5-уми сентябри соли 2023 ҳайати омўзгорону донишҷўёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ бо ташаббуси роҳбарияти донишгоҳ дар якҷоягӣ бо Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ҶСК “Неругоҳи барқи обии “Роғун” сафар намуданд. Боздиди ҳайати устодону донишҷўёни донишгоҳи мазкур дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати шиносоӣ бо иншооти стратегӣ ва тақвияти ҳамкориҳо бо НБО “Роғун” анҷом дода шуда, дар доираи он шартномаи ҳамкорӣ байни НБО “Роғун” ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ ба имзо расид.
Дар баробари роҳбарияти донишгоҳ устодону донишҷўёнро муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Асрор Латифзода ва дигар намояндагони ҲХДТ ҳамроҳӣ намуданд.
Мавриди зикр аст, ки шартномаи мазкур фарогири маҷмуи муносибатҳои илмию таълимӣ ва истеҳсолӣ буда, дар тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳо ва омодакунии кадрҳои баландихтисоси ватанӣ дар соҳаи муҳандисӣ заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард. Аз ҷумла, дар доираи он ифтитоҳи филиали кафедраҳои марбутаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар НБО “Роғун”, ташкили аксияҳои эҷодии тасвири манзараҳои “Роғун” бо ҷалби донишҷўёни ихтисосҳои дизайн ё меъморӣ, ташкили курсҳои такмили ихтисос ва бозомўзӣ барои кормандону муҳандисони НБО “Роғун” ва дигар чорабиниҳои судманд ба нақша гирифта шудааст.
Зимни сафар дар доираи шартномаи ҳамкорӣ филиали кафедраҳои неругоҳҳои электрикӣ, иншоотҳои гидротехникӣ ва зеризаминӣ, автоматикунонии равандҳои технологӣ дар истеҳсолот ва истифодабарии нақлиёти автомобилии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар НБО “Роғун” расман мавриди истифода қарор дода шуд. Филиали кафедраҳои мазкур бо мақсади ба роҳ мондани таҳсилоти дуалӣ таъсис дода шуда, дар ин замина кормандону муҳандисони НБО “Роғун” бо истифода аз иқтидори кадрии донишгоҳ ба курсҳои такмили ихтисос ва бозомўзӣ фаро гирифта мешаванд ва донишҷўёни ихтисосҳои энергетика, сохтмон, нақлиёт ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар ин иншооти муҳими аср таҷрибаомўзӣ менамоянд.
Бояд зикр намуд, ки Донишгоҳи техникии Тоҷикистон муассисаи бонуфуз ва базавии омодакунии кадрҳои муҳандисӣ буда, дар соҳаҳои энергетика, сохтмон, технологияҳои иттилоотӣ ва нақлиёт кадрҳои баландихтисосро омода менамояд, ки онҳо дар корхонаҳои ватанӣ фаъолияти назаррас доранд.
Устодону муҳаққиқони донишгоҳ пайваста оид ба самтҳои гуногуни бунёди НБО “Роғун” таҳқиқоти илмӣ анҷом дода, то имрўз зиёда аз 100 мақолаву монография ва 5 рисолаи илмии номзадӣ таҳия ва ҳимоя намудаанд. Дар назар аст, ки дар доираи ифтитоҳи филиали кафедраҳо бо истифода аз шароиту таҷҳизоти муосири озмоишгоҳи НБО “Роғун” таҳқиқотҳои илмию таълимӣ амалӣ гарданд.
Зикр шуд, ки минбаъд қисме аз машғулиятҳои амалии ихтисосҳои дизайн ё меъморӣ дар ҳудуди НБО “Роғун” баргузор гардида, манзараҳои зебо ва минтақаҳои зериобишаванда аз ҷониби устодону донишҷўён тасвир карда мешаванд ва ҳамчун ёдгорӣ дар осорхонаҳо ҳифз мегарданд.
Директори генералии ҶСК НБО “Роғун” Хайрулло Сафарзода оид ба рафти корҳо дар ин коргоҳи азим суҳбат намуда, бо нишон додани наворҳои мустақим оид ба дилхоҳ нуқтаҳои кор дар НБО “Роғун” маълумоти муфассал дод. Сипас, ҳайати устодону донишҷўён бо ҷараёни корҳо дар неругоҳ аз наздик шинос шуданд.
Айни ҳол дар коргоҳи азими “Роғун” беш аз 14,5 ҳазор нафар аз минтақаҳои мухталифи кишвар фаъолият намуда, дар бунёди он саҳми сазовор гузошта истодаанд. Зиёда аз 3500 техникаву таҷҳизоти замонавӣ дар минтақаҳои гуногуни ин неругоҳ пайи кору фаъолият қарор доранд. Аз ҷумла, дар зиёда аз 40 ширкати ватании Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Роғун” теъдоди зиёди хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, муҳандисону мутахассисони дараҷаи байналмилалӣ кору фаъолият менамоянд, ки ин нишондиҳанда беш аз 90 фоизи шумораи умумии кормандони НБО “Роғун”-ро ташкил медиҳад.
Имрўзҳо барои тамоми кормандону заҳматкашони Неругоҳи барқи обии “Роғун” тамоми шароитҳои лозима фароҳам буда, ҳамаи коргарон бо ҷойи хоб, сару либоси корӣ, маоши хуб ва бо се вақт хўроки гарм таъмин мебошанд. Эраҷ Ҷумаев, ки аз соли 2016 инҷониб дар ин коргоҳи азим кору фаъолият мекунад, зимни суҳбат чунин изҳор дошт: -“Мо шукргузор аз он ҳастем, ки имрўз дар ватани худамон соҳиби ҷойи кор ва маоши хуб ҳастем. Аз сўйи дигар ман хушбахт аз он ҳастам, ки паҳлўи дигар ҳамватанонам истода, барои бунёди бузургтарин неругоҳи аср, ки дар ҷаҳон ҳамто надорад, саҳм мегузорам. Мо имрўзҳо аз ягон ҷиҳат танқисӣ намекашем, зеро тамоми шароитҳои лозима фароҳам оварда шудааст. Хушҳол аз он ҳастем, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста нисбат ба мо коргарон ғамхорӣ зоҳир мекунанд ва зимни ҳар як сафарашон ба шаҳри Роғун аз ҳолу аҳволи мо пурсон мешаванд. Бинобар ин, ман ба дигар ҷавонони кишвар муроҷиат карданиам, ки омада дар НБО “Роғун” кор кунанд, зеро имрўзҳо шароит барои кор дар ин ҷо хеле хуб аст, маошамонро сари вақт мегирем, бо се вақт хўроки гарм таъмин ҳастем. Биёед баҳри ободиву пешрафти ватани азизамон саҳмгузор бошем”
Бо фароҳам овардани шароит кору фаъолият дар НБО “Роғун” таваҷҷуҳи корҷўён, бахусус ҷавонон барои бо кор таъмин гардидан дар ин коргоҳи азим зиёд гардида истодааст. Тибқи роҳхати ягонаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, соли ҷорӣ наздики 500 нафар шаҳрвандон аз шаҳру ноҳияҳои мухталифи кишвар ба кор ҷалб гардидаанд. Танҳо дар 15 рўзи охир 156 нафар шаҳрвандон тибқи роҳхати ягонаи ҲХДТ дар ин неругоҳи муҳими аср ба кор ҷалб гардидаанд, ки ин аз он шаҳодат медиҳад, ки шумораи хоҳишмандон барои кору фаъолият дар НБО “Роғун” рўз аз рўз зиёд гардидааст.