Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ОМАД ХУҶАСТА МЕҲРГОН...

ОМАД ХУҶАСТА МЕҲРГОН...

21-10-2022, 09:54
Хабарро хонданд: 454 нафар
Назарҳо: 0
ОМАД ХУҶАСТА МЕҲРГОН...
“Меҳргон яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод буда, гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишу ниёиши Меҳр ё Митро ва рамзи аҳду паймон ва дӯстиву муҳаббати оини меҳрпарастӣ таъбир кардаанд. Меҳргон иди ҷамъоварии ҳосили рӯёндаи деҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дӯстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст”.
Эмомалӣ Раҳмон
Аслан, ҷашну оинҳои миллию мардумӣ таҷассумкунандаи кайфияти зиндагии иҷтимоӣ, фикрӣ, ахлоқӣ ва маданӣ буда, рӯҳияи миллию мардумиро дар тӯли зиндагии башарӣ ифода менамоянд. Ба василаи иҷрои маросимоти ҷашнию оинӣ ҷомеа ва мардум зиндагии худро як навъ сару сомон мебахшанд ва аз ҳузури фаъоли худ дар арсаи вуҷуд дарак медиҳанд. Мусаллам аст, ки бар мабнои устураматнҳои бостонӣ аносири фарҳангии як ҷомеа дар тӯли таърих идома меёбанд ва ин аносирро бо густариши худ аз насле ба насли дигар ва аз асре ба асре мунтақил мекунанд.
Бо таваҷҷуҳ ба ин, дар доираи фарҳанги форсии тоҷикӣ, бо назардошти махсусиятҳои муҳитзистӣ ва иҷтимоӣ тайи таърихи пешин ҷашнҳои миллию мардумӣ, аз қабили Наврӯз, Тиргон, Меҳргон, Сада ва амсоли инҳо барои танзими барномаҳои зиндагии инсонӣ офарида ва роҳандозӣ шудаанд.
Ҳамчунин, муҳаққиқин бар он назаранд, ки ҷашни Меҳргон дар қатори Наврӯзу Сада ва Тиргон аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми эронитабор ба шумор меравад. Ин ҷашн дар рӯзи 16-уми моҳи меҳр, ки он рӯзро низ “меҳр” меномиданд, баргузор мегардад, ки мутобиқ ба 8 октябри тақвими григорианӣ мебошад. Яъне дар солшумории ниёкони мо ҳар рӯз номи махсусе дошт, ки 12-тои онҳо бо номи моҳҳо айнан як хел буданд ва ҳар вақте ки номи моҳу рӯз ба ҳам мувофиқ меомаданд, аз тарафи мардум ҷашн гирифта мешуд.
Вожаи "меҳр" дар асотири Эрони бостон дар шакли Митра аст, ки эзади фурӯғу рӯшноӣ ва паймоншиносӣ мебошад. Номи ин ҷашн дар сарчашмаҳои бостонӣ низ ба гунаи “Митракона” зикр шудааст. Ҷашни Меҳргон аз замонҳои хеле қадим, аз замоне, ки қавмҳои ориёӣ оини меҳрпарастӣ доштанд, боқӣ мондааст.
Дар бештари манобеъ шоҳ Фаридунро бунёдгузори ҷашни Меҳргон медонанд. Назар ба ривояти Абурайҳони Берунӣ дар «Ат-тафҳим», «...андар ин рӯз Афридун зафар ёфт бар Беварасб, он ки маъруф аст ба Заҳҳок ва ба кӯҳи Дамованд боздошт. Ва рӯзҳо, ки сипаси Меҳргон аст, ҳама ҷашнанд бар кирдори он чи аз паси Наврӯз бувад ва шашуми он Меҳргони бузург бувад ва Ромрӯз ном аст ва бад-ин донандаш».
Инчунин, ҳаким Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» роҷеъ ба ҷашну оинҳои эрониёти бостон маълумотҳои ҷолиб оварда, бо меҳру муҳаббат ба таъриху суннатҳои ниёкони худ аз онҳо ёд мекунад. Ӯ рӯзи аввали ба тахт нишастани Фаридунро баробар бо рӯзи Меҳргон медонад ва шуруи таҷлили ин ҷашнро низ ба ӯ нисбат медиҳад.
Дар асрҳои миёна то ба ибтидои садаи ХХ ҷашни Меҳргон ба гунаи як иди оммавии мардумӣ бо номҳои сайр ва иди тирамоҳӣ таҷлил мегашт. Устод С.Айнӣ дар асари арзишманди хеш – «Ёддоштҳо» роҷеъ ба сайри Дарвешобод ва баргузории он маълумоти ҷолиб додааст. Мувофиқи шаҳодати ӯ, сайри Дарвешобод одатан ҳар ҳафта рӯзи сешанбе пагоҳӣ сар шуда, рӯзи чоршанбе то чоштгоҳӣ давом мекард. Сайргоҳ дар тарафи ғарбии роҳи калоне буд, ки аз бозори гови Ғиждувон баромада, ба тарафи Бухоро мерафт. Дар ду тарафи қитъа растаҳо бо бурё ва ходачаҳо дӯкончаҳои каппамонанд сохта буданд, ки баъзеи он дӯконҳо чойхона, баъзеашон ошхона, моҳипазӣ ва монанди инҳо будаанд. Дар зери деворҳо ҳар ҷо-ҳар ҷо мардум давра гирифта, бозиҳову саргармиҳо мекарданд. Дар баъзеи он давраҳо ғирғиракбозӣ, дар баъзеашон тасмабозӣ, дар баъзеи дигарашон қартабозӣ ва монанди инҳо буданд. Дар баъзе давраҳо маддоҳон мадҳия мехонданд, сарояндаҳо сурудхонӣ мекарданд, наққолону ровиён қисса мегуфтанд. Чун шаб фаро мерасид, замони тарфбозӣ сар мешуд. Тарфҳоро, ки дар кӯза дуруст мекарданд, оташ дода, ба ҳаво сар медоданд. Он мисли мушаку “салют”-ҳои имрӯза дар осмон шарорапошӣ менамуд. Фардои он рӯз дар майдони назди бозори гов мусобиқаҳои хартозӣ, яъне пойгаҳи харҳо ва тагалҷангандозӣ (тагал-гӯсфанди нарина) шуруъ мешудааст.
Чунин ҷашнҳо, ки як навъ идомаи ҷашни Меҳргон мебошанд, дар маҳалҳои дигари тоҷикнишини Осиёи Марказӣ низ то ба нимаҳои садаи ХХ барпо мешуданд.
Муҳаққиқони муосир дар робита бо ҷашни Меҳргон бар ин таъкид мекунанд, ки дар рӯзшумории куҳани Эрон ҳар як аз сӣ рӯзи моҳ ном дорад, ки исми дувоздаҳ моҳи сол низ дар миёни онҳо ҳаст. Дар гузашта миёни мардум расм будааст, ки ҳар моҳ, ки номи моҳу номи рӯз баробар меомадааст, он рӯзро ҷашн мегирифтанд. Аз он ҷашнҳои дувоздаҳгона (фарвардингон, урдубиҳиштгон ва амсоли онҳо) пас аз ислом танҳо Меҳргон ба таври расмӣ ва шукӯҳманд таҷлил мегардидааст.
Бояд гуфт, ки ба ҷашни Меҳргон истиқлолият умри дубора бахшид. Таҷлили иди Меҳргон тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 2009 таҳти рақами 538, дар тамоми гӯшаю канори кишварамон бо шукӯҳу шаҳомат ба роҳ монда шудааст. Ба истиқболи ин рӯз пахтакорон, ғаллакорон, боғу токпарварон, чорводорон ва механизаторони меҳнатқарин бо ғайрати дучанд заҳмат кашида, баҳри пешрафти иқтисодиёти давлати тоҷикон саҳми арзанда мегузоранд. Рушду пешрафти ин соҳаи афзалиятноки хоҷагии халқ барои инкишофи ояндаи иқтисодиёти кишвар хеле муҳим аст ва чун таҳкурсии мустаҳкам хизмат мекунад.
Пешвои миллат дар яке аз мулоқотҳояш бо зиёиёни кишвар Меҳргонро аз ҷашнҳои бостонии тоҷикон хонда, хостори эҳёи ин ҷашн шуда буд. Бо таваҷҷуҳ ба ин ки Меҳргон яке аз ҷашнҳои сегонаи машҳуру маъруфи мардуми тоҷику форс мебошад ва пайдоишу такомул ва таҳаввули минбаъдааш асосан бо шуғли кишоварзӣ ва рӯзгори аҳли фарҳангу гоҳшуморӣ марбут аст, бо дастури Президенти кишвар ин иди бостонӣ ҳар сол рӯзи 8 октябр чун иди миллии давлатӣ бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мегардад.
Ба таъкиди Роҳбари давлат, ҷашн танҳо ба хотири ҷашн нест ва таҷлили ҳар санаи муҳим дар зиндагӣ бояд моро ба андеша ва хулосабарорӣ барои оянда таҳрик созад. Бинобар ин, амалӣ гардонидани чорабиниҳои мунтазам оид ба беҳтар намудани вазъи соҳаи кишоварзӣ, роҳҳои ҳалли мушкилот ва таъмини рушди устувори он ба хотири расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллиамон – таъмини амнияти озуқаворӣ ва муҳимтар аз ҳама, худкифо шудани Тоҷикистон аз лиҳози таъмини маводи ғизоӣ, вазифаи аввалиндараҷаи олимону мутахассисони бахши кишоварзӣ ба шумор меравад.
Хулоса, ҷашни Меҳргон таҷассумгари суннатҳои неки инсонӣ буда, файзу баракати хони пурнеъмати кишоварзонро бо шукӯҳу шаҳомати хоса инъикос менамояд.
Аз шуарои аҳди ғазнавиён Манучеҳрии Домғонӣ дар бораи ҷашни Меҳргон чунин ишора шудааст:
Омад хуҷаста Меҳргон, ҷашни бузурги хусравон,
Норанҷу нору арғавон овард аз ҳар ноҳия.
Қурбон АҲМАДЗОДА
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: