ПАЁМ ДАР МАРКАЗИ ТАВАҶҶУҲИ ҲИЗБИЁН
Бо мақсадишарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат вохӯрии таблиғотии гурӯҳи корӣ бо иштироки вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвина Маликзод, ёрдамчии муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Қиёмиддин Миралиён, муовини раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Наргис Шарифзода, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Дилрабо Ашӯрова дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и ноҳияи Исмоили Сомонӣвохӯрӣ бо сокинони ноҳия баргузор гардид.
Вакили Маҷлиси намояндагон Парвина Меликзод зимни суханронӣоид ба нуктаҳои Паёми Сарвари давлат дар самти иқтисодӣ, рушд ва дастгирии истеҳсолоти ватанӣ, рушди тафаккури инсонӣ, аҳаммияти ҷиддӣ додан ба тарбияи фарзандон, омӯхтани фанҳои дақиқ ва забонҳои хориҷӣ, дастгирии қишри эҳтиёҷманди ҷомеа, моҳиятисаҳмгузории миллӣ дар рушди минбаъдаи давлатдорӣ ва ҳифзи ҳамешагии амну оромии кишвар андешаҳои худро баён дошт.
Қиёмиддин Миралиён аснои андешаронӣиброз намуд, ки соли 2023 барои Тоҷикистон бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд.
ПАЁМ - РОҲНАМОИ МО
Бо иштироки намояндаи Кумитаи Иҷроияи МарказииҲХДТ, раиси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” Оятулло Аҳмадзода дар шаҳри Турсунзодаоид ба шарҳу тавзеҳи муҳтавои Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ мулоқот доир гардид.
Зимни суханронӣдар вохӯрӣбо аҳли ҷамоатчигии Ҷамоати деҳоти “10-солагии Истиқлолият” дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №93Оятулло Аҳмадзода зикр кард, ки ироа гаштани Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ баҳри расидан ба ҳадафҳои неку созандаи давлат ва Ҳукумати мамлакат заминаҳои ҳуқуқиву сиёсиро фароҳамсохт. Паёми Пешвои миллат ҳар як шаҳрванди мамлакатро бовар мекунонад, ки соли 2023,воқеанҳам, барои давлати мо соли бобарору пур аз дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоӣ буд.Ҳамзамон, Оятулло Аҳмадзода ҷиҳати сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ сухан карда, зикр дошт, ки ба роҳ мондани корҳои ободониву созандагӣ дар маҳалҳо вазифаи ҷонии ҳар як фарзанди ватандӯст аст.
ПАЁМИ ПЕШВО - РОҲ БА СӮЙИ ФАРДОИ ДУРАХШОН
Бо мақсади шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣбо иштироки мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Зоҳир Ҳабибзодадар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул»-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Рӯдакӣ вохӯрӣ доир гардид.
Дар мулоқот бо аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» Зоҳир Ҳабибзода ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи РӯдакӣҲамзаалӣЮсуфзода нуктаҳои асосии Паёми навбатии Сарвари давлат ба парлумони кишварро ба ҳозирин шарҳу тавзеҳ дода, диққати ҳизбиёнро ба татбиқи амалии дастуру супориш ва ҳидояту вазифагузориҳои Пешвои миллат ҷалб намуданд.
Аз ҷумла, Зоҳир Ҳабибзода аснои суханронӣ бо пешниҳоди иқтибосҳои оморӣ, ба ҳозирин аз рушди бонизоми сиёсати дохиливу хориҷӣ, пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ маълумоти муфассал дода, Паёми Сарвари давлатро ҳамчун роҳи миллат ба сӯйи фардои дурахшон арзёбӣ кард.
ШАРҲИ ПАЁМ ДАР ҚАБУЛГОҲИ ҶАМЪИЯТИИ ҲХДТ ДАР ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ
Дар Қабулгоҳи ҷамъиятии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия вохӯрии аъзои ҳизб, кормандони Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират, Шурои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва донишҷӯён баргузор гардид.
Дар ибтидо роҳбари Қабулгоҳи ҷамъиятии ҲХДТ дар Федератсияи Россия Саидбек Мирзомуддиновиброз дошт, ки Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар аз 28-уми декабри соли 2023 фарогири масоили сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоӣ, фарҳангӣ, сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар буда, онро барҳақ, илҳомбахши фаъолияти минбаъда номидан мумкин аст. Дар Паёми навбатӣ Президенти кишвар ҳадафҳои асосии давлатро барои соли 2024 ва дурнамоҳо барои солҳои оянда, ки баҳри баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии халқ равона карда шудааст, возеҳу равшан баён карданд.
Дар идомаи ҷаласа чанд нафар аъзои ҳизб суханронӣ намуда, вобаста ба нуктаҳои асосии Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаҳояшонро баён карданд.
Аз ҷумла, муовини роҳбари Қабулгоҳи ҷамъиятии ҲХДТ дар Федератсияи Россия Комрон Дӯстовдоир ба муҳтавои Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ иброз намуд, ки он ҳамчун ҳуҷҷати фарогири таҳлилу баррасии амиқи тамоми соҳаҳо ва дурнамои рушди устувори мамлакат дар ҳамаи самтҳо, рушди босуботи иқтисоди миллӣ, пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба он, истифодаи самараноки иқтидори мавҷуда, ҳалли масъалаҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим, соҳаҳои обу энергетика, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти содирот, ташаккули иқтисоди “сабз”, суръат бахшидан ба раванди рақамикунонии бахшҳои иқтисодиёт, инкишофи неруи инсонӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасонии иҷтимоӣ, саноатикунонии мамлакат, баланд бардоштани қобилияти рақобати истеҳсолоти ватанӣ, гиромидошти таъриху фарҳанги аҷдодӣ, ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, ба муносибати 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон шудани соли 2024 ва дигар мавзуъҳои муҳимро фаро мегирад.
Дар идома аъзои фаъоли ҳизб СаъдӣТошев иброз дошт, ки Паёми Президенти Тоҷикистонба Маҷлиси Олиро метавон стратегияи давлатӣ номид, ки тамоми мардуми Тоҷикистонро муваззаф месозад, ки дар роҳи рушду тавсеаи иқтисоди ватанӣ, ҳифзи манофеи миллӣ, устувории давлати дунявӣ ва пойдории ваҳдати мардумию суботи сиёсӣқадамҳои устувор гузоранд ва бо ташаббусу ибтикороти рӯзмарра ба сатҳи зиндагии арзандаву шоиста бирасанд.
Дар идомаи ҷаласа аъзои фаъоли ҳизб Довар Холов зикр намуд, ки дар маҷрои ҷаҳонишавӣ бо дарки масъулият истиқлоли худро бо меҳнати софдилона ва самимӣ дар ҳама соҳаҳо таҳким бахшем, масъулиятношинос бошем ва барои таълиму тарбияи наврасон, ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ, инчунин, ҷалби онҳо дар корҳои созандагиву ободкорӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошем.
Аз ҷумла, гуфта шуд, ки сокинони кишвар, хоса муҳоҷирони меҳнатиро зарур аст, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олиро, ки саршор аз меҳри ватандӯстонаву инсонгароёна мебошад, дастури роҳнамо қарор дода, ҳар нуқтаву нишондодҳои онро дар амал татбиқ намоянд.Ҷаласа бо вазифагузориҳои мушаххас барои фаъолияти минбаъдаи корӣ анҷом пазируфт.
МУЛОҚОТИ ВАКИЛ БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН
Дар асоси дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вакили Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олӣ Парвиз Шодизодадар ҷамоатҳои деҳоти Саразм ва Шинги шаҳриПанҷакентбо интихобкунандагон доир гардид.
Вакили Маҷлиси намояндагонро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Шукурзода ва сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент Шоҳида Қиёмзода ҳамроҳӣкарданд.
Зимни мулоқот вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуд, ки Пешвои миллат дар Паёми солонаи худ самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро мавриди таҳлилқарор дода, баҳри рафъи камбудиҳои ҷойдошта дастурҳои мушаххас доданд. Ҳамзамон,зикр гардид, ки Паёми Президенти Тоҷикистон ба парлумони мамлакат яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои сиёсии сол ба ҳисоб меравад.
Паём ҳуҷҷатест, ки доираи васеи масъалаҳои марбут ба рушди кишвар, сиёсати дохилӣ ва хориҷии онро дарбар мегирад ва инчунин, барои ташаккули тадбирҳо ва қарорҳои минбаъда аҳамияти стратегӣ дорад. Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ барои сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ аҳамияти калон дошта, он як ҳуҷҷати стратегӣ мебошад, ки афзалиятҳои рушди кишварро муайян мекунад ва тавсияҳои муҳимро барои иҷрои ин вазифаҳо пешниҳод менамояд.
Паём ба таҳкими эътимоди мардуми кишвар ба Пешвои миллат, беҳтар кардани иртибот байни мақомоти давлатӣ ва аҳолӣ ва мусоидат ба эътибори кишвар дар арсаи байналмилалӣ мусоидат мекунад.
Ҳамчунин, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Шукурзода оид ба соли 2024 эълон шудани “Соли маърифати ҳуқуқӣ” сухан карда, қайд намуд, ки мақсади пешниҳоди Роҳбари кишвар ҳам ҳамин аст, ки ҳар як фарди ҷомеа бояд зарурати риояи бечунучарои қонунро амиқ дарк намояд ва итоат ба қонун бояд ба одати ҳар як шаҳрванд табдил ёбад, он гоҳ маърифати ҳуқуқӣ ба миён меояд.
Зимни вохӯрӣ чанде аз иштирокдорон вобаста ба дархосту пешниҳодоти худ посухҳои мушаххас гирифтанд.
Баргузории вохӯриҳои вакил бо интихобкунандагон дар дигар ҷамоатҳои ҳудуди ҳавзаи интихоботӣ идома дорад.
ВОХӮРИИ ҲИЗБИЁНДАРНОРАК
Бо мақсади шарҳу тавзеҳи ПаёмиПрезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистонба Маҷлиси Олии мамлакат вохӯрии вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Норак Тағойбек Қаҳҳорзодааз ҳавзаи интихоботии рақами №32 бо интихобкунандагон доир гардид.
Дар вохӯрии мазкур муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Баҳодур Хайруллозода низ иштирок кард.
Вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳриНорак ТағойбекҚаҳҳорзода зимни суханронӣгуфт, кидар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Тоҷикистон мавқеи занону бонувон хеле мақоми баланд дошта, аз Паёми Пешвои миллат низ бармеояд, ки имрӯзҳо занону бонувони тоҷик ба хотири рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ содиқона хизмат карда истодаанд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 256 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм карда, соҳиби маълумоти олӣ гардиданд.
Тибқи маълумоти оморӣ, соли 1989-ум ҳамагӣ 66 ҳазор нафар занону бонувон соҳиби маълумоти олӣ буданд.
Имрӯз бонувони мо дар баробари фаъолият дар низоми хизмати давлатӣ, корхонаҳои истеҳсоливу хизматрасонӣ таъсис дода, ҳамчун соҳибкорони муваффақ соҳиби эътибору обрӯ гардидаанд.
Муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Баҳодур Хайруллозода зимни суханронӣиброздошт, кирушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин кардани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад. Агар дар соли 2023 шумораи хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар 103 ҳазор нафарро ташкил дода бошад, пас,қабул ба синфи 1-ум ба 261 ҳазор нафар расидааст.
Дар ин давра 200 муассисаи таълимии нав ва биноҳои иловагӣ барои беш аз 85 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шудааст.
Дар охир иштирокчиёни вохӯрӣ оид ба иҷрои корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва ободонӣ пешниҳод ва дархостҳоманзурнамуданд.