Рамазон: парҳези муваққатӣ аз ғизо ё тақвияти имон6-04-2023, 11:30
Хабарро хонданд: 1834 нафар
Назарҳо: 0
Дар Ислом аркон ва расму оинҳои зиёди динӣмавҷуданд, ки баъзеи онҳо хеле зарур ва риояи қатъиро талаб мекунанд.Яке аз онҳо моҳи шарифи Рамазон аст, ки худдорӣ аз кудурати шахсӣ ва доштани имони содиқ дар он азарзишҳои хеле муҳим маҳсуб мегардад. Ин моҳ барои мустаҳкам гардондани эътиқод, робитаи динӣ ва руҳонӣвақти муносиб аст. Моҳи Рамазон беҳтарин мактабест, ки мусулмонон бо фазилатҳои ҳамида, аз ҷумла меҳрубониву самимият, хайру саховат, адолату баробарӣ, сабру таҳаммул ва омурзиши гуноҳҳои якдигар ботину зоҳири худро поку озода мегардонанд. Мувофиқи таълимоти дини Ислом Рамазон натанҳо моҳи имтиҳони неруи ҷисмонӣ ва парҳез аз хӯрок, балки имтиҳони вазъи руҳиву равонӣ ва покизагии нияту аъмол ҳам ҳаст. Яъне,ҳар як фарди мусулмон бояд, натанҳо ҷисм, балки қалбу руҳашро низ пок ва дур аз олудагӣ намояд. Аммо дар кишвари мо, чуноне ки ба назар мерасад, қариб аксари мардум ба тарафи ботинии Рамазон, ки иттифоқан хеле муҳимтар азҷузъи зоҳирии он аст, кам аҳамият медиҳанд. Танҳо ба парҳез аз ғизо ва поккардани шикам машғуланд, ки инро дар иҷтимоъ метавон баръало мушоҳида кард. Шояд, баъзеҳо ба хотири надонистани ҷиҳатҳои муҳимтари парҳез дар ин моҳ, танҳо аз хӯрдан худдорӣ менамоянду халос, ба дигар паҳлуҳои савобияти Рамазон аҳамияте намедиҳанд, иддаи дигар аз назарияи он огоҳанд, аммо дар амалӣ намуданаш хеле кунданд. Гароншавии нархҳо Таъкидҳои зиёди масъулони Кумитаи дин ва ҳукумати кишвар аз баланд накардани нархҳо дар моҳи Рамазон, ҳар сол дар бозорҳои кишвар ҳамоно бе натиҷа мемонад. Болоравии нархҳо дар рӯзҳои аввали моҳи Рамазон натанҳо дар бозору фурӯшгоҳҳои пойтахт, балки дар фурӯшгоҳҳои дигар шаҳру минтақаҳои кишвар, мушоҳида мешавад. Агар дар аксарикишварҳое, ки аҳолиашон бештар мусалмон ҳастанд, нархи бозор ба хотири моҳи Рамазон арзон шавад, ё умуман нарх боло наравад, дар мо баръакс, гарон мешавад. Ба назар мерасад, ки фурӯшандаҳои кишвар моҳи Рамазонро бо беқарорӣ интизоранд, на ба хотири савобу покизагиаш, балки ба хотири ҳар чи бештар ба фурӯш рафтани маҳсулоташон ва ҷамъ кардани маблағи бештар аз мардум бошад. Намунаи одии ин гуфтаҳо баҳси як нафар харидор бо чаккафурӯши бозори “Сафариён” (Автовокзал), ки банда шоҳиди он будам,мебошад. Дар нархномаи овезоншудаи чаккафурӯш 1 килои он 20 сомонӣ буд ва харидор ҳам 20 сомониро дароз карда, чаккаи фармудаашро гирифтанӣ шуд. Фурӯшанда ба тарафи ӯ: “Ду сомонии дигарро дароз кунед”. Харидор ҳайрон шуда гуфт: - Чаро 2 сомониидигар? Дар нархномаатон 20 сомон навиштагӣ ҳастед, ку? Фурӯшанда, дар ҳоле ки ғазабашро нигоҳ дошта натавонист, тарафи харидор дӯғ зад: - Магар шумо намедонед, ки Рамазон аст, ин нархи пеш аз Рамазон буд, ҳама чиз қиммат шуд, шумо ҳоло дар хоб! Харидор ҳам дигар баҳс накарду пулро дароз карда, рафт. Чунин баҳсҳо ба хотири боло рафтани нарх дар Рамазон, ки ҳам аз дурӯғ ва ҳам аз ноинсофӣ шаҳодат медиҳанд, хеле зиёд ба назар мерасанд, аммо овардани чунин як лаҳзаи зикршуда ба хотири муфт ҳарф назаданамон буд. Шаҳло Соҳибова, сокини шаҳри Душанбе, ки дар ин бозор машғули харид буд, низ гарон шудани нархҳоро тасдиқ кард: “Ҳоло ҳамаи нархҳоқиматанд, пеш аз Рамазон як каме арзонтар буд. Ҳатто матоъ ва дигар маҳсулоти ғайрихӯрока ҳам гаронарзиш шудааст. Гӯшт, ки нархаш дандоншикан аст, мо маҷбурем гӯшти мурғ бихӯрем. Лекин ҳамон ҳам гарон шудааст. Аз ҳама аламовараш ин ки баъд аз Рамазон ҳам нархҳо ҳамин хел бетағйир мемонанд.Ҳар сол ҳамин хел мешавад, мардуми одӣҷабр мебинад. Ана ҳамин хел мусалмонем мо бо рӯзаву тақвоамон…" Яке аз савдогарони бозор дар суҳбат иқрор кард, ки гурӯҳе аз соҳибкорон ба хотири ба даст овардани даромади бештар дар моҳи Рамазон (ки одатан бозори маводи озуқа «ҷӯш мезанад») қимати маҳсулотро ба таври сунъӣ боло мебаранд. Мо низ илоҷи дигаре, ҷуз бо ин нархҳо фурӯхтан, надорем,-мегӯяд ӯ. Аз ин дидаҳову мушоҳида дар мавриди мусалмонӣ ва рӯзадории мардум ба чӣ хулосае метавон омад, бигзор хонандагон қазоват кунанд. Рамазон танҳо парҳезазғизонест Баъзан, суоли ин ки оё мардуми мо саводи динӣ доранд ё не касро дар ҳайрат мегузорад. Он ҳам маҳз дар моҳи шарифи Рамазон. Ходимони дин ва бузургони он бар онанд, ки Рамазон моҳи истиғфор аст ва бештаре аз гуноҳҳои муслимин дар ин моҳ бахшида мешаванд. Албатта, мувофиқи таълимоти Ислом ҳафт ҳисси инсон, ки Худовандбарояш арзонӣ доштааст, дар давоми ҳамон вақти муайяншуда бояд парҳез бошад. Ривоят мекунанд, ки Расули акрам дар Рамазон ва рӯзадорӣ ба кӯҳи Ҳиро мерафт, то аз тамоми нопокиҳои атроф дур бошаду дар зикри Худо ба сар барад. Яъне ба гӯшаи узлат мерафт, то ҳафт ҳиссашро аз олудагӣ нигоҳ бидорад. Мардуми мо низ ба тавре эътиқодманди сахт ва пайрави бевоситаи Паёмбаранд, аммо кадом рафтори ӯро ба ҷо меоранд, суоли матраҳ аст. То чӣандозасамимиятиҲазратиМуҳаммад(с) -ро ба моҳиРамазон (ванатанҳо) дарквариоямекунанд? Агар дар кӯчаҳова ё нақлиётимусофиркашқадаммонӣ, ҳеҷгунаэҳсосе аз дар байнбуданимоҳишарифронамекунӣ. Қарибҳама борафтор, гуфтор,ҳаракатиноҷоҳар тараф равонанд. Дар нақлиёти мусофиркаш бо овози баланд таҳқиру бадгӯӣ, дар ҷодаву бозор дурӯғу мардумфиребӣ, дар назди роҳравҳо (подъезд) ғайбату нодидагирии ҳамсояҳо аз ҳамдигар дар авҷи аълост. Пас куҷост ҳамон мусалмонӣ, ки мо ҳамеша даст ба сина мезанем ва хитоб мекнем, ки 98 дарсади мардум- кишвари мо аҳли исломанд? Оре, дурустаст, ба зоҳир, бо пӯшидани сатру ҳиҷоб ва мондани риши дароз ҳеҷ гуна тардиде нест. Зоҳиран дар Тоҷикистон ҳама мусалмонанд, аммо ботин ва рафторамон аз он фарсахҳо дур. Инро бояд бе ҳеҷ қайду шарҳе қабул фармоем. Умедворам, ки вақте мерасад, мардуми мо низ бо тамоми вуҷудваиродаашон чӣ гуна будани садоқати мусулмониро дарк кунанд, хусусан дар моҳи шарифи Рамазон, ки воқеанмоҳи ваҳдати вуҷуд ва замони хосе барои суҷудаст. Гулҳаёи Мадимар акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.