Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » СУХАНВАРИ МУМТОЗ

СУХАНВАРИ МУМТОЗ

13-09-2023, 14:15
Хабарро хонданд: 187 нафар
Назарҳо: 0
СУХАНВАРИ МУМТОЗ
Шамъи хотира




Садои марғуладораш тавассути чанд барномаи Радиои «Тоҷикистон», мисли «Ҳаёти деҳот» ва «Ахбор» муаррифи номаш буд, барои мо ҷавонон, ки ҳаваси гӯянда шуданро дар дил мепарваридем. Баъдан тақдир маро ба ин радио ба кор оварду акнун дар паҳлӯи устод фаъолият доштам ва аз наздик он касро медидаму аз файзи суҳбаташ баҳравар мешудам.
Муаллим Субҳон Раҳматов сарварии Идораи наттоқонро ба уҳда доштанду ман муҳаррири Идораи барномаҳои иттиллотӣ» будам.
Устодро одате буд, ки ҳар пагоҳӣ аввал ба ошёнаи панҷум баромада, аз аҳволи дӯстонаш Мансур Султонов-директори радио, Нусратшо Таваллоев, Раҳмон Шералӣ (равонашон шод бод!), Раҷабалӣ Қудратов ва дигарон бохабар мешуданду сипас ба идораҳои барномаҳои иқтисодӣ ва иттилоотӣ сар зада, аҳволи коргаронро мепурсиданд ва дар идораи иттиллотӣ аз муҳтавони хабарҳои барномаи пагоҳирӯзии «Ахбор» бохабар шуда, баъд ба ҳуҷраи кории худ, ки дар ошёнаи дуюм, дар шафати студияҳо ҷойгир буд, мерафтанд.
Моҳи чорум ё панҷуми фаъолиятам дар ин даргоҳ мегузашт. Як рӯз папкаи барномаи «Паёми субҳ»-ро тайёр карда, ба наттоқон расонданӣ будам, ки саркоргардони радио Хайруллоҳи Иброҳим (равонаш шод бод!) маро дида, гуфт, ки «омода бош, минбаъд барномаро худат мебарӣ, муаллим Субҳон Раҳматов тавсия доданд, ки садоят барои эфир мувофиқ аст. Дар мо чунин анъана аст, ки пас аз ҳашт-нуҳ моҳи фаъолият қобилияти коргарро пурра месанҷем, агар садою талаффузаш ба талабот ҷавобгӯ бошад, баъд ба эфир иҷозат медиҳем. Аммо хоҳиши устодро рад карда наметавонем».
Баъд аз ин дар паҳлӯи наттоқони соҳибтаҷриба мисли Субҳон Раҳматов, Бурҳон Раҳмонов, Марҳабо Юсуфова, Қутбия Икромӣ, Саодат Ашӯрова, Малика Юсуфова, Ҳикматулло Носиров, Ашӯр Ашӯров, Абдумалик Саломов, Комилҷон Шамшерзода ва дигарон мо чанд нафар муҳаррирон низ бо навбат таваассути барномаҳои «Ахбор» ва «Паёми субҳ» аз эфири радио шунавандагонро бо муҳимтарин рӯйдодҳои дохилу хориҷи мамлакат ошно месохтем.
Як пагоҳӣ устод Субҳон Раҳматов, ману устод Раҳмон Шералиро дар идора дида, гуфтанд, ки «хезед, аз паси ман оед, ин худаш чӣ гап, то ҳол шиштаед?». Баъди ин даъват медидам, ки устод Раҳмон Шералӣ бепарво аз паси ӯ роҳ меравад. Ман бошам ҳайратзада, куҷо меравем? Вақте дар ошёнаи якум аз лифт берун шудем, Субҳон Раҳматов сӯйи ошхона ишора карда гуфтанд, ки «рафтем, ин ҷо гап аст». Устод як гӯшаи ошхонаро интихоб карда, ба пешхизмат барои се нафар субҳона фармуданд.
Хӯрокро бо завқ хӯрда, вақте аз ҷой бармехестем, Раҳмон Шералӣ ҷиддӣ пурсиданд:
- Ҳамааш ҳамин?
- Субҳон Раҳматов посух доданд, ки шаб хоб дидам, хостам бо шумо субҳона хӯраму ҷину сиёҳиҳоро аз вуҷудам дур кунам.
- Хоки Шумо баланд будаасту мо хато кардем, - хандида гуфт Раҳмон Шералӣ.
Баъдан дар давоми фаъолияти кориам донистам, ки ин устодон танҳо таом намехӯрдаанд, нафари дилкашашонро ошхона бурда, як пиёла чой медодаанд.
Ҳамин тавр, риштаи дӯстии мо мустаҳкам мешуд. Ва ин эҳтирому дӯстӣ то лаҳзаҳои вопасин умри муаллим дар радиои «Ватан», ки бунёдгузораш набераи устод Далер Амонов буд, давом кард.
Муддате чанд аз суҳбату дидори журналист, наттоқи радио,
тарҷумон Субҳон Раҳматов дур шудаем. Гоҳо ширингуфториҳои устодро ёд мекунем. Ахиран дар як маҳфиле, ки ба поси хотири журналист, наттоқи радиою телевизион ва тарҷумон Субҳон Раҳматов чанд сол қабл Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор карданд, дӯстону ҳамсафон, ҳамкорону шогирдон ва ихлосмандони ин марди накӯном гирди ҳам омаданд.
Садои марғуладору гӯшнавоз, чеҳраи гарм ва ҳазлҳои намакини устод
тавассути монитор гӯё фосилаи ҷудоии ба миён омадаро
барҳам зад ва касро дубора ба сайри андешаи зиндагиномаи ӯ бурд.
Мавсуф, ки дар маҳфилҳо ва тӯю дигар чашнҳои хурсандии рафиқону ҳамкорон бо калому табассуми хуш гули сари сабад буд, ба ҷамъомади онрӯза низ бо садои дилангези хеш (аз хазинаи тиллоии Радиои Тоҷикистон) ҳусни ифтитоҳ бахшиданд. Баробари шунидани садои нотакрори устод эҳсосоти аҷибе вуҷуди ҳозиринро фаро гирифт.
Собиқадорони журналистикаи тоҷик, чеҳраҳои саршинос, ки як замон тарғибгарони сиёсати вақт буданд, онҳое, ки мардумро бо қалами бурро ва лафзи ширинашон ба сӯи бунёдкорию созандагӣ ҳидоят мекарданд, бо дидани чеҳраи гарм ва шунидани садои дӯст аз даврони ҷавонии хеш ёдовар шуданд.
Ба қавли Искандар Мирзоев, аз Субҳон Раҳматов, Файзулло Арабов ва Бурҳон Раҳмонов чун «Левитанҳои тоҷик» ном мебурданд.
Тавре ҳозирин ёдовар шуданд, Субҳон Раҳматов баробари иҷрои вазифаи хидматӣ дар таҳияи гуфтору намоишҳои радио ва телевизион, иншои хабару мақолаҳои хонданбоб барои рӯзномаю маҷаллаҳо фаъолона ширкат варзидааст. Аз ҷойи воқеа-рафти сохтмони иншоотҳои азим Неругоҳи барқи обии «Норак», неругоҳи «Бойғозӣ», тавассути канали ҳафтунимкилометраи дохили кӯҳӣ ба водии Ёвону Обикиик ҷорӣ гардидани оби дарёи Вахш ва ғайра намоишу гуфторҳои мустақим ташкил кардааст. Фақат дар давраи моҳи июли соли 1960 то декабри соли 1977 тавассути телевизиони тоҷик 209 намоиши мустақим гузаронидааст. Дар ҷамъомадҳои сиёсии дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ (анҷуману пленум, сессияву маҷлисҳои тантанавӣ) дар тӯли солҳои зиёд маърӯзаҳои сарони давлат ва дигар суханваронро аз забони тоҷикӣ ба ӯзбекӣ ва баръакс, аз забони ӯзбекӣ ба тоҷикӣ аз тариқи микрофон тарҷума мекард.
Профессор Иброҳим Усмонов зикр намуд, ки Субҳон Раҳматов на танҳо наттоқи оташинсухан, ки ҳарфаш нишонрас буд, балки чун журналист ва роҳбари кордон маҳбубият дошт. Шодравон солҳо дар вазифаҳои роҳбарии идораҳои Кумиттаи телевизион ва радиои Тоҷикистон кор кардааст. Номи Субҳон Раҳматов на танҳо барои сокинони ҷумҳуриамон, инчунин барои аҳолии кишварҳои Афғонистону Эрон, Туркманистону Ӯзбекистон ва дигар мамлакатҳои дуру наздик ошно аст, зеро овози фораму гӯшнавозаш зиёда аз 50 сол тавассути радио ва телевизиони Тоҷикистон садо додааст. Ҳазорҳо-ҳазор шунавандагону тамошобинони гуногунзабон гузоришу намоишҳоро бо забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва русӣ дар қироати ин устоди сухан шунида, ба ӯ аҳсан гуфтаанд. Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (с.1959), Аълочии радио ва телевизиони Иттиҳоди Шӯравӣ, Наттоқи дараҷаи олии радио ва телевизиони тоҷик (1968), Ходими шоистаи фарҳанги Тоҷикистон (1973), Корманди хизматнишондодаи маданияти Тоҷикистон (1977) Субҳон Раҳматов ана ҳамин хел ба дилҳо меҳри суханро ҷой кардааст.
Мавсуф дар ҳақиқат таърихи зиндаи Радиои Тоҷикистон буданд. Борҳо дар суҳбатҳояшон дар бораи бинои аввалаи радио, наттоқони аввалини ин даргоҳи маърифат, худсозӣ ва худшиносӣ бо муҳаббат ёдовар мешуданд. Аввалин энсиклопедияи радио ва телевизиони тоҷикро Субҳон Раҳматов мураттаб кардаанд. Дар баробари ин ӯ муаллифи рисолаҳои "Таджикскому радио 50-лет" (1980), "Минбари савту калом" (2001), "Хотираи неки ашхоси арҷманд" (2007) буда, наздики 500 ҳикояву новелла, пйесаҳои якпардагию бисёрпардагиро аз забонҳои русӣ ва ӯзбекӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума кардааст.
Лаҳзаҳои ҳаёти ашхоси муътабари ҷумҳурӣ, ки ин устоди сухан рӯйи коғаз овардааст, барои ба камол расидани наслҳои минбаъда манфиати зиёд дорад. Омӯхтани зиндагиномаи ибратомӯзи қаҳрамонони миллат Б.Ғафуров, М.Турсунзода, санъаткорони соҳибистеъдод А.Ҷӯраев, Б.Файзуллоев, Ш. Соҳибов, Ф. Шаҳобов, арбоби барҷастаи давлатӣ Ҷ. Расулов, шоирони зиндаёд А. Деҳотӣ, Б. Раҳимзода, А. Шукӯҳӣ,Ф. Ансорӣ, олими маъруф А. Маниёзов, оҳангсозони саршинос З. Шаҳидӣ, А. Ҳамдамов ва бисёр дигарон то ҳоло мазмуну мундариҷаи хосаи амалӣ доранд.
Шарафи бузург бандаро насиб шуда, ки муддати беш аз 10 сол дар паҳлӯи ин шахсияти шинохта фаъолият доштам ва аз маслиҳатҳои эшон баҳра гирифтаам. Устод мегуфтанд, ки «сухани хуб ба хона рӯшанӣ меорад. Шумо кӯшиш кунед, ки бо суханҳои созандаи хеш ба хонадони шунавандагон гармӣ оред». Махсусан, дар солҳои муқовиматҳои сиёсӣ, ки мушкилиҳо мардумро домангир буданд, сухани хубу ҳадафрас метавонист марҳами дили дардмандон шавад.
Дар толор бештар онҳое буданд, ки як замон 30, 40 ва 50 сол доштанд, ҳоло синнашон ба 70, 80 , 90 ва аз он ҳам зиёд расидааст, акнун нури чашмашонро аз даст дода, ба даст асо гирифтаанд ва чеҳраи як вақтҳо зебояшонро ожангҳо пур кардаанд.
Дар ҳақиқат эшон дар суханрониҳояшон хуб гуфтанд, ки на ҳар падар фарзандро дуруст раҳнамоӣ ва на ҳар фарзанд дар вақти пирӣ падарро соҳибӣ карда метавонад. Собиқадори соҳаи театр ва кино шодравон Обидҷон Ҳомидов аз таърихи 50-солаи дӯстию ҳамкориашон ёдовар шуда, С. Раҳматовро дар кору зиндагӣ намуна донистанд ва таъкид карданд, ки хушбахтии ҳар як падару модар доштани фарзандони сазовори замон аст.
Метавон ёдовар шуд, ки духтари устод Дилбар Амонова дар Осиёи Марказӣ аввалин зан аст, ки дар соҳаи иқтисод рисолаи докторӣ ва писари дуюмашон Акрам Раҳматов нахустин шуда, дар соҳаи гумрук рисолаи номзади илмро ҳимоя кардаанд.
Меҳрномаи дӯстону ҳамкорон, ки дар китоби "Субҳони субҳи радио" гирд оварда шудаанд, хонандаро ба паҳлӯҳои гуногуни зиндагии устод ошно месозад. Дар воқеъ, чароғи меҳри устод, ки дар зиндагиашон доимо фурӯзон буд, баъд аз ғуруби офтоби умрашон дар дили дӯстону ҳамсолону ҳамкорон ҳанӯз гарм аст.
Хуш ба ҳоли ашхосе, ки чун Субҳон Раҳматов бо қалби саршори меҳр кору зиндагӣ кардаанд.

Алӣ ҶӮРА
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: