СУЛҲУ ВАҲДАТ-ЗАМИНАСОЗИ МАКТАБИ СОЗАНДАГИИ ТОҶИКИСТОН22-06-2023, 09:15
Хабарро хонданд: 151 нафар
Назарҳо: 0
Аз давраи бостон тоҷикон мардуми бомаърифату бофарҳанг буданд ва то имрӯз дар миёни дигар халқҳои олам бо чунин арҷгузорӣ боқӣ мондаанд. Ҷасорату матонати миллати тоҷик дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дубора эҳё гардида, дар натиҷа эҷоди ҳамгироиву сулҳу ваҳдат ба вуҷуд омад. Бо ҳамин роҳ тоҷикон тавонистанд аз худогоҳиву худшиносӣ кор гирифта, ба сӯйи қуллаҳои мурод роҳашонро идома диҳанд. Пӯшида нест, ки дар натиҷаи талошу заҳматҳои шабонарӯзии Роҳбари дилсӯзу меҳандӯст муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони кишвар дар сояи дарахти амну субот бо осоиштагӣ ба сар мебаранд ва ифтихор менамоянд, ки Тоҷикистон бо оромиву субот ва табиати афсункораш дар радифи амнтарин кишварҳои ҷаҳон қарор дорад. Ин талошу муборизаҳо сабаби равобити ҳасанаи кишвар бо ҳамаи мамлакатҳои дунё гашт. Шоири халқии Тоҷикистон, мунодии сулҳ ва вассофи дӯстӣ Мирзо Турсунзода дар боби арзиш ва мақоми сулҳу ваҳдат фармудааст: Менависам ман суруди сулҳро бо хуни дил, Бо тапиданҳои беороми рӯзафзуни дил... Қайд кардан ба маврид аст, ки сулҳдӯстӣ ва меҳмоннавозӣ аз арзишҳои волои инсонӣ буда, тоҷикон дар руҳияи ҳамин хислатҳои неки башарӣ тарбият ёфта, ба воя расидаанд. Бояд зикр кард, ки барои дубора ба даст овардани ин ганҷи пурарзишу бебаҳо мардуми баору номуси тоҷик дар солҳои мушкилтарин аз ақли солим кор гирифта, Сарвари давлат баҳри Ватану миллат дар роҳи дарёфти сулҳу субот ва озодии Меҳан ҷонгусорӣ ва фидокорӣ нишон дода, аввалин мактаби сулҳофаринӣ, созандагӣ ва соҳибихтиёрии даврони истиқлолро поягузорӣ карданд. Бо чунин ташаббус тоҷикон мактаби сулҳофариниро бунёд карданд, ки чун намуна ва мисоли ибратбахш барои дигар мамолики дунё пазируфта шуда, ҷойгоҳу мақоми он дар барномаҳои сулҳофаринии Созмони Милали Муттаҳид аз нодиртарин таҷрибаи сулҳи ҷаҳонӣ то ба имрӯз боқӣ мондааст. Вожаҳои “сулҳ ва ваҳдат” аслан арабӣ буда, аввал маънои оштӣ, мусолимат, осоиштагӣ, амонӣ ва дуввумӣ маънои ягонагӣ ва якрангиро ифода мекунанд. Ҳамин тавр, ҳарду мафҳуми дӯстии иҷтимоӣ, ҳамдардӣ ва меҳрубонӣ, адолат, баробарӣ ва набудани душманӣ ва ваҳшоният миёни мардумон буда, роҳҳоро барои эҷоди ободиву оромӣ боз менамоянд. Дар ҳақиқат ҳам, фарҳанги сулҳу ваҳдати миллии тоҷикон падидаи беназир мебошад, ки раванди он 27-уми июни соли 1997 дар Москва бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расида, саҳифаи созандагии навин дар кишвар оғоз гардид. Ҳарду тавъам аз муҳимтарин шоистагӣ ва арзишҳои волои башарӣ мебошанд, ки дар тӯли таърих аз ҷониби ҳамаи фарҳангҳо, динҳо ва ҷомеаҳо мудом таъкид ва баррасӣ мешаванд. Зеро онҳо боиси беҳтар шудани муносибатҳои одамон гардида, муоширати мусбатро эҷод менамоянд, то мардум якҷоя кору фаъолият карда, ба комёбиҳои бузургтар ноил гарданд. Хулоса, сулҳ ва ваҳдат заминаро барои ҷомеаи солиму амн ба вуҷуд оварду мо, тоҷикон аз доштани чунин мактаби сулҳофаринӣ ва созандагӣ пайваста ифтихор мекунем. Ба таъкиди Президенти кишвар "Мардуми шарифу ватандӯст ва сулҳхоҳу сулҳпарвари Тоҷикистон бо шукронаи истиқлолияту озодӣ ба қадри сулҳу оромӣ ва суботу амнияти сарзамини аҷдодӣ расида, ҳаргиз нагузоранд, ки ин кохи пурҷалоли миллат, яъне истиқлолияту ваҳдат газанд ёбад". Ҳамин тариқ, ҳама якҷону яктан Ватанро озоду ободу ором нигоҳ дошта, ҳаргиз намегузорем мардумонаш ба коми ваҳшату даҳшат афтанд ва дар ободии он саҳм мегузорем. Мирсаид Раҳмонов, ходими калони илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.