораи онҳо тақрибан ба 80 ҳазор адад расидааст.
Дар ҳоле, ки ҳаҷми содироти ҷаҳонӣ дар бист соли охир тақрибан 7% боло рафтааст, содироти Туркия 10,3% афзоиш ёфтааст.
Туркия аз лиҳози иқтидор дар Аврупо 4-ум ва дар ҷаҳон 13-умин истеҳсолкунандаи автомобил мебошад.
Чанде пеш аввалин автомашинаи барқии сохти ватании Туркия-TOGG вориди бозор шуд. Умедворам, ки дар муддати наздиктарин ин мошинро дар Тоҷикистон низ хоҳем дид.
Кишвари мо бузургтарин истеҳсолкунандаи телевизор ва асбобҳои рӯзгор дар Аврупо мебошад. Дар ин самт низ мо метавонем бо шарикони тоҷики худ ҳамкории судманде дошта бошем.
Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои захираҳои бузурги манбаъҳои энергияи обӣ ва офтобӣ ба истифодаи манбаъҳои энергияи алтернативӣ таваҷҷуҳ дорад.
Мо низ, ҳамчунин, ба энергияи “сабз” аҳамияти зиёд медиҳем ва дар самти роҳандозӣ намудани иқтисоди “сабз” таҷриба ва таваҷҷуҳ дорем. Туркия шашумин бозори бузургтарини неруи барқ дар Аврупо мебошад. Кишвар аз ҷихати иқтидори энергияи геотермалӣ дар ҷаҳон дар мақоми 4-ум ҷой гирифтааст.
Аз ҷиҳати истеҳсоли панелҳои офтобӣ Туркия дар Аврупо соҳиби мақоми аввал ва дар ҷаҳон мақоми сеюм буда, аз рӯйи иқтидори тавлиди энергияи бодӣ-наздисоҳилӣ дар Аврупо пас аз Шведсия ва Олмон ҷойи саввумро ишғол мекунад.
Дар ин самт мо дорои таҷрибаи ғанӣ ҳастем ва метавонем онро бо дӯстони тоҷикамон мубодила кунем.
Интизор меравад, ки Туркия дар соли 2027 яке аз 10 кишвари дорои бештарин иқтидори манбаи энергияи барқароршаванда дар ҷаҳон шавад ва ин дастоварди мо, итминон дорам, барои Тоҷикистон қобили омӯзиш ва ҳамкорӣ хоҳад буд.
Туркия дорои дуввумин артиши бузургтарини созмони НАТО буда, дар 20 соли охир теъдоди лоиҳаҳо дар саноати мудофиавии Туркия аз 62 ба 750 расида, буҷаи ин лоиҳаҳо аз 5,5 миллиард доллар ба 75 миллиард доллар расидааст.
Шумораи ширкатҳое, ки дар соҳаи саноати мудофиавӣ фаъолият мекунанд, аз 56 то 2700 адад ва ҳаҷми маҳсулоти ватанӣ дар саноати мудофиавӣ то 80% афзоиш ёфта, содирот тақрибан ба 5 миллиард доллар расидааст.
Дар соҳаи ҳарбӣ-техникӣ Туркия омода аст бо Тоҷикистон ҳамкории судмандро ба роҳ монад.
Ҳамасола наздики 60 миллион нафар шаҳрвандони хориҷӣ аз гӯшаҳои гуногуни олам ба кишвари мо ба сайёҳӣ меоянд ва Туркия миёни пурбоздидтарин кишварҳои олам қарор гирифтааст.
Тоҷикистон низ дорои захираҳои чашмраси соҳаи сайёҳӣ аст ва андӯхтани таҷрибаи туркӣ барои дӯстони тоҷикамон аз манфиат орӣ набуда, дар ин самт кишварҳои мо дорои зарфияти ҳангуфте ҳастанд.
Дар соҳаҳои муҳим, аз қабили маориф, тандурустӣ, молия ва бонкдорӣ мо ба пешравиҳои назаррас ноил гардидаем. Зимни тамоми вохӯриҳо бо дӯстони тоҷикистониамон доимо таъкид мекунем, ки омодаем тамоми таҷрибаву имконоти андӯхтаи худро бо Тоҷикистон мубодила намоем. Махсусан, амалкарди Тоҷикистонро дар давраи гузариш дар соҳаҳои тандурустӣ, маориф, кишоварзӣ ва бонкдорӣ ба таҷрибаҳои худ дар замони гузашта муқоиса мекунем ва бояд бигӯям, ки он ба ҳам монанд аст.
Дар тӯли солҳо мо дар ин соҳаҳо роҳҳал ва сохторҳои ба худ хосро амалӣ кардем.
Созмонҳои байналмилие, ки дар Тоҷикистон қарор доранд, ҳамчунин дар лоиҳаҳояшон таҷрибаҳои бадастоварда ва амалинамудаи Туркияро ҳамчун намуна мисол меоранд ва чуноне дар боло қайд кардам, ин бесабаб нест.
Дар ин самт мо дорои зарфиятҳои бузурге ҳастем, ки истифодаи онҳо барои тарафҳо манфиатбор хоҳанд буд.

-Хуб, такя ба ҳаводиси имрӯзаи ҷаҳон, мураккаб шудани вазъи байналмилалӣ наметавонам суоле нисбат ба нақш ва мавқеи кишвари Шумо дар ин ҳолати баамаломада надиҳам.
Даҳсолаи охир Туркия, алалхусус дар Ховари Наздик ва Миёна, Қафқози Ҷанубӣ ва Балкан сиёсати фаъоли хориҷиро пеш мебарад. Ҳамчунин, аз ҷониби артиши Туркия дар шимоли Сурияву Ироқ алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳ (PKK-Ҳизби коргарии Курдистон) пайваста амалиёти ҳарбӣ гузаронида мешавад.
Бархе аз таҳлилгарон инро бо консепсияи “неоусмонизм” алоқаманд медонанд яъне, Туркия мехоҳад нуфузи худро дар мулкҳои собиқи усмонии хеш барқарор кунад ва ин, аз назари коршиносон, боиси хавотирии кишварҳои минтақа мегардад. Дар ин самт лоббистҳое (лоббизм-намуди фаъолиятест, ки таъсиррасонии шахсони физикӣ ва намояндаҳои ташкилоти давлатӣ ва ғайридавлатиро ба ташкилот ва иттиҳодияҳои байналмилалӣ, мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ бо мақсади қабули қарорҳои ба онҳо зарурро дарбар мегирад; А.Д.) мавҷуданд, ки дар кишварҳои қудратманд ва ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ кор мебаранд ва онҳо хеле таъсиргузор ҳастанд.
Чӣ гуна инро метавон маънидод намуд-ин танҳо ҳифзи манофеи туркист ё Туркия, ҳамчун дорои артиши қудратманд ва иқтисоди ба таври динамикӣ рушдёбанда мехоҳад акнун мавқеи худро дар минтақа ва ҷаҳон пурқувват кунад ва нақши муассиртареро бозӣ кунад? Посухи Туркия ба ин иттиҳомот чист?

-Бале, чунин дидгоҳҳо вуҷуд доранд ва Туркия, хушбахтона, посухи ин иттиҳомотро дорад. Бубинед, ифодаҳое, аз қабили “неоусмонизм”, “ревизионизм” ва ғайра, ки баъзан дар бораи сиёсатҳои роҳандозинамудаи Туркия истифода мешаванд ва гӯё пайи худ хатарҳоро доранд, комилан аз ҷониби лоббиҳои зидди Туркия бофта шудаанд.
Лоббизм, махсусан дар кишварҳои ғарбии аврупоӣ ва ИМА дар сатҳи баланди касбӣ сурат мегирад. Дар паси ин лоббиҳо гурӯҳҳои дорои манбаъҳои қавии молӣ ва ҳатто давлатҳо меистанд.
Ба як бозигари меҳварӣ табдил ёфтани Туркия дар Сурия, Қафқоз, шимоли Ироқ, Либия, ҳавзаи баҳрҳои Эгей ва Миёназамини шарқӣ фаъолияти лоббиҳои зиддитуркиро низ афзоиш додааст.
Масалан, мавқеи қавии Туркия дар қазияи Фаластин ва дастгирии роҳи осоиштаи ҳалли он боиси афзоиши туҳматҳо бар зидди кишвари мо шудааст. Туркия кишварест, ки уҳдадориҳои худро дар назди дӯстону иттифоқчиёнаш иҷро мекунад ва дуввумин қудрати бузургтарини НАТО аст.
Кишвари мо ҳеҷ гоҳ ба таъсиси давлати террористӣ дар шимоли Сурия иҷозат нахоҳад дод. Ҳаммонанди ин, Туркия ба ҳеҷ ваҷҳ иҷозат намедиҳад, ки шимоли Ироқ ҳамчун пойгоҳи террористӣ истифода шавад ва ҳамчунин, дар самти ҳимояи ҳуқуқҳои худ дар ҳавзаи баҳрҳои Эгей ва Миёназамин гузашт нахоҳад кард. Аз мавқеи Туркия, Қарабоғ қаламрави Озарбойҷон аст ва кишвари мо пуштибонӣ аз давлати мустақили Фаластинро низ идома хоҳад дод.
Хулоса, ифода ва иттиҳомоти бофтаю сохта аз қабили «неоусмонизм» ва амсоли ин, туҳмати онҳое мебошад, ки аз сиёсати берунии такя бар манфиатҳои миллии Туркия нороҳат ҳастанд.
Зарурате барои ба таври ҷиддӣ қабул намудани ин иттиҳомот вуҷуд надорад. Туркия танҳо мехоҳад, ки дар атрофаш камарбанди босуботи амниятӣ дошта бошад, худ ба кишварҳои дигар хатар эҷод намекунад ва такя ба манофеи миллии хеш сиёсати созанда мебарад.
Як чизро бояд махсус қайд кунам - бо вуҷуди муноқишаҳои мусаллаҳона, низоъ ва нооромиҳои минтақаи мо, Туркия ҳамчун “ҷазираи” сулҳу субот побарҷост. Барои нафароне, ки дар ҷустуҷӯи сулҳу осоишу оромиш ҳастанд, Туркия нахустин ҷойест, ки фирориён ин ҷо паноҳ мебаранд.
Худ қазоват кунед: имрӯз Туркия кишварест, ки тибқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид, дар қаламрави худ шумораи бештарини паноҳандагонро дар ҷаҳон ҷой додааст.
Тавре ки дар муноқишаҳои ҳарбии Русияву Украина ва Исроилу Фаластин мушоҳида мегардад, ҳангоми рух додани низоъҳои мусаллаҳона дар атрофи кишвари мо, одамон барои наҷоти ҷони худ ба Туркия паноҳ мебаранд.
Туркия дар таносуб ба даромади миллии худ кишварест, ки дар ҷаҳон аз ҳама бештар кумаки башардӯстона мерасонад.
Вақте дар бораи айбдоркуниҳо аз ҷониби доираҳои муайян сухан меронем, ин масъаларо ҳам бояд ба назар гирифт.

-Хуб, боз мегузарем ба масоили ҳамкориҳои муштараки мо.
Соҳаҳои маориф ва фарҳанг аз самтҳои авлавиятдори муносиботи кишварҳои мо ҳастанд. Дар макотиби олии Туркия садҳо донишҷӯи тоҷик таҳсил мекунанд, хоҳишмандони идома додани таҳсил дар кишвари Шумо аз Тоҷикистон зиёданд.
Оё нақшаи зиёд кардани бурсияҳо барои донишҷӯёни тоҷик ҳаст? Ҳамчунин, кишварҳои моро умумиятҳои фарҳангии таърихӣ ба ҳам мепайванданд, занҷираи асосӣ дар ин самт, бешубҳа, осори Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ (Румӣ) мебошад.
Дар яке аз нишастҳои сафорат дар вохӯрӣ бо намояндагони васоити ахбори омма Шумо гуфта будед, ки нақшаҳои муштараки синамогарони турку тоҷик ҷиҳати банаворгирии филми бадеӣ дар бораи рӯзгори Мавлоно вуҷуд доранд. Дар таҳкими ҳамкориҳои фарҳангӣ ва маориф, амалигардонии лоиҳаҳо дар ин самт боз чӣ корҳоро метавон ба анҷом расонд?

-Итминони комил дорам, ки муносибатҳои ду кишвар дар соҳаҳои маориф ва фарҳанг бояд боз ҳам рушд ёбанд ва чунин ҳам хоҳад шуд.
Ҳамасола тақрибан ба 40 донишҷӯи тоҷик бурсияҳои давлатӣ ҷудо мекунем. Бурсияҳои мо яке аз фарогиртарин дар ҷаҳон мебошад. Ба донишҷӯён тамоми имконоти зарурӣ, аз ҷумла чиптаи ҳавопаймо, суғуртаи тиббӣ, идрорпулӣ (стипендия) фароҳам оварда мешавад. Қабул ва муроҷиатҳо барои имсол оғоз шудаанд ва то санаи 20-уми феврал идома хоҳанд ёфт. Маълумоти муфассалро метавон аз сомонаи www.turkiyeburslari.gov.tr дастрас намуд.
Дар баробари ин, Маркази омӯзишии забони туркии TÖMER тақрибан 30 сол боз дар Тоҷикистон хизмат мерасонад.
Айни ҳол дар марказ 900 хонанда ба қайд гирифта шуда, таҳсил комилан ройгон аст.
Онҳое, ки мехоҳанд забони туркиро омӯзанд, метавонанд дар Марказ нияташонро амалӣ созанд.
Бунёди маорифи Туркия омода аст, ки дар Тоҷикистон муассисаҳои таълимӣ созмон диҳад, пайи бунёди онҳо бошад. Ҳамкориҳои мо дар ин самт идомаи фаъол доранд. Аз ҷониби дигар, ба фикри ман, мутақобилан таъсис додани марказҳои фарҳангӣ, баргузор намудани рӯзҳову ҳафтаҳои фарҳангӣ, бешубҳа, барои рушд додани равобити фарҳангии ду кишвар манфиатовар хоҳад буд.
Тоҷикистон сарзаминест, ки дар он Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ ба олам чашм кушод ва Туркия маконест, ки бузургвор аз олам чашм пӯшид. Мавлоно шахсияти дар тамоми дунё машҳур аст. Чаро Туркияву Тоҷикистон доир ба зиндагинома ва осори бузургвор бо ҳам филмеро ба навор нагиранд?
Мавлонои бузург ба ин арзанда аст ва басо рамзӣ хоҳад буд, ки маҳз синамогарони тоҷику турк пайи ин иқдом камар банданд, чун меросбарони асосианд.
Бидуни шак, ин тасмими хеле хуб хоҳад буд. Боварӣ дорам, ки ҷиҳати дар тамоми дунё муаррифӣ кардани шахсиятҳои машҳури таърихиву фарҳангӣ мо метавонем ҳамкориҳои судмандро ба роҳ монем. Ин ҷо як чизро мехоҳам қайд кунам-филмҳои силсилавии туркӣ, чун дар тамоми дунё, дар Тоҷикистон низ ба таври васеъ маъруфият пайдо кардаанд.
Ба хонандаҳои шумо тамошои силсилафилми бахшида ба Мавлоно Румиро, ки дар платформаи рақамии “Tabii”-и Ташкилоти телевизион ва радиои Туркия (ТРТ) пахш мегардад, тавсия медиҳам.

-Дар хотимаи суҳбат ҳамкориҳои Туркияву Тоҷикистон дар самтҳои барои ҷонибҳо муҳимро дар давраи миёнамуҳлат чӣ гуна таҳлил ва арзёбӣ мекунед ва ба хонандаҳои мо чӣ гуфтание доред?
-Қабл аз ҳама, барои фароҳам овардани чунин фурсат як суҳбати хубу фарогир ба Шумо изҳори сипос мекунам. Ин мулоқоти мо ба яксолагии заминларзаи мудҳиши Туркия, ки санаи 6-уми феврал ба вуқуъ пайваста буд, рост меояд.
Заминларза ба 11 минтақаи Туркия, ки масоҳати зарардида қариб ба масоҳати Тоҷикистон баробар аст ва ба 14 миллион нафар шаҳрвандони мо осеб расонид ва боиси дарду андуҳ ва харобиҳои зиёд гардид. Аммо мо ин фалоқати асрро ба “ҳамдилии аср” табдил додем ва дубора эҳё шудем...
Оре, мутаассифона, соли 2023 барои мо бо як андуҳи бузург оғоз ёфт. Туркия 6-уми феврал бо бузургтарин фалокати заминларза дар таърихи худ рӯ ба рӯ шуд, ки на танҳо замин, балки қалбҳои моро такон дод.
11 минтақа, ки 16,4 фоизи аҳолии кишвар дар он ба сар мебарад ва ин манотиқ 9,4 фоизи иқтисодиёти Туркияро ташкил медиҳад, хароб гардид. Зиёда аз 50 ҳазор нафар мардуми мо ҳалок шуданд.
Аз рӯйи баъзе маълумот, бар асари ин офати табиӣ тақрибан 100 миллиард доллари амрикоӣ хисорот ворид гардидаст.
Тамоми ҷаҳон аз ин фоҷеаи ба сари давлату мардуми мо омада дар канор набуд, аз ҷумла кишвари ба мо дӯсти Тоҷикистон низ. Наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвари шумо дар манотиқи зарардида аз худ қаҳрамонӣ нишон дода, 2 нафарро аз марг наҷот доданд.
Онҳо ба Туркия ҳамчун қаҳрамонони тоҷик омаданд ва аз Туркия ҳамчун қаҳрамонони миллати турк ба Ватан баргаштанд.
Албатта, мо бо азму иродаи устувор, заҳмату талош ва якдилӣ ин фалокатро пушти сар хоҳем кард, вале бояд гуфт, ки ёрмандиҳои дӯстон дар ин рӯзҳои барои миллату давлати мо вазнин дар дилу дидаи мо абадан ҷой гирифтанд.
Ба давлат ва мардуми дӯсту бародари Тоҷикистон, ки аз аввалин лаҳзаҳои заминларзаи 6-уми феврал дастгирии хешро дареғ надоштанд, ҳамчунин ба Қумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон миннатдории ин ҷонибро мерасонам.
Бо Фармони Президенти Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таҳти роҳбарии Сарвазир Қоҳир Расулзода ва вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин миқдори зиёди кумаки башардӯстона ба Туркия ирсол гардид.
Дар ин раванд, ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” низ якҷоя бо ширкати ҳпавопаймоии “Turkish Airlines” ба таври ройгон кумаки башардӯстонаро интиқол доданд.
Шумораи зиёди бародару хоҳарони тоҷикамон ба Сафорат омада, дар доираи имконоти худ кумак расониданд.
Касоне, ки чунин имконро надоштанд, омада дар назди дарвозаи Сафорат ба хотираи шаҳидшудагон ва афроди зери биноҳои харобгардида монда дуо карданд.
Ҳамчунин, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Туркия фаъолияти корӣ доранд, донишҷӯёни тоҷик низ дар ин фоҷеа дар канори бародарони турк буданд ва дар ҷойи ҳодиса ёрмандиҳои худро дареғ надоштанд.
Воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон низ дар расонидани паёмҳои таъҷилӣ ба мардум кумакрасони мо буданд. Ин андуҳи аз сар гузаронидаамонро ҳамеша дар хотир хоҳем дошт ва дастгирии зоҳирнамудаи Тоҷикистонро дар ин рӯзҳои барои мо фоҷеабор ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳем кард.
Ба хонандаҳои шумо, мардуми шарифи Тоҷикистон арзи сипоси кишвари худро ҳамчун намояндаи он мерасонам ва орзумандам, ки дар роҳи рушд ва зиндагии шоиста муваффақ бошанд.
-Муҳтарам Сафир, ташаккур барои суҳбати пурмуҳтаво.
Мусоҳиб Азамат Дӯстов








Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: