Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » АҲАМИЯТИ ТАШАББУСҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТОҶИКИСТОН ДАР САМТИ ОБУ ИҚЛИМ

АҲАМИЯТИ ТАШАББУСҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТОҶИКИСТОН ДАР САМТИ ОБУ ИҚЛИМ

17-04-2023, 10:42
Хабарро хонданд: 300 нафар
Назарҳо: 1
АҲАМИЯТИ ТАШАББУСҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТОҶИКИСТОН ДАР САМТИ ОБУ ИҚЛИМ
Дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони "Ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти обу иқлим: аз ибтикорот то амал" Конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣбаргузор гардид.Дар ҳамоиш намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, олимону коршиносони ватанӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори оммаиштирок намуданд.
Ҳадаф аз баргузории чорабинӣ арзёбии қарори Маҷмаи Умумии СММ оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон гардидани соли 2025 ва 21-уми март ҳамчун «Рӯзиҷаҳонии пиряхҳо» мебошад, ки ташаббускори ин пешниҳодҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Ҳамзамон, дар чаҳорчӯби нишаст натиҷаҳои Конфронси оби СММ, ки таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Подшоҳи Нидерланд рӯзҳои 22-24 марти 2023 дар шаҳри Ню-Йорк сурат гирифт, мавриди тахлилу баррасӣқарор гирифт.
Ҳамоишро директори Маркази тадқиқоти стратегӣ Хайриддин Усмонзодаоғоз намуда, нахуст аҳли толорро бо эълон гардидани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва 21-уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо»табрик намуда, қайд кард, ки Тоҷикистон дар баррасии мушкилоти об дар ҷаҳонкишвари пешоҳанг ва ташаббускори ғояҳои ҷаҳонии обу иқлим эътироф гардидааст.Зикр шуд, ки ташаббусҳоиПрезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин соҳа дар рӯзномаи оби СММ «Раванди оби Душанбе» ном гирифтааст.
Соли 2023 аз ибтидои саъю талошҳои Ҳукумати Тоҷикистондар пешбурди рӯзномаи оби Созмони Милали Муттаҳид 20 сол сипарӣ гардида, дар ин муддат дар асоси ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ин созмони бонуфузи ҷахонӣ -10 қатънома қабул карда шудааст.
Гуфта шуд, ки қабули ин қатъномаҳо ва баргузории ҳамоишҳои сатҳи баланд дар асоси ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарамЭмомалӣ Раҳмон аз он шаҳодат медиҳанд, ки иқдомҳоиҷониби Тоҷикистон воқеанҳам, дар ҳалли масоили обу иқлим ҳадафҳои неку созандаи зиёдеро дар пай доранд ва ҳамагӣ барои ҳифзи ояндаи сайёра равона гардида, баҳри рушди оянда ҳадафҳои мушаххас доранд.Ин ташаббусҳо бешубҳа, дар тавсеа ва тақвияти обрӯи мусбати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз кишварҳои саҳмгузор дар татбиқи иқдомҳои башардӯстона нақши назаррас доранд.
Конфронси дуюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба Шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 низ ҳамчун давоми ташаббусҳои кишвари мо дар шароит ва вазъияте доир шуд, ки мушкилоти вобаста ба об ва иқлим ба яке аз хатарҳои ҷиддӣ барои инсоният табдил ёфта, рӯз то рӯз ҳаёти инсону табиатро зери таҳдиди нобудшавӣқарор дода истодааст. Яъне, имрӯз хатари тағйирёбии босуръати иқлиму мушкилоти об ба инсоният камтар аз хатарҳои дигари мушкилоти муосири ҷаҳонӣнест.
Дар идома Парвиз Муҳаммадзода - муовини директори Маркази тадқиқоти стратегӣ дар мавзуи “Ҷумҳурии Тоҷикистон-муттаҳидкунандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳалли мушкилоти обу иқлим суханронӣ намуда, зикр кард, ки иқлим” тағйир меёбад ва тағйир хоҳад ёфт, ки ба ҷомеаи ҷаҳонӣ асосан тавассути об таъсир мерасонад. Тағйирёбии иқлим ба дастрасӣ, сифат ва миқдори об барои эҳтиёҷоти асосии инсон таъсир расонида, ба истифодаи самараноки ҳуқуқҳои инсон ба об ва санитария барои миллиардҳо одамон таҳдид мекунад. Тағйир додани гардиши об, инчунин, ба истеҳсоли энергия, амнияти озуқаворӣ, саломатии инсон, рушди иқтисодӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ хатар эҷод мекунад ва ба ин васила ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устуворро ба таври ҷиддӣ таҳдид менамояд.
Таъсири тағйирёбии иқлим дар вақтҳои охир тавассути ҳолати захираҳои об бештар эҳсос мешавад: хушксолиҳо ва обхезии шадид, боришоти нобаробари мавсимӣ ва обшавии босуръати пиряхҳо дар гӯшаю канори ҷаҳон ба назар мерасад.
Дар айни замон об, махсусан оби тоза, захираи ҳаётан муҳими стратегӣ баҳисоб меравад. Дар солҳои охир истеъмоли об дар ҷаҳон афзоиш ёфтааст ва таҳдиде вуҷуд дорад, ки об барои ҳама кофӣ нахоҳад буд. Тибқи маълумоти Комиссияи Ҷаҳонӣ оид ба об, имрӯз ҳар як шахс барои нӯшидан, омода кардани ғизо ва гигиенаи шахсӣ рӯзона аз 20 то ба 50 литр об ниёз дорад. Ин ҳам дар ҳолест, ки тақрибан як миллиард нафар дар 28 кишвари ҷаҳон ба ин миқдор об ҳамчун захираи ҳаётан муҳим дастрасӣ надорад.
Исломқул Икромов-академики Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессори кафедраи мелиоратсия, таҷдидсозӣ ва ҳифзи замини Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур дар мавзӯи “Таъсири тағйирёбии иқлим ба таназулёбии пиряхҳо ва аҳамияти ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо ба сокинони минтақа ва ҷаҳон” суҳбат намуда, қайд кард, ки пиряхҳо асосан дар кӯҳистони Бадахшон ва қисман дар қаторкӯҳҳои Қаротегин ва Ҳисору Зарафшон воқеъ гардидааст. Мувофиқи маълумотҳои нашргардида дар ҳолати ҳозира, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 8492 адад пирях мавҷуд аст. Масоҳати умумии онҳо ба 8476 км2 баробар буда, 6 фоизи масоҳати ҷумҳуриро ташкил медиҳад. Ҳаҷми умумии пиряхҳо ба 567 км3 баробар аст. Аз пиряхҳои мо ҳамасола бештар аз 13 км3 об ташаккул меёбад, ки чоряки ҷараёни дарёҳои Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Бояд тазаккур дод, ки дар тӯли 60 сол (1940-2000) ҳарорати миёнаи солона дар минтақаҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳӣ аз 0 то 1 С0 ва дар водиҳо зиёдтар аз 1С0 гарм шудааст. Дар тӯли 65 сол (1940-2005) дар кӯҳистони Зарафшон (пойгоҳи обуҳавосанҷии – п/о Дехавз) солҳои ҳарорати миёнаи солонаашон мусбат нисбат ба манфӣ 1,6 маротиба зиёдтар буда, дар минтақаи Бадахшони Шарқӣ (аз рӯйи маълумоти п/о Мурғоб) бештар аз 4,0 маротиба зиёд гардидааст. Махсусан, баландшавии ҳарорати миёнаи солона дар ин минтақа аз охири солҳои 60-уми асри гузашта ба назар мерасад ва дар тӯли қариб 40 сол ҳамагӣ 6 сол ҳарорати миёнаи солона аз -0,5 то -2 С0 паст фаромадаасту халос.Солҳои боқимонда ҳарорат фақат мусбат будааст ва ҳатто охири солҳои 90-ум он зиёдтар +3С0 боло рафтааст.
Дар минтақаи Помири Марказӣ (п/о Горбунов), дар баландиҳои бештар аз 4100 м то соли 1975 миқдори солҳои ҳарораташон манфӣ нисбат ба мусбат 20 % зиёдтар ба назар мерасад. Вале баъд аз соли 1975 то соли 1995, яъне дар тӯли 20 сол ҳамагӣ 5 сол ҳарорат манфӣ шудаасту халос, яъне дар ин ҷо ҳам ҳарорат сол то сол боло рафта истодааст. Ҳарорати миёнаи солона дар давраи таҳқиқотӣ (солҳои 1960-2005) сол ба сол боло рафта, пешгӯйиҳо ташвишоваранд ва соли 2030 ҳарорати миёнаи солонаи ҳаво дар кӯҳистони Зарафшон нисбат ба соли 2005 то 1,5С0 ва дар минтақаи пиряхи Федченко то 1С0 гармтар хоҳад шуд. Аз онҳо мушоҳида карда мешавад, ки забонаи пиряхи Гармо дар тӯли 73 сол (аз соли 1932 то соли 2007) 7 км ақибнишинӣ кардааст. Албатта, масоҳат ва ҳаҷми пиряхҳо низ мутаносибан кам шудааст, ки ин аз суратҳои поёнӣ баръало дида мешавад. Забонаи пиряхи калонтарини Тоҷикистон – пиряхи Федченко, ки 77 км дарозӣ, то 5км васеӣ ва то 1км ғафсӣ дошта, масоҳаташ ба 156 км2 ва ҳаҷмаш ба 144 км3 (бо шохаҳояш якҷоя) баробар буда, пиряхи калонтарини хушкии ҷаҳон ба ҳисоб меравад, ақибнишинӣ кардааст. Бояд гуфт, ки на фақат забонаи пирях ақибнишинӣ кардааст, балки ғафсии он низ нисбат ба соли 1980 дар соли 2006 (тӯли 26 сол) ба ҳисоби миёна 50метр хароб гардидааст.
Зикр гардид, ки умуман, Тоҷикистон имрӯз яке аз кишварҳои пешсаф дар самти тадбиқи дипломатияи об дар ҷаҳон шинохта шудааст.

Саида ХОҶАЕВА

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назарҳо (1)
Lavonda 3 июля 2023 16:03
funktionen ondansetron iv dose wytykajac other names
for ondansetron
- how long can you take ondansetron can you take ondansetron with alcohol proceduresy ondansetron directions
Цитировать          1
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: