Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » АЗ ИСТИҚЛОЛ ТО ИСТИҚЛОЛ

АЗ ИСТИҚЛОЛ ТО ИСТИҚЛОЛ

12-09-2022, 12:03
Хабарро хонданд: 360 нафар
Назарҳо: 0
АЗ ИСТИҚЛОЛ ТО ИСТИҚЛОЛ
Аз истиқлол то истиқлол давраи пур аз ободкориву навгониҳо, муждаҳои фараҳбахши сиёсию фарҳангӣ, рушди бемайлон, созандагию бунёдкорӣ ва басо хотирмон маҳсуб мешавад.
Дар ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ба ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд. Ҳизбиёни мамлакат ин дастуру супоришҳоро сармашқи фаъолияти хеш қарор дода, имрўзҳо 31 – солагии Истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои арзанда истиқбол мегиранд, ки мухтасари онро манзури хонандагон мегардонем:

Душанбе

Дар доираи таҷлили ин ҷашни муққаддас, нахустин бор Кумитаи иҷроияи Хизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо сарфи 1 миллиону 70 ҳазор сомонӣ майдончаи варзишӣ, бозии кўдакона ва истироҳати калонсолонро, воқеъ дар кўчаи Деҳотии ноҳияи Фирдавсӣ бо тарҳи муосир бунёд ва мавриди истифода қарор дод.
Инчунин, дар доираи муроҷиатномаҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати ба “Шаҳри сабз” ва “Шаҳри гулрез” табдил додани шаҳри Душанбе, саҳмгузорӣ дар корҳои ободонию созандагӣ ва кабудизоркуни пойтахт ҳар ҳафта аз ҷониби сохторҳои ҳизб дар Душанбе шанбегиву ҳашарҳои дастаҷамъӣ доир гардида, дар рафти онҳо беш аз 24337 адад ниҳоли ороишиву сояафкан шинонида шуд.
Ҳамзамон, ҳизби пойтахт бо мақсади арҷгузорӣ ба гузаштагон, тозаву озода намудани ҳудуди оромгоҳҳо аксияи мунтазамиро зери унвони "Ба гузаштагон эҳтиром мегузорем" доир менамоянд.
Дар ин муддат, сохторҳои ҳизб дар шаҳри Душанбе ҷиҳати дар сатҳи баланди фарҳангию сиёсӣ таҷлил намудани иди Наврўзи байналмилалӣ, Рўзи Ваҳдати миллӣ, Рўзи ҷавонони Тоҷикистон, 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рўзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рўзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҷмўи тадбирҳоро амалӣ намуда, як қатор маҷлиси тантанавӣ, ҳамоишу аксия ва чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ бо иштироки аъзоёну ҷонибдорони ҳизб ва сокинону шаҳрвандон доир намуданд.
Аз ҷумла, бахшида Рўзи ҷавонони Тоҷикистон Конференсияи илмӣ – назариявӣ таҳти унвони “Мо ҷавонон - созандагони фардои ватанем”, 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавии “Нақши ҲХДТ дар таҳкими Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Рўзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Забон – ҳастии миллат”, Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши ҳизбиёни пойтахт таҳти унвони «Бо Эмомалӣ Раҳмон – ба сӯйи ояндаи дурахшон», Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Конститутсия – ҳидоятномаи миллат”, Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Парчами давлатии Тоҷикистон - рамзи соҳибистиқлолии кишвар” ва Рўзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ - фарҳангии ҳизбиёни пойтахт таҳти унвони “Ҳизби зодаи истиқлол” ташкил ва баргузор карда шуд
Ҳамзамон, бо ибтикори сохторҳои шаҳрии ҳизб баҳри тавсеаи худшиносиву ватандўстии занону бонувон ва таблиғи фарҳанги миллӣ як қатор мулоқоту вохўрӣ, озмуну аксия ва маҳфилу мизҳои мудаввар таҳти унвонҳои “Саҳми бонувон дар таҳкими Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Модар яктост, Тоҷикистон яктост”, “Зан - модар пайвандгари имрӯзу фардо”, “Фидои дасти дуои модар мешавам”, “Кумак ба модар”, “Зан ва ҷомеа”, “Сабабҳои ҷудошавии оилаҳои ҷавон ва роҳҳои пешгирии он дар ҷомеа”, “Бонувон дар сиёсат”, “Хушбахтии модарон дар ваҳдат аст”, “Либоси миллӣ - таҷассумгари фарҳанги инсон”, “Оилаи намунавӣ”, “Оилаи беҳтарини ҷавон” ва ғайра ташкил карда шуд.
Сохторҳои ҳизб дар пойтахт инчунин, ҷиҳати тақвияти раванди тарбияи ватанпарастии наврасону ҷавонон, баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, таблиғу ташвиқи забономўзӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим як қатор ҷамъомаду ҳамоиш, аксияву чорабинӣ ва мусобиқаҳои варзиширо бо иштироки васеи наврасону ҷавонон зери унвонҳои “Эмомалӣ Раҳмон - Президенти варзишпарвар”, “Садоқат ба Президент - садоқат ба Ватан”, “Сарбози Ватан будан ифтихори ҷавонмардист”, “Ба Ватан содиқам” ва ғайра ташкил ва баргузор карданд.
Дар ин давра, инчунин, ташкилотҳои ҳизбии пойтахт ҷиҳати дастгирии ятимону бепарасторон, қишрҳои ниёзманди ҷомеа ва кумак ба ҷавонону донишҷўён саҳмгузорӣ намуда, ба 5994 бепарастору ниёзманд, ятими кулл ва собиқадори ҷангу меҳнат кумакҳои моддиву моливӣ расонида, 20 нафар маъюбро бо аробачаи маъюбӣ таъмин карданд.
Дар давраи аз истиқлол то истиқлол КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе аввалин бор миёни кумитаю ташкилотҳои ҳизбии пойтахт озмуни “Кумитаи беҳтарин”, “Ташкилоти беҳтарин”, “Вакили ташаббускор”, “Хабарнигори беҳтарин”, “Корманди беҳтарин” ва “Таблиғотчии беҳтарин”-ро роҳандозӣ намуда, беҳтаринро бо туҳфаҳои хотиравӣ ва диплому ҷомҳо қадрдонӣ кард. Дар ин муддат, ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарғиби ҳадафҳои Оиннома, Барномаи ҳизб, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, қонунҳои миллӣ, риояи одоби шаҳрнишинӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва инчунин саҳми ташкилотҳои ибтидоӣ дар корҳои ободониву созандагӣ дар асоси нақша – чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб, гурўҳҳои таблиғотӣ таъсис ёфта, миёни сокинони шаҳраку маҳаллаҳои шаҳри Душанбе мулоқоту вохўрӣ ва соати сиёсӣ доир карда шуд.

Хатлон

Тайи ду соли охир ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демо¬кратии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон маҷмӯи навоварию ташаббусҳо зери унвони “28 ташаббуси созанда” роҳандозӣ гардид.
Сохтмони биноҳои маъмурӣ аз муҳимтарин иқдоми ҳизбиёни вилояти Хатлон дар давраи корҳои бузурги созандагӣ маҳсуб меёбад, ки ин бо дастури Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демокра¬тии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтааст. Давоми як соли охир – аз Истиқлол то Истиқлол дар вилояти Хатлон 5 бинои маъмурии ҳизбӣ, ки дорои тарҳ ва шароитҳои муосир мебошанд бо саҳми фаъолони ҳизб тариқи ҳашар сохта мавриди истифодабарӣ қарор гирифтанд, ки онҳо биноҳои Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияҳои Темурмалик, Дӯстӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Панҷ ва Шаҳритус мебошанд.
Айни за¬мон корҳои сохтмонӣ дар бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дорад.
Қадами дигар, дар ин самт азнавсозии биноҳои маъмурии яко¬шёна мебошад, ки ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ нестанд.
“Соати сиёсӣ” ташаббуси дигари Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон маҳсуб меёбад ва он мувофиқ ба нақша дар як моҳ як маротиба рӯзҳои шанбе соати 11:00 доир мегардад. Аслан мавзуъҳои он, ба монанди асосҳо ва дастовардҳои сиёсии Тоҷикистон, Ваҳдати миллӣ, вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон дар як моҳи охир, экстремизм ва тундгароӣ дар ҷомеаи муосир ва таъсири онҳо ба ҷомеаи солим, ватандӯстӣ ва ҳувияти миллӣ, амнияти иттилоотӣ, идеология, асосҳои идеологии кишвар, эҳтиром ба мақоми мактаб, илму маориф ва омӯзгор ва ғайра мавриди омӯзиш қарор мегиранд. “Соати сиёсӣ” дар тамоми муассисаҳои таълимии ҳудуди вилояти Хатлон доир гардида, дар он шахсони соҳибтаҷриба, олимону коршиносони варзида ба ҳайси маърӯзачӣ даъват карда мешаванд. Дар доираи ин ташаббус, ки ибтидои моҳи апрели соли 2022 шурӯъ гашт, то миёнаҳои моҳи августи соли равон дар 1220 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва касбӣ 3592 суҳбату вохӯриҳо ва маърӯзаҳо бо фарогирии беш аз 154 ҳазор хонанда таъмин гардидааст.
“Мактаби ман” ташаббуси навест, ки ҳамчун дастоварди муҳим ва саривақтии Кумитаи иҷроияи вилояти ҲХДТ роҳандозӣ мешавад. Тибқи тақвими тасдиқшуда Амалиёти «Мактаби ман!», ки аз ибтидои моҳи май роҳандозӣ гашт то ба миёнаҳои моҳи август бо иштироки 5058 нафар хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти умумии солҳои хатмашон гуногун доир карда шуда, вобаста ба бартарафсозии камбудию норасоии муассисаҳои таълимӣ, ки ҳадафи амалиёт аст, суҳбатҳо доир гардида, пешниҳодҳо манзур карда шуданд.
Дар натиҷа аз тарафи хатмкардагон ҷиҳати бунёди муассисаҳои таълимӣ, синфхонаҳои иловагӣ, варзишгоҳ дар ҳудуди муассиса, бунёди ҳоҷатхонаҳо бо усули дренажӣ, таъмири синфхонаҳо ва таъмин бо мизу курсиҳо, ҷамъ бо маблағи беш аз 631 ҳазор сомонӣ саҳмгузорӣ (ҷалб) карда шуд. Ҳамзамон, вобаста ба сохтмони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, таъмири синфхонаҳои таълимӣ, дастрасии мизу курсиҳо, сафолакпушкунии роҳравҳои ҳудуди муассисаҳо, сохтмони майдончаҳои варзишӣ ва синфхонаҳои иловагӣ дар ҳаҷми беш аз ду миллион сомонӣ (2235045) маблағгузорӣ/саҳмгузорӣ ба нақша гирифта шуда, аллакай корҳо дар ин самт оғоз гардиданд.
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояяти Хатлон инчунин аксияи “Гулгашти ҳизбӣ бо дастрасии интернети ройгон” амалӣ намуд.
Гулгашти ҳизбӣ бо дастрасии Интернети ройгон дар шафати бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон (ш.Бохтар, кӯчаи Айнӣ 47) ташкил ёфтааст. Гулгашт аз Интернети ройгон (дар ҳамкорӣ бо ширкати ватании «TojNet»), майдони сабсазору гулзор ва 5 адад нишастгоҳи замонавӣ иборат мебошад.
Мақсади ташаббуси мазкур, ин фароҳам овардани шароити мусоид ба ҷавонон, аз ҷумла донишҷӯён барои дастрасии Интернети ройгон ҷиҳати такмили сатҳи дониш ва иҷрои корҳои маҷозӣ, ҳамчунин ба сокинони шаҳри Бохтар ҷиҳати истироҳати бофароғат ва пурмаҳсул дар муҳити орому осоишта мебошад.
Дар вилояти Хатлон ба ҳолати 01.07.2022 аъзои ҳизб 185551 нафарро ташкил дода, 48,5% занон ва 26,5% ҷавонон мебошанд.
Дар давраи ҳисоботӣ (2020-2022) дар ҳудуди вилояти Хатлон 27351 нафар, аз ҷумла аз сентябри 2021 то сентябри 2022 – 9957 нафар ба аъзогӣ қабул карда (ба қайд гирифта) шуданд, ки нисбат ба давраи гузашта 2,7 маротиб зиёд мебошад (давраи 2017-2019 – 9905 нафар)..
Новобоста аз ин, қарори қабул кардаи мо-ҳизбиёни Хатлон ҷиҳати ботадриҷ зиёд кардани сафи ҳизб аз ҳисоби ҷонибдорон, ки аз як тараф талаботи Оинномаи ҳизб буда, аз тарафи дигар ба азми самимии шаҳрвандон асос меёбад, ҳамчун фишанги муназзамсозӣ саривақтӣ буд. Муҳтавои ин қарор – ҳар як корманди ҳизбиро муваззаф гардонид, ки ҳар моҳ 10-12 нафар барои узвият ба ҳизб, ҷалб намояд.
Дар давраи ҳисоботӣ яке аз навовариҳо, ки ба сифати манбаи иловагии иқтисодӣ роҳандозӣ гардид, ин ташкили хоҷагиҳои ёрирасон дар назди кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳо мебошад.
Ин ташаббус дар ҳошияи дастуру ҳидояти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи ҳадафҳои барномавии ҳизб дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ, ба сифати роҳнамоии мардум ба истифодаи самараноки замин ва амалӣ намудани маҳсулоти коркардшудаи кишоварзӣ, инчунин рушди саноат ба роҳ монда шудааст.
Масъалаи мазкур дар Маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон санаи 15 феврали соли 2021 бо иштироки раисони шаҳру ноҳияҳо баррасӣ гардида буд. Гузашта аз ин, ҷиҳати ташкили хоҷагиҳои ёрирасони ҳизбӣ дар ҳудуди вилоят аз моҳи июли соли 2020 корҳо оғоз гардидаанд, зимнан дастури Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб аз 15.07.2020, №31 ва дастури Раиси вилояти Хатлон аз 24.08.2020, №10-3877 ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ирсол гардида буданд.
Ҳамин тариқ, ба ҳолати имрӯза дар назди кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳо 22 хоҷагиҳои ёрирасон дар доираи 40 га. замин таъсис дода шуданд. Дар соли 2022 дар 9 га. гандум, 3 га. картошка, 2 га. шолӣ, 6 га. ҷуворимакка в 2 га. юнучқа ва дигар зироатҳо кишт карда шудаанд.
Ҳамчун мехнизми муосири ҳавасмандгардонӣ дар муносибатҳои идоракунӣ дар вилоят “Рейтинги ҳизбӣ” ҷорӣ гардидааст, ки аллакай маҳсули худро бар бор овард.
Асоси ташаккулёбии Рейтинги ҳизбӣ аз ҳидояти Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (2019) бармеояд: «...имрӯз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба бознигарӣ ва таҷдиди кор бо мардум, пешниҳод ва татбиқи идеяҳои нави замонавӣ ниёз дорад».
Рейтинг намуди баҳогузории дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфта мебошад, ки иҷрокунандаро барои ба сатҳи нави коргузорӣ боло баромадан маҷбур месозад, аз ҷумла барои такмили дониш, иҷрои саривақтии уҳдадориҳо, бедор намудани завқу рағбат ба фаъолияти касбӣ ва иҷрои пурмаҳсули вазифаҳо ва ҳаракат кардан барои пешсафӣ.

Суғд

Ҳизбиёни вилояти Суғд тарғиби арзишҳои миллӣ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, ҳадафҳои оинномавию барномавии ҲХДТ ва нуктаҳои Паёми Сарвари давлатро асоси фаъолияти худ ҳисобида, ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои азими меҳнатӣ таҷлил намуданд ва аз Истиқлол то Истиқлол барои афзун намудани дастовардҳо ва ноил гаштан ба музаффариятҳои нав саъю талош варзиданд.
Танҳо зикри ҳамин нукта кофист, ки вобаста ба тарғиби Паём беш аз 700 мулоқоту вохӯриҳои судманд бо фарогирии 245400 нафар шаҳрвандони касбу кори гуногун ва табақаҳои мухталифи ҷомеа, зиёда аз 25 конфронс, 60 мизи мудаввар ва аксияҳо таҳти унвонҳои “Паёми Президент - ҳуҷҷати тақдирсоз ва саодатовар!”, “Паём-дурнамои имрӯзу фардо!”, “Паёми Пешвои миллат-раҳнамои ҳаёти босаодат!”, “Паёми Президенти кишвар - санади муҳимми худшиносии миллӣ!” баргузор гардиданд.
Ҳамчунин, бо мақсади тарғибу татбиқи Паём конфронси илмӣ – амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Паёми раҳнамо” баргузор гардид, ки дар он ходимони сиёсиву давлатӣ, олимону муҳаққиқон бо маърӯзаҳои судманду пурмӯҳтаво иштирок ва суханронӣ намуданд, ва ҳамаи ин маърӯзаҳо ба шакли китоб мураттаб карда шуданд.
Бояд қайд намуд, ки фаъолияти босамар ва мақсадноку ҳадафраси ҳизб, пеш аз ҳама, аз шароити мусоиди корӣ ва заминаҳои хуби моддиву техникӣ вобаста мебошад ва боиси ифтихормандии ҳизбиёни вилоят аст, ки танҳо дар давоми соли 2022 биноҳои маъмурии КИ ҲХДТ дар шаҳрҳои Гулистон, Исфара, Истаравшан ва Конибодом бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуданд. Биноҳои мазкур бо дастгирии КИМ, аъзои фаъоли ҳизб, соҳибкорони ватандӯсти шаҳру ноҳияҳо тариқи ҳашар мутобиқ ба талаботҳои замони муосир бунёд гардида, бори дигар ваҳдату муттаҳидӣ ва ҳамдилии ҳизбиёнро собит намуд.
Дар ин давра ҷиҳати беҳтар намудани шароити молиявии кумиҷроияҳо дар назди ташкилотҳои ҳизбии ноҳияи Зафаробод ва шаҳри Конибодом замин барои таъсиси хоҷагии ёрирасон ҷудо гардида, дар назди кумиҷроияи ҳизбии ноҳияи Айнӣ коргоҳи хурди хиштбарорӣ ва дар шаҳри Гулистон коргоҳи дӯзандагӣ ба фаъолият шурӯъ намуд. Бо дастгирии Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент низ чунин коргоҳ ба истифода дода шуд. Дар назди кумиҷроияи ҳизбии шаҳри Хуҷанд бошад баҳри беҳтар намудани вазъи молиявӣ парвариши занбӯри асал ба роҳ монда шуд.
Яке аз самтҳои асосии фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ масъалаҳои ташкили интизоми дохилиҳизбӣ ва қабули босифати узвият ба ҲХДТ ба ҳисоб меравад.
Баҳри тақвияти фаъолияти кори дохилиҳизбӣ бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят озмуни вилоятии “Кумитаи иҷроия, ташкилоти ибтидоӣ, шуъба ва бахшҳои беҳтарин” эълон гардид. Ҳамчунин, ҳар ҳафтаи аввали моҳ “Ҳафтаи тақвияти кори дохилиҳизбӣ” эълон карда шуд, ки ин иқдом дар самти пешбурди фаъолият ва ба низом даровардани фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ мусоидат намуд.
Бо мақсади омӯзиш, ивази таҷрибаи фаъолияти ҳизбӣ ва тақвият бахшидан ба фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ дар ин давра Рӯзҳои ҳизбиёни вилоят дар шаҳру навоҳии Панҷакент, Спитамен ва Мастчоҳ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилоят ва Раисони кумитаҳои иҷроияи шаҳру ноҳияҳо доир гардид.
Самараи чунин тадбирҳо буд, ки шумораи аъзо беш аз 8 ҳазору 818 нафар афзуда, теъдоди 55 адад ташкилотҳои ибтидоии нав таъсис дода шуд. Яъне, ба ҳолати 1-уми сентябри соли равон шумораи аъзои ҲХДТ дар вилояти Суғд ба 162 ҳазору 196 нафар расид, ки аз он 91 ҳазору 783 нафарро занҳо ва 63 ҳазору 496 нафарро ҷавонон ташкил медиҳанд.
Дар ҳамаи Кумитаи иҷроия, Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ ва Ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар вилоят ҳамасола бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани санаҳои таърихӣ ва ҷашнҳои милливу давлатӣ силсилаи чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ, тарбиявӣ, илмию маърифатӣ, таълимиву зеҳнӣ, варзишию солимгардонӣ, таблиғотиву ташвиқотӣ гузаронида мешаванд, ки ба болоравии тафаккури маънавӣ, вазъи иҷтимоӣ ва сатҳи маърифати ҷомеа мусоидат менамояд.
Бо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои шоёни занону бонувон, бузургдошти модар, тарбияи оилаҳои ҷавон дар рӯҳияи меҳнатдӯстӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои олии оилаву оиладорӣ, омӯзиши илм ва касбу ҳунар ҳамасола бахшида ба Рӯзи Модар бо иқдоми КИ ҲХДТ дар вилоят чорабиниҳои гуногуни сиёсиву фарҳангӣ ва маърифативу фароғатӣ гузаронида мешаванд. Аз ҷумла, соли равон ба ин муносибат ба 154 000 нафар занону бонувони вилоят “Номаи меҳр”-и КИ ҲХДТ дар вилоят тақдим карда шуд.
Ҷавонон нерӯи пешбарандаи ҷомеа ва ояндаи давлату миллат шуморида шуда, татбиқи сиёсати давлатии онҳо яке аз ҳадафҳои меҳварии ҲХДТ ба ҳисоб меравад.
Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нерӯву иродаи ҷавонони худогоҳу ватандӯсти кишвар такя карда, ба насли ҷавони кишвар пайваста таваҷҷӯҳ ва дастгириву ғамхориҳои бевосита зоҳир менамоянд. Қобили зикр аст, ки бо ҳидояти бевоситаи Пешвои миллат дар назди ҲХДТ ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” таъсис ёфта, соли 2021 ҷавонони вилоят 10-солагии онро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд. Дар доираи таҷлили 10-солагии ташкилот бо иқдоми КИВ ҲХДТ дар ҳамаи 18 шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳамоиши ҷавонон–аъзоёни ин ташкилот таҳти унвони “Тоҷикистон ба пеш!” дар сатҳи баланди ташкилӣ ва маърифатию фарҳангӣ бо иштироки бевоситаи раиси КИ ҲХДТ дар вилоят, Раисони шаҳру ноҳияҳо ва масъулони касбу кори гуногун гузаронида шуданд, ки дар фарҷоми ҳар як ҳамоиш шумораи зиёди наврасон ва ҷавонон бо додани ваъдаи тантанавӣ оид ба пайрави асили Пешвои миллат гардидан ва содиқ мондан ба қавли худ ба сафи ташкилот пазируфта шуданд.
Ғамхориву дастгирӣ нисбат ба ниёзмандон, беморон, собиқадорон яке аз ҳадафҳои меҳварии ҳизб маҳсуб ёфта, дар ин давр аз ҷониби кумиҷроияи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, вакилони мардумӣ аъзоёну соҳибкорон дар пайравӣ ба иқдомҳои хайрхоҳонаи Раиси муаззами ҳизб дар арафаи ҷашнҳои бузурги милливу давлатӣ 10 433 нафар чунин шахсон ба маблағи беш аз 2 миллиону 269 ҳазор сомонӣ аёдат карда шуда, ба онҳо маводи хӯрока ва кӯмакпулӣ дастрас гардид.
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо Идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд ду барномаи алоҳида таъсис додааст. Яке аз онҳо барномаи телевизионӣ таҳти унвони “Тоҷикон” мебошад, ки баҳри ташвиқу тарғиби таърихи пурғановати халқи тоҷик, омӯзиши ҳамаҷонибаи китоби “Тоҷикон”-и академик Бобоҷон Ғафуров бо иштироки мутахассисони соҳа ҳар моҳ ду маротиба сабт ва инъикос мегардад.
Ҳамчунин, соли равон бо иқдоми дигари Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилоят бо мақсади тарғиб ва ҳифзу гиромидошти фарҳангу адабиёти пурғановати миллӣ, ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, ғояҳои ватандӯстӣ, рушди маърифату маънавиёти ҷавонон, нигоҳдошти анъанаҳои бузурги аҷдодӣ барномаи нави адабӣ таҳти унвони “Гулчини маънӣ”моҳе ду маротиба сабту пахш шуда истодааст, ки таҳлилҳо ва нақли ҳикматомези осори адибонро, ки дар тарбияи ахлоқию маънавии насли ҷавон ва ҷомеа нақши муассир доранд, фарогир мебошад.

Бадахшон
Дар тўли фаъолият КИ ҲХДТ дар ВМКБ хамчун қувваи пешбаранда ва яке аз ташкилотҳои бонуфуз дар байни ҷомеа эътироф гарди¬да, дар асоси дастуру супоришҳои Раиси ХХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Рахмон оид ба дар амал татбиқ намудани Барномаи ҲХДТ, талаботҳои оинномавии он, зиёд намудани аъзоёни ҳизб, иҷрои корҳои созандагиву ободон= дар шаҳр ва деҳот, дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронидани чорабиниыои муҳими сиёсӣ, аз ҷумла, интихоботҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоботи вакилон ба Маҷлиси маҳалии вакилони халқи ВМКБ ва ноҳияҳо саҳми назаррас гузошт.

Обрую эътибори ҲХДТ дар баӣни аҳолӣ афзуда, сафи хоҳишмандони узвият сол то сол зиёд мешавад. Ба санаи 1 сентябри соли 2022 сафи аъзои хизб ба 14348 нафар ва шумораи ташкилотҳои ибтидоии он ба 400 адад расид.
Зимнан дар интихоботи соли 2020 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои вилоятӣ дар аксари куллли ҳавзаҳои интихоботӣ номзадҳои ҳизб пешбарӣ шуданд ва дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 99 фоизи интихобкунандагон ба ҷонибдории номзади ҲХДТ, Пешвои миллат, Раиси муаззами XXДТ муҳтарам Эмомалӣ Рахмон овоз доданд.
Ҳамҷунин, Кумитаи иҷроия, ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ барои тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии хурўҷи бемории КОВИД-19 корҳои зиёди амалӣ ва тарғиботиро роҳандозӣ намуд ва ин корҳо мин- баъд низ идома хоҳад ёфт.
Ҳамзамон, бо иштироки Хайринисо Юсуфи- муовни Раиси ҲХДТ, Фелалиев Русам- Раиси КИ ҲХДТ дар ВМКБ, Мирзонабот Алишер Худобердӣ- раиси ВМКБ, Додхуда Фаррух Муборакшо- раиси нохияи Рўшон сехи дўзандагӣ, ки бо дастгирии КИМ ҲХДТ ва дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои соҳиби кору касб ва ҷои кор гардидани бонувони хонанишин 15 адад мошинаи дўзандагӣ дастрас гардида, дар вазъияти татанавӣ ба истифода дода шуд.
Дар давоми сол барои 31 нафар таълимгириндагони Литсейи касбии махсуси маъюбон курткаву пойафзоли зимистона барои мактаб- интернати ҷумҳуриявӣ 2,5 тонна маводи хўрокаи ниёзи аввал аз қабили шакар, равған, пиёз, сабзӣ, гушт кумак расонида шуд.
Дар асоси дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи марказии ҳизб дар доираи маъракаи мукоисакунии аъзоёни хизб ва аксияи Шаходат- номаи хизбӣ- ифтихори ман” дар ташкилотхои ибтидоии хизбӣ ба масъалахои хуҷҷатгузорӣ, мукоисакунии аъзоён, рохандозии кори хизбӣ, бехдошти нишондихандахои сифатии қабул ба сафи хизб эътибори ҷиддӣ дода, ба аъзоёни нави хизб супоридани Шаходатномахои узвият дар вазъияти тантанавӣ сурат мегирад.
Давоми нимсолаи аввали соли 2022 ба даври шаҳрии озмуни эълоннамудаи Кумитаи иҷроияи марказии ҳизбӣ “Мо бо шумоем”, ки ба хаёти фаъоли ҷамъиягӣ ҷалб намудани наврасону ҷавонони имконияташон маҳдудро пайгирӣ менамояд, 22 нафар наврасону ҷавонон ҷалб шуда, ғолибони он бо сипоснома ва мукофотхои пулӣ қадрдонӣ карда, хамаи иштирокчиён мукофотонида шуданд. Боиси хушнудист, ки аз фиристодагони Кумитаи иҷроияи вилояти 8 нафар дар даври вилоятӣ ва як нафар дар даври ҷумхуриявии озмун сохиби ҷоӣхои ифтихорӣ гардиданд.
Дар даври вилоятии махфил- озмуни ҷумхуриявии “Накши китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров дар шинохти асолати миллӣ”, ки бо дастури Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ ба ифтихори 30- солагии Истикдоли давлатии Тоҷикистон рохандозӣ мешавад, 3 нафар ғолибон бо Диплом ва туҳфаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДГ дар ВМКБ сарфароз гардонида шуданд.
Ба ин хотир Кумитаи иҷроия дар хамкори бо макомоти иҷроияи махаллии хокимияти давлатии вилоят ва ташкилотхои ибтидоии хизбӣ накшаи корхои ободонию созандагӣ ва тарғиботиро барон истикболи санаҳои мухими таърихӣ тарҳрезӣ намуда, дар ин замина як катор корҳоро ба ҷо овард. Аз ҷумла, бо ҷалби фаъолони ҳизб сохибкорон, вакилони Маҷлиси шаҳрӣ ноҳиявӣ ва вилоятӣ дар ҷамоатҳои дехоти шаҳру ноҳияҳои вилоят таъмири синфхонаҳо бо таҷхизоти таълимӣ таъмин карда, маидончаҳои хозиризамони варзишӣ бунёд карда шуданд ва ин корхо ҳоло идома доранд. Дар малмуъ, ба муносибати ин ҷашни умумихалқӣ бунёди 305 иншооти таъиноти гуногун ба накша гирифта, хамаи онхо мавриди истифода карор дода шуданд, ки дар ин самт низ фаъолони хизб дар сафи аввал карор доштанд.
Кор бо занон ва ҷавонон дар фаъолияти Кумитаи иҷроияи хизб ҷоӣгоҳи хосаро сохиб аст. Хамҷунин зиёда аз 4009 нафар ҷавонон дар 305 ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ намоиши намояняндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” сарҷамъ гаштаанд.
Рашт

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт дар фаъолияти худ бо халқ ва дар хизмати халқ буданро шиори фаъолияти худ намуда, рисолати аслии ҳизбро дар пиёда сохтани сиёсати иҷтимоии давлат- расидан ба зиндагии шоиста амалӣ намуда истодааст.
Маҳз ба хотири беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии мардум дар паёми Президенти мамлакат, Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2022-2026, яъне то ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Солҳои рушди саноат» эълон карда шуд. Ҷиҳати рушди бомароми соҳаи саноат дар ноҳия «Барномаи рушди саноат дар ноҳияи Рашт барои солҳои 2021-2025» таҳия гардидааст.
Дар доираи Барномаи болозикр бо ҷалби маблағҳои соҳибкорон ва шарикони рушд дар ин давра 21 адад, аз ҷумла дар солҳои 2022-2023 таъсиси 6 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ дар назар дошта шудааст.
Мавриди зикр аст, ки пеш гирифтани чунин иқдоми наҷиб воқеият ва талаботи замони муосир мебошад, зеро бе таъсису фаъолияти корхона ва коргоҳҳои саноатӣ давлат чандон рушд намекунад. Ин дар пешрафти давлатҳои мутарақии ҷаҳон зиёд ба назар мерасад.
Ҳалли саривақтии масоили иҷтимоии аҳолӣ ва фароҳам овардани шароит ҷиҳати зиндагии арзандаи мардум, аз ҷумла бо роҳи мунтазам таъсис додани ҷойҳои нави корӣ ва зиёд намудани даромади аҳолӣ аз ҷумлаи масоили муҳимтарин дар ин давра мебошад.
Қобили зикр аст, ки дар филиали муассисаи давлатии «Маркази калонсолони Тоҷикистон» дар ноҳияи Рашт дар нимсолаи аввали соли равон 100 нафар, аз ҷумла 50 нафар духтарони хонашин ба курсҳои кўтоҳмуддати дўзандагӣ, омўзиши компютер, устои автомобил, кафшергари газию барқӣ ҷалб карда шуданд.
Фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт гувоҳи он аст, ки ҳизб бо андешаҳои тоза ифодакунандаи манфиатҳои сокинони ноҳия мебошад.
Аъзои ҲХДТ дар ҳаллу фасли мушкилоти мардум ва дар ин замина, сафарбар кардани аҳолӣ ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ, таъмиру ободонии кўчаю маҳаллаҳо, корҳои хайру сахо, фаро гирифтани сокинон ба шуғл натиҷаҳои дилхоҳ доданд.
Фаъолияти самарабахш ва дастовардҳои кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру навоҳии кишвар, барои ба таври сазовор истиқбол гирифтани 31-умин солгарди Истилолияти давлатӣ дар шумораҳои дигари ҳафтаномаи “Минбари халқ” инъикос хоҳанд ёфт.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: