Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ТАҲРИКДИҲАНДАИ РУҲИЯИ БУНЁДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ

ТАҲРИКДИҲАНДАИ РУҲИЯИ БУНЁДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ

17-10-2023, 18:25
Хабарро хонданд: 188 нафар
Назарҳо: 0
ТАҲРИКДИҲАНДАИ РУҲИЯИ БУНЁДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи муҳимтарин воқеаи таърихии миллат, яъне Истиқлоли давлатӣ сухан карда, чунин зикр кардаанд: “Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки моҳиятан шакли ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро дорад”.
Тавре ба мушоҳида мерасад, дар пайи даъвату ҳидоятҳои Сарвари давлат ҷиҳати равнақ бахшидани корҳои созандагӣ ба истиқболи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сокинони мамлакатро руҳияи бунёдкорию ободонӣ ва созандагӣ фаро гирифтааст. Дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иншооти муҳити иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию фароғатӣ бунёд гардида, ҳусни диёри бостониамон торафт меафзояд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ Пешвои миллат дурнамои рушди давлату Ҳукуматро муайяну мушаххас намуда, чор ҳадафи миллии стратегиро ба миён гузоштанд. Ҳадафҳои мазкур раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, ноил гардидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ ва ниҳоят, саноатикунонии босуръати кишвар, яъне аз кишвари аграрӣ ба кишвари саноатӣ - аграрӣ табдил додани Тоҷикистон ба шумор мераванд.
Дарвоқеъ, барои саноатикунонии босуръат захираю имкониятҳо дар мамлакат фаровон ҳастанд. Чунончи, аз рӯйи ҳисоби коршиносон, Тоҷикистон аз ҷиҳати захираи сурма, симоб, руҳ, сурб, қалъагӣ, фулузоти нодир, махсусан волфрам ва нуқра дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои аввалро ишғол менамояд. Дар заминаи ин захираҳо бунёд кардани корхонаҳои бузурги саноатӣ боиси таъсисёбии ҳазорон ҷойҳои нави корӣ ва афзоиши иқтидори содиротии кишвар мегардад.
Хушбахтона, дар самти саноатикунонии босуръати мамлакат як қатор пешрафтҳо ба назар мерасанд. Вобаста ба ин дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 23-юми декабри соли 2022 чунин таъкид шудааст: “Тадбирҳои дар самти рушди саноат ва афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа андешидашуда имкон фароҳам оварданд, ки дар панҷ соли охир афзоиши номгӯи маҳсулоти саноатии истеҳсоли ватанӣ ба зиёда аз 40 фоиз расонида шавад. Дар ин давра 1382 коргоҳу корхонаи саноатӣ бо таъсиси 15 ҳазор ҷойи кории нав сохта, мавриди истифода қарор дода шуд. Умуман, агар соли 1991 дар мамлакат ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ бо 33 ҳазор ҷойи корӣ фаъолият дошта бошад, пас дар замони соҳибистиқлолӣ 2500 корхонаи истеҳсолӣ бунёд гардида, соли 2022-юм 2800 корхонаи саноатӣ ба 85 000 ҷойи корӣ фаъолият карда истодаанд”.
Сардори давлат таъкид карданд, ки танҳо соли сипаригардида беш аз 500 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ бо 6 ҳазор ҷойи нави корӣ ба фаъолият оғоз карданд ва барои то 43 миллиард сомонӣ афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 2022 мусоидат намуданд.
Дар бунёди иншооти таъиноти истеҳсолию иҷтимоӣ нақши соҳибкорони мамлакат хеле зиёд аст. Аз ҷумла, дар 5 соли охир аз ҷониби соҳибкорони кишвар ба маблағи умумии беш аз 12 миллиард сомонӣ қариб 18000 иншооти таъиноти истеҳсоливу иҷтимоӣ сохта, ба истифода супорида шудааст.
Умуман, дар мамлакат барои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 ва барномаҳои миёнамуҳлати рушд корҳои бузурги созандагӣ анҷом дода мешаванд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин таъкид намуда буданд: “Истиқлолияти давлатӣ ва соҳибихтиёрӣ дар назди мо, шаҳрвандони Тоҷикистон вазифаи басо пурифтихори таърихӣ, яъне, бунёди давлати мутамаддини ҷавобгӯ ба орзуву ормон ва манфиатҳои мардуми кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосирро гузошт… Ҳар дастоварде, ки дорем, аз худи мост. Мо бояд ба хотири Ватан, Давлат ва халқи Тоҷикистон минбаъд низ содиқона заҳмат кашем ва дар ин роҳ мисли ангуштони як мушт сарҷамъу муттаҳид бошем. Мо ҳаргиз ба умеди дигарон намешавем ва тамоми мушкилоту камбудиҳоямонро бо дастони худамон ва бо заҳмати аҳлонаи халқамон бартараф месозем”.
Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди кишвар дар кадом соҳае фаъолият накунад, софдилона хизмат намуда, барои афзун гардондани музаффариятҳои даврони соҳибистиқлолӣ саҳми арзанда гузорад.

Бахтибек САФАРЗОДА,
прокурори ноҳияи Нуробод, мушовири адлияи дараҷаи 1
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: