Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Олимони соҳаи тиб натиҷаи корҳои илмиро дар амал татбиқ менамоянд

Олимони соҳаи тиб натиҷаи корҳои илмиро дар амал татбиқ менамоянд

29-01-2024, 10:17
Хабарро хонданд: 652 нафар
Назарҳо: 0
Олимони соҳаи тиб натиҷаи корҳои илмиро дар амал татбиқ менамоянд Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ҳамчун ҳуҷчати тақдирсоз дар пешрафти соҳаҳои муҳимтарини иқтисоди миллӣ ва иҷтимоӣ, илму маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ нақши асосӣ дорад. Махсусан рушди илми ватанӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат ба шумор рафта, илми тиб низ аз ҷумлаи он маҳсуб мешавад.

— Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дастовардҳои олимони соҳаи тиб зиёд гардид, вале дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, гувоҳи он ҳастанд, ки ҳанӯз ҳам дар ин самт захираю имконият пурра истифода нашудаанд ва амалӣ намудани раванди дурусти кор сабаби боз ҳам пешрав гардидани соҳа мегардад.

То имрӯз зиёда аз 22 мавзуи илмӣ мавриди таҳқиқи олимон дар самтҳои гуногуни илми тиб қарор гирифтааст, ки иҷрои дурусти онҳо дар самтҳои гастроэнтерология, ҷарроҳии дилу раг, осебшиносӣ, акушерӣ ва гинекологӣ, пайвандсозӣ ва бофтаҳои инсон ва ғайра нуфузи илмро боло мебардорад.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ омадааст, ки дастгирии таҳқиқоти илмӣ тавассути боло бурдани меъёри маблағгузории он, таъсиси марказҳои муосири илмӣ, озмоишгоҳҳо ва ҳамкории муассисаҳои илмӣ бо истеҳсолот дар давраи минбаъда муҳим арзёбӣ мегардад. Яъне, солҳои охир бо роҳбарии Президенти ҷумҳурӣ олимони тоҷик дар рушди илм нақши назаррас гузошта, барои пешрафти он ва ворид намудани технологияи инноватсионӣ корҳои зиёде анҷом додаанд. Дар ин ҷода омили асосӣ имрӯзҳо- ин вобаста ба самтҳои афзалиятноки илм интихоб ва амалӣ намудани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ мебошад. Чанд соли охир дар Шурои ҳамоҳангсозии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ, техникӣ, тиббӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба ин ҷиҳати масъала диққати асосӣ дода мешавад. Яъне, мавзуи илмӣ бояд ҷавобгӯи талаботи замон бошад. Гувоҳи равшани он дастовардҳои зерин ба шумор мераванд:

Дар Пажуҳишгоҳи тиббӣ-профилактикии Тоҷикистон бо истифода аз усулҳои таҳқиқоти вирусологӣ, молекулавӣ генетикӣ ва серологӣ, вазъи эпидемиологии коронавирус дар ҷумҳурӣ, намудҳои гуногуни ин вирус, ки дар мамлакати мо бештар хос мебошанд, муайян шуданд.

Ҳамаи усулҳои ташхиси коронавирус, аз ҷумла озмоиши тестӣ, муайянсозии антителаҳо (иммуноглобулинҳо) ва мубодилаи занҷираи полимеразӣ бо истифодаи дастгоҳи нав бо дараҷаи баланди ташхисӣ гузаронида шуд.

Дар Пажуҳишгоҳи гастроэнтерология дар кӯдакони гирифтори гепатити музмини С бо генотипи якуми вирус усули нави табобат бо истифодаи доруҳои софосбувир ва ледипасвир пешниҳод шуд, ки натиҷаи хуб дод. Инчунин бо истифодаи доруи нав коркардаи Ливерин ё Оксиметрин давоми 6 моҳ фибрози ҷигар аз дараҷаи IV то дараҷаи II паст гардид.

Амалиёти криоҷарроҳӣ, ки дар табобати бемориҳои ғадуди зери меъда, меъда ва ҷигар гузаронида шуд, самаранокиаш баланд буда, ихтирооти таҷҳизоти ҷарроҳӣ дар якҷоягӣ бо олимони Институти физикаю техникаи ба номи Султон Умаров ба даст оварда шуд.

Дар таърихи тибби тоҷик усули инноватсионии муолиҷаи тангии модарзодии шоҳраг — стентгузории шоҳраг ворид ва бо натиҷаи дилхоҳ иҷро шуд. Инчунин амалиёти ниҳоят мураккаби ба таври дохилирагӣ гирифтани лахтаҳои хун аз шараёнҳои мағзи сар ва стентгузории шараёни хобӣ иҷро шуд.

Бори аввал стентгузории бифуркатсияи шоҳраги батнӣ ва ташхиси электрофизиологии дил дар амал татбиқ шуд.

Роҳи дигари пешравии илми тиб- ин дар истифодаи гиёҳҳои шифобахши ватанӣ мебошад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ба ин масъала таваҷҷуҳи зиёд намуданд.

Ҷиҳати амалӣ намудани супориши Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати тайёр намудани доруворӣ аз растаниҳои ватанӣ ҳанӯз 28 сентябри соли 2019 дар Маркази илмию таҳқиқотии фарматсевтӣ коргоҳи истеҳсоли маводи доруворӣ аз растаниҳои шифобахш кушода шуд, ки дар он 12 намуд маводи доруворӣ аз растаниҳои маҳаллӣ истеҳсол мешавад.

Бо иштироки кормандони илмӣ коргоҳҳои коркарди равғани ангату бодом ва дигар гиёҳҳои шифобахш дар навоҳии Ванҷу Балҷувон ба истифода дода шуданд.

Аз Украина 26 номгӯй тухмии гиёҳҳои шифобахш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардид ва коркарди гиёҳҳои шифобахши маҳаллӣ дар ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон ҷорӣ шуд.

Коркарди регламентии истеҳсоли малҳам дар асоси бентонит ва равғани эфирии кокутӣ тартиб дода шуд.

Ҳарчанд солҳои охир дар ҳалли ин масъала каме дигаргунӣ дида шавад ҳам, вале истифодаи пурраю оқилонаи растаниҳои ватанӣ роҳи дурусти ҳалли худро мехоҳад.

Дар асоси маълумоти чандсолаи таҳқиқот оид ба гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон китоби «Атласи гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон» таҳия ва ба чоп расонида шуд, ки он ҳамчун маълумотнома барои истифодаи ин растаниҳо дар саноати доруворӣ хизмат намуда метавонад. Дар ин ҷода пеши олимони тиб ва дорусозон вазифаи муҳим-таҳия ва коркарди дорувории нав дар асоси растаниҳои шифобахш меистад.

Тарбияи олимони ҷавон низ яке аз масъалаҳои ҳалталаби рӯз мебошад, ки онро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ иброз намуданд. Ҷалби бештари мутахассисон ва омода намудани олимони ҷавон дар соҳаи илми тиб ба воситаи аспирантура ва докторантура вазифаи аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад. Инчунин ҷоизаи «Олими ҷавони сол», ки ҳар сол ба олимони ҷавони соҳаи тиб дода мешавад, воситаи ҳавасмандкунӣ дар ин соҳа мебошад.

Олимони соҳаи тиб ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз дастовардҳои навини илму техника барои ихтирою кашфиёти тоза кӯшиш намуда, натиҷаҳои корҳои илмиро пайваста дар амалияи тиббӣ татбиқ менамоянд.
Алиҷон ҒОИБЗОДА,
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: