Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » МАЪРИФАТПАНОҲ

МАЪРИФАТПАНОҲ

9-10-2023, 13:45
Хабарро хонданд: 111 нафар
Назарҳо: 0
                              МАЪРИФАТПАНОҲ

Ё худ як сабад гулҳои ҳамешабаҳор ва муаттару мушкрезе аз ёдҳои дӯстону шогирдон ба муносибати Рӯзи омӯзгорон тақдим ба руҳи поки устоди зиндаёд Ниёз Сафаров.
Оре, ин як сабад гул, ки аз ёду хотираҳои неки дӯстону шогирдон ва пайравони роҳи маорифу маърифати инсонӣ ҷамъ оварда шудааст, фидои руҳи поки ба Ҳақ пайвастаи ин роҳии роҳи маориф ва маърифати инсонӣ хоҳад гардид.
Ин гулҳои ҳамешабаҳор, ки аз дуои неки ҳазорон маърифатпаноҳони кишвар шодоб гардидаанд, гувоҳи ҳар рӯзи ранҷҳои устод дар шоҳроҳи маорифи кишвар буда, номи поки ӯ ба ҷовидонӣ дар равоқи эътибори миллат ва давлати маърифатбунёди тоҷикон сабт гардидааст ва ҳамин абёти малакутии Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ
Баъд аз вафот турбати мо замин маҷӯй,
Дар синаҳои мардуми ориф мазори мо.
садоеро аз қалби поки муҳаббатхези ӯ бар гӯши ҷонҳо хоҳад расонид. Воқеият он аст, ки номи поки ин хирадманди маърифатпаноҳи кишвар охири солҳои шастуми садаи гузашта дар соҳаи маориф чун нишони ҷовидонии маърифат вирди ҳазорон муаллимони кишвар гардида буд. Аз рӯзҳои нахустини омӯзгори Донишкадаи омӯзгории шаҳри Кӯлоб то ба мақоми мудири кафедра, декани факултет ва муовини директору директори донишкада фаъолият намуданаш муҳаббат ва самимияти омӯзгор-тарбиятгар буданаш дар қалби садҳо шогирдон маскан гирифта, симои хирадмандонааш тимсоли мактабу маорифи анъанавии мо, тоҷикон буд. Ҳамагон чӣ дар собиқ Донишкадаи омӯзгории Кӯлоб ва Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т.Шевченко бо таваҷҷуҳ ва шавқи беандоза дарсҳои ӯро интизорӣ мекашиданд. Қомати баланд ва сирати маърифатхезаш нахустбинандаро бо ҷаззобият мутеи ҳарфу ҳиҷояш менамуд. Ҳамин хирадмандӣ ва маърифатсолориаш ӯро ба даргоҳи Вазорати маорифи ҷумҳурӣ овард. Ин даргоҳи таълимиву илмӣ, ки дар чаҳорчӯбаи қонуну қавоиди Вазорати маорифи собиқ Иттиҳоди Шуравӣ фаъолият мекард, ба баракату мақдами маърифатхези Ниёз Сафаров дар қаламрави собиқ Иттиҳоди Шуравӣ овозадор гардида буд. Дар Вазорати маорифи собиқ Иттиҳоди Шуравӣ номи ӯро ба сифати сардори Раёсати мактабҳои олӣ ва миёнаи махсус ҳама роҳбарияти олии Вазорати маорифи Иттиҳоди Шуравии собиқ бо арҷу эҳтироми зиёд ба забон меоварданд. Тамоми мушкилот ва роҳи ҳалли масоили маорифи кишвар дар собиқ Вазорати маорифи Шуравӣ бо маслиҳат ва машварати Ниёз Сафаров роҳи ҳалли хешро меёфт. Тӯли беш аз 27-соли фаъолияташ дар Вазорати маорифи РСС Тоҷикистон номи покашро дар қалби беш аз садҳо олимону устодон ва ҳазорон шогирдон ҷой намуда, ҳамагон дар сурати ӯ мушкилкушоӣ хешро медиданд.
Хонадони падараш Сафар Қадамов ва модари поксиришташ Гулбегим Зикруллоева ҳафт нафар фарзандони номвар ва номбардорро тарбият карда, ба хизмати халқ раҳсипорашон намуданд. Бародарони калонии устод Шакар Сафаров-омӯзгори соҳибэҳтиром дар саросари минтақаи Кӯлоб, Ашӯр Сафар-омӯзгор, Шоири халқии Тоҷикистон шахсияти пуровозаи фарҳангӣ дар саросари Тоҷикистон, яъне Ниёз Сафаров дар ҳамин хонадон ба дунё омадааст, ки эътибори баланди маърифати инсонӣ дошта, миёни мардум соҳиби ҷойгоҳи махсус будаанд. Пешаи омӯзгорӣ ва маърифатпаноҳии ин хонадон ҳанӯз оғози солҳои панҷоҳуми садаи гузашта миёни мардумони Хатлонзамин хеле овозадор будааст. Худи шахсияти Ниёз Сафаров миёни маорифчиёни кишвар хеле овозадор буда, дар бораи фаъолияти пурмаҳсулаш дар Вазорати маорифи ҷумҳурӣ садҳо мақолаҳои пурмуҳтаво ба чоп расиданд. Дар китобе, ки ба истиқболи 80-солагии устод аз ҷониби нашриёти “Адиб” соли 2011 рӯйи чоп омадааст, собиқ вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Абдуҷаббор Раҳмонзода чунин овардааст: “Ниёз Сафаров ҳамчун як зиёии пешқадам ба хотири шукуфоии Ватани азизамон - Тоҷикистон хизмат намуда, натанҳо дар тарбияи кадрҳои педагогӣ саҳми бузург гузоштаанд, балки бо истеъдоди фитрӣ, дониши амиқ ва фарҳанги волои хеш маҳбуби кормандони соҳаи маориф гардидаанд. Ӯ яке аз пешбарандагони илму маорифи ҷумҳурии азизамон буда, дар тӯли зиндагии хеш роҳи пуршебу фарози илмро тай намуда, бо асарҳои офаридаи худ дар ташаккули илму маориф ва ба воя расонидани олимони тоҷик хизмати босазо намудааст. Маҳз бо самараи меҳнат ва хизматҳои шоистаашон имрӯз бисёри шогирдонашон дар ҷумҳурӣ ва берун аз он кору фаъолият намуда, номи ӯро бо эҳтиром ва самимият ба забон меоваранд. Ӯ ба сифати олими равоншинос аз ҷумлаи аввалинҳост, ки проблемаи равоншиносиро дар ҷумҳурӣ ба миён гузошта, қонунмандии рушди онро дар муҳити Тоҷикистон таҳқиқ намудааст. Устод Ниёз Сафаров тайи фаъолияти кориаш дар Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон натанҳо дар таҳияи садҳо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ саҳм гузоштааст, балки ба тарбияи кадрҳо низ машғул шуда, даҳҳо нафар наврасони боистеъдодро барои ба даст овардани дониш ва интихоби дурусти касб раҳнамоӣ карда, онҳоро ба мақсадашон расонидааст. Маҳз ҳамин талошу заҳматҳои пайвастаи устод буданд, ки ӯро ҳамчун равнақдиҳандаи илму маориф дар Тоҷикистон аз Донишкадаи педагогии шаҳри Кӯлоб ба маркази кишвар-шаҳри Душанбе даъват намуданд. Роҳи тайнамудаи Ниёз Сафаров барои ҳар корманди соҳаи маориф намунаи ифтихор мебошад. Устод дар баробари донандаи хуби проблемаҳои маориф аз таъриху фарҳанги миллати худ хуб огоҳӣ дошта, Ватани худро ниҳоят дӯст медоранд. Бо садоқати беандоза ҳамеша доир ба пешрафту тараққиёти он андеша меронанд. Ҳозир ҳам вақте, ки бо ӯ суҳбат мекунӣ, аз талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва аз комёбиҳои кишвар ва рушди бемайлони он ҳарф мезанад, бо меҳру муҳаббат дирӯзи худро бо имрӯзу ояндаи кишвар муқоиса карда, аз шукуфои соҳаи маориф шодмонӣ менамояд. Кормандони соҳаи маорифи кишвар дар симои Ниёз Сафаров татбиқкунандаи ғояҳои олимону омӯзгоронро мебинанд”.
Он чӣ ки собиқ вазири маорифи кишвар академик Абдуҷаббор Раҳмонзода ин ҷо нигоштаанд, шаммае аз рӯзгори ибратбахши устоди зиёндаёд буда, садҳо нафар шогирдони дигарашон аз мактаби одамият ва омӯзгории ӯ хотираҳои арзишмандеро рӯйи саҳфаи ёдҳо овардаанд, ки саропо панди рӯзгор мебошанд. Ин ҷо хеле ва хеле бамаврид медонам, ки суханони Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ Муҳаммад Ғоибро манзури хонандагони арҷманд гардонам, ки саропо меҳр асту садоқат ва муҳаббату самимият:
“Рисолаи илмӣ дифоъ накардааст, унвони илмӣ надорад, вале бе ғизои маънавӣ ҳастиро нестӣ мешуморад. Агар дигарон бо он фаҳму фаросат дар ҷову мартабаи ӯ мебуданд, худро дар қуллаи баланди илм мегирифтанд, узви вобастаю пайваста мешуданд, аз имтиёзҳо баҳраманд мегардиданд. Вале ӯ бо ҳама имконияти зиёдаш нахост, ки аз пайи дигарон биравад, фирефтаи шуҳрати дурӯза бишавад. Нахост, ки ин парчамро бо мадади дигарон бардорад, беҳтараш рӯ ба хилвату хомӯшии худ биорад. Пайваста биомӯзад, дар хонаи дил чароғи дониш биафрӯзад, зеро унвондоронеро медонад, ки кори кардаашон арзише дар илм надорад, дасти хирадашон хишти бақодоре дар ин кохи ҷовидонӣ намегузорад. Аз он унвони баланди шуҳрати бебақояшон чӣ суд? Рисолаи илмӣ дифоъ накардааст, вале олимони ҳақиқӣ ӯро болотар аз худ медонанд, эҳтиромаш мекунанд, маслиҳат мепурсанд. Мегӯянд, ки он кас инсони дурандешу марди донишманд аст, аз ҳама муҳимаш покиза аст. Воқеан ҳам, заҳматкаши роҳи маърифат Ниёз Сафаров тамоми умр зери бори ранҷҳо тоб оварда, барои осон шудани мушкилоташ низ ба дарё рӯйи ниёз наовардааст ва обрӯро аз камнур кардану рехтани оби дида ёфтааст. Олими фанҳои адлу инсоф ва нангу номус аст. Шояд дар ин ҷода баландтарин унвонро дошта бошад. Ҳолномаи инсонро аз ҳарфи дидагонаш хондан мумкин аст. Чашмонаш сер аст, тамаъҷӯй, ки нест, аз касе бим надорад, дар суҳбату баҳс тавонову далер аст. Ҳамкораш не, гоҳо ҳамнишинаш будам. Гоҳо ӯро дар роҳу раста, гоҳо дар маҳфиле ва ё дар сари манзиле дида, ба истиқболаш меравам. Мехоҳам дидори муборакашро бубинам, ба чашмони обдори пур аз меҳру раҳмаш ва ба қомати баланду росташ, ки нишонаи ростию баландмақомист, нигарам. Аз ӯ дарси адлу инсоф ва меҳру садоқат омӯзам, ибрат омӯзам. Бемор ҳам шавам, аз бедорӣ шавам, ғамдор ҳам шавам, аз ғамхорӣ шавам. Ростӣ, ба ӯ ҳасад мебарам, мехоҳам ҳамрангаш бошад қаҳрамони ҳар асарам. Мехоҳам, ки роҳи пешгирифтаи ӯро паймоям ва дар умри дурӯзу осудагии умрбодӣ ва некномии ҷовидонии худро таъмин намоям. Дигар воқифони ҳолаш низ дидори неки ӯро доранд”.
Ин ҳарфу ҳиҷои Муҳаммад Ғоиб бемуболиға, воқеияти таърихие мебошанд, ки чашми кӯр онро мебинад ва нотавонтарин махлуқи олам онро мефаҳмад. Яъне, устоди зиндаёд Ниёз Сафаров аз он сарсупурдагони роҳи маорифи кишвар мебошанд, ки эътибори одамият ва ватандориашро беш аз панҷоҳ сол дар баҳои ҷони азизаш нигоҳ доштааст. Ӯ ҳангоми мушовири давлатии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданаш эътибори илму маорифи кишварро он қадар бардошт, ки садҳо нафар мухолифини кишвар аҳсан ба Президент ва Ҳукумати кишвар дар рушди соҳаи маориф ва сиёсати фарҳангиву маорифпарварии давлат мегуфтанд. Эҳтиром ва самимияту садоқати устод ба Давлат ва Ҳукумати мамлакат садҳо донишмандони кишварро атрофи он ҷамъ овард. Банда шоҳиди ин хидматҳои пуразиши устод будам. Боре дар як гуфтушуниди Комиссияи оштии миллӣ, ки дар шаҳраки Ғарм соли 1998 баргузор гардид, як омӯзгори куҳансоли он минтақа гуфта буд, ки мо омӯзгорон ба сиёсати сулҳхоҳонаи Президенти кишвар бовар карда, қавл медиҳем, ки чун устод Ниёз Сафаров аз сиёсати мактабу маорифи кишвар пуштибонӣ намуда, хонандагонро дар руҳияи поки ватанхоҳӣ ва пуштибонӣ аз арзишҳои милливу фарҳангӣ тарбия хоҳем намуд ва аз Шумо хоҳиш менамоям, ки саломи гарму самимии моро ба устоди азизу арҷманд Ниёз Сафаров расонед ва бигӯед, ки тамоми омӯзгорони минтақаи Ғарм аз сиёсати сулҳхоҳонаи Давлат ва Ҳукумати кишвар пуштибонӣ хоҳанд намуд. Пас аз ҳамин мулоқот як сол баъд даҳҳо хонандагони Раштонзамин вориди мактабҳои олии кишвар гардида, имрӯз дар сафи ҷавонони ватансози кишвар шомил мебошанд. Яъне, ҳамин номи пурифтихори Ниёз Сафаров пайки оштӣ ва иттиҳоду кишварсозии созандагони кишвар гардид. Худи ман борҳо аз забони Ниёз Сафаров шунидаам, ки мегуфт: “Президенти мо ки аз миёни мардуми заҳматкаш ва хонадони покниҳод рӯйи кор омадааст, миёни мардум маҳбубияти хеле зиёд дорад. Дилсӯзии ӯ ба мактабу маориф ва мардуми заҳматкаш маҳбубияташро миёни мардум зиёд намуда, тамоми маорифчиёни кишвар дар сурати поки ӯ наҷотбахши кишварро мебинанд. Бо он ки баъзе аз нотавонбинон ва каҷназарон пушти нафарони ҷудогонаи ҳукумат айбҷӯй менамоянд, худи эътибори баланди Президенти кишвар сипари боэътимоди давлат ва Ҳукумат мебошад”. Ростӣ, ин ҳарфу ҳиҷои самимонаи Ниёз Сафаров хосса нафареро, ки бо ӯ ҳамсуҳбат мешуд, водор месохт, ки пуштибони воқеии кишвари хеш бошад ва бо ифтихор метавон гуфт, ки Ниёз Сафаров қарзи фарзандӣ ва ватандории хешро бо сарбаландӣ иҷро намуда, намунаи ибрат барои ояндагон мебошад.
Ӯ дар тули беш аз 27 соли мақомдориаш дар Вазорати маорифи РСС Тоҷикистон ва беш аз даҳ соли Тоҷикистони соҳибистиқлол тавонист, ки садҳо шогирдонро тарбия кунаду ба роҳи пурифтихори омӯзгорӣ раҳсипорашон намояд. Ҳолдонҳо мегӯянд, ки беш аз сӣ нафар шогирдони устод соҳиби унвонҳои доктори илмҳои педагогика, таърих ва филологияи тоҷик буда, шумори номзадҳои илм аз сад нафар бештар мебошад. Камина борҳо аз забони собиқ вазирони маорифи кишвар шунидаам, ки Ниёз Сафаров ҳангоми дар мақоми муовини вазир ва сардори Раёсати Вазорати маорифи кишвар ифои вазифа намуданаш, касе аз зердастон ва роҳбарияти Вазорат дар сурати поки хирадмандонаи ӯ мағрурӣ, худхоҳӣ ва худситоиро боре пай набурдаанд. Хоксорӣ, фурутанӣ, ҷавонмардӣ, инсонсолорӣ ва башардӯстиаш ҳамагонро шефтаи ӯ намуда буд ва ҳамаи роҳбарият мегуфтанд, ки ӯ дӯст, бародар, рафиқ ва маслиҳатчии хирадманде буд, ки гуфтору рафтораш намунаи барҷастаи ахлоқи ҳамидаи инсонӣ буд. Ҳамин хирадмандӣ, фурӯтанӣ, башардӯстӣ ва инсонсолориаш буд, ки агар хосса нафареро, ки ба мактабу маориф сару кор дошта бошад, дар мавриди мактабу омӯзгор пурсидан хоҳӣ, шабеҳи мактаб ва таълимгоҳро дар сурати поки ӯ пеши назараш меоварданд. Яъне, сурату сирати покаш дар қалби шогирдон ифодагари маориф буд. Ниёз Сафаров саропои вуҷуд ва ҳастиашро ба соҳаи маориф бахшида, сиришти покаш орӣ аз бухлу ҳасад, бениёз аз дороиҳои сароби рӯзгор, ниёзманд бар ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, ташнаи гуфтори нек ва рафтори нек ва номбардори тоҷику тоҷикистониён буд. Ҳамин сиришти поки малакутии ӯ дар як рубоии шоири ширинбаён ва донишманди фареҳхтаи тоҷик Нависандаи халқии Тоҷикистон Гурез Сафар чунин рӯйи саҳфа омадааст:
Аз рӯзи азал бо дили боз омадаӣ,
Покизапарасту покбоз омадаӣ.
Ҳарчанд, ки номи ту ниҳоданд Ниёз,
Бо дидаи сер бе ниёз омадаӣ.
Боре дӯсти донишгоҳиам А, ки яке аз шинохтатарин олимони кишвар мебошад, баъд аз ошноӣ бо ин рубоии шоир гуфта буд: Шоир Гурез Сафаровро ҳамчун донишманди адабиёт ва ҳунари мусиқидониву навозандагӣ мешинохтам, ҳамакнун дарк намудам, ки ӯ рассоми машҳур ҳам будааст. Дар ин рубоӣ сурат ва сирати устоди зиндаёд Ниёз Сафаровро дар саҳфаи хотироти донишҷӯӣ дидам. Ногуфта намонад, ки ҳамсари устод, омӯзгори соҳибэҳтиром, модари ғамхору мушфиқ, номзади илмҳои филология Спектор Александра Леонидовнаи равоншод, ки тӯли беш аз шаст сол ҳампаҳлуи Ниёз Сафаров буд, дастёри беминнат ва мададгори ҳама муваффақиятҳои устод дар рӯзгорашон буданд. Дар боғи орзуву ормонҳои ин хонадон ба ҷуз аз меваҳои шаҳдбори одамият чизе наруста.
Ниёз Сафаров ҳамчун омӯзгори варзида ва ташкилотчии кордони соҳаи маориф барои хизматҳои пурсамараш ҳанӯз соли 1981 бо унвони фахрии “Муаллими хизматнишондодаи мактабҳои Тоҷикистон”, ордени “Нишони фахрӣ”, ордени “Дӯстӣ”, медали “Барои меҳнати шуҷоатнок”, нишонҳои сарисинагии “Аълочии маорифи СССР”, “Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Аълочии маълумоти олии СССР” ва бисёр ифтихорномаҳои Раёсати Шурои Олии Тоҷикистон, Вазорати маорифи СССР ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шудааст.
Ҷумъахон Темурзода
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: