Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи зиёда аз сӣ соли соҳибистиқлолӣ давраҳои гуногунро аз сар гузаронида, имрўз ба як кишвари бо маънои том узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ташаббускори қабули санадҳои муҳими байналмилалӣ гаштааст. Албатта, фурўпошии Иттиҳоди Шуравӣ пайомадҳои манфӣ дошта, истиқлоли давлатӣ ба мо ба осонӣ ба даст наомадааст, он тавре, ки баъзеҳо мепиндоранд. Оѓоз аз солҳои 90-уми қарни гузашта давлати тозаистиқлоли мо қурбони ҷанги хонумонсўз гашт, ки дастандаркоронаш аз хориҷи кишвар будаву аз ҷониби ифротиёни маҳаллӣ бо иштироки зархаридони аҷнабӣ роҳандозӣ гардид, Ҷанге, ки зиёда аз 5 сол давом карда, 150 ҳазор кушта ва даҳҳо ҳазор ятимону маҷрўҳшудагонро боқӣ гузошт, зиёда аз 14 миллиард доллари ИМА зарари иқтисодӣ овард. Аммо хиради азалии мардуми куҳанбунёди тоҷик ѓалаба кард ва аз миёни ин миллат ҷавонмарде пайдо гардид, ки сарнавишти минбаъдаи он ва наҷоти давлату мардумро ба зиммаи хеш гирифт. Дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавонмарди меҳандўсте Сарвари кишвар интихоб гардид, ки тору пудаш бо дардҳои ин миллат сиришта буд, ҳастии хешро бидуни саодати мардум тасаввур намекард. Он замон дар ниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон танҳо як фикр, як ният чарх мезад-хотима додан ба ҷанги бемаънии бародаркуш ва ба ҳам овардани миллат. Ў ҷони худро дар хатар гузошта, пайи амалисозии он тавоноӣ, қувваи худро равона кард ва бо дастгирӣ, меҳру муҳаббат ва садоқатмандии мардум ба ин муваффақ гашт.
Дар муқоиса бо ҷумҳуриҳои дигари собиқ Шуравӣ ба Тоҷикистон мероси арзанда нарасид. Ин кишварҳо аз ҷузъу томҳои Артиши шўравӣ, ки дар ҳудудашон қарор дошт, Артиши миллӣ сохтанд аммо ба мо лозим омад, ки Қувваҳои Мусаллаҳи худро аз сифр бунёд кунем. Дар ин давра корхонаҳои аз замони Шуравӣ боқимонда талаву тороҷ гардиданд, дастгоҳҳояшонро канда, бо воситаи қатораҳо аз хоки кишвар берун мебурданд. Неруи зеҳнӣ рў ба фирор оварда буд.
Тоҷикистон марҳилаи аввали мавҷудияти сиёсии худро аз барқарор сохтани Артиш, иқтисодиёт, маориф, тиб, фарҳанги ба буҳрон дучоромада оѓоз намуда марҳила ба марҳила ба ин муваффақ шуд.
Дар мамлакат фаъолияти мақомоти қудратӣ босамар гардида, дар ин давра санадҳои муҳими меъёрию ҳуқуқӣ, қонунҳои нави соҳавӣ ба имзо расида, ислоҳоти зарурӣ ва саривақтӣ гузаронида шуд. Тоҷикистон аз кишварҳоест, ки дучори ҳамлаҳои террористии гурўҳҳои муташаккили ҷиноии байналмилалӣ гашта, бар зидди онҳо мубориза бурдааст.
Дар ин замина нақши мақомоти прокуратура низ дар нигоҳ доштани суботи ҷомеа назаррас аст. Тўли ин муддат мақомоти прокуратураи кишвар дар бартараф сохтани унсурҳои манфӣ ва ба ҷазои аъмол расидани ҷинояткороне, ки хатар ба давлату миллат ва ҷамъият меоранд, саҳми босазои худро гузоштааст. Дар боби 1 моддаи 5-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» оид ба самтҳои фаъолияти мақомоти прокуратура омадааст:
-назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо аз ҷониби вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, мақомоти идораи ҳарбӣ, мақомоти назорат, бонкҳо, корхонаҳо, муассисаҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои дигар, сарфи назар аз тобеият, мансубият ва шакли моликияти онҳо, аз тарафи шахсони мансабдори онҳо, инчунин, ба қонунҳо мутобиқ будани санадҳои ҳуқуқие, ки онҳо таҳия мекунанд. (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 30.05.2007 №1410);
- назорат ба риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ки ҳамчун арзиши олӣ эътироф гардидаанд, аз тарафи ҳамаи сохторҳо ва шахсони мансабдоре, ки дар сархати якуми моддаи мазкур зикр шудаанд (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 31.12.2014 №1166)
- назорат ба риоя ва иҷрои қонунҳо аз тарафи мақомоте, ки бар зидди ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳои дигар мубориза мебаранд, инчунин, мақомоте, ки бо фаъолияти оперативию ҷустуҷўӣ, таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ машѓул мебошанд;
- ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон, манфиатҳои давлат, шаклҳои гуногуни моликияти давлатӣ ва ѓайридавлатӣ дар мурофиаи судӣ;
-назорат ба риоя ва иҷрои қонунҳо дар ҷойҳои нигоҳдории боздоштшудагон, ҳабси пешакӣ, ҳангоми иҷрои ҷазо ва дигар чораҳои дорои хусусияти маҷбуркунӣ, ки суд муқаррар мекунад;
- назорат ба риояи қонунҳо ҳангоми иҷрои ҳалномаҳои судӣ аз ҷониби иҷрочиёни мақомоти иҷро ва дигар мақомоти ваколатдор (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 31.12.2014 №1166, аз 20.06.2019 №1607);
- тафтиши ҷиноятҳо;
- таҳияи чораҳои пешгирии ҷиноятҳо, мубориза бар зидди терроризм, экстремизм (ифротгароӣ) ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо якҷоя бо дигар мақомоти давлатӣ, иштирок дар кори такмилу тавзеҳи қонунҳо (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 12.05.2007 №251);
- ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва пешгирии он ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо;
- иштирок дар баррасии парвандаҳо аз ҷониби судҳо;
- эътироз, шикоят ва ариза овардан нисбат ба фармон, ҳалнома, ҳукм, таъинот ва қарори судҳо, ки хилофи қонун мебошанд (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 31.12.2008 №450);
Прокуратура мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ метавонад дар дигар самтҳое, ки дахолати назорати прокурорӣ зарур аст, фаъолият намояд.
Дар низоми идоракунии давлатӣ ҳеҷ як давлат бе ниҳоди прокуратура арзи вуҷуд дошта наметавонад ва ба он чун воситаи таъмини адолату ҳақиқат ниёз дорад. Суд шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ буда, мувозинати шохаҳоро бо истифодаи принсипи мувозинат ва боздорӣ таъмин намуда, намегузорад, ки ҳеҷ як шохаи дигар ваколати ҳокимияти худро сўистифода намояд.
Дар Паёми навбатӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карданд: «Бо пешрафти ҷомеа муносибатҳои ҷамъиятӣ пайваста таѓйир ёфта, дар ин замина ба муносибатҳои нав мутобиқ гардонидани қонунҳо шарти асосии таъмин намудани рушди устувори сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар мебошад.
Баланд бардоштани сатҳу сифати қонунҳо, такмили механизми иҷрои онҳо, ба талаботи ҷомеа ва шаҳрвандон ҷавобгў будани меъёрҳои қонунҳои амалкунанда, дар навбати худ, ҳамкории доимӣ ва ҳамаҷонибаи шохаҳои ҳокимияти давлатиро тақозо менамояд.
Бо ин мақсад, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва дигар мақомоти ҳуқуқэҷодкунандаро зарур аст, ки таҳлили мунтазами қонунгузорӣ, аз ҷумла мониторинги амалишавии санадҳои қонунгузорӣ гузаронида, сатҳи мутобиқати қонунгузории мамлакатро ба ҳадафҳои сиёсии пешбинигардида муайян намоянд ва оид ба такмили қонунгузорӣ ва баланд бардоштани самаранокии раванди татбиқи ҳуқуқ чораҳои судманд андешанд.
Дар баробари таҳияву қабули қонунҳо риоя ва иҷрои қатъии онҳо низ муҳим мебошад, зеро риоя нагардидани талаботи қонун боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон, манфиати давлату ҷомеа, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолат, афзоиши ҷинояткорӣ ва бенизомӣ мегардад.
Мо сабақҳои талхи мухолифату нооромиҳо ва беназмиву беқонунии солҳои 1991-1997-ро ҳаргиз набояд фаромўш кунем…».
Мо, кормандони мақомоти прокуратура бояд ин гуфтаҳои Пешвои миллатро сармашқи кори худ қарор дода, доимо пайи назорат ва ҳифзи қонуният дар ҷомеа бошем ва дар ин роҳ бояд тамоми табақаҳои иҷтимоӣ ва ниҳодҳои давлатӣ фаъолияти худро ҳамоҳанг созанд, зеро ки танҳо бо ҳамдастии тамоми аъзои ҷомеа метавон суботро дар ҷомеа ва рушди мамлакатро таъмин намуд.
Ҳамид Шукурзода, Ёрдамчии калони прокурори ҳарбии Гарнизони Душанбе, майори адлия