Табобати остеохондроз бо усули халқӣ5-01-2023, 14:50
Хабарро хонданд: 761 нафар
Назарҳо: 0
Остеохондроз аз ду калимаи юнонӣ «остеон»- устухон ва хондроз»-буғум иборат аст. Бино бо маълумоти тиббӣ остеохондрози сутунмуҳра ин бемориест, ки дар ҳолати халалдор шудани муҳраҳои байни сутунмуҳра ва дигар бофтаҳои атрофи он ба амал меояд. Инчунин остеохондроз раванди дистрофияшавӣ дар ғилофакҳои байни сутунмуҳра аст. Ин пайвандҳо оҳиста - оҳиста хусусияти эластикии худро гум мекунанд. Дар натиҷа фосилаи байни муҳраҳо бо намак пур шуда, сахт мешаванд ва торҳои асабро зер мекунанду дард дар китф, гардан, шонаҳо ва даст пайдо мешавад. Ин беморӣ ба бисёр ҷойҳои дигари бадан низ таъсири бади худро мерасонад. Инчунин ба роҳи нафас ва кори дил низ таъсир расонида, дард пайдо мекунад. Натиҷаи манфии он ин беморӣ аст, ки муҳрачаҳои сутунмуҳра ба ҳам ҷафс мегарданд ва ба торҳои асаби аз майначаи сутунмуҳра баромада, ки то қисми поёни бадан мегузарад, фишор оварда, дард пайдо мешавад ва бисёр вақт варам карда, касро азият медиҳад. Ин беморӣ баъзан аз пайи худ бемориҳои дигарро низ тавлид мекунад. Мушакҳои дасту пой ва дигар узвҳои дохилӣ низ дард пайдо мекунанд. Ба торҳои асабҳои банду баст ва мушакҳо фишор оварда, гардиши хунро дар бадан номуътадил месозад. Остеохондрози гардан Масалан, беморҳое ки остеохондрози гардан доранд, вазниншавии сар, дарди доимии сар, сарчархзанӣ, садо дар гӯш ва паст шудани биноишро дарк мекунанд. Ҳамзамон қафаси сина боиси тангии нафасгирӣ шуда, кори номуътадили дил эҳсос мешавад. Остеохондрози миён Фаъолияти ҳазмкуниро номуътадил сохта, дарди гурдаро зиёд менамояд ва ба фаъолияти тухмдонҳо зарар мерасонад. Дар ҳаёти ҳаррӯза одамон аз таъсири бади ин беморӣ зиёдтар аз номуътадилии фаъолияти гардиши хун, ҳазмкунӣ ва бо мушкили ҳаракат намудан азият мекашанд. Агар сари вақт ин беморӣ табобат нашавад, торҳои асабе, ки аз дохили сутунмуҳра мегузаранд, оҳиста - оҳиста зарар дида, раванди шахшавии устухонҳоро метезонад ва дар натиҷа чуррашавии (грижа) сутунмуҳра ба амал меояд. Табобати ин беморӣ ба ҳаракати зиёд вобастагӣ дорад Мунтазам даст, шона ва сутунмуҳраро бо машқҳои варзишӣ дар ҳаракат дароред. Ҳар субҳ болои диск баромада, бо ҳаракати пойҳо баданро чарх занонед. Табобати халқии остеохондроз Кӯшиш намоед, ки ҳар рӯз якчанд маротиба варзиши кӯтоҳмуддати ҳаракатдиҳандаи сутунмуҳраро иҷро намоед. Бисёр хуб аст бо мутахассис маслиҳат намоед, ки машқҳои хоси бемории шуморо тавсия диҳад. Ба тарзи нишастатон эътибор диҳед, ки сутунмуҳра каҷ набошад, зеро ин ҳолат дардро пайдо менамояд. Ҳангоми хоб рафтан рахти хобатон сахт бошад, аз катҳои пружинӣ даст кашед. Сутунмуҳраро гарм нигоҳ доред, гармӣ барои осонтар ҳаракат додани сутунмуҳра ба шумо кӯмак мерасонад. Аз дуру дароз дар як ҳолат нигоҳ доштани сутунмуҳра худдорӣ намоед. Аз хӯрокҳои намакин ва серравған даст кашед. Аз ҳама машқи осону фоидаовар ин тавассути зуволачӯб субҳ ва шом машқи зеринро ба ҷо овардан лозим аст: онро аввал дар дасти рост гирифта оҳиста — оҳиста ба шонаю китф бикӯбед ва сипас, бо дасти чап ин машқро иҷро намоед. Зарбро кам-кам сахттар намоед. Онро бо фишор 3-4 маротиба бо пушт ғелонед ё дар замин чӯбро гузошта, пуштатонро дар он 15-20 дақиқа поёну боло молиш диҳед. Натиҷаи хуби онро танҳо вақте мефаҳмед, ки агар ин машқро мунтазам субҳу шом иҷро намоед. Иҷрои ин машқ махсусан субҳ хеле хуб аст, зеро ҳаракати рагҳои хунгардро хуб намуда, фаъолияти коршоямии шуморо беҳсоз мекунад. Кӯшиш намоед, ки зиёдтар пиёда роҳ равед ё велосипед ронед. Зарфи шишагинро гирифта, дар он 50 грам календуларо ҷой намоед ва ба он як истакои спирти камфорт, як истакон одеколони «Тройной» ва як истакон арақи сафедро ҳамроҳ созед. Даҳони зарфро устувору маҳкам карда, дар ҷойи торику салқин ду ҳафта гузоред. Баъд бо ин моеъ ҳар рӯз як маротиба сутунмуҳраро то гардан масҳ намоед. Ин табобатро беҳтар аст пеш аз хоб иҷро намоед. Муғҷаи дарахти тӯс, пуда ва решаи қоқуро бо миқдори баробар кӯфта омехта дар се қошуқи он 100 грам. оби ҷӯшида резеду дар оташи паст 5 дақиқа ҷӯшонед. Дар вақти ҷӯшидан ҳамеша онро бо қошуқ кофта истед ва ба он 80 грам. равғани маска ё гӯсфанд илова намуда, ба сутунмуҳра ва пушт бимолед ва 3-5 дақиқа масҳ намоеду бо қоғази полиэтиленӣ ва рӯпӯши гарм пӯшонида як соат хоб равед. Ин усули табобатро дар як шабонарӯз 3-4 маротиба такрор намоед. Давомнокии табобат на камтар аз як моҳ бо танаффуси 5 рӯзӣ бояд сурат гирад. Агар миёнатон дард кунад ва дарди он ба гурдаи шумо вобастагӣ надошта бошад, метавонед аз усули зерин истифода намоед: 50 гр. тухми зағирро (семена льна) дар 0,5л. спирти камфор омехта, 10 рӯз дар ҷойи торик ва салқин нигоҳ доред ва доим онро ҷумбонед, ки хубтар омезиш ёбад. Баъд полида ҳар шаб аз он ба миёнатон бимолед ва гарм печонида бихобед, дарди миён шифо меёбад. Чӣ гуна аз радикулит ё дарди миён халос бояд хӯрд? Аз қадим ба ҳама маълум аст, ки ҳаракат асоси ҳаёти организм аст. Олимон тасдиқ кардаанд, ки машқҳои ҷисмонӣ омили ягонаи бартараф гардидани беморӣ ва ҳифзи саломатӣ ба шумор меравад. Ҳар пагоҳ, вақте ки аз хоб мехезед, машқи мазкурро ҳамон лаҳза иҷро намоед: пойҳоро васеъ гузошта қоматро то расидани даст ба пой ҳам намоед. Як дастро ба пой расонида, дасти дигарро тарафи боло рост намоед ва баъди каме фурсат боз бо навбат дасти дигарро ба пой расонида ин дастро ба боло рост намоед ва оҳиста-оҳиста шумораи иҷрои ин варзишро ҳар рӯз зиёд намоед. Рӯзҳои аввал албатта, мушкилӣ мекашед, вале баъдтар ин дард гум мешавад ва шумо дар камаратон сабукӣ ҳис менамоед. Ин усули табиб аст ва дар сурати бо низом иҷро намудани он тамоман шифо хоҳед ёфт. Н. ШАМСОВА |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.