Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » САРВАРИ ФИДОКОР

САРВАРИ ФИДОКОР

10-11-2023, 14:10
Хабарро хонданд: 373 нафар
Назарҳо: 0
САРВАРИ  ФИДОКОР Ноҳияи Рӯдакӣ алҳолдар арафаи 96-солагии таъсисёбӣ қарор дорад. Дар гузашта ин ноҳияро бо номҳои Лақай-тоҷик, Куктош ва Ленин мешинохтанд. Дар давоми ин солҳо ин ноҳияи калонтарини ҷумҳуриро даҳҳо роҳбарон сарварӣ карда, ҳар кадом дар рушду нумуи оннақши худро гузоштаанд. Аз миёни онҳо мардум бештар ба ду сарвари давр- Сангин Ҳафизов ва Азизбек Шарифов эътимод кардаанд.

Ба гуфтаи ҳолдонҳо ва ҳамкорон,Азизбек Шарифов мутахассиси хуб ва сиёсатмадори фаъол буд. Ӯ аз мактаби роҳбарии шахси оқилу доно, роҳбари хирадманди ноҳияСангин Ҳафизов гузашта буд. Бо инсонҳои неку бомаърифат дӯстию ҳамнишинӣ дошт, мудом аз онҳо меомӯхт ва ибрат мегирифт. Кумаки молӣ ва маънавиашро ба шахсони эҳтиёҷманд дареғ намедошт, касонеро, ки бо ӯ наздику рафиқ буданд, харгиз фаромӯш намекард. Дар мушкилоти мардум бетараф набуд. Ҳамчун дӯстдори адабиёту фарҳанг аз асари адибони классику муосир бархӯрдор буд. Меҳнатдӯстӣ, садоқат ба Ватани азиз шиори зиндагии ӯ буд.
Аз ин рӯ, Азизбек Шарифов ба зинаҳои роҳбарӣ аз поён то боло, марҳила ба марҳила омада расид, пухтакору обутобёфта буд ва ҳамчун роҳбари фидокору созанда ва инсони комилу накукор ба зудӣ маъруфият пайдо намуд.
Тақдир бо ин ҷавонмарди фидоӣ ману ӯро соли 1981 ҳангоми таҳсил дар Мактаби Олии ҳизбии назди Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистии ИттиҳодиШуравӣдар шаҳри Тошканд шинос кард ва ду соли ҳаёти донишҷӯиамон бо ҳам гузашт. Он вақт Азизбек Шарифов,ки вазифаи муовини раиси Комиҷроияи ноҳияи Ленин (ҳозира Рӯдакӣ)-ро ба уҳда дошт ба ин мактаби бонуфузи замони Шуравӣ фиристода шуда буд.
Дар мактаб шунавандаи фаъол буд, аъло мехонд, дар корҳои ҷамъиятӣ ибрат нишон медод, миёни ҳамкурсон ва устодон маъруфият дошт. Мактаби Олии ҳизбии назди Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистии Иттиҳоди Шуравӣдар шаҳри Тошкандро низ чун Донишгоҳи техникии шаҳри Душанбе бо дипломи аъло хатм намуд ва бо сари баланд ба диёраш баргашт. Роҳбарияти Кумитаи Марказии ҲизбикоммунистииТоҷикистон дар симои ӯ кадри болаёқатва роҳбари хирадманду дурандешро медид.
Ҳамин буд, ки баъд аз хатми ин таълимгоҳи бонуфуз моҳи марти соли 1985 ӯро раиси Комиҷрояи Шурои вакилони халқи ноҳияи Ленин таъин намуданд. Масоҳати ноҳияон солҳо хеле бузург буд. Ноҳияи Варзоби имрӯза низ дар ҳайати он буд ва дар якҷоягӣ калонтарин ноҳияи ҷумҳуриро ташкил медод. Дар ҳудуди ноҳия 24 колхозу совхоз ва межхоз, 5 завод, 6 трест, 20 автобаза, зиёда аз 150 ташкилоти сохтмонию васлкунӣ ва даҳҳо идораҳои бонуфузи дигар фаъолият доштанд. Пешрафту рушди ноҳия ба роҳнамоии дурусти Комиҷроияи ноҳия ва махсусан раиси он вобастагӣ дошт.
Моҳи ноябри соли 1988 Азизбек Шарифов Котиби якуми комитети ҳизбии ноҳия интихоб шуд. Ин мансаби нави ӯ ба давраи “бозсозии горбачёвӣ” рост омад ва масъулияти ӯро дучанд боло бурд. Лозим меомад қарорҳое қабул карда шаванд, ки роҳҳои алтернативии ҳалли ин масъалаҳо ва рафти истеҳсолотро муайян кунанд. Дар он солҳо дар ноҳия семинари ҷумҳуриявӣ оид ба баланд бардоштани маданияти деҳот гузаронидашуд, ки дар он котиби Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Иттиҳоди ШуравӣВ.А.Яковлев ва роҳбарони ҳамонвақтаи Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон Қ.Маҳкамов, П.К.Лучинский ва Ғ.Паллаев иштирок карда, ба корҳои иҷрошуда баҳои баланд доданд ва пешниҳод гардид, ки таҷрибаи пешқадами ноҳия дар сатҳи ҷумҳурӣ тарғибу ташвиқ карда шавад.
Соли 1990 кишвар ба интихоботи навбатӣ ба Шурои Олии Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон омодагӣ медид.Пешбарии номзадҳо ба вакилӣ оғозшуду ду шахсияти маъруф, зодагони як ҷамоат - Аслиддин Соҳибназаров ва Азизбек Шарифов аз Ҷамоати деҳоти Роҳатӣ бо ҳам рӯ ба рӯ омаданд. Оқибати корро андешида, ҳарду сари мизи маслиҳат нишастанд. Аслиддин Соҳибназаров ба Азизбек Шарифов рӯ оварда, хоҳиш ба амал овард “Ҷиҳати дастгирии банда ва барои вайрон нашудани муносибатҳои ҳамдеҳагию пайдо нагаштани муноқишаҳои авлодӣ беҳтар мебуд номзадиатро аз ҷойи дигар пешбарӣ мекардӣ. Ту ҳоло сари мансаб ҳастӣ, вазифаи Котиби якуми Кумитаи ҳизбии ноҳияро ба уҳда дорӣ, миёни мардум эҳтиромат зиёд аст, аз куҷое набошад, бе ягон монеа овоз гирифта метавонӣ”.
Азизбек Шарифов хоҳиши ӯро мардонавор қабул намуда, номзадиашро аз Ҷамоати деҳоти Гулистонба Шурои Олӣ пешбарӣ намуд. Ӯ қаблан аз соли 1977 то он вақт 8 даъват вакили Шурои вакилони халқи ноҳия интихоб шуда, чун роҳбари ғамхор ва ободкору созанда худро нишон дода буд. Аз ин рӯ, интихобкунандагон бо боварии том ба ҷонибдориаш якдилона овозҳои худро доданд. Ҳамин тавр,Азизбек Шарифов солҳои 1990-1995 дар Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи сиёсати аграрӣ ва шуғли аҳолӣ фаъолияти парлумониашро пеш бурда,дар таҳия ва қабули қонунҳо саҳм мегирифт.
Азизбек Шарифов, бо дарназардошти вакили мардумӣ буданаш, соли 1992 дар иҷлосияи сарнавиштсози 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд иштирок намуд ва ҳамроҳи 11 нафар вакилони мардумииШурои Олӣ аз ноҳияи Ленин (ҳозира Рӯдакӣ) -Султон Боймуродов,Абдураҳмон Ғуломов,Нарзулло Дӯстов, Сафаралӣ Кенҷаев, Аслишо Музофиршоев, Абдуваҳҳоб Саидмуродов,Ашӯр Сафаров, Аслидин Соҳибназаров, Саидшоҳ Шоев ва Одилҷон Яқубов, кидар иҷлосия ҳузур доштанд, дар интихоби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолона ҳиссагузоштанд.
Бо пош хӯрдани давлати абарқудрати Шуравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам ноором гардид.
Нақши роҳбарикунандаи Ҳизби коммунист коҳиш ёфта, дар сохтори давлатдорӣ дигаргуниҳо ба амал омаданд.
Бо дарназардошти ин, моҳи апрели соли 1991 Азизбек Шарифовро бори дуюм ба вазифаи раиси Комиҷрояи Шурои вакилони халқи ноҳия интихоб намуданд.
Дар ин айём ҷанги шаҳрвандӣ сар зад. Азобу машаққатҳои зиёде ба сари мардум омад ва ноҳияи Рӯдакӣ яке аз нуқтаҳои доғ гардид.
Бо вуҷуди ин, гурезагоне, ки аз водии Вахш меомаданд, аксарияташон дар ин ноҳияҷойгир карда мешуданд ва бо ҷойи хобу хӯрока таъмин кардани онҳо ва Фронти халқӣ бар дӯши комиҷроияи ноҳия бор гардид.
Тавре ҳамкору ҳамсафи ӯ Ислом Собиров дар хотираҳояш ёдовар мешавад: “Солҳои 1993-1995 дар ноҳияи Ленинвазифаи директори Маркази шуғли аҳолиро бар дӯш доштам. Он рӯзҳо дар ноҳия 66 ҳазор нафар мақоми гурезаро гирифта буд.
Мақомоти дахлдор зери роҳбарии раиси ноҳия Азизбек Шарифов ҳамарӯза бо онҳо кор мебурд, шароити зисташонро ташкил мекард. Кормандони Маркази мо бе рӯзи истироҳат кор мекарданд. Ҳар бегоҳ аз натиҷаҳои корҳои анҷомдодаамонба раиси ноҳия Азизбек Шарифов гузориш пешниҳод менамудем.
Ӯ роҳбаре буд, ки дар он рӯзҳои мудҳиши муноқишаҳои шаҳрвандӣ ғами ҷони ширинашро намехӯрд, аз амалҳои ноҷавонмардонаи қумондонҳои саркаш ҳаросе надошт,фақат Ватан мегуфту тамоми ҳастиашро барои оромии ҷомеа, ободии диёраш ва зиндагии шоистаи мардум мебахшид”.
Собиқадорони соҳаи матлубот, собиқ раиси Иттифоқи “Тоҷикматлубот”Ятим Мирзоев ва собиқ раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саидов бошад, дарки баланди масъулиятшиносӣ доштани ҳамкорашон Азизбек Шарифовро дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ ёдовар шуда, чунин ибрози назар доранд:- Хизматҳои Азизбек Шарифов ба ҳайси ҷонишини раиси Раёсати Иттифоқи “Тоҷикматлубот” ҳамчун масъули соҳаҳои сохтмон, саноат, нақлиёт ва истеҳсолот хеле шоиста буд.Дар давраи фаъолияти ӯдар соҳаи кооператсияи матлуботи кишвар, алалхусус дар ноҳияҳои дурдаст, базаҳоизамонавии савдои яклухтфурӯшӣ, универмагҳо, тарабхонаҳо, муассисаҳои савдо,хӯроки умумӣ, истеҳсолию саноатӣ, нонпазхонаҳо, сехҳои нӯшокиҳои ташнашикану ҳасиб, сехҳои дӯзандагию бофандагӣ, коркарди пӯсту пашм ва ғайраҳо бунёду навсозӣ гардиданд.
Ҳамзамон, онҳо ба ёд меоранд, ки он замон бунёди бинои маъмурии Иттифоқи “Тоҷикматлубот” даҳсолаҳо бозмонда буд ва баъд аз ҳалли масъалаи идома додани сохтмони навбати аввали он ин масъулият ба зиммаи Азизбек Шарифов гузошта шуд.Зери назорат ва роҳбарии ӯ сохтмони бино шабонарӯзӣ сурат гирифта, шумораи коргарон ба 800 нафар расид. Зиёда аз 300 нафар сохтмончиён аз ҶумҳурииБеларус ҷалб карда шуданд. Азизбек Шарифов тавонист дар кутоҳтаринмуҳлатдар якҷоягӣ бо сардори корхонаи соҳавии “Коопстройтрест”Валерий Коган ватаҳти роҳбарии раиси Иттифоқи “Тоҷикматлубот” шодравон А.Ғозибеков биноимаъмуриро пас аз хулосаи комиссияи қабул ба истифода супоранд. Ин пирони кор хизматҳои шоёну пурарзиши ҳамкасби собиқашон Азизбек Шарифовро дар ҳар як ҷамъомаду вохӯриҳои хоса дар сафи собиқадорони соҳаи матлуботи кишвар, Г.С.Савриддинова, Г.М.Кокова, Н.С, Сулаймонов, М.Давлатов, Б.Ш.Уроқов, М.Тошбеков, И.Гулов, А.Давлатов, Я.Эгамбердиев, Ш.Миристоев, М.Додоматов, Р.К.Расулов, Д.Ф.Искандаров, Р.Абдубанапов, А.Рӯзиев ва Н.Лашкарбеков ном мебаранд.
Моҳи январи соли 1995 Азизбек Шарифов бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи муовини якуми вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъингардид.
Ҳангоми иҷрои ин вазифаи масъулиятнок ӯдонишу маҳорати худро барои иҷрои вазифаҳои гузариш ба муносибатҳои бозоргонӣ дар соҳаи кишоварзӣ, ислоҳоти замин ва таҷдиди хоҷагиҳо, истифодаи таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ, техника ва технологияҳои нав, самаранок истифода шудани замин ва воситаҳои истеҳсолоти кишоварзӣ равона намуда, дар рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, баланд бардоштани дараҷаи некуаҳволӣ ва маънавиёту маърифати мардум, ривоҷу равнақ додани истеҳсолот ва ободии диёр саҳми намоён гузоштааст.
Ҳамчун номзади илмҳои иқтисодӣмуаллифи 45 мақолаю корҳои илмӣ, тавсия, пешниҳодҳо, аз қабили оид ба хусусигардонии моликият дар соҳаи кишоварзӣ, таҷдиди корхонаҳои соҳаи кишоварзӣ, ҷорӣ намудани системаи ҳисобгузорӣ дар хоҷагиҳои деҳқонию фермерӣ ва ғайра мебошад.
Азизбек Шарифов солҳои зиёд ба Ташкилоти ҷамъиятии Ассотсиатсияи миллии хоҷагиҳои деҳқонии (фермерии) Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ кардва маҳз бо кордонию донишмандии ӯ Ассотсиатсия ба яке аз ташкилотҳои бонуфузи ҷумҳурӣ табдил ёфт. Ташкилоти мазкур дар ҷумҳурӣ обрӯю нуфузи калон пайдо карда, дар навсозӣ ва ислоҳоти хоҷагиҳои кишоварзӣ бо роҳи суръат додани маъракаҳои маърифативу тарғиботӣ ҷиҳати рушди устувори соҳа, корҳои ташвиқотиютарғиботӣзимни ҷалби деҳқонон ба семинару омӯзишҳо, нашру дастрас намудани дастуру тавсияномаҳо оид ба рушди кишоварзии мамлакат ҳиссаи босазо гузошт.
Бо саъю кӯшиши ӯ Маркази омӯзишӣ ва рушди кишоварзӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ ва Маркази дастгирии занбӯрпарварии Сангвор бунёд ёфтанд, ки дар онҳо мунтазам ҷамъомаду машғулиятҳоиомӯзишииҷумҳуриявӣ оид ба соҳаҳои гуногуни кишоварзӣ гузаронида мешуданд.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизбек Шарифов чун узви комиссия оид ба қарзҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) дар ҳалли масъалаҳо саҳм гузоштааст.
Солҳои 2009-2014 Ассотсиатсияи миллии хоҷагиҳои деҳқонии (фермерии) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи иҷрои супоришҳои Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистондар баланд бардоштани самаранокии ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ, истифодаи самараноки замину воситаҳои истеҳсолот, баланд бардоштани донишу маърифати деҳқонон, беҳтар кардани ҳамкорӣ миёни хоҷагиҳои деҳқонӣ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҳисобгузорию ҳисобдории хоҷагиҳо ва ғайра саҳми калон дошт. Азизбек Шарифов, ки мушкилоти соҳаи кишоварзӣ ва роҳҳои тараққӣ додани онро хуб дарк мекард, баҳриҳалли онҳо бисёр заҳмат мекашид. Ӯ инсони ҷӯяндаву сертараддуд буд, ҳам меомӯзонду ҳам худаш меомӯхт, ҳамзамон дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба мардум мерасонд.
Аз ҷонибиАссотсиатсия маҷаллаи илмӣ-истеҳсолии “Фермер” ва 16 марказҳои иттилоотиву бозоршиносӣ таъсис ёфтаанд, ки барои омӯзишу маслиҳатдиҳӣ, паҳн намудани идеяҳои наву таҷрибаи пешқадам, пешбурди ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ, тарғибу ташвиқи иҷроифармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидаанд.
Хизматҳои Азизбек Шарифовбо ордени «Шараф», медалҳои 10-солагӣ ва 20-солагии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадршиносӣ шудааст.
Сад афсӯс, ки ин инсони накукор, роҳбари хирадманд ва ободкор дар рӯзҳои омодагӣ ба ҷашни 70-солагии мавлудаш қурбонии беморииҳамагириКовид-19 гардид ва ормонҳои дар дил доштаашро надида рафт. Гарчанде ӯ ҷисман миёни мардум набошад ҳам, наздикону пайвандон, дӯстону ҳамкорон ва онҳое, ки ӯро мешинохтанду аз некиҳояш бархӯрдоранд, даст ба дуо бурда мегӯянд:
- Руҳат шоду манзили охираташ обод бод, Азизбек Шарифовифидокору ободкор!

ШЕРАЛӢ ЯҲЁ,
собиқадори матбуот


Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: