Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ёде аз вакили Иҷлосияи тақдирсоз

Ёде аз вакили Иҷлосияи тақдирсоз

5-01-2024, 09:30
Хабарро хонданд: 232 нафар
Назарҳо: 0
  Ёде аз вакили Иҷлосияи тақдирсоз
Таърих сабақомӯз аст ва ё хотираи неки шахсияте, ки аз ӯ мо дар дил фараҳ дорем.
Соҳибдонишу инсони хирадманд, вакили Иҷлосияи XVI тақдирсози Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутахассиси соҳаи геология Ғайбулло Орифов дар давоми ҳаёти худ ҳамин суханони Муҳаммад Ғаззолиро шиори ҳаррӯзаи худ қарор медод: “...ҳеҷ чизе арзонтар аз огаҳӣ нест, ҳеҷ ганҷе шоистатару волотар аз хирад нест, ҳеҷ ифтихор ҷузъ аз хештаншиносию доноӣ нест...”
Ҳамин минвол, меҳвари зиндагии худро пайдо карда, онро бо иродаву тафаккури пок бо домони худаш зарфияти ҳаёт сохтаву донист.
Ғайбулло Орифов соли 1954 мактаби зодгоҳаш - деҳаи Рӯмони ноҳияи ба номи Бобоҷон Ғафуров ва факултаи геологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (имрӯза Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)-ро хатм карда, тақдирашро ба соҳаи геологияи кишвар пайваст. Кор кард, заҳмат кашид ва ба комёбиҳои намоён сазовор гардид.
То ба ин сатҳ расидани Ғайбулло Орифов худ ба худ ба вуҷуд наомадааст. Вай ҳамроҳи 6 нафар бародарону хоҳарони худ дар овони ҷавонӣ зиндагӣ ва ҳаёти мушкилро аз сар гузаронида, ба қавле дар қӯраи зиндагӣ пухта гардид.
Дониши азбарнамудааш ӯро сазовори номи донишҷӯ гардонд. Раванди ташаббусу эҳсоси масъулиятшиносиаш торафт боло мегирифт, ки ҳам дар корҳои ҷамъиятии Донишгоҳ иштироки фаъолона дошт.
Ӯ худро донишҷӯи муваффақу намунавӣ муаррифӣ карда тавонист. Соли 1957 дар қатори як гурӯҳ донишҷӯён дар заминҳои навкорами Қазоқистон давраи таътилро бо неруи ҷавонӣ гузаронд. Аз меҳнат сарбаландӣ ёфт. Подоши паси сар кардани мушкилоти кору заҳматаш дар замин нишони “Барои меҳнати шуҷоатнок” гардид.
Соли 1958 дар мавсими ҷамъоварии пахта матонат нишон дода, ба гирифтани Грамотаи фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мушарраф шуд. Ҳамчунин, борҳо мукофотҳои маъмурияти донишгоҳро сазовор гардид.
Пас аз хатми донишгоҳ тақдир ӯро ба экспедитсияи ҷустуҷӯӣ-геологии “Каромазор”-и Раёсати корҳои геологии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бурд, ки аз кору заҳмати аҳлона, дӯстона ва қиёснопазири геологҳо огоҳии том пайдо кард. Дониши назариявию касбии худро дар амал ба кор бурд. Меҳнати софдилона саршори зеҳну тафаккури ӯ буд. Ғайбулло Орифов ҷаҳд кард ва субот нишон дод. Таҳаммулпазир, ки буд, аз техник-геологи калон то муҳандис, муҳандиси калон, роҳбари гурӯҳ, саргеологи Пажӯҳишгоҳи “Тоҷикгипрострой” расид.
Вақте Пажӯҳишгоҳи давлатии муҳандисӣ-техникии тадқиқотии “ТоҷикГиинтиз” таъсис ёфт, серталабию кордонӣ, тарзу услуби хоси роҳбарӣ доштани Ғайбулло Орифовро ба назар гирифта, соли 1965 ӯро ба вазифаи роҳбари шуъбаи дар Ленинобод будаи комплекси геологии ин Пажӯҳишгоҳ таъин карданд.
Дар ин вазифаи пурмасъулият ӯ ду сол кору меҳнати сарбаландона кард. Соли 1969 ин марди соҳибирода ба вазифаи баландтари роҳбарӣ-муовини директори ин Пажӯҳишгоҳ, баъд аз ҳимояи рисолаи илмии номзадӣ соли 1975 сармуҳандис, соли 1983 директори ин муассисаи бонуфуз пешбарӣ мегардад.
Парвозгоҳи кору пайкори босалоҳият, масъулият ва ҳамияти инсонӣ буд. Бо гузашти солҳо, соли 1993 ӯ ба вазифаи директори Пажӯҳишгоҳи “Тоҷикгипрострой” таъин мешавад. Заҳматҳои ин роҳбари кордон дар сохтмонҳои ҷумҳурӣ ривоҷу равнақи тоза гирифт, мавқеи меҳнатии ӯ таҳким ёфт.
Сохтмони роҳи оҳани “Қӯрғонтеппа-Кӯлоб”, кони гази “Хоҷасартез”, ансамбли “Сомонӣ” дар шаҳри Душанбе ва даҳҳо лоиҳаҳои дигар баъд аз омӯхтани таркиби хоки замин аз ҷониби мутахассисони ин Пажӯҳишгоҳ оғоз шуда буданд.
Ғайбулло Орифов баробари корҳои роҳбарӣ ба омӯзиши илм шуғл варзида, соли 1975 рисолаи доктори илмҳои геологиро ҳифз кард. Ӯ давоми 6 сол узви Шурои илмии Филиали Осиёимарказии Пажӯҳишгоҳи тадқиқотӣ-илмии таҳкурсӣ ва иншоотҳои зеризаминии ба номи Н.М.Гертсеванов буд ва дар ин самт корҳои хеле назаррасро ба анҷом расонидааст.
Дар як сарчашма лаҳзаи хеле бамавридро хондам, ки онро айнан меорам: “Соли 1993 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯро директори Пажӯҳишгоҳи “Тоҷикгипрострой” таъин карданд ва тайи чанд соли дигар вазифаи пештараашро низ ба иҷро мерасонд. То нисфирӯзӣ дар Пажӯҳишгоҳи “ТоҷикГиинтиз” ва нимарӯзи дуюм дар Пажӯҳишгоҳи “Тоҷикгипрострой” ифои вазифа мекард...”
Чӣ гуна азму субот доштани қаҳрамони ин матлаб аз ҳамин навиштаҳои ҷолиб маънии том мегирад.
Ӯ, ки солҳои 1991-1995 вакили Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда буд, дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад карда, манфиати давлату Ҳукумат, пойдории сохти конститутсионии Ватани соҳибистиқлол, ҷомеаи навини тоҷиконро ҳимоя ва ҷонибдорӣ мекард. Вакилони ҳоло дар қайди ҳаётбуда онро фаромӯш накардаанд. Ӯ иродаи қавӣ дошту гурӯҳҳои манфиатхоҳро ба таҳаммулпазирӣ ва солимфикрӣ даъват менамуд.
Ҳанӯз солҳои 90-уми қарни гузашта мавсуф дар шароити муташанниҷ ташаббус нишон дода, дар шаҳри Душанбе ҷамъияти “Ҳамдилон”-ро созмон дод. Ҳамчунин, Ғайбулло Орифов яке аз фаъолони даъват кардани Иҷлосияи XVI тақдирсози Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд буд.
Қаҳрамони мо ҳамчун намояндаи мардум дар мақоми олии қонунбарори мамлакат дар он солҳои пурошӯби ҷанги шаҳрвандӣ ирода, эътимод ва инсонияти худро қавӣ нигоҳ дошт, ки ба баъзе қувваҳои бадхоҳ мақбул наафтод.
Аввал, ки писари ягонаи ӯро аз ҳаёт маҳрум сохтанд. Баъд, худ ва ҳамсари азизу меҳрубонашро бо ваҳшоният ба қатл расониданд.
Гурӯҳи бераҳму шафқат ва худобехабар аз ӯ ва ҳамсари азизаш чӣ талабе доштанд? Онҳо кӯрдилу кундфаҳм буданд, ки ақли солим надоштанд, кӯрнамакӣ мекарданд. Сад дареғи одамият...
Ман дар ин навиштаҳои худ тамоми ҷузъиёти кору пайкор ва ҳаёти шарафманди вакили халқ Ғайбулло Орифовро тавзеҳ доданӣ нестам. Танҳо ҳаминро мегӯям, ки дар баробари дар Иҷлосияи тақдирсози миллат интихоб шудани фарзонафарзанди миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи Раиси Шурои Олии кишвар қаҳрамони навиштаҳои мо ҳамеша дар ҳамсафӣ, ҳамдилӣ ва азму субот қарор дошт.
Ӯ ҳамчун вакили Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машварату ҳамоишҳои байнипарлумонии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил фаъолона иштирок мекард, мавқеи Тоҷикистони соҳибистиқлолро устуворона нигоҳдорӣ ва ҳимоя мекард. Имрӯз ин кору пайкораш дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои заррин сабт гардидаанд.
Ҳангоми дар ҳаёт будан ва баъд аз марги Ғайбулло Орифов ҳамсафон, ҳампешагон, устодон ва шогирдони дилсӯзу накуиродаи ин фардои шарафманд - меъморон, сохтмончиён, геологҳо, олимони соҳа, инсонҳои шариф, аз ҷумла Б.Зуҳуриддинов, Ф.Каримов, Б.Эшонов, А.Кулочков ва М.Бобоев гуфтаанду мегӯянд: Ӯ ба корҳои давлатӣ банд бошад ҳам, ҳамроҳи завҷаи меҳрубонаш Саломат Орифова ва фарзандони солеҳи хешро дар руҳияи меҳнатдӯстӣ ва меҳру муҳаббати инсонӣ ба камол расонидаанд.
Имрӯз Санавбар ва Акмал дар вазифаҳои гуногуни ҷомеа мавқеи худро доранд.
Бо ин ҳама мардӣ, ороста, хирадманд, соҳибдониш ва масъулиятшинос буд, бо сифатҳои ҳамидааш инсони заҳматкашу хоксор, шикастанафсу фурӯтан ва хайрхоҳ буду чунин монд.
Воқеан, агар ӯ дар қайди ҳаёт мебуд, ба синни мубораки 85 мерасид.
Зиндаву ҷовид монд, ҳар ки накӯном зист,
К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.

Мирзоаъзам Мақсудов,
рӯзгоманигор


Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: