Коғаз ва коғазсозӣ дар таърихи тоҷикон27-11-2023, 14:07
Хабарро хонданд: 212 нафар
Назарҳо: 0
Агар китоб яке аз унсурҳои муҳим ва калидии илму фарҳанг бошад, пас коғаз низ қисматиасосии китоб буда, таърихи пайдоишу густариш ва истифодаи он ҷузъе аз таърихи китоб маҳсуб меёбад. Аз оғози пайдоиши коғаз то имрӯз миллионҳо нусхаҳои дастхату чопи сангӣ ва типографии китобҳокитобат гашта, мавриди истифодаи ҳамарӯзаи тамоми башарият қароргирифтаанд, ки ҳар кадоми онҳо, вобаста ба қарнихуд,таърихикоғаз ва коркарди онро дар ҳамон давра дар худ нуҳуфтаанд. Мадракҳои таърихӣ ншон медиҳанд, ки бори нахуст Тсай Луни чинӣ дар ҳудуди соли 105 порчаҳои фарсудаи абрешимро ос намуда, аз он хамирае сохт ва дар сатҳи ҳамвор фишурда хушк кард. Дар натиҷа нахустин тиккаи коғаз ихтироъ шуд. Аҷдоди тоҷикон - суғдиҳову бохтариён, ки ҳамсоякишварҳои Чин буданд ва гузашта аз ин, дар ҷавори Роҳи бузурги абрешим қарордоштанд, пешаздигаркишварҳо ба ин маҳсулоти нав дастрасӣ пайдо карда, ба истифодаи коғаз оғоз кардаанд. Ба гуфтаи пажӯҳишгариэронӣҲамид Насрободӣ, дар мақолаи“Коғаз” (маводи ташкилдиҳандаи коғаз ва авомили тахриби он), ки дар маҷаллаи “Паёми Баҳористон” чоп гаштааст,чиниён то нимаи асри 8 сирри истеҳсоли коғазро аз мардуми дигар пинҳон медоштанд. Соли 751 теъдоде аз мардуми Чин ба дасти аҳли Варорӯд асир афтода, ба Самарқандбурдашуданд. Чанднафаразонасиронбо фанни коғазсозӣ ошноӣ дошта, ин ҳунарро дар Самарқандроиҷ кардаанд. Аз ҳамон замон коғази истеҳсоли хориҷ аз Чин ба унвони “коғази самарқандӣ” дар давлатҳои дигари Осиёву Аврупо истеҳсол ва фурӯхта мешуд. Дар як муддати кутоҳ коғази самарқандӣ ба яке аз маъруфтарин коғазҳои ҷаҳон табдил ёфт. Дар сарчашмаҳои таърихӣ гуфта мешавад, ки аввалҳо мусулмонон аз навиштани матнҳои динӣ дар рӯйи коғаз ҳарос доштанд ва ба китобҳои чармӣ авлавият медоданд ва мехостанд истифодаи коғазроманъ кунанд. Бо вуҷуди ин зиддиятҳо хосу оми Хуросону Мовароуннаҳр коғазро хуш истиқболмекардандваонродардевонҳои давлативу мадрасаҳо истифода мебурданд. Решаи калимаи “коғаз”номаълум аст ва онро ҳар муҳаққиқбатаври худ форсӣ, чинӣ, санскрит, уйғурӣ ё суғдӣ маънидод кардаанд. Дар бораи навъҳои коғаз дар давраҳои мухталифи таърихӣ шарҳу тавзеҳҳои вобаста ба замону технологияи ҳамондавра дода шудааст. Эраҷи Афшор дар бораи таҳаввулоти таърихии истеҳсол ва анвои коғаз дар китоби худ натиҷаҳои пажӯҳиши худро ба таври муфассал баён намудааст. Аз рӯйи таснифоти ӯ, коғазҳо бар асоси мансубияташон ба шаҳрҳои истеҳсолкунанда, муассисони фабрикаҳои коғазбарорӣ ва меъёру андозаашон ба гурӯҳҳо ҷудо карда шудаанд. Масалан: а. Бар асоси номи шаҳрҳо - коғази чинӣ, коғази суғдӣ, коғази самарқандӣ, коғази хӯқандӣ, коғази исфаҳонӣ, коғази истанбулӣ, коғази ҳалабӣ, коғази русӣ, шомӣ ва амсоли инҳо; б. Бар асоси номи ашхос - коғази иброҳимӣ, коғази амирӣ, коғази рашидӣ, коғази умархонӣ, коғази давлатшоҳӣ ва ғайра; в. Ба асоси меъёрҳои дигар - коғази райҳонӣ, коғази расмӣ, коғази ҳарир, коғази сода, коғази султонӣ, коғази дафтарӣ ва ҳоказо. Дар замони мо бошад, коғаз ба таври васеъ истеҳсол ва истифода шуда, аз рӯйи вазн, сатҳ, ранг ва андоза танаввуъ карда мешавад. Коғаз дар тӯли таърихи худ яке аз асоситарин ва муҳимтарин василаи ҳифзи мероси илмиву фарҳангии умумибашарӣ буд ва ҳеҷ гоҳ ин ҷойгоҳи худро аз даст нахоҳад дод. Гулрухсор ХОЛБОЕВА,
китобдори Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии шаҳри Панҷакент |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.