ҲАМКОРИҲОИ СУДМАНД ТАҚВИЯТ МЕЁБАНД
Дар доираи сафари корӣ ба Федератсия Россия ва нақшаи таҳиягардида миёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби умумироссиягии «Единая Россия» санаи 11 майи соли ҷорӣ муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ бо аъзои Шурои Олии ҳизби «Единая Россия», раиси Комиссия оид ба корҳои байналмилалии ҳизб Андрей Климов вохӯрӣ доир намуд.
Дар оғози мулоқот Андрей Климов муовини якуми Раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ ва ҳамроҳони ӯро аз номи роҳбарияти олии Ҳизби «Единая Россия» самимона хайрамақдам гуфта, аҳамияти робитаҳои мунтазами ду ҳизбро дар пешбурди пайвастаи муносибатҳои дуҷонибаи Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳим арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки тӯли 30 соли ҳамкориҳои пурсамар он ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.
Дар мулоқот, ки дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳуми комил сурат гирифт, Абдуҷаббор Азизӣ ва Андрей Климов дар асоси Созишномаи ҳамкорӣ миёни ҲХДТ ва ҳизби «Единая Россия» оид ба рафти иҷрои он ва масъалаҳои мубрами муносибатҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуданд.
Абдуҷаббор Азизӣ иброз намуданд, ки ҳанӯз 26 феврали соли 2017 дар шаҳри Душанбе Созишномаи ҳамкорӣ миёни ҲХДТ ва ҳизби «Единая Россия» ба имзо расид ва айни ҳол ҷиҳати татбиқи амалии он як қатор чорабиниҳои ҳизбӣ доир гардиданд. Ҳамзамон қайд намуданд, ки дар ин муддат дар асоси бандҳои Созишномаи мазкур аз ҷониби гурӯҳҳои корӣ мунтазам сафарҳои ҳайати вакилони хизбии сатҳҳои гуногун ташкил гардида, дар кори мизҳои мудаввар ва конфронсу анҷуманҳо иштирок мекунанд.
Қайд гардид, ки соли сипаришуда дар доираи татбиқи ин Шартнома аз ҷониби ташкилотҳои ҷавонон қадамҳои аввалин гузошта шуда, бо мақсади таҳкими дӯстӣ, дар руҳияи ватанпарастӣ ва тарбия намудани ҷавонон байни ташкилотҳои ҷавонони «Созандагони Ватан» ва «Молодая гвардия» Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.
Дар рафти мулоқот аз ҷониби ноиби ректори Донишгоҳи иҷтимоии Россия оид ба илм Д.Н.Самойленко барои фаро гирифтани аъзои ҳизб, ҷавонони болаёқат ба таҳсил даъват ба амал оварда шуд.
Дар анҷоми суҳбат Абдуҷаббор Азизӣ ва Андрей Климов бори дигар иброз намуданд, ки натиҷаи мулоқоти имрӯза, бешубҳа, ба вусъати ҳамкориҳои байниҳизбӣ дар оянда заминаи мусоид хоҳад гузошт.
Дар рафти мулоқот Туров А.В. - муовини раиси Кумитаи Думаи давлатии ИДМ, ҳамгироии Авруосиё ва равобита бо ҳамватанон, А.Холиқзода - директори Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ», С.Мирзомуддинов - роҳбари қабулгоҳи ҷамъиятии ҲХДТ дар шаҳри Москва иштирок намуданд.
ВАТАНДУСТӢ ҲАМЧУН ОМИЛИ ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛӢ
Дар асоси нақшаи доир намудани омӯзишҳои идоравӣ барои кормандони Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва сохторҳои ҳизб дар шаҳри Душанбе дар мавзуи «Ватандустӣ ҳамчун омили таҳкими истиқлоли миллӣ» сиёсатшинос Абдуллои Раҳнамо суҳбат намуданд.
Дар оғоз мавсуф зикр намуд, ки мардуми тоҷик аз халқҳои тамаддунсози ҷаҳон ба шумор меравад, ки дар таърихи башарият нақши муҳими маданӣ доранд ва аз ин нақши тамаддунсоз тамоми халқҳои минтақа низ баҳраманд шудаанд. Истиқлол ба саҳифаҳои торику фаромӯшгаштаи таърихи миллати тоҷик равшанӣ андохта, падидаҳои худшиносию ифтихори миллиро ба бор овард ва ба фарзандони бедордилу фидоӣ руҳу мадор бахшид.
Мавсуф бамаврид ёдовар шуданд, ки мо бояд ба гузашта ба хотири парастиши содалавҳонаи ниёгон не, балки барои тақвияти руҳияи созандагӣ, бузургдошти хотираи нахустаҷдоди роҳкушои мо, ки дар дарозои таърих ба иқдомҳои нав камар баста, ба дастовардҳои бузургу ғайриоддӣ ноил гаштаанд, рӯй оварем.
Масъалаи умумии бавуҷудоии миллати тоҷик, раванди давлатдории тоҷикон ва саҳми аҷдони мо дар ташаккули фарҳанг ва тамаддуни қабоили ҳамҷавори мо дар асоси сарчашмаҳои муътамад ва мадорики бостонӣ исбот намудааст, ки аҷдоди мо дар гузаштаи таърих ҳамчун бунёдгузорони фарҳанг ва тамаддун баромад намуда, дар ривоҷу равнақ додани он дар минтақа саҳми арзанда доштанд.
Таҳкими аркону пояҳои давлатдорӣ дар шароити пуртазод ва мураккаб шудани вазъи геополитикии минтақа ва ҷаҳон, шиддат гирифтани рақобат ва бархӯрди манфиатҳои кишварҳои абарқудрат ва таҳти таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ осебпазир гардидани истиқлоли давлатҳои миллӣ аҳамияти торафт ҷиддӣ пайдо мекунад. Вазифаи ҷонӣ ва қарзи имонии ҳар кадоми мост, ки бо зиракии сиёсӣ, донишу маърифати баланд, худшиносию худогоҳӣ, омӯхтани таърихи гузаштаи хеш, як лаҳза ҳам масъалаи ҳифзи давлату давлатдорӣ, таъмини амнияти миллӣ ва нигоҳ доштани суботу оромии ҷомеаро фаромӯш насозем. Муҳимтарин омили таҳкими истиқлоли кишвар густариши худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватандории мардум, алалхусус, насли ҷавони кишвар мебошад.
Дар интиҳо зикр гардид, ки имрӯз дар заминаи ин ғояҳо муҳити куллан пешрафтаи ҳаётие ташаккул ёфта истодааст, ки сокинони ин сарзаминро бе эҳсоси ташвишу нигаронӣ ба ояндаи дурахшон умедвор месозад. Тавонмандии нишон додани муҳтаво ва натиҷаи ифодаёбии ғояҳои умумимиллӣ дар ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мартабаи ҳизби моро ҳамчун таҳрикбахшандаи Тоҷикистон ба уфуқҳои нави рушд пеши назари аҳли ҷомеа боз ҳам болотар хоҳад бурд.
ОИЛАИ СОЛИМ-НИҲОДИ МУҚАДДАС ВА РУКНИ АСОСИИ ҶОМЕА
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила ҳамоиши бонувони пойтахт таҳти унвони “Оилаи солим-ниҳоди муқаддас ва рукни асосии ҷомеа” баргузор гардид.
Дар ҳамоиши мазкур муовини раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода, раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода, намояндагони сохторҳои ҳизбии пойтахт ва бонувони фаъол аз кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии шаҳри Душанбе иштирок доштанд.
Ҳамоишро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки барои насли инсоният оила вожаи муқаддас буда, маҳаки асосии тамоми шакли муносибатҳои ҷамъиятӣ ин ниҳоди бунёдӣ мебошад. Яъне, ҳаёти солими миллат аз фазои осудаи оила манша мегирад ва он дар бунёди ҷомеа нақши меҳварӣ дорад. Имсол аз таъсисиёбии Рӯзи байналмилалии оила 30 сол сипарӣ мегардад. Ҳанӯз аз соли 1993 аз ҷониби Маҷлиси Умумии Созмони Миллали Муттаҳид вобаста ба 15-уми май эълон гардидани Рӯзи байналмилалии оила қарор қабул гардида буд ва инак 30 сол аст, ки ин ҷашн дар саросари ҷаҳон таҷлил мегардад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ ин ҷашнро бо шаҳомати хоса таҷлил намуда, ҳанӯз аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ Ҳукумати кишвар нисбат ба оила ва ҳифзу пойдории он тадбирҳои судмандро роҳандозӣ намудааст.
Муовини раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ зикр кард, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар баробари дигар самтҳои кишвар нисбат ба занон, бунёди оилаҳои солим ва пойдории онҳо тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намудааст. Тавре аз Барномаи ҳизби мо барои солҳои 2020-2025 бармеояд, ҲХДТ ба масъалаи ҷалби занону ҷавонон ва духтарони соҳибмаърифату болаёқат ба корҳои давлативу ҷамъиятӣ ҳамчун неруи тавоно ва пешбаранда таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, ҷиҳати ҳамоҳанг намудани фаъолияти сохторҳои давлатӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ барои ҳалли мушкилоти аъзои ҷомеа кӯшиш мекунад.
Ҳамзамон, ҳизби мо оиларо асоси ҷомеа ва арзиши олӣ эътироф намуда, ҷиҳати баланд бардоштани маърифатнокии ҷомеа ва омодагии ҷиддӣ барои бунёди оила, нигоҳдорӣ ва пойдории оилаҳо, амалӣ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба ҳифзи ҳуқуқҳои аъзои оила, ҳифзи саломатии модару кӯдак, солимӣ ва ҳуқуқи репродуктивӣ, таҳияи санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ барои дастгирии оилаҳои ниёзманд, модарони танҳо, кӯдакони ятиму бепарастор тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Дар идома вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода, раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода атрофи рисолати оила ва суннатҳои оиладорӣ дар оинҳои миллии тоҷикӣ ёдовар шуда, онро ба фарҳанг ва маърифати миллати куҳанбунёди тоҷик мансуб донистанд.
Дар анҷоми ҳамоиш занону бонувони фаъол бо Ифтихорнома ва сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе сарфароз гардиданд.
МИЛЛАТИ СОЛИМ АЗ ОИЛАИ СОЛИМ ИБТИДО МЕГИРАД
Оила муҳимтарин мактаби наслу нажод буда, арзишҳои баланди инсониро дорост. Ин мактаб ба инсон дар роҳи ташаккули насли ахлоқию сиёсӣ ва созандагӣ қадамҳои устувор гузоштанро меомӯзонад. Падар ва модар бояд рисолати муқаддаси худро дар тарбияи зебоипарастӣ, заҳматкашию ободкорӣ дар замири фарзандон ҷой намуда, онҳоро дар руҳияи ватандорӣ ба камол расонанд.
Дар ҳамаи давру замон шахсоне буданд ва ҳастанд, ки фазилатҳои ҳамидаи инсонӣ, фарзанди арзанда ва содиқро ба воя мерасонанд, ки баҳри пешрафти ҷомеаи ором, давлату миллат, неруи аҳлоқию ҷисмониашро равона месозанд. Ин гуна шахсонро гоҳ дар сурати ходими давлатӣ, гоҳ дар симои модари серфарзанд, гоҳ дар симои зани меҳнаткаш дидан мумкин аст.
Яке аз чунин занони соҳибтаҷриба ва меҳнаткаш Сумбулмо Шаробова, ки 4-уми ноябри соли 1923 дар шаҳри Хоруғ таваллуд шудааст, ба ҳисоб меравад. Сумбулмо Шаробова соҳиби оилаи солим ва модари меҳрубон барои даҳ фарзанд аст. Фарзандони баору номуси ин бонуи сиёсат ҳамаашон соҳибмаълумот буда, имрӯзҳо дар соҳаҳои мухталифи ҷомеа кору фаъолият карда истодаанд.
Ҳар як заҳмату меҳнати ин зан-модари вафодорро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон ва мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ намудааст. Таҷрибаи зиндагиномаи ин модари некирода барои аҳли оила ва ҷомеа як китоби таърихи ҳаёт доиман варақгардон карда мешавад.
Ба муносибати Рӯзи байналмилалии оила масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ ба аёдати модари мушфиқу меҳрубон ва ватандӯсту ватанпараст Сумбулмо Шаробова рафтанд.
ОИЛАИ СОЛИМ КАФОЛАТИ ФАРДОИ БОСАОДАТ
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони “Оилаи солим кафолати фардои босаодат аст” баргузор гардид.
Дар чорабинии тантанавӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Ҷамшед Саидзода, мудири шуъбаи кор бо занон ва масъалаҳои гендерии Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Наргис Муқимзода, узви Раёсати Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар, муовини раиси шаҳр Наргис Қурбонзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Неъматулло Иброҳимзода, намояндагони шуъбаву бахшҳои Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва шаҳрии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, занону бонувони фаъол аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии шаҳри Бохтар иштирок доштанд.
Дар оғози ҳамоиши идона нахуст меҳмонон аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, дастовардҳои насли наврасу ҷавони шаҳри Бохтар дидан карда, ба ҳунару истеъдоди ҳунармандони асили даврони соҳибистиқлолӣ баҳои баланд доданд.
Маросими расмии чорабинии мазкурро Ҷамшед Саидзода, ифтитоҳ бахшида, иброз дошт, ки Пешвои миллат Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон баён доштанд, ки «Давлат дар доираи талаботи Конститутсия ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла ҳимояи оила, ҳифзи кӯдакони ятиму маъюб ва таҳсилу табобати шаҳрвандонро кафолат дода, оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад».
Оила муҳимтарин ниҳоди устувори ҷомеа ба ҳисоб меравад ва дар заминаи муҳаббату вафодорӣ ва эътимоду садоқати зану мард бунёд гардида, онҳо бо ҳамдигарфаҳмиву боварӣ ба якдигар дар пешбурди зиндагӣ ва амалӣ намудани орзуву ҳадафҳои муштарак саҳми баробар мегузоранд. Ба шарофати бунёди оилаи солим инсон дар зиндагӣ хушбахту саодатёр гардида, дар муҳити солиму осоишта фарзандони солеҳро тарбия ва ба воя мерасонад. Маҳз наслҳои хонаводаҳои бофарҳангу маданӣ, ки падару модарони онҳо ба тарбияи фарзанд дар руҳияи арзишҳои муқаддас муваффақ гардидаанд, дар оянда ба халқу Меҳани худ хизмати арзанда хоҳанд намуд.
Ҷамшед Саидзода ҳамзамон иброз дошт, ки бо дарназардошти нақши оила дар рушди ҷомеа ва давлат роҳбарияти олии мамлакат бунёди оилаву ҷомеаи солимро аз масъалаҳои мубрами ҳаёти имрӯз дониста, барои ба илму ҳунаромӯзӣ фаро гирифтани занону духтарон иқдомҳои муҳимро роҳандозӣ менамоянд.
Наргис Муқимзода дар навбати худ доир ба мафҳуми оилаву оиладорӣ ибрози андеша намуда, аз ҷумла, изҳор дошт, ки бо қарори Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид аз соли 1994 инҷониб ҳамасола санаи 15 май дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии оила таҷлил карда мешавад. Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи башарӣ бо арҷгузорӣ ба арзишҳои муқаддаси инсонӣ ба хотири рушди оила таъмини баробарҳуқуқии зану мард ва ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон тадбирҳои муҳиму созандаро амалӣ намудааст.
Бо дарназардошти равандҳои замони муосир ва тақозои ташаккули ҷомеаи солим ва дар асоси хусусиятҳои оиладории миллии тоҷикон, фарҳанги миллӣ ва арзишҳои умумиинсонӣ, бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи “Консепсияи оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳия гардид. Дарвоқеъ, заҳмату талошҳои пайвастаи Сарвари давлат ба яке аз масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ ва ҳаётии миллат - таҳкиму пойдории оила ва муносибатҳои оиладорӣ нигаронида шудааст. Зеро мустаҳкамӣ ва устувории оила маҳаки асосии субот ва назму тартиби ҷомеа мебошад.
Дар идомаи ҳамоиши як зумра оилаҳои намунавӣ аз шаҳри Бохтар бо туҳфаҳои молиявӣ ва Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон қадрдонӣ шуданд. Ҳамчунин, дар ин рӯз дар вазъияти тантанавӣ ба як ҷуфт навхонадорон шаҳодатномаи ақди никоҳ ва ба ду тифли навзод шаҳодатномаи таваллуд ва туҳфаҳои молиявӣ тақдим карда шуданд.
Дар фарҷоми маросими идона ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар бо барномаи рангини идона хотири тамошобинонро шод гардониданд.
ОИЛА-МАКОНИ МЕҲРУ МУҲАББАТ
“Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбад”.
Эмомалӣ Раҳмон
Воқеан ҳам мо-тоҷикон ба оила ва оини оиладорӣ аз азал ба таври хоса арҷ мегузорем. Оила ва ҳаёти оилавӣ барои ҳар яки мо мазмуни махсус дорад. Ҳар кадоми мо дар оила тарбия гирифта, бо меъёрҳои маънавӣ обутоб ёфтаем. Гузаштагони мо доимо оила ва оиладориро муқаддас дониста, барои ҳифзи ҳамаҷонибаи он ҳамеша кӯшиш мекарданд.
Дар ҳақиқат, оила яке аз ҷузъҳои муҳими ҷамъият аст ва биноест барои тамоми умр бунёд ва ороста мешавад.
Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила мизи мудавварро таҳти унвони “ОИЛА-МАКОНИ МЕҲРУ МУҲАББАТ” бо иштироки ходимони сиёсиву давлатӣ, собиқадорони ҳизбу меҳнат, занони соҳибтаҷриба ва оилаҳои намунавӣ, аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” баргузор намуд.
Вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб, собиқадори ҳизбу меҳнат Саъбагул Валиева зикр кард, ки дар ҳақиқат оилаи солим барои дилхоҳ давлат муҳим мебошад, зеро бо устувор будани оилаҳо пояҳои давлатдорӣ мустаҳкам гардида, дар он шахсони донишманду бофарҳанг ба воя мерасанд. Мавсуф, ҳамзамон, аз таҷрибаи зиндагӣ, лаҳзаҳои ҳаётии оилавии худ ба ҷавондухтарон, тавсияҳои муфид дод.
Зикриё Шамсзода - сармутахассиси Раёсати Суди вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб ва Марям Саймуминзода - мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Кӯлоб аз фаъолияти ҳаррӯзаи худ, ки бевосита ба масъалаи бекоршавии ақди никоҳ, пошхӯрии оилаҳо корбарӣ менамоянд, ба ҳозирин маслиҳатҳои ҳуқуқии судманд пешниҳод намуданд.
Фарзона Ҳакимова-сармутахассиси шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб иброз дошт, ки аз қадимулайём оила ҳамчун институти ҷамъияти инсонӣ роҳи дурударози мураккабро аз шаклҳои қабилавии зиндагӣ оғоз карда, аз cap гузаронида аст. Хусусияти ин давра аз он иборат буд, ки инсонҳо ба танҳоӣ наметавонистаанд зиндагӣ кунанд. Танҳо бо гузашти солиёни дароз оилаҳои бузург ба оилаҳои хурд, ки аз падару модар ва кӯдакон иборат будаанд, табдил ёфтанд. Оила вазифаҳои анъанавии махсуси худро дошт ва рукни муҳими хоҷагӣ ба ҳисоб мерафт, ки аз ин нигоҳ дар хонавода зиндагӣ намудан ниҳоят зарур буд ва инсоне, ки хонавода надошт, бадбахт ҳисобида мешуд. Дар оила, қабл аз ҳама, пояҳои ахлоқии вай муқаддас ба ҳисоб мерафт ва устувории оиларо нигоҳ медошт.
Сипас, оилаи намунавии ҷавон Умеда Тиллоева ва собиқадорон Шафоат Комилова, Гулчеҳра Абдураҳмонова аз рӯзҳои нахустини зиндагии мустақилонаи худ ба саҳми ҳозирин қисса намуданд.
Дар фарҷом як қатор занону бонувони соҳибтаҷриба, ки дар соҳаҳои гуногун кору фаъолият намудаанд ва инчунин, оилаҳои рӯзгордида ва оилаи ҷавон аз тарафи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ гардиданд.
ҶАВОНОН - НЕРУИ ПЕШБАРАНДАИ СИЁСАТИ ДАВЛАТ
Бахшида ба Рӯзи ҷавонон ҷавонони Тоҷикистон тибқи нақшаи муштараки Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр ва дар якҷоягӣ бо факултети №4-и Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар «Маркази фарҳанг»-и шаҳри Хуҷанд конференсияи илмӣ – назариявӣ таҳти унвони «Ҷавонон - неруи пешбарандаи сиёсати давлат» баргузор гардид.
Ҳамоишро сардори факултети №4-и Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, полковники милитсия М. Ғафурӣ ифтитоҳ намуда, моҳияти баргузории онро ба таваҷҷуҳи ҳозирин расонид.
Сипас, маърӯзаи мудири бахши ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд Абдувосит Ғафуров дар мавзӯи “Пайравони Пешвои миллат”, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов дар мавзӯи “Нақши Пешвои миллат дар тарғиби арзишҳои миллӣ”, маърӯзаи мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Муяссар Қаҳорӣ дар мавзӯи “Оилаи солим - ҷомеаи солим”, дотсенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва мурофиаи ҷиноятии факултети №4-и Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия М.Муллобоев дар мавзӯи “Сабаб ва шароитҳои шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгароӣ”, муаллими кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети №4-и Акедимияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон капитани милитсия М.Маъруфзода дар мавзӯи “Ҷавонон пайрави Пешвои миллат ва ҳомии дастовардҳои Истиқлол”, маърӯзаи курсанти курси сеюми факултети №4-и Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон сержанти милитсия Исмоил Умаров дар мавзӯи “Ҷавонон - такягоҳи боэътимоди Ватан” шунида шуданд.
Музокирачиён зимни суханронии худ вобаста ба нақши Пешвои миллат дар тарбияи ҷавонони кишвар ҳарф зада, қайд карданд, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ҳалли масъалаҳои ҷавонон, аз ҷумла беҳдошти вазъи таълиму тарбия, соҳиби ихтисос, касбу ҳунар, ҷойи кор гардидани онҳо ва мавқеи хоса пайдо намудани ҷавонон дар ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд.
Мавриди зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари ба даст овардани Истиқлол зарурати ногузирии ташаккул ва амалӣ намудани сиёсати давлатии ҷавононро пазируфтааст. Баъд аз шаш моҳи соҳиб гаштан ба Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гаштани қонуни асосии ҷавонон – Қонун “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон” аз санаи 13 марти соли 1992 далели ин гуфтаҳо мебошад. Гуфт шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни кишваҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз аввалинҳо шуда қонуни асосии ҷавононро қабул кардааст. Ин бори дигар собит месозад, ки Тоҷикистон дар таҳкими сиёсати давлатдорӣ ва сохтмони ҷомеаи демократии ҳуқуқбунёд ташаккули сиёсати ҷавононро яке аз самтҳои асосии стратегии фаъолият медонад.
Ҷавонони саодатманди диёр бо шукргузорӣ аз чунин фазои ободу озод, аз ин хоки сарзамини биҳиштосо, аз неъматҳои гаронбаҳои ваҳдату Истиқлоли миллӣ, бо пуштибонӣ аз сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ифодаи ифтихори миллӣ дар роҳи бунёд ва эҳёи давлати навин, ваҳдату ҳамбастагии саросарӣ, ҳифзи муқаддасоти миллӣ ва муаррифии кишвар дар арсаи байналмилалӣ талошу ташаббусҳои беназирро устуворона ва озодона пеша намуда истодаанд.
Дар умум гуфтан ҷоиз аст, ки тамоми заҳматҳои Пешвои миллат дар самти ҷавонон бисёр арзанда арзёбӣ гардида, барои мақоми хоса пайдо кардани сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми беназир гузоштаанд.
Ҷавононро ҳамчун ояндасозони давлату миллат, қувваи пешбаранда ва неруи ҳаракатдиҳандаи ҷомеа эътироф кардани Сарвари давлат боиси болидаруҳӣ ва ифтихори миллии ин қишри ояндасоз гардида, эътимоди онҳоро ба фардои дурахшон қавӣ ва масъулияташонро баҳри ҳифзи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ дучанд менамояд.
Баъд аз шунидани маърӯзаҳо аз ҷониби ташкилкунандагони ҳамоиши якчанд ҷавонони фаъол бо Сипоснома ва тӯҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Дар охир аз ҷониби бахши фарҳанги шаҳри Хуҷанд ва курсантони факултети №4-и Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри болидахотирии иштирокчиён барномаи фарҳангӣ пешниҳод гардид.
ИФТИХОРИ ВАТАНДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ
Дар доираи нақшаи фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар толори Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон ҷиҳати тарғибу ташвиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, оид ба ташаббуси навбатии ҷаҳонии Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба эълон намудани соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва пешгирӣ намудани ҷавонон аз шомил шуда ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои тундгарои хусусияти экстремистидошта бо иштироки устодону донишҷӯён вохӯрӣ доир гардид.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Убайдулло Қурбонзода оид ба пешгирӣ намудани ҷавонон аз шомил шудан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои тундгарои хусусияти экстремистидошта андешаронӣ намуда, иброз дошт, ки дар замони мураккаби ҷаҳонишавӣ, алалхусус таҳдиди хатарҳои замони муосир падидаҳои номатлуб чун терроризм ва экстремизм яке аз мушкилоти асосии имрӯза буда, махсусан ҷавононро бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғи динию дунявӣ ҷалб карда, онҳоро ба ҷараёнҳои террористӣ сафарбар менамоянд.
Декани факултети идоракунии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Далер Қодирзода афзуд, ки мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асосӣ ва роҳи муҳими рушди давлат ва ҷомеа мебошад.
Дар идома директори Муассисаи давлатии “Маркази барномаҳои байналмилалӣ”, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Рамазон Одиназода оид ба ватандӯстии ҷавонон чанд нуктаи муҳимро зикр намуд. Дар зимн таъкид гардид, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” ҳадаф, принсипҳо ва самтҳои тарбияи ватандӯстӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии онро муқаррар карда, муносибатҳои вобаста ба ташкили заминаҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ, таъмин ва танзими фаъолиятро дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон муайян менамояд.
ОИЛАИ СОЛИМ – ҶОМЕАИ СОЛИМ
Оила дар фарҳанги куҳанбунёди мардуми тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд. Ҳамаи инро ба назар гирифта, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2015-умро “Соли оила” эълон намуда буданд.
Дар робита ба ин, 13-уми майи соли равон бо ибтикори Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила дар тарабхонаи "Меҳру муҳаббат"-шаҳри Панҷакент ҳамоиши ҷумҳуриявии сиёсӣ ва адабию фарҳангӣ бо иштироки муовини Раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ, сардори Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Саодатбибӣ Сироҷзода ва дигар меҳмонон аз пойтахт ва шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд таҳти унвони "Оилаи солим- ҷомеаи солим” баргузор гардид.
Дар оғоз муовини раиси шаҳри Панҷакент Парвина Нақибӣ меҳмононро хайрамақдам гуфта, оид ба нақши оилаи солим дар ҳаёти ҷомеа сухан намуд. Муовини Раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ оид ба масъалаҳои маърифати оиладорӣ, ба касбу ҳунар фаро гирифтани ҷавонон, пошхӯрии оилаҳои ҷавон, роҳҳои пешгирии ин падида ва дигар масъалаҳои мубрам суҳбат намуд. Дар суханронӣ зикр гардид, ки ташкили оила, ки он ба сифати хурдтарин ниҳод дар ҷомеа шинохта шудааст, аз падару модарон ва ҳар як шаҳрванд хоҳони он аст, ки дар шеваи тадбири он пурмасъулият ва огоҳона дар муомилаву муносибат бошанд. Хайринисо Юсуфӣ иброз дошт, ки Тоҷикистон вобаста ба устувории оила ва дар ин замина, ба бунёди ҷомеаи солим таваҷҷуҳи махсус зоҳир кардааст.
Сипас, Саодатбибӣ Сироҷзода пиромуни сабабҳои ба миён омадани нофаҳмиҳо дар оила, сар задани хушунатҳои оилавӣ ва таъсири он ба ҳолати равонии кӯдакон ақидаҳои худро баён дошта, иброз намуд, ки бунёди оилаи хушбахт аз шеваи муносибати зану шавҳар вобастагии зиёд дорад. Дар ҷараёни ҳамоиши ҷумҳуриявии мазкур тӯйи хонадоршавии 10 навхонадорон бо оростани дастархони туёна, супоридани Шаҳодатномаи ақди никоҳ ва туҳфаҳои хотиравии ҲХДТ ва Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоридани Шаҳодатномаи таваллуд ва туҳфаҳои хотиравӣ ба 20 нафар кӯдакони навзод дар фазои идона ва тантанавӣ, инчунин, дар доираи ҷамъбасти озмуни “Оилаи беҳтарин, ба 15 оилаҳои намунавии шаҳри Панҷакент Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва туҳфаҳои омоданамудаи муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи ҶумҳурииТоҷикистон дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.
Намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва суруду таронаҳои дилнавози санъаткорони шаҳри Панҷакент, ҳамчунин рақсҳои зебои устоди санъати рақс Хайри Ватанова хотири меҳмононро шод намуду фазои чорабиниро рангин намуд. Пас аз анҷоми чорабинӣ меҳмонон аз Муассисаи давлатии Хона - интернати ҷумҳуриявӣ барои пиронсолон ва маъюбон дар шаҳри Панҷакент дидан намуда, бо оростани дастархони идона хотири бошандагони ин муассисаро бо туҳфаҳои хотиравӣ шод гардониданд.