15 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар вохўрии сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ба шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон сафар карданд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Самарқанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Ҷумҳурии Ўзбекистон Абдулло Орипов, ҳокими вилояти Самарқанд Эркин Турдимов ва дигар намояндагони воломақоми Ҳукумати Ҷумҳурии Ўзбекистон истиқбол гирифтанд.
Ташрифи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Самарқанд аз зиёрати оромгоҳи нахустин Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон шодравон Ислом Каримов оғоз гардид.
Дар ин маросим Сарвари давлатро намояндагони олимақоми Ҷумҳурии Ўзбекистон ҳамроҳӣ карданд.
ИДОМАИ САФАРИ КОРӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ЎЗБЕКИСТОН
15 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ўзбекистон дар маросими ниҳолшинонӣ иштирок карда, аз Маҷмааи фарҳангию этнографии “Шаҳри абадӣ” боздид ба амал оварданд.
Нахуст Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарони давлатҳои аъзо ва нозири Созмони ҳамкории Шанхай дар ҳудуди “Конгресс - холл” бо умеди рушду шукуфоии кишвари дўсту ҳамсояи Ўзбекистон ва саодатмандии ҳарчи бештари мардуми бародари ўзбек ниҳоли дўстӣ шинониданд.
Сипас, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамроҳии роҳбари кишвари мизбон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва сарони давлатҳои аъзо ва нозири Созмони ҳамкории Шанхай ба Маҷмааи фарҳангию этнографии “Шаҳри абадӣ” ташриф оварда, зимни боздид бо имкониятҳои сайёҳии он шинос шуданд.
Дар “Шаҳри абадӣ” маҷмааи сайёҳии “Роҳи бузурги Абрешим” ташкил гардида, он аз маркази байналмилалии “Конгресс” бо 3500 ҷой, 8 меҳмонхона, парки таърихию этнографии “Шаҳри абадӣ”, кўл ва дарахтони гуногун иборат аст.
Маҷмааи фарҳангию этнографии “Шаҳри абадӣ” дар масоҳати 120 гектар доман паҳн карда, соли 2022 ба ифтихори баргузории ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ифтитоҳ гардидааст.
Маҷмааи таърихию этнографии “Шаҳри абадӣ” як намунаи шаҳри бостонии Самарқанди Ўзбекистон мебошад. Сайёҳон дар ин ҷо имкон доранд, ки зимни тамошои кўчаҳо бо таъриху фарҳанг ва маданияти мардуми шаҳри қадима шинос шаванд. Аз ҷониби ҳунармандони театр дар маҷмаа барномаҳои рангини консертӣ ва намоишномаҳо пешкаш карда мешавад. Маҷмаа, ҳамчунин, муаррифгари ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии минтақаҳои гуногуни Ўзбекистон буда, меҳмонон имкон доранд аз маҳсули дасти ҳунармандон барои хотира харидорӣ намоянд.
ИШТИРОК ДАР ҶАЛАСАИ ШУРОИ САРОНИ ДАВЛАТҲОИ АЪЗОИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ
16 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ўзбекистон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок карданд.
Дар чорабинӣ, ки дар доираи раёсати Ўзбекистон дар Созмони ҳамкории Шанхай дар ҳайати маҳдуд ва доираи васеъ баргузор шуд, сарони давлат ва ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Созмон - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Сарвазири Ҳиндустон Нарендра Моди, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф, Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин, Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев, сарони давлатҳои нозир дар СҲШ - Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Саид Иброҳим Раисӣ ва Президенти Ҷумҳурии Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух, сарони кишварҳои меҳмон - Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳаммадов, Президенти Туркия Раҷаб Таййиб Эрдоган, роҳбарони ниҳодҳои доимии СҲШ - Дабири кулли СҲШ Чжан Минг ва Директори Кумитаи иҷроияи Сохтори зиддитеррористӣ Руслан Мирзоев, инчунин, роҳбарони як қатор созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, ЭСКАТО, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ва Иттиҳоди иқтисодии Авросиё иштирок карданд.
Зимни нишаст дар ҳайати маҳдуд сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар иртибот ба рушди вазъи сиёсиву иқтисодии минтақа оид ба масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор намуданд.
Дар суханронии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки тайи ду даҳсолаи охир дар доираи СҲШ имкон пайдо шуд, то намунаи шарикии мутақобилан судманд, ки самаранокии он бо баробарии ҳамаи давлатҳои аъзо ва қабули қарорҳо дар асоси тавофуқоти ҷонибҳо таъмин мегардад, ба роҳ монда шавад. Таъкид гардид, ки имрўз дар назди Созмон ҳадафҳои масъулиятноки бо саъю кўшиши муштарак таъмин намудани рушди устувори минтақа истодаанд. Дар ин зимн масоили тағйирёбии иқлим ва иртибототи нақлиётӣ ба таври хосса таъкид гардид. Ҳамзамон, зикр шуд, ки бунёди низоми устувори иқтисодии давлатҳо бе пешбурди «энергетикаи сабз» ва эҷоди инфрасохтори самараноки нақлиётӣ дар ҳудуди СҲШ ғайриимкон аст.
Пешвои миллат таъкид карданд, ки масъалаҳои таъмини амнияти минтақавӣ бояд ҳамчун ҷузъи асосии фаъолияти СҲШ боқӣ монанд.
Бо дарназардошти вазъи мураккаби Афғонистон ба зарурати тақвият бахшидан ба талошҳо барои мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, ҷудоиандозӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ таъкид гардид.
Зимни баргузории ҷаласа дар доираи васеъ сарони ҳайатҳо масъалаҳои таъмиқи минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷанба ва мутақобилан судмандро дар доираи СҲШ бо истифода аз иқтидори давлатҳои нозир ва кишварҳои шарики муколамаи СҲШ баррасӣ намуданд.
Дар суханронии худ Пешвои миллат ёдовар шуданд, ки соли гузашта дар нишасти ҷашнии СҲШ дар Тоҷикистон самтҳои стратегии рушди Созмон дар ояндаи наздик муайян карда шуданд. «Дар Эъломияи Душанбе омадааст, ки минтақаи Осиёи Марказӣ бояд ҳамчунон меҳвари СҲШ боқӣ монад. Дар шароити имрўза ин усул аҳамияти хоса дорад», - таъкид доштанд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Зимни суханронӣ оид ба масоили амниятӣ Сарвари давлат ба тамоюли хатарноки густариши идеологияи радикализми динӣ ва ифротгароӣ ишора карда, аз кишварҳои аъзои СҲШ даъват ба амал оварданд, ки вазъро муштаракан назорат кунанд ва барои ҷилавгирӣ аз хатарҳои эҳтимолии афзоиши таҳдидҳои амниятӣ амал намоянд. Пешвои миллат ҳамчунин аз афзоиши ҳаҷми қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон изҳори нигаронӣ намуда, аҳамияти ташаббуси таъсиси сохтори алоҳидаи Созмонро оид ба мубориза бо маводи мухаддир қайд карданд.
Дар суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз иқдоми соли гузаштаашон дар бораи қабули Стратегияи рушди иқтисодии минтақаи СҲШ то соли 2030 ёдовар шуда, пешниҳод намуданд, ки ба сарони ҳукуматҳо супориш дода шавад то ин санадро дар ҷаласаи навбатӣ баррасӣ карда, барои тасдиқи он дар ҷаласаи ояндаи СҲШ чораҷўӣ намоянд.
Дар ҷамъбасти кори ҷаласа сарони давлатҳо аз рўи масъалаҳои мухталифи рўзномаи СҲШ 22 қарор ба имзо расониданд. Аз ҷумла, Эъломияи Самарқандии Шурои сарони давлатҳо қабул гардида, Нақшаи чорабиниҳои ҳамаҷониба барои солҳои 2023-2027 оид ба татбиқи муқаррароти Шартномаи ҳамсоягии дарозмуддати нек, дўстӣ ва ҳамкории давлатҳои аъзои СҲШ ва Консепсияи ҳамкории давлатҳои аъзои СҲШ оид ба рушди робитаҳои байниҳамдигарӣ ва эҷоди долонҳои самарабахши нақлиётӣ тасдиқ гардиданд.
Бо қарорҳои сарони кишварҳои аъзои СҲШ расмиёти қабули Беларус ба узвияти СҲШ оғоз гардида, ба Баҳрайн, Малдив, Мянма, Амороти Муттаҳидаи Араб ва Кувайт мақоми шарики муколамаи СҲШ дода шуд.
Пешвои миллат бинобар обхезиҳои фоҷеабору харобиовар дар Ҷумҳурии Исломии Покистон ба Сарвазир ва тамоми мардуми бародари он кишвар ҳамдардӣ ва тасаллиёти самимии худро иброз намуданд.
Дар анҷоми суханронии худ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон муҳтарам Нарендра Модиро барои қабули раёсати СҲШ дар давраи оянда самимона табрик гуфтанд.
МУЛОҚОТҲО ДАР ҲОШИЯИ ҶАЛАСАИ ШУРОИ САРОНИ ДАВЛАТҲОИ АЪЗОИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ
15 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ўзбекистон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин мулоқот намуданд.
Сарони давлатҳо доираи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Чинро баррасӣ карданд.
Дар рафти мулоқот муколамаи пурмаҳсули сиёсӣ дар соли таҷлили 30-юмин солгарди барқарории муносибатҳои дипломатии ду кишвар ва натиҷаҳои бузурге, ки тайи давраи гузашта дар таҳкими муносибатҳои дўстӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ ба даст оварда шудаанд, қайд гардид.
Пешвои миллат ба рушди бемайлони ҳамкории ду кишвар дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва амниятӣ баҳои баланд доданд.
Ҳамзамон, ҷараёни мусбати афзоиши гардиши мутақобилаи молҳо тасдиқ гардид, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 82 дарсад афзоиш ёфтааст. Дар ин замина, сухан дар бораи мавҷудияти иқтидори калон барои густариши минбаъдаи он, аз ҷумла тавассути имкониятҳои бахши кишоварзӣ рафт.
Дар баробари ин, ҷонибҳо ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёту коммуникатсия, саноат, энергетика ва технологияҳои нав, дар бахшҳои иқтисодиёти рақамӣ ва “рушди сабз” ҳавасмандии зоҳир карданд. Ба татбиқи лоиҳаҳои мушаххаси сармоягузорӣ дар ин соҳаҳо низ таваҷҷуҳи махсус дода шуд.
Дар ин зимн алоқамандии ҷониби Чин ба иштирок дар татбиқи лоиҳаи сохтмони НБО «Роғун», таҷдиди иқтидорҳои истеҳсолии Ширкати алюминии тоҷик «ТАЛКО», ҳамчунин татбиқи ҳарчи зудтари марҳаллаи дуюми роҳи автомобилгарди Душанбе-Қулма дар қитъаи Қалъаи Хумб – Ванҷ - Рўшон ва таҳияи лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Хоруғ - Қулма иброз гардид.
Дар ин робита, Президенти мамлакат ба дурнамои бузурги ҳамкории ду кишвар дар бахшҳои металлургия, саноати сабук ва хўрокворӣ, ҳамчунин ба ташкили паркҳои муштараки саноатӣ ишора карданд.
Ҷонибҳо, ҳамчунин, доир ба масъалаҳои мубрами рўзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла дар робита ба рушди авзоъ дар Афғонистон табодули афкор намуданд.
Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин изҳор доштанд, ки ҷониби Чин нигаронии Тоҷикистонро оид ба вазъи Афғонистон ва мушкилоти минтақавии вобаста ба онро ба хуби дарк менамояд ва омодаи идомаи ҳамкориҳои зич дар арсаи амниятӣ ва таҳкими ҳифзи сарҳадот бо ин кишвари ҳамсоя мебошад.
Инчунин, ҷониби Чин манфиатдории худро ба тавсеаи ҳамкориҳои амалии минтақавӣ дар чорчўби механизми «Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Мардумии Чин» ҳаматарафа таъкид кард.
Дар охир Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Си Ҷинпин даъват ба амал оварданд, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф биёранд.
Дар ҳошияи мулоқоти Сарони давлатҳои Тоҷикистону Чин дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин 3 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид:
*Ёддошти тафоҳум оид ба тақвияти ҳамкориҳои сармоягузорӣ дар соҳаи рушди сабз байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тиҷорати Ҷумҳурии Мардумии Чин;
*Ёддошти тафоҳум оид ба тақвияти ҳамкории сармоягузорӣ дар самти иқтисоди рақамӣ байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тиҷорати Ҷумҳурии Мардумии Чин;
*Протоколи иловагӣ оид ба татбиқи лоиҳаи сохтмони қитъаҳои қисман асосии марҳилаи дуюми шоҳроҳи Душанбе-Кулма.
***
Ҳамон рўз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ўзбекистон бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Саид Иброҳим Раисӣ мулоқот намуданд.
Сарони ду кишвар зимни мулоқот масъалаҳои вобаста ба муносибатҳои ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Эронро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Президентҳо аз равандҳои мусбати солҳои охир дар муносиботи Тоҷикистону Эрон, минҷумла муколамаи созандаи сиёсӣ ва тамоюли мусбати муомилоти тиҷоратӣ байни ду кишвар, ки дар шаш моҳи сипаришуда аллакай ба беш аз 116 миллион доллар расидааст, изҳори қаноатмандӣ намуданд. Қобили зикр аст, ки ин нишондиҳанда дар соли 2021 ба 120 миллион доллар баробар буд.
Идомаи муваффақонаи ҳамкорӣ, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, саноату кишоварзӣ, энергетика ва нақлиёту коммуникатсия, инчунин, дар арсаи фарҳангиву гуманитарӣ ба нафъи мардумони ду кишвар дониста шуд. Дар ин замина, ба рушди ҳамкориҳо миёни бахшҳои хусусиву давлатӣ, ҷалби сармоя, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, робитаҳои мустақими минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва шаҳракҳои саноатии ду кишвар авлавият дода шуд.
Сарвари давлати мо, дар баробари ин, аз таъсиси гурўҳи кории муштарак бо мақсади истифодаи зарфиятҳои транзитии ду кишвар ва идомаи ҳамкориҳои мустақим миёни вилоятҳо ва шаҳрҳои Тоҷикистону Эрон, аз ҷумла барқарории равобити бародаршаҳрӣ байни онҳо ҷонибдорӣ намуданд.
Зарурати бештар фаъол гардидани абзорҳои дуҷониба, ба монанди Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангӣ, Кумитаи муштараки сармоягузории Тоҷикистону Эрон, баргузории пайвастаи намоишгоҳҳои молу маҳсулот ва нишастҳои доираҳои соҳибкории ду кишвар дар ростои расидан ба ҳадафҳо таъкид гардид.
Пешвои миллат, бо такя ба арзишҳои муштараки таърихиву фарҳангии мардумонамон, нақши баргузории Рўзҳои фарҳангии ҷонибҳоро дар қаламрави ҳамдигар дар ояндаи наздик ҷиҳати тақвияти равобити фарҳангии ду кишвар муҳим хонданд.
Дар ҷараёни вохурӣ роҳбарони ду давлат ҳамзамон дар робита ба масъалаҳои муҳими рўзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла вобаста ба вазъи Афғонистон табодули назар анҷом доданд.
***
15 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф мулоқот анҷом доданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба муносибат ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Покистонро баррасӣ намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст Шаҳбоз Шарифро ба муносибати интихоб гардиданаш ба маснади олии Сарвазири кишвари дўсти Покистон табрик гуфта, дар фаъолияти сермасъули давлатиашон комёбиҳо орзу намуданд.
Дар баробари ин, Пешвои миллат бинобар обхезиҳои фоҷеабору харобиовар дар Ҷумҳурии Исломии Покистон ба Сарвазир ва тамоми мардуми бародари он кишвар ҳамдардӣ ва тасаллиёти самимии худро иброз намуданд.
Дар ин зимн, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон сипоси амиқи худ ва мардуми кишварашро ба ҷониби Тоҷикистон барои расонидани кумаки башарӣ изҳор намуданд.
Дар рафти суҳбат Президенти мамлакат таъкид карданд, ки таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дўстӣ ва ҳамкориҳои созанда бо Покистон аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии давлати Тоҷикистон ба шумор меравад.
Рушди бомароми ҳамкориҳо дар тули 30 соли баъд аз барқарории муносибатҳои дипломатӣ дар арсаҳои сиёсӣ, соҳаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва амниятӣ мавриди зикр қарор гирифт.
Дар заминаи робитаҳо дар бахшҳои энергетика ва нақлиёту коммуникатсия вусъати татбиқи тарҳҳои вобаста ба пайвасти шабакаҳои энергетикӣ ва нақлиётӣ, аз ҷумла САSA-1000 ва баромад ба бандарҳои Покистон ба манфиати ду кишвар хонда шуд.
Бо дарназардошти таҷрибаи ғании Покистон, ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистон барои таъсиси корхонаҳои муштараки коркарди нахи пахта, пашму пўст то истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, коркарди сангҳои мармару хоро ва истеҳсоли шишаи сохтмонӣ изҳор карда шуд.
Бештар фаъол гардидани абзорҳои дуҷониба, аз ҷумла Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, Шўрои муштараки соҳибкорон, Форуми соҳибкории Тоҷикистону Покистон ба манфиати кор дониста шуд.
Меҳвари шарикии ду кишвар дар соҳаи таъмини амният пеш аз ҳама ҳамкорӣ дар масъалаҳои муқовимат ба терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводди мухаддир ва зуҳуроти дигари ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ ва хатару таҳдидҳои глобалӣ арзёбӣ гардиданд.
Зимни мулоқот ду ҷониб ҳамзамон дар робита ба масъалаҳои муҳими рўзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ, бахусус вазъи имрўзаи Афғонистон табодули назар анҷом доданд.
Сарвазири Покистон Пешвои миллатро бо сафари расмӣ ба кишвараш даъват намуд.
Сарвари давлати Тоҷикистон низ Шаҳбоз Шарифро ҷиҳати анҷом додани боздиди расмӣ аз Тоҷикистон даъват намуданд.
Мулоқот дар фазои дўстона, ҳусни тафоҳум ва эътимоди байниҳамдигарӣ сурат гирифт.
***
15 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи иштирок дар Ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Самарқанд бо Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев мулоқот намуданд.
Дар оғози суҳбат Президенти мамлакат муҳтарам Шавкат Мирзиёевро ба муносибати раёсати муваффақонаи Ҷумҳурии Ўзбекистон дар Созмони ҳамкории Шанхай табрик гуфтанд.
Дар мулоқот сарони давлатҳо масъалаҳои мубрами рушди минбаъдаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Ўзбекистонро баррасӣ карданд.
Сатҳи баланди муносибатҳои дуҷониба дар доираи шарикии стратегӣ ва иттифоқӣ қайд карда шуд. Инкишофи минбаъдаи ҳамкории ду кишвар дар ин рўҳия ба манфиатҳои бунёдӣ ва ормонҳои ду халқи бародар мувофиқ дониста шуд.
Ҷонибҳо ба натиҷаҳои музокироти боварибахш дар сатҳи баланд дар ҷараёни сафари охири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Ўзбекистон баҳои баланд доданд. Президенти мамлакат изҳори итминон карданд, ки татбиқи мунтазами созишҳои ҳосилшуда ба ҳамкориҳои ҷонибҳо дар ҳама ҷабҳаҳо такони сифатан нав мебахшад.
Ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ аз самти афзалиятноки равобити ду кишвар номида шуда, сатҳи баланди гардиши савдои мутақобила қайд карда шуд.
Ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва нақлиёт аз самтҳои ояндадори ҳамкорӣ номида шуда, аз оғози татбиқи лоиҳаи сохтмони муштараки ду неругоҳи барқи обӣ дар дарёи Зарафшон, ба роҳ мондани робитаҳои мустақими роҳи оҳан байни пойтахтҳои ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Сарони давлатҳо аҳамияти густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар бахшҳои фарҳангию гуманитарии ду кишварро таъкид карданд.
Ҷонибҳо пурмазмун кардани рўзномаи муносибатҳои дутарафаро бо масъалаҳои нав ба манфиати ду кишвар номиданд.
***
16 сентябри соли 2022 дар Самарқанд дар ҳошияи ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров мулоқот намуданд.
Сарони давлатҳо вазъ дар минтақаи сарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистонро баррасӣ карданд.
Президентҳо дар бораи таъсиси комиссия оид ба таҳқиқи сабабҳои ҳодисаи мусаллаҳона ба мувофиқа расиданд ва ба ҳамраисони Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи Сарҳади давлатӣ дастур доданд, ки фаъолияти он, аз ҷумла фаъолияти гурўҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои топографӣ ва ҳуқуқӣ, фаъол гардонида шавад.
Сарони давлатҳо изҳори мавқеи ҳамсон намуданд, ки ҳамаи масъалаҳои бамиёномада бояд танҳо бо роҳи сиёсӣ ва дипломатӣ ҳал карда шаванд.