Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ЧАРО ПРЕЗИДЕНТИ МО ЧЕҲРАИ МОНДАГОР АСТ?

ЧАРО ПРЕЗИДЕНТИ МО ЧЕҲРАИ МОНДАГОР АСТ?

16-11-2023, 16:22
Хабарро хонданд: 406 нафар
Назарҳо: 0
         ЧАРО ПРЕЗИДЕНТИ МО ЧЕҲРАИ МОНДАГОР АСТ?

Фикр намекунам, ки таърихи давлатдорӣ номи ҳамаи роҳбаронро дар саҳифаҳои худ ҷой диҳад, бахусус бо некӣ. Чаро? Чунки нақши чунин роҳбарон дар рушди мақоми миллат ва давлат мондагор нест. Аммо мутмаинам, ки номи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳифаҳои таърихи миллату давлат бо ҳарфҳои заррин навишта хоҳад шуд. Зеро Президенти мо сиёсатмадори дурандеш ва сарвари оқилу фозил, воқеан, чеҳраи мондагор ва шахсияти нотакроранд.
Боре дар саҳифаи фейсбукиам дар ин хусус ду-се ҷумла навишта будам. Мехоҳам бар шарҳи он навишта андаке изофа намоям.
Дар ин рӯз метавон аз роҳбарони дигари кишвар ҳам ёд кард, ба шумули роҳбарони аввали қаблӣ, аммо бояд эътироф кард: Таассуроти аввалини ҷомеа аз инсон бо ду хусусият пайдо мешавад: 1. Чеҳра - чеҳраи зебо ва кушода; 2. Гуфтор - гуфтори нарм, хушзабонӣ. Ин ду ҷанба дар Президенти ман худодод аст. Магар дурӯғ гуфтам? Не! Мутмаинам, шумо ҳам мувофиқед! Шоири маъруфи диёр Низом Қосим барҳақ гуфтааст:
Пурнуру шаҳчароғӣ, эй раҳнамои Миллат,
Раҳҷӯи бахти халқӣ, эй раҳкушои Миллат.
Дар як байт 5 сифот: Пурнур! Шаҳчароғ! Раҳнамо! Раҳҷӯ! Раҳкушо! Ин Меҳр аст, Эътимод аст, Эҳтироми миллат аст ба Сарвари худ!
Бале, Президенти мо бо ин ду ҷиҳат дарҳол дар дили ҳар кас ҷой гирифта тавонистанд. Шоири ваҳдатсаро Давлат Сафар Сарвари давлатро бо чунин сифот - “чеҳраи пурзиё, шоистатарин бақо, Роҳбари раҳкушо, ҳамнафасу ёдраси мо” дар шеър тавсиф кардааст:
Эй чеҳраи пурзиёи миллат, хуш бош!
Шоистатарин бақои миллат, хуш бош!
Дар роҳи мурод бо шумоем, Шумо,
Эй Раҳбари раҳкушои миллат, хуш бош!
Эй ҳамнафаси мо,
Эй ёдраси мо,
Бо номи ту дунё
Дорад ҳаваси мо!
Ҷойи инкор нест: симои тоҷикона, ҳарфи оқилонаву муносибати самимонаашон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро маҳбуби оламиён гардонда тавонистанд. Омаданашон ба майдон унвони “мушкилкушои миллат”- ро ба он кас насиб гардонданд:
Ту омадӣ ба майдон, эй Пешвои миллат,
Гаштӣ ба рӯзи сахтӣ мушкилкушои миллат.
Ин ҳақиқатест раднопазир! Қазоват кардани он ки дар чорабиниҳои сатҳи баланд роҳбарони давлатҳои дигар ба Президенти мо чӣ таваҷҷуҳе зоҳир мекунанд, душвор нест. Фаразан, агар Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин саҳми Эмомалӣ Раҳмонро “дар таъмини амнияту суботи Осиёи Марказӣ” бузург дониста бошад, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев “татбиқи бомуваффақияти ташаббусҳо ва ислоҳоти муҳиммашонро минбаъд низ кафолати рушди устувори Тоҷикистон, таъмини некуаҳволии аҳолӣ ва боз ҳам боло рафтани шаъну эътибори Душанбе дар арсаи ҷаҳонӣ” шарҳ медиҳад.
Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Станислав Зас бар ин назар аст, ки Тоҷикистон таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон роҳи азими рушди иҷтимоӣ-иқтисодиро тай намуда, дар масоили сиёсӣ ба дастовардҳои назаррас ноил шуд ва мавқеи қавиро дар арсаи байналмилалӣ соҳиб гардид.
“Кишварҳои узви СААД раисии Тоҷикистонро дар Созмон, саҳми шахсияшонро дар бунёд ва рушди бомароми СААД, таҳкими сулҳу субот дар паҳнои бузурги АвруОсиё баланд арзёбӣ мекунанд”,-мегӯяд Станислав Зас.
Ин ҳама эътимод ба Президенти мо аз яксон будани гуфтору рафтор, аз фарҳангу одамият ва меҳмоннавозиҳои тоҷиконаашон насиб гаштааст.
Муҳаббат ба роҳбар аз ду ҷиҳат муяссар мегардад: 1. Тавозуъ, ки унвони “мардумӣ”-ро барояш насиб мегардонад; 2. Поси арзишҳои миллӣ - забон, фарҳанг, эътиқод...
Президенти МАН хеле хоксоранду қадршинос.
Бале, аксари роҳбарон хоксориро ба худ лоиқ намебинанд, аммо Президенти мо баръакс. Он кас фармудаи бузургонро хуб дар хотир доранд: “Тавозуъ кун, ки ёбӣ арҷмандӣ,
Фурӯтан шав, ки бинӣ сарбаландӣ”.
Академик Абдуҷаббор Раҳмонзода дар бораи шахсияти бузурги Президент ёддошти хубе навишта, аз ҷумла, мегӯяд: “Фурӯтаниву хоксорӣ ва одамияти баланд эътиборашро миёни тамоми қишрҳои ҷомеа баланд бардоштааст. Вай хуб медонад, ки баробари накуӣ ва хайрхоҳӣ, амали солеҳ барои зиннати одамӣ муҳим мебошад.”
Барои Президенти мо поси арзишҳои миллӣ рисолати муқаддас аст. Дар ЮНЕСКО мақом ёфтани “Фалак”-у “Чакан”, Наврӯзу чандин ёдгории таърихии кишвар аз ибтикороти Пешвои миллат аст.
Президенти мо ба ҳаёти фарҳангии ҷавонон ва мардуми худ арҷ гузошта, ҳам ба рушди мусиқии классикӣ ва ҳам ба рушди мусиқии эстрадӣ шароити мусоид фароҳам оварданд.
Илму маориф, технология, тандурустӣ, меҳнат, театру синамо, варзишу ҳунармандӣ, саноату кишоварзӣ, барқу об, шинохту эътирофи беҳтаринҳо дар тамоми соҳаҳо аз паҳлӯҳои дигари зиндагии имрӯзаи мо ҳастанд, ки ҳамеша дар мадди назари Сарвари давлат қарор доранд.
Ба таъкиди академик Абдуҷаббор Раҳмонзода, “мардум бо талоши он кас аз асолати ҷашнҳои миллӣ, амсоли Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон огаҳӣ пайдо карданд. Вай фарҳангро ҳастии миллат эълон намуда, дар рушду равнақи он саҳми босазо гузоштааст.”
Воқеан, тӯли 70 сол мардум дар бораи арзишҳои миллии худ иттилои кофӣ надоштанд, чун талаби замон ва сиёсат чунон буд, ки мо аз шинохти худ дур монда будем.
Шукр, ки бо ғамхориҳои пайвастаи Роҳбари давлат бехабарӣ бартараф гашт, акнун хурду калон хуб медонанд, ки тоҷик чӣ миллати соҳибтамаддуне будааст.
Эҳтиром ба шахс ба ду омил рабт дорад: 1. Гӯш кардани арзи эҳтиёҷманд ва бароварда гардондани он; 2. Ваъдахилофӣ накардан.
Президенти ман сомеи арзи ҳар корафтода ва қадршиноси мардуми худанд.
Бале, барои Сарвари давлати мо гӯш кардани арзи ҳар корафтода, бахусус, маъюбону ятимон, пирону ҷавонон ва истеъдодҳо шарти муҳим аст.
Абдуҷаббор Раҳмонзода дуруст таъкид мекунад, ки он кас то ба охир гӯш карданро дӯст медоранд ва ба ҳамсуҳбаташон имкон медиҳанд, ки мақсаду маромашро озод баён намояд. Биёед, аз худ бипурсем: Оё ҳамаи мо тоқати гӯш кардани ҳамдигарро дорем? Оё мо метавонем ба ҳарфи хурду калон, ҳар корафтода ва ҳатто дӯсту ҳамкори худ бо таҳаммул ва бо таваҷҷуҳ гӯш кунем?
Чӣ касоне аз лутфу меҳрубонии он кас шарафёб гаштаву хонаобод ва соҳибмақом гаштаанд. Ба ёд биёрем ва ба имрӯз муқоиса кунем: “Ман ҳеҷ вақт ягон ятими куллро дар нимароҳ намегузорам, меомӯзонам, тарбия мекунам ва ба ҳаёти мустақилона гусел менамоям.”
Абдуҷаббор Раҳмонзода ёдовар мешаванд, ки вохӯрӣ бо ду ятим дар Бадахшон боиси он гашт, ки Президент барои ба таҳсил фаро гирифтани бачаҳои деҳоти дурдасти ин вилоят мактаб-интернати замонавӣ бо хобгоҳҳои алоҳидаи духтарона ва писарона бунёд намоянд.
Имрӯз дар ҳар шаҳру ноҳияи кишвар чунин мактабҳо, ғайр аз ин, мактабҳои президентӣ, литсейю гимназияҳо барои хонандагони болаёқат бо шароити дилхоҳ ва ҷойи хоб сохта ба истифода дода шудаанд, ки ин ҳама натиҷаи таваҷҷуҳи Президент ва далели дар ваъда устувор будани он кас мебошад.
Сарвари давлат ба ҷавонони хушзеҳн, болаёқат ва ғайратмандамон чун ба сарвати миллӣ ва як рукни инкишофи ояндаи кишвар муносибат кардан ва барои ояндаи дурахшони онҳо таъсир расонданро рисолати муҳими ҷомеа медонанд. Зеро ба таъкиди он кас: “бар дӯши онҳо рисолати бузург ва муқаддас, яъне масъулияти созандагии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлоли демократӣ, масъулият барои фардои Ватан ва миллат” бор аст.
Таваҷҷуҳи Президенти мо ба аҳли илму маориф, санъату адаб ва занону бонувон ҳам ҳамеша ба чашм мерасад. Як махсусияташон ҳамин аст, ки диққати ҳамаро ба ин қишрҳои ҷомеа ҷалб карда, аз дарки мақоми онҳо ҳушдор медиҳанд. Дигар, вазифадор мекунанд, ки ин гурӯҳ набояд ба мақоми худ ва иҷрои рисолаташон дар ҷомеа бепарво бошанд. Барои мисол, ҳанӯз соли 1995 гуфта буданд: “Ҷомеае, ки ба аҳли маориф, ба устод, омӯзгор, зиёӣ, эҳтиром намегузорад, ба пешрафт муваффақ шуда наметавонад.” Айни замон таъкид кардаанд: “Баланд гардидани обрӯ ва эътибори омӯзгор ва мактабу маориф аз бисёр ҷиҳат ба худи устодону омӯзгорон вобаста аст.” Яъне, арҷ гузоштани ҷомеаро ба омӯзгор муҳим медонанд ва ҳамзамон, дар ҳифзи эътибору мақом нақши худи омӯзгоронро муҳимтар шарҳ медиҳанд.
Маориф аз нигоҳи Президенти кишвар омили амнияти миллӣ, соҳаи афзалиятноки кишвар, омили муҳимтарини наҷоти миллат ва таҳкими давлат буда, дар сиёсат дар ҷойи аввал қарор дорад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ҷалби бонувонро ба корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ амри зарурӣ медонанд, зеро ба ғайратмандиву ташаббускории онҳо эътимод доранд.
Таъкиди Президент боиси ифтихори мо, занону модарон аст: “Мо, ҳамчунин ба нақши зан-модар, ки мавҷуди муқаддас мебошад, ҳамеша арҷ мегузорем, чунки ӯ насли инсонро ба вуҷуд меоварад, тарбия мекунад ва ба камол мерасонад”.
Президенти мо маорифпарвар, фарҳангдӯст, тимсоли беҳтарини таҳаммулгароӣ, зебоипарварӣ, ободкорӣ, тарғибгари сулҳу дӯстӣ, умуман, шахсияти нотакроранд. Тамоми мардуми мутамаддин медонанд, ки он кас дигар ба худ не, ба миллат ва тамоми ҳамватанон тааллуқ доранд.
Фарҳанг аз нигоҳи Президент ҳастии миллат аст, тавассути он миллат муаррифӣ мегардад, давлатро оламиён мешиносанд.
Ташкилу баргузории озмуну олимпиадаҳои гуногун, бунёди китобхонаву қасрҳои фарҳангӣ, чопи китобҳои адибони классик ва муосир, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва гиромидошти ёдгориҳои таърихӣ ва садҳо падидаи дигар бозгӯи онанд, ки ба ҳар паҳлуи зиндагии мардум таваҷҷуҳ аз ҷониби Сарвари давлат, воқеан, беҳисоб аст.
Самти дигаре, ки боиси рушди ҳаёти солим ва ҳифзи саломатии мардум мегардад, ба варзиш рабт дорад. Ин самт ҳам маҳз бо дастгириии Президенти кишвар бо бунёди муассиса ва майдончаҳои варзишӣ мутобиқ ба шароити замон, қадршиносии варзишгарон бо Ҷоизаи Президент, медалу ифтихорнома ва туҳфаҳои моливу пулӣ сол то сол рушд мекунад.
Соли 1995. Аввалин бор дар вохӯрии Президенти кишвар дар ноҳияи Фархор иштирок карда, аз чеҳраву ҳарфи гарму самимиашон бас таассуроте гирифтам. Ин ҳамон вақт буд, ки минтақаи Кӯлоб баъд аз муҳосира зиндагии сангин дошт, буҷаи шаҳру ноҳияҳо ба он дараҷае набуд, ки ба омӯзгорон маош дода шавад.
Президенти маҳбуб сари роҳ бо омӯзгорони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ суҳбат карда, аз маошашон пурсон мешаванд. Омӯзгорон: “Маош мегирем”,-гуфта посух доданд, аммо Сарвари ғамхори мардум ҷавобе доданд, ки омӯзгорон таскин ёфтаву руҳияи тоза гирифта, то дер аз таассуроти суҳбати онрӯза ба ҳамдигар нақл мекарданд: “Аз нигоҳҳоятон маълум, ки шумо дер боз маош нагирифтаед.”
Баъдтар ба иштирок дар чандин вохӯрии Президенти худ шарафёб гаштам, дар ҳар вохӯрӣ он касро ҳамон гуна дидам, ки соли аввал дидам: нуронӣ, самимӣ, ботаҳаммул, бо салобат, босалосат, бо муҳаббат, боҷасорат. Садо, оҳанг, қатъияти гуфтор яксон, муассир ва умедбахш.
Номзади илмҳои сиёсӣ Абдусаттор Одинаев дар як мақолаашон дар маҷаллаи “Маорифи Тоҷикистон” барҳақ менависад, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсатмадорест, ки зери роҳбарии ӯ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона дар ҷаҳон шинохтаву пазируфта шуд.
Ба таъкиди ин таҳлилгар, Президент халқро аз парокандагӣ, миллатро аз нестшавӣ ва давлатро аз фурӯпошӣ наҷот доданд, дурнамои давлату кишварро муайян карда, имкони рушди ҷомеа ва худшиносиро фароҳам оварданд.
Мусаллам аст, ки Президенти мо барои оромии мардуми кишвар оромиши худро аз даст доданд. Ҳанӯз дар ҳамон солҳои аввали нооромӣ, ки сари қудрат омаданд, гуфта буданд: “То охирон гуреза ба хоки Ватан барнагардад, ман худро ором эҳсос намекунам.”
Сулҳофарии Президенти мо барои оламиён мактаби таҷриба шуд. Президенти мо дар ақсои ҷаҳон унвонҳои фахрии зиёд доранд, вале муҳимтарин унвонҳоро ба он кас халқи Тоҷикистони азиз додааст: “Президенти мардумӣ, Пешвои миллат, Сарвари давлат, роҳнамои миллат, шахсияти нотакрор, маорифпарвар, фарҳангдӯст, сулҳофар, ваҳдатофар, истиқлолхоҳ, давлатсоз, саховатпеша, ятимпарвар...” ва даҳҳои дигар. Шоир Ниҳонӣ дар ин хусус хуб гуфтааст:
Асоси Сулҳу Истиқлолу Ваҳдатро ту бинҳодӣ,
Зиҳӣ, эй Пешво, бар ҷони мо ҷонӣ, ту меарзӣ.
Президенти мо аз чеҳраҳои мондагори миллату давлати тоҷикон ва Тоҷикистон, шахсияти бузургу фарзанди фарзонаи миллатанд.
Таърих наметавонад инкор кунад, ки дар давраи давлатдории Эмомалӣ Раҳмон чӣ иқдоми бузург ва дар пайи ҳар кадом чӣ ободкориҳое сурат гирифтанд. Маҳз дар ин давра ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон интихоб ва пайгирӣ шуданд:
• таъмини истиқлолияти энергетикӣ, ки қуллаи баландтаринаш ҷабҳаи номуси миллӣ - бунёди Неругоҳи барқи обии “Роғун” аст;
• раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ки далелаш нақбҳои “Озодӣ”, “Истиқлол”, “Хатлон” ва “Шаҳристон”, роҳҳои автомобилгарди “Душанбе-Бӯстон-Чаноқ”, “Душанбе-Нуробод-Лахш-Саритош”, “Душанбе-Данғара”, шаш пули мошингузар дар болои дарёи Панҷ, роҳи оҳани Душанбе-Хатлон, роҳҳои мошингарди Душанбе-Турсунзода, Айнӣ-Панҷакент, Восеъ-Ховалинг, Мурғоб-Қулма-марзи Чин, Душанбе-Ваҳдат-Ҷиргатол-марзи Қирғизистон, Душанбе-Чаноқ-марзи Узбекистон, Қӯрғонтеппа-Панҷи Поён-марзи Афғонистон, таҷдиду навсозии роҳҳои пойтахт ва бунёди эстакадаҳо дар шаҳри Душанбе, шоҳроҳҳои мошингарди байналмилалӣ маҳсуб меёбанд;
• ҳифзи амнияти озуқаворӣ, ки дар ин самт таъмини талаботи аҳолӣ бо озуқаи ҳаётан муҳим аз ҷониби истеҳсолкунандагони ватании маҳсулоти кишоварзӣ, ашёи хом ва озуқа афзоиши бештару беҳтар пайдо кардааст;
• саноатикунонии босуръати кишвар, ки бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ, ба кор андохтани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда ва ташкили ҷойҳои кориро ҳадафи худ қарор додааст.
Хуллас, мактаби Эмомалӣ Раҳмон даргоҳи омӯзишу парвариш аст. Аз он метавон дарси давлатдорӣ, ҷавонмардӣ, ватандорӣ, посдорӣ, сиёсат ва одамият омӯхт.
Дар он метавон насли ояндасози ватанро ба мисли Президенти худ садоқатманд ва қадршинос тайёр кард. Умедворем, ояндаи ин насл, ки пайрави воқеии Пешвои миллат ҳастанд, боиси ифтихори тамоми тоҷику тоҷикистонӣ мегардад.
Ҳаққо, ки устод Бозор Собир садои дили мардум ва шиори пиру ҷавони кишварро хуб ба забон овардааст:
Номи туро нависем, эй қаҳрамони ваҳдат,
Бо оби ноби тилло дар тоқи қасри миллат!

Саидаи ФАЗЛ,
Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: