Водии дарёи Хингоб қариб пурра дар ҳудуди ноҳияи Сангвор воқеъ гардидааст. Дарозии дарёи Хингоб 196 км буда, ҳавзааш 6660 км2, он қариб пурра дар ҳудуди ноҳия ҷорӣ мегардад. Резишгоҳаш дарёи Вахш мебошад.
Дар Тоҷикистон ивазшавии фасли сол ва обу ҳаво аз ҳамдигар фарқкунанда буда аз тобистони гарм то зимистони хунукиаш муътадил хос аст. Дар кӯҳҳои баланд, махсусан дар Помири Шарқӣ, зимистони хеле хунук, бардавом ва камбарф мешавад, ҳарорати ҳаво то -600 С паст мешавад. Тобистон кутоҳи салқин, ҳарорати миёнаи моҳи июл дар водии Мурғоб +13,50С мешавад. Дар ҷануб, дар водии Вахш, тобистони хеле гарм (ҳарорати миёнаи моҳи июл +290С), зимистон нисбатан мулоим аст (ҳарорати миёнаи моҳи январ +1,50С), агар барф борад, зуд об мешавад.
Ҳар маҳал низоми ба худ хоси обу ҳаворо дорад. Масалан, дар ноҳияи Сангвор тобистон Офтоб дар уфуқ аз ҳама баланд (22-юми июн) буда, рӯзҳо дароз, обу ҳаво хушки гарм мешавад; зимистон нисбатан хунук буда, ба он тафовути калони ҳарорати байни шабу рӯз хос аст. Обу ҳавои як сол обу хавои солҳои гузаштаро айнан такрор намекунад, баъзан аз нишондиҳандаҳои миёна фарқ мекунад. Вале бо вуҷуди ин, дар водии ноҳияи Сангвор тобистонро ҳамеша фасли гармтарин, зимистонро фасли хунуктарини сол меноманд. Ягон вақт обу ҳавои зимистон гарм ва ё тобистон хунук нашудааст.
Ноҳияи Сангвор дар арзӣ 380–50' шимолӣ ва тӯли 710–02' шарқӣ мавҷуд аст, ки бузургии радиатсияи Офтоб ва давомоти давраи навро муқаррар мекунад. Маҷмуи радиатсияи солонаи Офтоб дар минтақаҳои амудӣ аз водӣ ба қуллаи кӯҳҳо 151–176 ккал/см2 -ро ташкил медиҳад. Дар як сол Офтоб ба ҳисоби миёна 1998–3065 соат партав меафшонад, бинобар ин, давомоти давраи нашв 185–305 рӯз мебошад. Ҷамъулҷамъ, ҳарорати миёнаи мусбати шабонарӯзӣ аз +3° боло мебошад.
Азбаски зимистони ноҳияи Сангвор нисбати ноҳияҳои ҷанубии ҷумҳурӣ хунук ва нисбат ба фаслҳои дигар дарозтар аст, нашъунамо дертар шурӯъ мешавад, ки ин сабаби фақат як маротиба ҳосил рӯёнидан мешавад. Мутаассифона, барои нисбатан пурра истифода бурдани захираи гармӣ сармоҳои бемаҳали баҳор ва хунукиҳои аввали тирамоҳ, инчунин хушксолию гармсел мушкилоти зиёд пеш меоранд.
Вобаста ба релйеф ва баландии маҳал аз сатҳи баҳр дар ҷумҳурӣ ва инчунин, ноҳияи мо низ чанд навъи иқлим ташаккул ёфтааст.
Иқлими хушки континентӣ тобистони гарм ва зимистони хунук дошта, 350 – 700 мм боришот мешавад; иқлими муътадил дар минтақаҳои миёнакӯҳ, ки тобистони салқин ва зимистони хунук дошта, боришот то 1500 мм-ро ташкил медиҳад; иқлими баландкӯҳию биёбонӣ, минтақаи баландкӯҳ бо зимистони қаҳратуни тӯлонӣ, тобистони кӯтоҳи хушк, боришоти кам (60 – 100 мм), ки дар қуллаҳои баланди қаторкуҳҳои Пётри Якум, Дарвоз ва Академияи илмҳои атрофи ноҳия мавҷуданд, хоси иқлими ноҳияи Сангвор мебошанд.
Дар ташаккули иқлим гардиши атмосфера аҳамияти калон дорад. Вобаста ба фасли сол, дар ноҳияи Сангвор бодҳои арктикӣ, ғарбӣ ва тропикӣ мевазанд. Зимистон иқлими ноҳия зери таъсири ҳавои хунуки арктикӣ ва ҳавои намноки атлантикӣ, тобистон зери таъсири ҳавои гарм ва хушки тропикӣ ташаккул меёбад. Зимистони водии ноҳияи Сангвор нисбатан дарозтар ва тағйирёбанда аст. Ҳарорат ба ҳисоби миёна маъмулан аз 0° боло аст, баъзан ҳарорат то –20°, дар баландкӯҳҳо бошад, то – 40° паст мешавад. Баҳору тирамоҳи водии ноҳия кӯтоҳ ва боришот зиёд аст. Тобистон на он қадар тӯлонӣ, хушк ва гарм буда, дар водӣ ҳарорат то +18 +25° мешавад.
Яке аз хусусиятҳои иқлими ноҳияи Сангвор дар тӯли сол дар ҳама мавзеъҳо нобаробар будани боришот мебошад. Маъмулан, вобаста ба баландӣ миқдори боришот то ҳадди муайян афзуда, сипас кам мегардад. Афзоиши боришот аз пастиҳо то баландкӯҳҳо гуногун аст, зеро ба ин на фақат баландӣ ва релеф, балки тарзи ҷойгиршавии қаторкӯҳу водӣ нисбат ба самти ҳаракати ҳавои намнок низ таъсири калон мерасонад. Агар ба харита назар кунем, аз се тарафи ноҳия, аз шимол қаторкуҳӣ Пётри Якум, аз ҷануб каторкӯҳи Дарвоз ва аз шарқ каторкӯҳи Академияи илмҳо иҳота кардаанд. Қаторкӯҳҳо сабаб мешаванд, ки анбӯҳи ҳавои дар худуди ноҳия воридгардида, пурра массаи (боришоти худро) аз даст диҳад. Аз ин сабаб ноҳияи Сангвор сербориштарин ноҳияи ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Агар нуқтаи сербориштарини ҷумҳурӣ деҳаи Ғускефи ноҳияи Ваҳдат ва ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор бошад, ҳудуди як ноҳияро дар назар гирем, ноҳияи Сангвор сербориштарин ноҳияи ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Боришоти солона аз 800 мм то 1500 мм мебошад.
Дар ноҳияи Сангвор миқдори асосии боришот ба мавсими сармо рост меояд. Дар водии ноҳия ва доманакӯҳҳо миқдори бештарини боришот моҳҳои март ва апрел ва миқдори камтарини он дар фасли тобистон ба амал меояд. Баҳорон борони сел бошиддат буда, хоки нишебиҳоро шуста мебарад ва обкандаҳои калонро ба вуҷуд меорад. Сели дар натиҷаи чунин боронҳо пайдошуда ба хоҷагии халқ зиёни ҷиддӣ мерасонад. Миқдори боришоте, ки шамолҳои ғарбӣ меоранд, аз ғарб ба шарқ кам мешавад. Дар шарқи нишебии қаторкӯҳҳои Пётри Якум ва Академияи илмҳо миқдори боришот кам аст. Дар водиҳо ҳамагӣ 150 – 300 мм боришот мешавад. Дар ин ҷойҳо аз моҳи июн то октябр қариб борон намеборад ва ҳаво чунон метафсад, ки қатраҳои борон ба замин нарасида хушк мешаванд.
Ба ташаккули иқлими ноҳияи Сангвор анбӯҳи гуногуни ҳаво таъсир мерасонад. Дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бодҳои маҳаллӣ, ки вобаста ба фасли сол ва релйеф мевазанд, омили иқлимҳосилкунанда мебошанд. Дар ноҳияи Сангвор аз кӯҳу водиҳо насими форам мевазад. Дар баландкӯҳҳои ноҳия бошад, тамоми сол шамол вазида меистад. Ин шамолҳо маъмулан суст бошанд ҳам, зимистон ба борону тӯфон мубаддал мешаванд. Ҳангоми тӯфон суръати вазиши шамол дар як сония ба 30 – 40 м мерасад. Чунин тӯфонҳо ба хоҷагии халқ зарари ҷиддӣ мерасонанд. Обу ҳавои ноҳияи Сангвор дар фаслҳои гуногуни сол зиёд фарқ мекунад.
Баҳор моҳи март ва аввали моҳи апрел бо таъсири ҳавои арктикӣ обу ҳавои ноҳияи Сангвор баъзан якбора хунук шуда, боронҳои шиддатнок меборад. Ин гуна хунукиҳо ба дарахтони мевадори гулкарда зарар мерасонад. Дар ин вақт навдаҳои ток ва ниҳолу шохҳои дарахтонро сармо мезанад.
Тобистон дар охири моҳи май ва аввали июн ҳаво бисёр гарм мешавад. Борон тақрибан намеборад. Обу ҳавои ин фасл якхел буда, доимо гарм ва салқин аст. Дар ин фасл аз гармии зиёд зироатҳои кишоварзӣ беоб мемонанд, ки аз обдараҳои наздики киштзорҳо ё чашмаҳои зиризаминӣ обёрӣ мешаванд.
Тирамоҳ асосан дар охири моҳи сентябр сар мешавад. Ҳаво каме салқин ва хунуки мулоим аст. Дар ин вақт боронгарӣ сар шуда, миқдори боришот дар моҳи ноябр зиёд мешавад. Тирамоҳ картошка ва дигар зироатҳоро ғундошта, ғалладона ва зироатҳои тирамоҳӣ мекоранд.
Зимистон моҳи ноябр ё аввали моҳи декабр сар мешавад. Дар ин фасл ҳаво тағйир ёфта меистад. Гоҳҳо ҳаво якбора мулоим шуда, тез – тез борон меборад. Барф назар ба борон кам борида, тез об мешавад. Баъзан сардии сахт шуда, ҳарорат ба –10° ва ҳатто то –20° –25° мерасад, аммо бисёр давом намекунад. Дар фасли зимистон, дар ноҳия анбӯҳи ҳавои хунуки шарқӣ ва шимолу шарқӣ (арктикӣ) мевазад. Дар ин фасл ҳаво хунук шуда барф меборад. Зимистон баъзан сол барф чунон бисёр меборад, ки роҳҳои автомобилгард якчанд рӯз баста мемонанд. Соле мешавад, ки барф 80 см ва аз ин ҳам зиёд 150 см то 220 см меборад. Ин сабаби сербориш будани ноҳия мегардад.
Бо мақсади пешгӯӣ кардани обу ҳаво дар ноҳияи истгоҳҳои метеорологӣ (обуҳавосанҷӣ) бунёд шудаанд. Пешгӯиҳои мунтазами обу ҳаво, махсусан пешгӯиҳои кутоҳмуддат барои рӯзи дигар; дарозмуддат – чандрӯза ё якмоҳа барои муҳофизати боғу роғ ва киштзор аз сармо, барои дуруст интихоб кардани муҳлати киштукор ва ғунучини ҳосил низ шароити мусоид фароҳам меоранд.
Манучеҳр КАРИМЗОДА,
омӯзгори фанни география,
МТМУ №26,
ҷамоати деҳоти Заршӯёни ноҳияи Сангвор