Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Мусо Мирзозода - Эътимоди Пешвои миллат ба мардуми ноҳияи Ишкошим бузургтарин дастоварди мардуми ноҳия мебошад!

Мусо Мирзозода - Эътимоди Пешвои миллат ба мардуми ноҳияи Ишкошим бузургтарин дастоварди мардуми ноҳия мебошад!

18-04-2023, 13:53
Хабарро хонданд: 304 нафар
Назарҳо: 1
      Мусо Мирзозода - Эътимоди  Пешвои миллат  ба мардуми ноҳияи  Ишкошим бузургтарин  дастоварди  мардуми ноҳия мебошад!
Ишкошим ноҳияи маъмурӣ дар ҳудуди Бадахшон буда, 27 октябри соли 1932 таъсис ёфтааст. Масоҳаташ 3656 километри мураббаъ мебошад. Баландии миёна аз сатҳи баҳр (2200-3800), 3000 метрро ташкил дода, масофа аз сарҳади ғарбии ноҳия то сарҳади шарқии он тавассути роҳи автомобилгард 300 километр мебошад.
Ноҳияи Ишкошим дар қисми ҷанубу ғарбии кишвар воқеъ гашта, порчаи 12 километраи сарҳади ҷанубтарини Тоҷикистон байни деҳаҳои Дашт ва Санги ҳамин ноҳия мустақар мебошад. Дар 46 деҳа ва 4075 хонаводаи ноҳия ба ҳолати 1-уми январи соли 2023 31008 нафар аҳолӣ умр ба сар мебарад, ки 6153 нафарашон дар муҳоҷирати меҳнатӣ мебошанд.
Маркази ноҳия-шаҳраки Ишкошим аз пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе дар масофаи 652 километр ва аз маркази вилоят - шаҳри Хоруғ дар масофаи 105 километр воқеъ гаштааст.
Ишкошим бо ноҳияҳои Шуғнон, Роштқалъа, Мурғоб ва бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳаммарз буда, бо ин кишвар 285 километр марз дорад.
Ишкошим бо истилоҳи қадимаи Сакошим, Сакистон, (Сиистон), Шакошим, Сакак-Шама, (нишемани сакоиҳо) низ ном бурда мешуд, ки ватани сакоиҳо буданро ифода мекунад. Дар баъзе манбаҳои таърихӣ, аз ҷумла дар китоби Н.Я. Бичурин “Сайгашен” низ ном бурда шудааст. Сакоиҳо аз қадимтарин сокинони эронинажоди Бадахшон маҳсуб меёфтанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих” роҷеъ ба ин масъала чунин нигоштааст: “ Дар боби сакоиҳои хаумаварг ҳаминро афзуданием, ки бархе аз муаррихон сокинони Ишкошим (номи собиқаш Сакошим) ва Сиистон (Сакистон)-ро аз аҷдодони онҳо мешуморанд.”
Вобаста ба дастовардҳои мардуми ноҳияи Ишкошим мусоҳибае оростем бо узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳия Мирзозода Мусо.
-Муҳтарам раис, дар ноҳия осори зиёди таърихи ниёгони мо, ба монанди қалъаҳои Қаҳ-қаҳа ва Ямчун, навиштаҳои руисангии деҳаи Лангар, ҳамчунин обҳои шифобахши Гармчашмаву Авҷ ва Бибӣ Фотимаву Ширгину Зонг ва макони маъдане, ки Тоҷикистонро дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ намудааст- лаъли овозадори Кӯҳи лаъл воқеъ гардидаанд. Лутфан, бигӯед, ҳамаи ин манбаъҳо барои вуруди сайёҳони дохиливу хориҷӣ ба кишварамон то кадом андоза таъсиргузор мебошад?
-Ноҳияи Ишкошим аз зумраи он минтақаҳое мебошад, ки бо инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ ва ҷуғрофияи сайёҳии худ сайёҳони хориҷиро мафтун сохта, кунун ҳамчун минтақаи рушдёфтаи соҳаи туризми табобатию фароғатӣ ва экологӣ маъмул аст. Мавҷуд будани бузургтарин чашмаҳои дар олам назир надоштаи шифобахши обҳои гарм, аз қабили Гармчашма, Обигарм, Авҷ, Бибӣ Фотимаи Заҳро, Ширгин ва ҳашт адад силсилачашмаҳои гарми шифобахши Зонг, 15 адад чашмаҳои маъдании нӯшокии дармонбахш барои инкишоф додани саёҳати табобатию истироҳатӣ заминаи воқеӣ мебошанд.
Ҳамзамон, дар ҳудуди ноҳия 120 адад осорҳои бостонӣ, аз қабили қалъаҳо, ибодатгоҳҳо, гӯрҳои ҳафршуда, тасвирҳои рӯй санг, тӯпхонаҳо, гурезгоҳҳо, конҳои қадима, истеҳкомҳо ва ғайраҳо маҷуданд, ки барои соҳаи сайёҳӣ имкониятҳои хуб фароҳам меоваранд. Дар деҳаи Лангари ноҳия беш аз 6000 петроглиф (навиштаҳо ва тасвирҳои рӯисангӣ санг) мавҷуд аст, ки таърихи чандинҳазорсолаҳо дошта, барои пажуҳиш ва ҷалби сайёҳҳон имконияти калон доранд. Машҳуртарин иншооти табобативу таърихии дар минтақа мавҷуда, чашмаҳои дармонбахши Гармчашма, Авҷ, Ширгин, Вичкут, қалъаи Қаҳ-қаҳа (Кофирқалъа) бо ибодатгоҳи Шоҳимардон дар деҳаи Намадгут ва қалъаи Қаҳ-қаҳаи Ямчун якҷоя бо чашмаи ҳамшафаташ- чашмаи беназиру шифобахши Бибӣ Фотимаи Заҳро маҳсуб меёбанд, ки ҳамасола ҳазорҳо нафар сайёҳони дохилию хориҷӣ аз онҳо дидан менамоянд.
Вуруди сайёҳони хориҷӣ то саршавии бемории ҳамагири Ковид 19 дар соли 2019 ба миқдори 5267 нафар буда, дар солҳои минбаъда камтар мушоҳида гардида, дар соли 2022 ин адад ба 1006 нафар расида аст. Ҳамакнун, ки маҳдудиятҳо, пешгирӣ аз бемории коронавирус камтар гардидааст, умедворем шумораи ҷаҳонгардоне, ки аз Ишкошим дидан мекунанд, боз бештар хоҳанд гардид.
Дар самти сайёҳи дохилӣ низ бояд қайд кард, ки дар соли 2019 ба теъдоди 3428 нафар, дар соли 2021 ба миқдори 1534 нафар ва соли 2022 ин рақамҳо ба 2217 нафари сайёҳи дохилӣ расида аст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша аз пок ва беолоиш будани забони тоҷикии мардуми Ишкошим барои намуна ба соҳибзабонон таъкид менамоянд. Ба назари Шумо, чӣ асроре ҳаст, ки дар чунин минтақаи аз назари ҷуғрофӣ дур аз марказҳои илмӣ ва маданӣ мардуми бофарҳангеро мебинем, ки дар тӯли таърих забони ноби тоҷикӣ ва таъриху фарҳанги миллии моро эмин нигоҳ доштаанд?
-Иҷозат диҳед бори дигар миннатдории самимии худ ва тамоми хурду бузурги Ишкошимзаминро ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати боварӣ ва эътимоди ҳамешагиашон ба мардуми ноҳияи Ишкошим сидқан иброз намоям.
Тамоми мардуми Ишкошим шоҳиди онанд, ки Пешвои миллат ҳангоми мулоқоти аввалинашон ба ҳайси Сарвари давлати тоҷикон дар соли 1994 бидуни ягон муҳофизи силоҳдор ба ноҳияи Ишкошим омада буданд. Мардуми бофарҳанги ноҳияи Ишкошим ҷавобан ин ҳама эътимоди Роҳбари давлатро нисбат ба сокинони ноҳияро бузургтарин дастоварди моддиву маънавии хеш медонанд.
Бале, чуноне ки Шумо ишора намудед, Сарвари давлат шеваи гуфтугӯйи тоҷикии мардуми ноҳияи Ишкошимро зебо ва беолоиш медонанд, ки ҳар як сокини ноҳия нисбат ба ин баҳои баланд арзи миннатдории худро ба Пешвои миллат мерасонанд. Ба қисмати дуввуми саволи шумо, агарчи ман мутахассиси соҳаи забоншиносӣ набошам ҳам, бо мутолиае, ки аз осори олимони ин соҳа ва соҳаҳои илмҳои таърих ва ҷуғрофиё дастрас намудаам, шаҳодати онро медиҳад, ки аз ҷиҳати ҷуғрофӣ дастнорас будани ноҳияи Ишкошим ба истиллогарони аҷнабӣ ва дар сатҳи кӯҳҳо (аз сатҳи баҳр 2200-3800 метр баланд) ҷойгир гардидани ноҳия, мардуми шарифи Ишкошимзамин забони шево ва таъриху фарҳангамонро гузаштагонамонро бидуни ягон дигаргунӣ ба мо оварда расондаанд ва ҳамакнун вазифаи мо аст, ки онро ҳифз намуда, ба наслҳои оянда вогузорем.
Лутфан, дар бораи дастовардҳои сокинони ноҳия дар чанд соли охир маълумоти мухтасар медодед...
-Бояд гуфт, ки бо мақсади вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва беҳтар намудани хизматрасонӣ ба аҳолӣ то соли 2026 ба ифтихори ҷашни 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта ва ба истифода додани 104 адад иншоотҳо бо харҷи 165,0 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шуда, корҳои сохтмонӣ ба маблағи беш аз 75,4 миллион сомонӣ дар 74 адади онҳо оғоз гардид ва аз ин шумора 20 адад бо арзиши 16,9 миллион сомонӣ ба истифода дода шуданд. Дар соли 2022 дар самти сохтмони иншооти соҳаҳои иҷтимоию фарҳангӣ ва истеҳсолӣ пешравиҳо назаррас рӯйи кор омада, дар ин давра дар ҳаҷми 16,9 миллион сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор андохта шуд. Корҳои сохтмонию васлгарӣ ба маблағи 46,9 миллион сомонӣ иҷро гардид, ки 101,0 фоизи нишондиҳандаи ҳамин давраи соли қаблиро ташкил медиҳад. Маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ соли 2022 ба маблағи 63,8 миллион сомонӣ азхуд карда шуда, суръати афзоиш 103,0 фоиз таъмин гардидааст.
Бояд иброз намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бузургтарин маблағгузори рушди ноҳияи Ишкошим мебошад. Яке аз манбаъҳои асосии корҳои басомонрасонидашуда дар соҳаи сохтмон ва меъморӣ, ин маблағгузорӣ аз ҳисоби маблағҳои мутамарказ буда, аз ин сарчашма дар соли 2022 корҳои сохтмонӣ бо харҷи беш аз 30,0 миллион сомонӣ иҷро гардид.
Дар соли 2022 ба мақсади рушди соҳаи кишоварзӣ аз тарафи бонкҳо ва ташкилоти қарзӣ ба 63 нафар 780 ҳазор сомонӣ маблағҳои қарзӣ равона гардида, вобаста ба шароиту имконият кишоварзон коркарди агротехникии заминро анҷом доданд.
Аз рӯйи ҳисоботи расмии оморӣ, соли 2022 истеҳсоли ғалладонагиҳо ба 2 ҳазору 391 тонна, картошка ба 4 ҳазору 186 тонна, мева 671 тонна ва сабзавот ба 625 тонна расонида шуд, ки ҳамаи ин нишондодҳо дар муқоиса ба соли 2021 афзоиш ёфтаанд. Аз ҷумла, ғалладонагиҳо 11,0 фоиз, картошка 4,0, фоиз, мева 10,0 фоиз ва сабзавот 7,6 фоиз зиёд истеҳсол гардиданд.
Дар давоми соли сипаришуда корҳои сохтмонӣ дар 82 адад иншоотҳои гуногун ба роҳ монда шуда, варзишгоҳи марказӣ, комендатураи сарҳадии Лангар, муассисаҳои таълимии № 13 ва 21 аз иншоотҳои калони сохташаванда дар соли 2022 ба ҳисоб мераванд.
-Ҷалби занону духтарон ба корҳои роҳбарикунанда ва ба таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавонон дар ноҳия дар кадом сатҳ ба роҳ монда шудааст?
- Бо мақсади пешбурди корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба пойдории оила, таъмини фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва дар ин замина, тарбия намудан ва ба воя расонидани насли солим дар давоми сол аз тарафи бахши кор бо занон ва оила байни аҳолӣ, махсусан, бонувон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд.
Иштироки бонувон дар чорабиниҳои оммавӣ-сиёсӣ ва раванди корҳои ободонӣ дар ноҳия назаррас мебошанд.
Дар давоми солҳои 2021-2022 3 нафар занони ноҳия дар маҷмуъ, ба маблағи 80 000 сомонӣ соҳиби гранти президентӣ гардида, айни замон дар корхонаҳои хурди дӯзандагӣ бо ҷалби 8 нафар бонувони хонанишин фаъолият менамоянд. Тайи солҳои 1997-2022 дар муассисаҳои олии касбӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 320 нафар ҷавондухтарон таҳсил намудаанд. Баробарии гендерӣ, яъне баробарии ҳуқуқи марду зан дар сатҳи ноҳия мувофиқ ба мақсад роҳандозӣ шуда, айни замон 7 нафар бонувон дар вазифаҳои роҳбарикунандаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва 83 нафарашон дар ҳайати роҳбарикунандаи идораву муассисаҳо фаъолият мекунанд. Аз шумораи умумии 860 нафар омӯзгорони муассисаҳои ҳамаи зинаҳои таҳсилоти ноҳия 533 нафарро занон ташкил медиҳанд.
-Сатҳи ҷинояткорӣ нисбат ба солҳои қаблӣ то кадом андоза коҳиш ёфтааст?
-Чуноне ки зикр кардам, хурду бузурги ноҳия фарҳангсолорӣ ва қонунсолориро таҳти сарпарастӣ ва ҳидоятҳои хирадмандонаи Пешвои миллат маҳаки асосии зиндагии ҳаррӯзаи худ қарор додаанд ва ин аст, ки дар давоми чанд соли охир ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин ба қайд гирифта нашудааст.
Ҷиноятҳое, ки аз ҳисоби сокинони ноҳия аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба қайд гирифта шудаанд, пурра ошикор шудаанд. Гуфта метавон, ки сатҳи ҷинояткорӣ дар ноҳия аз ҳисоби ҷиноятҳои вазнин ва ниҳоятан вазнин, ҳамчунин, хариду фурӯши маводи мухаддир ва қочоқи маводи мухаддир ва силоҳи оташфишон нисбати солҳои қаблӣ коҳиш ёфтааст, ки ин як ҳолати мусбат мебошад. Умедворем, ки бо таълиму тарбияи хуби аҳли ҷомеа ин амалҳои нангин аз тарафи баъзе ҷавонон ислоҳ мегарданд.
Боиси хурсандии тамоми сокинони ноҳия аст, ки ягон зодаи ноҳияи Ишкошим узви ягон гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ нагардидааст.
Маҳз аз баракати сулҳу суботи комил, ваҳдату сарҷамъии миллат ва талошу заҳмати пайгиронаи мардуми кишвар таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат дар соли 2022 нишондиҳандаҳои иҷтимоиву иқтисодии ноҳия афзуда, раванди татбиқи ҳадафҳои миллӣ ва иҷрои стратегияву барномаҳои давлатӣ густариши тоза пайдо намуд ва дар ин замина рушди устувори ҳамаи соҳаҳо таъмин гардид.
Ин аст, ки фазои сиёсии ноҳия муътадил буда, дар ҷомеа ҳамдигарфаҳмӣ ва таҳаммулпазирӣ тадриҷан ба меъёрҳои асосии муносибат табдил меёбанд. Имрӯз дар ин фазои мусоиди сулҳу ваҳдат дар ноҳия фаъолон, занону ҷавонон, ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилоти ҷамъиятӣ дар самти пешгирӣ аз зуҳуроти номатлуби экстремистӣ, радикализми сиёсиву динӣ, нашъамандӣ, фасодкорӣ, инчунин, ташвиқу тарғиби падидаҳои беҳбуди таълиму тарбия, рушди маориф, тарзи ҳаёти солим корҳои назаррасро анҷом дода, бо сарҷамъиву муттаҳидии сокинони ноҳия чорабиниҳои бузурги сиёсиву фарҳангӣ дар сатҳи бошукӯҳу хотирмон доир гардиданд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар солҳои оянда низ ҷиҳати таҳкими дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар ва вусъат бахшидани фаъолият дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳия тадбирҳои зарурӣ меандешад.
-Ташаккур барои сӯҳбат.
Суҳбаторо: Наргиси Муродалӣ

















Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назарҳо (1)
Brenda 23 мая 2023 19:17
regedit citalopram hydrobromide phase 3 depression siechoc side effects citalopram hydrobromide - citalopram hydrobromide can i smoke cigarettes metabolites of citalopram hydrobromide aybas is citalopram hydrobromide
the same as xanax
Цитировать          1
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: