Санъати бебаҳои ниёгон10-11-2023, 13:53
Хабарро хонданд: 599 нафар
Назарҳо: 0
Санъатикандакорӣазҳунарҳоинодири мардуми Осиёи Марказӣ буда, сол азсолрушд ёфта истодааст. Дар замони муосир,бинобар сабаби замонавӣ ва обод гардидани шаҳру деҳоти кишвари мо,нозукиҳои санъати кандакорӣ зиёдифшо мегарданд. Тавре аз таърихи ин ҳунар бармеояд,нақшу нигоре, ки дар ин санъат истифода мебаранд, ба ду гурӯҳҷудо мешавад: нақшҳои классикӣ,ки аз гиреҳ, шаклҳои мухталифи ҳандасӣ, ислимӣ, расми ба шакли муайян даровардани навдаҳо ва баргу гулҳо иборат аст, дар асрҳои миёна истифода бурда мешуданд.Барои офаридани ин нақшу нигор фанҳои махсус, аз он ҷумлаҳандасаро боядхуб донист. Нақшу нигоригурӯҳидуюм бештар анъанаҳоимаҳаллиихалқиро инъикос менамояд. Асосан унсурҳои ин нақшунигор ашёи воқеӣ мебошанд.Аз қадимулайём мардумхонаҳои худ, қисми зиёди биноҳоро бо усули анъанавии ороишӣмесохтанд ва деворҳою шифтҳои хонаҳоро бо кандакорӣ оро медоданд. Дар нимаи асри Х1Хвааввали асри ХХ дар маҳаллаҳои шаҳрҳои Хуҷанд, Истаравшан,Бухоро, Самарқанд, Панҷакентба ороиши шифтҳоиманзилҳоизистихуд аҳамияти зиёд медоданд.Одатаншифтҳои хона бо кандакории нақшҳои гуногуни рӯйи чӯбва гаҷоро дода мешуданд. Ин гуна ороишдар масҷидҳои калони маҳаллаҳо низ дида мешуд. Тавре аз маъхазҳои таърихӣ бармеояд,қариб тамоми манзилҳоизистиаҳолиишаҳрнишин, айвонҳо дороибошаҳо ва сутунҳои бо нақшу нигор кандакоришуда буда,бо дарҳои кандакорӣ ва панҷараҳои чӯбини пурнақшу нигор оро медоданд.Асосан сари сутунҳо бо қаламмуқарнаси бисёрқаторава сернақшу нигор ороиш меёфтанд вақисми поёни сутунҳо кандакорӣ карда шуда, танаи сутунҳосерраха ва канорҳои он лӯлашакл оро дода мешуданд. Асосан рушду нумуи баланди ин санъат дар ёдгориҳои Суғдибостон, ки ба асрҳои V-VIIIмелодӣмансуб аст, дида мешавад ва ин санъати воло то давраи давлатдории Сомониён омада расидааст. Якчанд намунаҳои ин санъат, ки ба давраи Сомониён мансуб аст,дар болооби Зарафшон дарёфт гардида, аз ҷониби олимон омӯхта шудааст. Аз соли 1940 то соли 1970 як қатор олимони замони Шуравӣ, ба монанди А.Ю.Якубовский, А.М.Беленитский, В.Л.Воронина ва дигар бостоншиносондар водии Зарафшонҳафриёт гузаронидаанд. Бостоншинос В.Л.Воронина якчанд мақола дар мавзӯи“Рушди санъати кандакорӣ дар замони Сомониён”ба чоп омода намуда буд.Дар ин мавзеъҳо як сутуни кандакорӣаз деҳаи Оббурдон,якчанд сутунҳо аздеҳаҳои Курут, Фатмев, Рарз, Зосун ваПасрудпайдо карда шуданд, ки ҳамаи онҳо ба асрҳои 1Х ва Х мансуб буда, аз рушди ин санъат дар замони Сомониёнмаълумот медиҳад. Ҳар як аз ин сутунҳо бо санъати хоси кандакории ҳамон давра оро дода шуда, дар оромгоҳҳовамасҷидҳоҷойгир шуда буданд.Тавре ки мунаққид Аҳрор Мухторовқайд мекунад, одатанпеш аз гирифтани ин сутунҳо аввал розигии мардуми маҳаллиро мегирифтанду пасаз он як чорворо қурбонӣ мекарданд. То моҳи сентябри соли 2011 ду сутуни кандакорӣ, ки ба асрҳои IX ва X мансуб буданд,якеаз деҳаи Курут ва дигаре аз деҳаи Урметан дарёфт гардиданд ва ҳоло дарМуассисаи давлатии “Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии шаҳри Панҷакент ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ” маҳфузанд.Соли 2011 ин сутунҳо ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон интиқол дода шудандва айни ҳол толори онрооро медиҳанд. Сутунҳо нақшҳои гуногун дошта,аз санъати кандакории Суғди бостон ва замони Сомониён маълумот медиҳанд. Дар рӯйи ин бозёфтҳонақшҳои ҳандасӣ, наботӣ ва дар баъзеи онҳотасвири моҳӣ, каллаи гӯсфанд, ки аз санъати давраи пешазисломӣ дарак медиҳанд,тасвир ёфтаанд.Дар баъзеи он дилчаҳо ва дар миёнаҷобаргчаҳои пурнақшу нигоркандакорӣшудаанд. Нақшикандакории рӯйи чӯбгуногун буда, то андозае бо услуби кандании он алоқаманд аст.Нақшу нигори кандакорӣ дар сутунҳовадар дарҳои манзилҳоидавраиСомониёнгуногун буда,нақшинавдаҳова доираҳои гуногун зиёд дида мешаванд.Одатаннақшҳо баланд ва ё паст мешаванд ва канорҳоионҳо кундаланг буда,дарбайнашон ҷойи холӣ доранд.Нақшу нигори ҳандасӣбо канорҳои кундалангканда мешавад.Нақши дарҳо баъзан хеле мураккабмешаванд. Бояд зикр кард, ки сутунҳои номбурдаро шоҳасарисанъатикандакории замони Сомониён номидан мумкин аст. Дигар ёдгории замони Сомониёнмеҳробе мебошад,киаздеҳаи Искодар пайдо карда шудааст, бинобар ин,меҳроби “Искодар”ном гирифтааст.Меҳроби мазкур аз ҷониби олими русМ.С. Андреевсоли1925 бозёфтгардидааст.Меҳроб аз чӯби бурҷ (тӯс) бе истифодаи мех ва ширеш сохташудааст. Ҳаҷми меҳроб 327х180сантиметр буда, шакли ҳарфи “П”-и алифбоикириллиро дорад.Онро олимони русА.Ю.Якубовский, В.Л.Воронина, О.И.Смирнова ва С.Хмелнитский мавриди таҳқиққарор додаанд.Бостоншинос В.Л.Воронина меҳроби “Искодар”-роомӯхта,таърихи онро ба асрҳоиХ-Х1 мансуб донистааст.Гирдогирди меҳроб аз катибаи бо хати куфӣнавишташуда иборат аст.Соли 2002 бори аввалкатибаи меҳробродонишманди тоҷик,катибашиносА.Қ.Шарифов хонда, тарҷума кард. Чунин маълум мегардад, ки ояти қуръонӣ набуда, балки ҳадис, яъне,гуфтаи охирин Паёмбари Худованд Ҳазрати Муҳаммад (с)будааст, ки чунин аст: “Ба номи Худованди бахшояндаи меҳрубон.Гуфт Паёмбар, дуруд бар ӯ:Касе, ки ҳифзкардсафи пешватакбириаввалро,Худо ӯро подоше медиҳад,кичашменадидааства гӯшенашунидааства аз диленагузаштаастваагарбаҳрҳоиосмонҳова заминҳамаашонранг, дарахтонқалам ва фариштагоннависанда гарданд, қодирнамешавад, ки бинависандсавоби онҳоро(яъне, савоби сафи пеш ва такбириаввали намозро)”.Аз ин матн бармеояд, ки мазмуни катиба бомавқеиистифодабариион хеле мувофиқ мебошад, ки дар ҳама масҷидҳои мусулмонӣсамтиКаъбаро меҳроб нишон медиҳад.Меҳроби “Искодар” санъати баланди кандакории асрҳои Х-ХI-ронишон дода, аз ба авҷи аъло расидани ин санъат гувоҳӣ медиҳад. Асоси рушди ин санъатро мо дар бозёфтҳои Панҷакенти қадим ва Истаравшан мебинем.Дар натиҷаи кофтукови бостоншиносӣдар Панҷакенти қадим манзилҳоеёфтшуданд, ки дар ороишоти меъморӣнақши рӯйи чӯбу гил мақоми муҳиме доштаанд. Кашфиётҳои Панҷакенти қадим, Истаравшан,Варахша ва дигар мавзеъҳои таърихии кишваринъикосгарисанъати волоикандакорӣ дарчӯб буда,нишонгарисоҳиби анъанаи амиқи маҳаллӣбудани ин минтақаҳо мебошанд. Масалан, дар Панҷакенти қадим дар пардозу ороиши биноҳо чӯбро зиёд истифода мебурдандва маҳз дар чӯб кандакорӣ мекарданду нақшу нигор мепардохтанд. Сутунҳои чӯбин, ки вазни бомробардоштамеистоданд,шаклҳоиаҷоибузебо доштанд. Аз маъхазҳои бостоншиносӣ бармеояд,ки беруни девори биноҳои калон бо нимсутунҳои ҷафсоро додамешудандва аз ин тамомибино гӯёчин-чинменамуд, ки ин ҳам якнамунаи санъатҳои чӯбкорӣ ва кандакорӣ буданд.Суоле ба миён меояд, ки чаро маҳз дар водии Зарафшон санъати кандакорӣ тараққӣ карда буд?Азбаски шаҳри Панҷакент низ бошаҳрҳоиСамарқанду Бухоро дар як минтақаҷойгир мебошад, ба ин ҷо аз марказҳои калон ҳунармандонбарои бунёди биноҳо даъват карда мешуданд. Рушди ин санъат дар деҳаҳо низ дида мешавад.Масалан, дар деҳаи Ҳисораки ноҳияи Мастчоҳ бостоншинос Павел Лурйе баъд аз бозёфт шудани якчанд нақшунигордаррӯйи чӯбтадқиқот бурда истодааст. Ин бозёфтҳо дар Осорхонаи таъриху маданияти Панҷакенти қадим маҳфуз аст.Тавре ки бостоншинос И.Раҳматуллоев қайд мекунад, дар ин бозёфтҳо нақшу нигори гуногун, ба монанди баргҳо,нақши гулҳо, гули нилуфар, тасвири савораҳо, гурӯҳи одамон,саҳнаҳои шикор тасвир ёфтааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки дар ёдгориҳои Суғди бостон санъати кандакорӣ дар сохтмони манзилҳоиистиқоматӣвасеъ истифода бурда мешуд. Ҳунармандонитоҷикбештар аз чӯби дарахтони бурс, чинор,тут,чормағз вазардолу ҳар гуна ашёирӯзгор (коса,табақ,чумча,кафлес,сандуқ ва ғайра)месозанд.Кандакорӣнавъисанъатиороишиву пардозкорӣ буда, ба воситаи канданубуридани чӯб, устухон, гаҷ ва гил иҷро мешавад.Ба гуфти ҳунармандикандакор Ислом Орифов: “Санъати кандакорӣқадимтарин ва маъмултарин навъи санъати ороишивуамалӣ буда, намудҳои гуногундорад:кандакории барҷастаи муқарнасӣ, барҷастаи нисбатан ҳамвор,умқӣ, ангора, дутарафа (тӯршакл, панҷара, аррашуда)ва рӯйбаст”. Дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи АбуабдуллоҳиРӯдакӣ” якчанд намунаҳои ин санъат ба маъраз гузошта шудааст. Дарҳои даромадгоҳи осорхона аз ҷониби ҳунарманди чирадасти кишвар Ислом Орифов ва кандакори маъруф,ходими намоёни санъатЮлдошбек Баротбеков сохта шудааст.Ҳамчунин, дар толори устод АбуабдуллоҳиРӯдакӣ кандакорӣ дар рӯйи чӯб бо симои шоирмаҳсули ҳунарикандакори машҳур Сироҷиддин Нуриддинов, дар толори мардумшиносӣ кати кандакорӣ, ки аз ҷониби устои маҳаллӣ Ислом Орифов сохта шудааст, ба намоиш дид гузошта шудаанд. Дар замони муосир ҳунармандони соҳибистеъдодитоҷик ин санъатро ба дараҷаи аъло расонидаанд ва дар тамоми сохмонҳо унсурҳое, ки аз замонҳои қадим то замони мо ба мерос мондаанд, истифода мебаранд.Намунаи беҳтарини ин санъатро мо дар толори “Гулистон”-иМуассисаи давлатии “Кохи Наврӯз”,ки дар замони соҳибистиқлолии мамлакат сохта ба истифода дода шудааст,чойхонаи “Роҳат” дар шаҳриДушанбе,Қасри Арбоб ва дигар чойхонаву биноҳои миллии кишвар дида метавонем.Инчунин, дар замони муосир санъати мазкур рушд ёфта, устоҳои кандакор технологияи муосирро низ истифода мебаранд.Ҳукумати кишвар баҳри рушду нумуи тамомиҳунарҳои мардумӣтадбирҳои судмандро меандешад ваин аз сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллатмуҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гувоҳӣ медиҳад. ФирӯзаРУҲУЛОВА,
мудири фонди Осорхонаи ба номи АбуабдуллоҳиРӯдакӣ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.