Вайрон кардани шабакаҳои обрасонӣ дар деҳаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон ба вазъи иҷтимоӣ-сиёсии ин минтақаи Осиёи Марказӣ чӣ гуна таъсир дорад? Шабакаҳои обтақсимкунии ҳавзаи дарёи Исфара чӣ гуна буд ва кӣ ба кадом хотир онҳоро барҳам мезанад? Чаро мақоми дарёҳои фаромарзӣ, шабакаҳои обрасонӣ ва обанбори Торткулро фаромӯш карда истодаанд? Масъалаҳои тақсимоти обро дар шароити тағйирёбии иқлим ва камшавии захираҳои обӣ чӣ тавр ҳал кардан мумкин аст?
Бояд гуфт, ки аз оби дарёи Исфара беш аз 400 000 сокинони Тоҷикистону Қирғизистон, бе назардошти аҳолии Ӯзбекистон истифода мебаранд. Агар ба ин рақам теъдоди онҳоеро, ки аз обанбори Торткул ҳамчун иншооти истифодабарии се давлат истифода мебаранд, зам намоем, шумораи истифодабарандагон ба маротиб меафзояд. Яъне бо дилпурӣ метавон гуфт, ки оби дарёи Исфара омили асосии некӯаҳволии сокинони се кишвари ҳамсоя дар ин минтақа мебошад. Зеро аксари сокинон ба кишоварзию боғдорӣ машғуланду ободии дастархони онҳо бо обу замин сахт пайвандӣ дорад. Бинобан дар шароити кунунии ҷаҳонишавии бошитоб, вазъи геополиткии минтақа, хосса водии Фарғона, зиёдшавии аҳолӣ ва азхудкунии заминҳои нав масъалаи риояи тақсимоти об ва истифодаи самараноки онро ба яке аз масъалаҳои байнидавлатӣ табдил додааст. Зеро риоя накардани тақсимоти оби дарёи ҳавзаи Исфара метавонад суботи ҷомеа ва устувории сулҳро дар минтақа зери суол барад.
Ҳодисаҳои соли 1989 дар деҳаи Хоҷаи Аълои Исфара. Нахустин низои сарҳадие, ки сари масъалаи обу замин буду боиси хунрезӣ гардида, бори нахуст дар ин минтақа соати коммендатӣ ҷорӣ карда шуд.
Вақте роҳи ҳалли масъала ҷой дорад
Дар соли 2020 дар ҷамоатҳои деҳоти Чоркӯҳ ва Ворухи шаҳри Исфара лоиҳаи “CASA-1000 Лоиҳаи дастгирии ҷомеа” бо маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ аз ҷониби Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон ба кори худ оғоз кард. Дар доираи лоиҳаи мазкур сокинон худашон мушкилоту масъалаҳои афзалиятдоштаро муайян менамоянду барои иҷрои онҳо бо ташкили сохторҳои лоиҳавӣ саҳм мегузоранд.
Дар доираи ин лоиҳа сокинони якчанд маҳаллаҳои Чоркӯҳ ба қароре омаданд, ки афзалияти асосӣ барои онҳо ин масъалаи таъминот бо об мебошад, зеро бо шабакаҳои обрасонии мавҷуда обёрӣ кардани заминҳо сол ба сол мушкил шуда истодааст. Аз як тараф ин камбуди об сабаб асту аз ҷониби дигар низоъҳои марзии бо Қирғизистон рухдодаистода таъсири ҷиддӣ гузошта истодааст. Зеро саргаҳи ҷӯю каналҳои обрасонии дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ бунёдгашта дар ҳудудҳои ба истилоҳ баҳсии имрӯза ҷойгир буда, онро баъзе сохторҳои Қирғизистон ҳамчун фишанг дар вақти муноқишаҳо истифода мебаранд. Масалан қубурҳои аз канали “Дӯстӣ” (Торткул) ба заминҳои тоҷикнишин обдиҳандаро маҳкам мекунанд ва боиси асабонияти аҳолӣ мегарданд. Яке аз ин гуна қубурҳои обдиҳанда дар нуқтаи ПК92 ҷойгир (дар байни сокинони марзӣ бо номи пикети 92 маъруф мебо буда, аз он беш аз 5 ҳазор аҳолии Чоркӯҳ об мехӯрад. Ҳамаи ин амалкарди ҷониби ҳамсоя ба зироати кишоварзон ва боғоти онҳо бетаъсир набуда, балки таъмин бо оби нӯшокиро низ зери суол мебарад. Зеро аҳолии ин мавзеъ одатан бо захираи оби полезӣ онро ҳамчун нӯшокӣ низ корбаст мекунанд. Вазъияти мазкурро инчунин афзоиши аҳолӣ, азхудкунии доманакӯҳҳо низ мураккабтар карда истодааст.
Бинобан сокинони панҷ маҳаллаи Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ: Лангари Себзор, Лангари Дашт, Лангари Бӯстон, Лангари Ҳоҷиён ва Лангари Миёна ба қароре омаданд, ки бо кофтани чоҳҳои амудӣ дар доираи лоиҳаи “CASA-1000 Лоиҳаи дастгирии ҷомеа” метавон шиддати низоъҳои марзиро паст ва сатҳи обрасониро беҳтар намуд. Барои кофтани чор чоҳи амудӣ беш аз 200 000 доллари амрикоӣ маблағ дар доираи лоиҳа ҷудо гардид.
Ба гуфти раиси Ассотсиатсияи обистифодабарандагони деҳоти Чоркӯҳ Шавқат Қаюмов чор чоҳи амудӣ метавонад эҳтиёҷи 12 000 аҳолиро бо оби полезӣ таъмин кунад. Мутахассисони маҳаллӣ бошанд мегӯянд, ки кофтани ин гуна чоҳҳо шиддати муноқишаҳоро паст карда, ба вуҷуд омадани нуқтаи доғро дар масъалаи таъминот бо об то андозае аз байн мебарад. Зеро дар ҳолати кунунии таъминот бо об аз канали “Дӯстӣ” (Торткул) дар мавсими тобистон қубурҳо бо реги дарё пур шуда, тоза кардани онҳо хароҷоти зиёд талаб мекунад. Аз як ҷониб қувваи кориву техника лозим асту аз ҷониби дигар раванди тозакунӣ ҳатман бояд дар мувофиқа бо ҷониби Қирғизистон сурат гирад.
-Масалан дар моҳи июни соли 2022 мо маҷбур шудем пурра қубуреро, ки аз канали “Дӯстӣ” (Торткул) ба маҳаллаҳои мо об медиҳад, тоза намоем, - мегӯяд Ш.Қаюмов. – Зарур омад, ки беш аз 20 000 сомонӣ барои истифодаи техника ва қувваи корӣ хароҷот кунем. Истифодаи техникаи кишоварзӣ дар назди сарҳад метавонад боиси ташвиши сарҳадбонони ҷониби ҳамсоя гашта, онҳо ин кори одиро эҳтимол ҳамчун азхудкунии заминҳои баҳсӣ маънидод кунанд. Ин гуна ҳолат сабаби воқеии задани муноқиша буда метавонад.
Об – сарчашмаи низоъ?
Таҳлили ҳолат нишон медиҳад, ки давоми даҳ соли охир дар ноҳияҳои сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон зиёда аз 140 маротиба низоъҳо ба вуҷуд омадаанду дар натиҷаи он даҳҳо мардуми осоиштаи мулкӣ ва ҳарбиён ба ҳалокат расидаанд. Баъзе аз ин гуна муноқишаҳо бевосита ба масъалаи об марбут аст. Низои аз ҳама хунини вобаста ба об ва иншооти обӣ дар охири моҳи апрели соли 2021 дар нуқтаи обтақсимкун, ки ба истилоҳи “Головное” маъруф аст, рух дод.
Вақте мо омилҳои сар задани муноқишаро таҳлил менамоем, даҳ сабаби рух додани низоъҳоро муайян менамоем. Инҳо: заминҳои кишоварзӣ ва моликияти шахсии шаҳрвандон, чарогоҳ ва захираҳои табиӣ, роҳ ва пайроҳаҳои одамгузар, қабристон ва хатҳои интиқоли барқ, оби нӯшокӣ ва оби полезӣ мебошанд.
Дар байни ин даҳ омил истифодаи оби полезӣ яке аз масъалаҳои асосии муноқишаҳои марзӣ ба ҳисоб меравад. Маҳз дар сари ҳамин масъала моҳи июли соли 1989 дар Исфара низои калони сарҳадӣ ба вуҷуд омад, ки оқибатҳои ҳузнангез дошт ва баъзе гузаштҳои ноҷояро ба дунбол овард. Мушаххастар оид ба оқибатҳои муноқишаи соли 1989 дар мақолаи алоҳидае ибрози назар хоҳем кард, чун ҳадафи кунунии мо чизи дигар мебошад.
Мушкилоти тақсимоти оби дарёи Исфара
Дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ кишварҳои Осиёи Марказӣ ӯҳдадор шуданд, ки тақсимоти вобаста ба оби дар давраи Шӯравӣ ҷойдоштаро риоя намоянд. Дар ин замина санадҳои гуногун баста шудаанду яке аз онҳо созишнома байни ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Туркманистон “Оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи идоракунии муштараки сарчашмаҳои байнидавлатии захираҳои обӣ” мебошад, ки 18 феврали соли 1992 ба имзо расид. Ба ибораи дигар дар заминаи ин созишномаҳо масъалаи тақсимоти оби дарёи Исфара ин масъалаи натанҳо сатҳи маҳаллӣ, балки масъалаи аҳамияти минтақавидоштаро пайдо кард.
Оид ба тақсимоти захираҳои обии ҳавзаи дарёи Исфара нуқтаи назарҳои гуногун ҷой дорад. Инчунин ҳуҷҷатҳои зиёди дар солҳои мухталиф баимзорасида мавҷуд мебошанд, ки вобаста ба бунёди шабакаҳои обрасонӣ ва азхудкунии заминҳо дар Тоҷикистону Қирғизистон мебошанд.
Мутобиқ ба ҳуҷҷатҳои соли 1960 ҳиссаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳаҷми умумии захираҳои оби ҳавзаи дарёи Исфара дар он солҳо 62 фоизро ташкил медод. Барои эҳтиёҷоти Ҷумҳурии Ӯзбекистон 26 фоиз ҷудо шуда буду оби ҳавзаи дарёи Исфараро ҷониби Қирғизистон ҳамагӣ 6 фоиз истифода мебурд. Ин асосан он деҳаҳо, ё худ авулҳои қирғизҳо буданд, ки дар атрофи нуқтаҳои аҳолинишини тоҷикон ҷойгир шудаанд. Аммо аз охирҳои солҳои 60-ум сар карда, ин таносуби истифодабарии об тағйир ёфт, зеро дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон бунёди канали “Дӯстӣ” (Торткул) ва обанбори Торткул барои обёрии заминҳои массиви Боткон ва Исфара сар шуд. Дар ана ҳамин солҳо байни Тоҷикистон ва Қирғизистон меъёрҳои нави тақсими об ба вуҷуд омад.
Бо мақсади муайян кардани тағйирёбии меъёри обистифодабарӣ байни се ҷумҳурӣ баъди бунёди канали “Дӯстӣ” ва обанбори Торткул ва ҳадафи ин иншоотҳои обрасонро донистан дар соли 1998 ҳамонвақта раиси шаҳри Исфара Абдуҳаким Ҳалимов бо мактуб ба Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи иттиҳодияи истеҳсолии “Совинтервод” муроҷиат кард. Ба мактуби мазкур бо имзои ноиби президенти ин ташкилот О.А.Леонтев таҳти рақами 933-15-9/98 ҷавоб омадааст, ки мазмуни он чунин аст:
“Вобаста ба муроҷиати шумо, маълум менамоем, ки лоиҳаи обёрии массивҳои Боткон (ҶҚ) ва Кӯлканд (ҶТ) аз обанбори Торткул дар соли 1968 аз ҷониби Институти “Гипроводхоз” дар ҳамҷоягӣ бо “Киргизгипроводхоз” таҳия карда шудаасту аз ҷониби Вазорати оби СССР дар соли 1969 дида баромада шуда, тасдиқ гардидааст.
РСС Ӯзбекистон ва РСС Тоҷикистон барои гирифтани об аз дарёи Исфара ба обанбори Торткул ва азнавтақсимкунии оби дарёи Исфара розӣ нашудаанд. Дар натиҷа зарурати таҳияи “Нақшаи комплексии истифодаи захираҳои заминиву обии ҳавзаи дарёи Исфара” ба миён омадааст. Зимни коркардҳо ва баррасӣ тақсимоти зерини оби дарёи Исфара пешниҳод карда шудааст:
РСС Ӯзбекистон (ноҳияи Киров) – 3,7%, РСС Тоҷикистон – 62,4 % (ноҳияи Конибодом – 9,8%, ноҳияи Исфара – 52,6%). Ноҳияи Исфара бояд 43,5% обро аз дарёи Исфара ва 9,1%-ро аз обанбори Торткул гирад. РСС Қриғизистон (ноҳияи Боткон) – 26,7%, аз ин 1,8% аз дарёи Исфара ва 24,9 % аз обанбори Торткул.
Маълумот оид ба мувофиқа шудани “Нақшаи комплексии истифодаи захираҳои заминиву обии ҳавзаи дарёи Исфара”-ро иттиҳодияи истеҳсолии “Совинтервод” (собиқ Гипроводхоз) надорад. (Эзоҳ: ҶСП ИИ “Совинтервод” меросбари ҳуқуқии Институти “Гипроводхоз” 1951, Вазорати оби СССР мебошад - https://www.p-g-s.ru/ao-po-sovintervod).
Маълумотҳои дар маҷаллаи “International Journal of Water Resources Development” (https://www.tandfonline.com/doi/full/10.1080/07900627.2013.837357) овардашуда нишон медиҳанд, ки дар протоколҳои дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ таҳия гардида ҳиссаи се кишвар: Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар истифодаи оби дарёи Исфара аз 2 фоиз то 33 фоиз шаш маротиба тағйир ёфтаанд.
Дар баробари ин муовини директори Хадамоти хоҷагии оби Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Қирғизистон Абдибай Джайлообаев дар мусоҳибааш бо сомонаи https://kg.eurasiatoday.ru/interview.html изҳор доштааст, ки мутобиқ ба протоколи даврони шӯравӣ чунин меъёрҳои тақсимоти оби дарёи Исфара муайян карда шудаанд: Тоҷикистон – 55%, Қирғизистон – 37% ва Ӯзбекистон – 8%.
Алиакбар Аҳадов – коршиноси маҳаллӣ оид ба масъалаҳои об, собиқ сармуҳандиси хоҷагии давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳри Исфара бошад, мегӯяд, ки ҳарчанд ҳиссаи ҷониби Қирғизистон 33 фоизро аз рӯйи протоколи охирин ташкил медиҳад, аммо ин меъёр на ҳамеша риоя мегардад ва ҷониби ҳамсоякишвар бештар об мегирад.
Масъалаҳои истифодаи захираҳои обӣ аз дарёи Исфара
Дарёи Исфара аз пиряхҳои қаторкўҳҳои Туркистон бо якҷояшавии дарёҳои Каравшин (зиёда аз 75% оби дарёи Исфара) ва Кишемиш (қариб 25%) сарчашма мегирад. Дарозии дарё 107 км буда, масоҳати ҳавзаи он 3240 км2-ро ташкил медиҳад.
Мувофиқи нақшаи аниқшудаи истифодабарии комплексӣ ва ҳифзи захираҳои оби ҳавзаи дарёи Сир, ки бо Протоколи шўрои илмӣ-техникии собиқ Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии оби Иттиҳоди Шўравӣ соли 1984 тасдиқ шуда аст, аз дарёи Исфара ба Ҷумҳурии Қирғизистон ҳамагӣ барои обёрии 7900 га бо ҳаҷми 108 млн. м3 ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои обёрии 21300 га бо ҳаҷми 211 млн.м3 муайян карда шудааст. Яъне маълум мешавад, ки бар ҳар як гектар замин дар Қирғизистон об нисбат ба заминҳои Тоҷикистон бештар ҷудо мегардад. Аммо ба ин қаноат накарда, ҷониби ҳамсоякишвар аз иншооти обтақсим, ки бо номи “Головное” маъруф асту бояд аз тарафи ҳар се кишвар: Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон идора карда шавад, кӯшиш дорад бештар аз меъёри муқарраргардида об гирад ва бо ҳамин усул вазъи кишоварзии Тоҷикистону Ӯзбекистонро зери суол барад.
Ҳоло майдони обёришаванда аз захираҳои обии дарёи Исфара дар Тоҷикистон наздик 23 000 гектарро ташкил медиҳад, ки аз ин 17 893 гектар ба Исфара ва беш аз 5 000 га ба Конибодом рост меояд. Бояд гуфт, ки заминҳои кишоварзии Конибодом инчунин метавонанд аз канали калони Фарғона обёрӣ гарданд, аммо аз сабаби масоили марзӣ на ҳамеша имкони обёрии пурраи онҳо ҷой дорад. Биноан кам шудани ҳиссаи об зимни тақсимоти оби ҳавзаи дарёи Исфара ба ҳосили зироати деҳқонони конибодомӣ таъсири манфӣ дорад.
Ҷой доштани проблемаҳо дар тақсимоти об ҳарчанд борҳои намояндагони вазоратҳои оби ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистонро сар як миз оварда бошад ҳам, аммо то охир санаде, ки ба манфиати ин се кишвар мебошад, имзо нагардидаву зинаҳои дахлдори қонунгузориро нагузаштааст.
Аз рӯйи маълумотҳои мавҷуда бори аввал масъалаи ҳиссабандии захираҳои оби ҳавзаи дарёи Исфара бо ширкати намояндагони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон санаҳои 1-3 апрели соли 1958 дар шаҳри Тошканд баргузор шудааст. Мувофиқ ба протоколи ин нишаст ҳиссаи Тоҷикистон аз дарёи Исфара ҳамон вақт 57%, ҳиссаи Ӯзбекистон 41% ва ҳиссаи Қирғизистон 2% муайян шудааст. Аммо ҷониби Қирғизистон бо ин тақсимбандӣ розӣ нашуда, протоколро имзо накардааст. (мутаассифона нусхаи протоколи мазкур мавҷуд нест ва маълумот дар асоси тасдиқномаҳои мавҷуда ба даст омад).
Бори дуюм ин масъала дар Протокол оид ба тақсимоти байнидавлатии ҷараёни дарёҳои хурди водии Фарғона аз 11 апрели соли 1980, ш. Масква, ки аз тарафи муовини Вазири хоҷагии оби собиқ Иттиҳоди Шўравӣ тасдиқ гардидааст, инъикос гардидааст. Тибқи ин Протокол ҳиссаи оби кишварҳо бо назардошти ҳаҷми умумии захираҳои оби дарё баробар ба 323 млн.м3 аст ва он чунин мебошад: Ҷумҳурии Узбекистон - 27 млн.м3 ё 8%, Ҷумҳурии Қирғизистон - 120 млн.м3 ё 37%, Ҷумҳурии Тоҷикистон - 176 млн.м3 ё 55%. Лекин протоколи мазкур фақат тақсимоти байни Ҷумҳурии Ўзбекистон ва Ҷумҳурии Қирғизистонро дар бар гирифта, намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кори ин комиссия иштирок накардаанд. Ҷумҳурии Ўзбекистон низ бо ин тақсимот бинобар кам будани ҳиссаи ин кишвар розӣ нашудааст.
Бо назардошти ин санаи 12 июни соли 1980 дар шаҳри Исфара дар вохӯрии намояндагони Тоҷикистон, Ўзбекистон ва Қирғизистон тақсимоти оби дарёи Исфара барои давраи вегетатсияи соли 1980 (июн-сентябр) аз нав чунин муайян карда шуд: Тоҷикистон - 48%, Ўзбекистон - 35% ва Қирғизистон - 17%. Дар ин навбат Ҷумҳурии Қирғизистон бо чунин тақсимот розӣ нашуда, фикри алоҳидаи худро баён намудааст. Дар протоколи ин ҷаласа қайд карда шудааст, ки барои дар давраи нашъунамо самаранок тақсим намудани захираҳои об байни давлатҳо, ҷамъ намудани об дар обанбори Тортгул (ҳаҷмаш–90 млн.м3) аз 1 октябр то 1 апрел амалӣ гардида, боқимондаи об ҳамчун маҷрои санитарӣ 1,5 м3/с муайян гардад.
Соли 1982 аз тарафи муовини Вазири хоҷагии оби собиқ Иттиҳоди Шўравӣ Бородавченко И.И. дар мувофиқа бо муовинони Вазирони хоҷагии оби Ҷумҳуриҳои Узбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон тақсимоти об барои давраи нашъунамои соли 1982 аз ҳаҷми умумии оби дарё дар нуқтаи назоратии «Танги Ворух» (347,5 млн.м3) барои Ҷумҳурии Қирғизистон - 70,3 млн.м3 ва талаботи солонаи Ҷумҳурии Қирғизистон бо ҳаҷми 115 млн.м3 (33,09 %) муқаррар карда шуд.
Бори охир дар давраи Иттиҳоди Шўравӣ 16 майи соли 1991 дар вохўрии Вазирони хоҷагии оби Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон бо иштироки намояндаи Вазорати хоҷагии оби собиқ Иттиҳоди Шўравӣ ва Консерни давлатии «Водстрой» оид ба масъалаҳои истифодабарии обанбори Торткул ва тақсимоти оби дарёи Исфара, талаботи солонаи Ҷумҳурии Қирғизистон бо ҳаҷми 115 млн.м3 ё 33%-и ҳаҷми солонаи дарёи Исфара бори дигар тасдиқ шуд.
Маҳз ана ҳамин ҳаҷмро то солҳои 2000-ум ҷониби Қирғизистон аз дарёи Исфара мегирифт ва аз ҷониби Тоҷикистон эътирозе баён намегардид. Аммо дар вақтҳои охир дар мулоқотҳои ҷудогона намояндагони Қирғизистон даъвои 37% ҳақбар будани худро баён медоранд, ки аз воқеият дур мебошад.
Таҳлили воқеии истифодаи захираҳои обии дарёи Исфара нишон медиҳад, ки алҳол Ҷумҳурии Қирғизистон аз ин дарё 147,6 млн. м3 ё худ 43,6%, Тоҷикистон 154,9 млн. м3 ё ки 45,8% ва Ӯзбекистон 35,7 млн. м3 ё ки 10,6% ҳисса мегиранд, ки дар ягон ҳуҷҷат чунин тақсимбандӣ дида намешавад ва бори дигар зиёд гирифтани обро аз ҷониби ҳамсоякишвар нишон медиҳад.
Бояд гуфт, ки камшавии оби дарёҳо дар миқёси ҷаҳон ташвишовар буда, ин ҳолат дар дарёи Исфара низ дида мешавад. Дар умум аз рӯйи ҳисоби мутахассисони соҳа оби дарёи Исфара нибат ба дигар солҳо 119,1 млн.м3, ё худ 26 % кам гардидааст. Дар баробари таъсири муҳит ба ин камшавӣ эҳтимоли ғайриқонунӣ гирифтани об аз дарёи Исфара то нуқтаи обченкунӣ ҷой дорад, ки таҳлили алоҳидаро талаб менамояд. Дар умум аз рӯйи маълумотҳо ҷониби Қирғизистон талош дорад сол ба сол ҳаҷми бештари оби дарёи Исфараро гирад ва ҳиссаи худро зиёд намояд. Саҳеҳияти ин амалкардро кушодани заминҳои нав дар Боткон ва гирду атрофи он ва қад-қади канали “Дӯстӣ” (Торткул) нишон медиҳад. Инчунин кӯшишҳои пайваста оид ба зери назорат гирифтани саргаҳи каналу ҷӯйҳо ва иншооти обрасон шаҳодати ҳол мебошад. Аз рӯйи маълумотҳо дар давоми якчанд соли охир заминҳои обёришавандаи Қирғизистон аз захираҳои обии дарёи Исфара 1113 га зиёд шуда, он ба 9013 га расид. Ҳукумати Қирғизистон тасмим дорад дар оянда майдони кишоварзиашро аз ҳисоби талу теппаҳо ва доманакӯҳҳо дар ин минтақа то 15 000 га зиёд намояд, ки зарурати истифодаи бештари обро ба миён меорад.
Роҳи ҳал кадом аст?
Баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ комиссияҳои гуногунсатҳ борҳо оид ба тақсимоти оби дарёи Исфара гирди мизи гуфтушунид нишастанду санадҳои зиёдеро имзо карданд. Аммо ин санаду ҳуҷҷатҳои имзогардида ҳамаи зинаҳои қонунгузориро нагузаштаанд ва қувваи ҳуқуқӣ надоранд. Дар баробари ин зиёдшавии аҳолӣ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ, азхудкунии заминҳои нав, камшавии об, тағйирёбии иқлим ва обшавии пиряхҳо мушкилоти зиёдро ба вуҷуд оварда истодаанд, ки масъалаи тақсимоти обро аввалиндараҷа менамояд. Зеро истифодаи ғайримақсаднок ва аз меъёр зиёди об метавонад боиси сарзадани муноқишаҳо гардад.
Абдухалил Шарипов собиқ муовини раиси Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ, сокини деҳаи Хоҷаи Аъло мегӯяд усулҳои зиёди паст кардани шиддатнокӣ ва низоъ вобаста ба масъалаи об дар манотиқи марзӣ мавҷуд мебошад. Пеш аз ҳама шабакаҳои обтаъминкунии давраи шӯравиро бояд барқарор намуду бори дигар ҳуҷҷату санадҳои мавҷударо аз назар гузаронид ва дар мувофиқа бо се кишвари дахлдор ба он қувваи ҳуқуқӣ дод. Яъне бояд ҳуҷҷатҳои имзошуда дар ҳар як кишвар дар алоҳидагӣ тартиби қонунгузориро гузаранд ва баъди ба имзорасӣ бояд риояи қатъии онҳо талаб карда шавад. Дар доираи имконият бояд шабакаҳои обрасон аз ҳудуди кишвари дигар бароварда шавад, то таъсиргузории ҳамсоякишвар ба рӯзгори мардуми бумӣ камтар гардад. Барои мисол А.Шарипов мушкилоти бо об таъмин намудани як қатор маҳаллаҳои деҳаи Чоркӯҳро пеш меорад. Яке аз ин мушкилот вобаста ба Ҷӯйи Дам мебошад, ки он аз ҳудуди деҳаи Кӯктоши Қирғизистон мегузарад ва дар давраи тоза кардани ҷӯй ва мавсими обёрӣ бисёр ҳолатҳое ҳастанд, ки аҳолии ин деҳаи қирғизнишин барои тоҷикон мушкилӣ эҷод мекунанд.
Абдухалил Шарипов таклиф дорад, ки бояд аз деҳаи Хоҷаи Аъло ба самти маҳаллаи Қуммазори Чоркӯҳ тавассути қубурҳои ҳаҷман калон хатти об кашида шавад. Ин хатти об комилан тавассути ҳудудҳои Тоҷикистон мегузарад ва ду бартарӣ дорад: якум, ҷониби ҳамсоякишвар имкони дахолат ва ё вайрон кардани шабакаи обрасониро гум мекунад, дуюм, ҷаббиши замин ва камшавии об аз байн меравад. Хатти мазкур ба дарозии 12 км кашида шуда, тавассути он бе танаффус бо об таъмин намудани беш аз 20 000 аҳолии деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара имконпазир хоҳад шуд.
Номбурда инчунин мегӯяд барои нигаҳдории обе, ки аҳолии наздисарҳадӣ барои нӯшидан истифода мебаранд, бояд дар маҳаллаҳо ҳавзҳои калон сохта шаванд. Зеро ин ҳавзҳо аз як тараф обро тоза мекунанду аз дигар тараф метавон онро вобаста ба талаботи санитарӣ коркард кард ва ба ин васила бемориҳои гузарандаро пешгирӣ намуд.
Сардори Раёсати кишоварзии шаҳри Исфара, номзади илмҳои кишоварзӣ Мирилёс Ҳамзаев чунин меҳисобад, ки истифода аз усулҳои пешрафтаи обёрӣ, ба мисли обёрии қатрагӣ метавонад қадаме дар самти ҳалли муноқишаҳои марзӣ бошад.
-Масалан, -мегӯяд ӯ, - аз як тараф бо истифода аз обёрии қатрагӣ метавон пеши роҳи талафоти обро гирифт ва аз ҷониби дигар дар мавсими камобӣ низ ҳосили фаровон ба даст овард. М.Ҳамзаев инчунин истифода аз обҳои зеризаминиро мувофиқи мақсад меҳисобад. Кандани чоҳҳои амудиро роҳҳали таъминот бо об медонад ва мегӯяд ҳоло дар як қатор хоҷагиҳои Исфара, ба мисли Боғистону Гулистон ва Чилгазӣ аҳолӣ аз чоҳҳои амудӣ фаровон истифода бурда истодаанд.
Қайд кардан ба маврид мебошад, ки ду сол пештар дар деҳаи Сомониёни Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи Исфара аҳолӣ бо қувваи худ чоҳи амудии солҳо бекорхобидаро таъмир карданд. Ҳоло аз оби ин чоҳ натанҳо аҳолии деҳоти тоҷикнишин, инчунин сокинони деҳаи ҳамсоякишвар низ истифода мекунанд.
Абдибай Джайлообаев – муовини директори Хадамоти хоҷагии оби Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Қирғизистон дар мусоҳибаи худ ба сомонаи https://kg.eurasiatoday.ru/interview.html мегӯяд, якчанд роҳҳои ҳалли муноқишаҳои вобаста ба мавҷуд мебошад.
Якум – истифодаи соатбайъ, ё рӯзбайъи об бо навбат. Дуюм – бунёди иншооти обнигаҳдории иловагӣ. Сеюм – кофтани чоҳҳо ва задани чоҳҳои нави амудӣ ва истифодаи обҳои зеризаминӣ.
Дар даврони шӯравӣ, мегӯяд ин мансабдор, чунин чоҳҳои амудӣ буданд ва барқароркуниву истифодабарии онҳо метавонад шиддатнокиро дар масъалаи таъминот бо об паст намояд. Джайлообаев чунин меҳисобад, ки дар масъалаи демаркатсия ва делимитатсияи сарҳади давлатӣ кашолкорӣ лозим нест ва масъалаи обро низ бояд дар баробари сарҳадот ҳал кард. Зеро саҳлангорӣ дар масъалаи об ва тақсимоти он метавонад боиси ташаннуҷ гардидани вазъ дар минтақа шавад.
Алиакбар Аҳадов, коршиноси маҳаллӣ низ ҳалли баҳси марзро аввалиндараҷа меҳисобад. Ӯ мегӯяд, ки бояд ҷонибҳо батезӣ сарҳадро аломатгузорӣ намоянду мақоми иншоотҳои ирригатсионӣ ва қоидаҳои обтаъминкуниро муайян кунанд. – Зеро, - мегӯяд ӯ, - аз сабаби он ки саргаҳи каналҳои ирригатсионӣ дар заминҳои баҳсӣ ҷойгир мебошад, сари вақт тоза кардани онҳо ба мавсими обёрӣ мушкилиҳо эҷод мекунад. Дар натиҷа хоҷагиҳо ва шаҳрвандон наметавонанд ҳаҷми оби заруриро гиранд. Баъзан дар он қисматҳои канал, ки дар ҳудуди ҳамсоякишвар мегузарад, бурдани корҳои тозакунӣ имкон надорад ва баҳри ҳалли масъала ва мувофиқакуниҳо муҳлати зиёд мегузарад. А.Аҳадов инчунин ба масъалаи тақсими ноадолатонаи об таваҷҷуҳ зоҳир карда, мегӯяд:
-Агар мо, - мегӯяд А.Аҳадов, - аз 12 нуқтае, ки ҷониби ҳамсоякишвар таҳти назар дорад об мегирифта бошем, онҳо аз 7 нуқта аз мо об мегиранд. Аммо ҳарчанд заминҳои обёришавандаи мо бисёр аст, обе, ки мо аз 12 нуқта мегирем аз обе, ки онҳо аз 7 нуқта мегиранд, камтар аст.
Мавсуф инчунин ба масъалаи мушкилоти гирифтани об аз обанбори Торткул дахл намуда, мегӯяд:
- Сохторҳои вобаста ба оби ҷониби Қирғизистон мутобиқ ба созишнома оид ба истифодаи захираҳои об бояд дар як сол аз обанбори Торткул ба ҷониби Тоҷикистон 9,1 млн.м3 об диҳанд. Ин аз он нуқтаи назар аст, ки дар давраи тирамоҳу зимистон ҳамаи оби дарёи Исфара барои захира кардан ба ин обанбор баста мешавад. Дар ин давра Тоҷикистон низ ҳиссаи худро медиҳад, ба умеди он ки дар давраи камобӣ аз обанбори мазкур истифода намояд. Чунин тартиби кор дар давраи шӯравӣ муайян шуда буд. Зеро обанбори Торткул мақоми фаромарзиро дорад ва барои таъмини оби се кишвар: Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон сохта шудааст. Аммо баъзан ҳамсояҳо ин мақоми канали “Дӯстӣ” ва обанбори “Торткул”-ро фаромӯш мекунанд ва намехоҳанд эътироф кунанд, ки ин иншоотҳо фаромиллӣ мебошанд.
Ҷамъбаст ва хулосаҳо
Бо назардошти гуфтаҳои боло зарурати такмили шабакаҳои обрасонӣ аз ҳавзаи дарёи Исфара ба вуҷуд омадааст. Инчунин дар баробари баҳисобгирии заминҳои обёришаванда бо назардошти ҳаҷми оби мавҷуда, таҳияи дастур оид ба истифодаи технологияи обнигаҳдорӣ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ анҷоми корҳои зерин мувофиқи матлаб мебошад:
1. Тақвияти фаъолияти гурӯҳи кории байни давлатии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба масъалаҳои вобаста ба об, истифодаи захираҳои обии дарёҳои фаромарзӣ ва дар доираи он дида баромадани лаҳзаҳои баҳснок дар сари тақсимбандии захираҳои обӣ.
2. Коркард ва баимзорасии Созишномаи байнидавлатии ду кишвар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи захираҳои обии давлатҳои фаромиллӣ, гузаштани ин созишнома аз ҳамаи зинаҳои қонунгузорӣ ва пайдо кардани қувваи ҳуқуқӣ.
3. Дар сурати аз ҷониби ҳамсоякишвар роҳ додан ба қонуншиканӣ ва монеъ шудан дар гирифтани ҳиссаи дахлдори об андешидани чораҳои таъхирнопазир, ба мисли истифода аз каналҳои обёрикунанда, ки саргаҳи онҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ҷойгир аст.
4. Андешидани чораҳои амнияти “обӣ” барои қишрҳои осебпазири ҷомеа:
-беҳтар кардани таъминоти оби Шӯроб тавассути хатти оби “Сурх-Шӯроб”;
-сохтани нуқтаи обпарто дар шоҳқубури “Ворух-Шӯроб” дар ҳудуди деҳоти Чоркӯҳ барои аз байн бурдани монеаҳо аз ҷониби сокинони ҳамсоякишвар.
5. Эҳёи чорабиниҳои хуби ҳамсоядорӣ ва тарғиби муҳим будани об дар масъалаи таҳкими сулҳи минтақа. Гузаронидани фестивали “Дарёи Исфара – дарёи дӯстӣ” ҳамчун омили наздиккунандаи ду халқ.
Дар гузашта тоҷикону қирғизҳо дар ин минтақа аҳлона зиндагӣ доштанду дар масъалаи истифодаи об мушкилие набуд. Ҳарчадн хатти сарҳад номаълум буд, аммо ин ба касе дарди сар намеовард ва сокинони бумӣ ҳамосядории хуб доштанд. Ҳоло қадамҳои зиёде барои аз байн бурдани сабабҳои сар задани низоъ гузошта шуда истодаанд. Дар ин радиф умед дорем, об, иншоотҳои обрасон ва ҷӯю дарё ҳамчун риштаи муттаҳидкунандаи ду халқ баромад хоҳад кард.
Муталиб ШАРИФОВ,
сармуҳаррири рӯзномаи «Насими Исфара».