Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » МАРҲИЛАИ ТОЗАИ БУНЁДКОРИҲО

МАРҲИЛАИ ТОЗАИ БУНЁДКОРИҲО

11-08-2022, 12:20
Хабарро хонданд: 701 нафар
Назарҳо: 0
МАРҲИЛАИ ТОЗАИ БУНЁДКОРИҲО
Гузориш аз ҷараёни сафари Сарвари давлат ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд

9 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва дигар масъулон истиқбол гирифтанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафари корӣ ба як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар ифтитоҳи иншооти нави таъиноти гуногун иштирок намуда, бо рафти корҳои кишоварзӣ, истифодаи самараноки замин, истеҳсоли маҳсулоти озуқа, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ, захираи озуқаворӣ шинос мешаванд ва бо аҳли заҳмату сокинони вилоят вохӯрию мулоқотҳо анҷом медиҳанд.
Бӯстон
Ифтитоҳи Филиали Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Ҳамон рӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон Филиали Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро дар вилояти Суғд расман ифтитоҳ бахшиданд.
Филиали мазкур моҳи августи соли 2004 бо қарори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъсис дода шудааст.
Филиали Агентӣ аз маъмурият, сектори илмӣ-таҳқиқотӣ ва хизматрасониҳои техникӣ, бахши иҷозатномадиҳӣ, санҷиш ва вокуниш ба садамаҳои химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ иборат аст.
Бинои нави филиали агентӣ дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд бо мақсади амалӣ намудани ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ва Консепсияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба безараргардонӣ ва солимгардонии маҳфузгоҳҳои партовҳои коркарди маъдани уран барои солҳои 2014-2024 бунёд шудааст.
Бинои нави филиали агентӣ аз 3 ошёна, таҳхона, 2 ошёнаи болоӣ дар масоҳати қитъаи замини 607 метри мураббаъ иборат буда, аз ҷониби муҳандис-бинокорони шуъбаи сохтмони асосии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон сохта шудааст.
Сохтмони бинои филиали агентӣ моҳи майи соли 2021 оғоз ва моҳи июни соли 2022 анҷом ёфтааст.
Дар ошёнаи якуми бино ҳуҷраҳои кории кормандон, қабулгоҳ барои шаҳрвандон, ҳуҷраҳои кории секторҳои филиали агентӣ, бахши илмӣ-таҳқиқотӣ ва хизматрасониҳои техникӣ, сектори иҷозатномадиҳӣ, санҷиш ва вокуниш ба садамаҳои химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ, толори маҷлисгоҳ ҷойгир шудаанд.
Дар ошёнаи дуюми бино як толори барҳавои замонавӣ барои 40 ҷойи нишаст ва 2 ҳуҷраи махсус мавҷуд буда, барои фаъолияти Маркази матбуот ва Маркази омӯзишӣ пешбинӣ гардидааст.
Дар таҳхона озмоишгоҳҳо ҷойгир шуда, дорои 4 ҳуҷраи корӣ мебошанд. Озмоишгоҳҳои радиохимия ва спектрометрия бо таҷҳизоти муосири ченкунии фони радиатсионӣ, дозаи радиатсионӣ ва гузаронидани таҳлилҳо, корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ муҷаҳҳаз карда шудааст.
Ҳамчунин, дар филиали агентӣ озмоишгоҳҳои сайёр таъсис дода шудаанд, ки бо мошинҳои махсус барои интиқоли маводу партовҳои радиоактивӣ ва муайян намудани гардиши ғайриқонунии маводи радиоактивӣ муҷаҳҳаз мебошанд
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо бинои навбунёди филиали агентӣ, шароитҳои кории фароҳам овардашуда шинос шуда, таъкид доштанд, ки ин ниҳоди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамчун мақоми танзимгари давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии ядроӣ, радиатсионӣ ва ҳамоҳангсози амнияти химиявӣ ва биологӣ нақши муҳим дорад.
Дар филиали агентӣ 20 нафар кормандон, аз ҷумла докторон ва номзадҳои илм фаъолият менамоянд. Қисмати асосии кормандонро ҷавонон ташкил медиҳад, ки дар марказҳои бонуфузи илмии мамлакатҳои пешрафта таҳсил ва аз таҷрибаомӯзӣ гузаштаанд.
Бояд гуфт, ки филиали агентӣ дар танзими давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии ядроӣ, радиатсионӣ ва ҳамоҳанг сохтани кор дар самти амнияти химиявӣ ва биологӣ дар вилояти Суғд нақши муҳим дорад.
Ифтитоҳи Коргоҳи дӯзандагӣ
Дар идомаи сафар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд Коргоҳи дӯзандагии Корхонаи воҳиди давлатии “Фулузоти нодири Тоҷикистон”-ро ба истифода доданд.
Дар ин коргоҳи дӯзандагӣ 45 нафар занону бонувон ва духтарони бешуғл бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, дар навбати аввал музди маошашон 1800 сомониро ташкил медиҳад.
Коргоҳи дӯзандагӣ дар заминаи корхонаи фаръии “Зари Суғд”-и Корхонаи воҳиди давлатии “Фулузоти нодири Тоҷикистон” дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саҳм гузоштан дар татбиқи саноатикунонии босуръати мамлакат ташкил гардидааст.
Дар коргоҳи дӯзандагӣ истеҳсоли либоси мактабӣ, либосҳои махсус барои кормандони соҳаҳои гуногун ба роҳ монда шуда, ба сифати маҳсулот таваҷҷуҳи бештар равона шудааст.
Дастгоҳу таҷҳизоти дӯзандагиву истеҳсолӣ аз давлатҳои Туркия, Чин ва ӯзбекистон ворид карда шуда, дар умум маблағи сармоягузорӣ қариб 2 миллион сомонро ташкил медиҳад.
Коргоҳи дӯзандагӣ иқтидор дорад, ки дар як сол ба маблағи 10 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда, талаботи сокинони шаҳри Бӯстонро бо либоси мактабӣ таъмин намуда, бо дигар минтақаҳои вилояти Суғд дар ин самт ҳамкориро ба роҳ монад.
Масъулини коргоҳ нақша доранд, ки дар асоси фармоиш либосҳои мактабиро бо тарҳи зебо ва бо сифати хуб омода намоянд.
Коргоҳи дӯзандагии “Фулузоти нодири Тоҷикистон” аз ду минтақа иборат мебошад. Дар минтақаи аввал истеҳсоли либоси мактабиву корӣ, дар минтақаи дуюм бошад, либосҳои махсуси ивазкунандаи воридот, аз ҷумла либосҳои махсуси низомӣ, либосҳои муҳофизатии химиявӣ, хаймаҳои саҳроии ҳарбӣ, болопӯши нақлиёти низомӣ ва болопӯшҳои қароргоҳи низомӣ истеҳсол мегардад.
Ба коргоҳ таҷҳизоти муосири ороишгарӣ ва нусхагирии маҳсулот ворид карда шудааст, ки кори ороишгарону дизайнеронро осон мекунад.
Дар коргоҳи мазкур дастгоҳҳои муосир муҷаҳҳаз бо барномаҳои махсуси автоматӣ ва фарогири 280 намуди ороиш барои омода намудани кӯрпаҳои гуногунҳаҷм мавҷуд буда, ин тасмим барои рақобатпазир будани маҳсулот мусоидат мекунад.
Масъулини корхона маҳсулоти истеҳсоли коргоҳи дӯзандагиро ба намоиш гузоштанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки ба сифати маҳсулоти истеҳсолӣ бештар таваҷҷуҳ равона карда шавад.
Дар асоси ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарфиятҳои истеҳсолӣ дар корхона марҳила ба марҳила истифода гардида, бо ин васила ҷойҳои нави корӣ муҳайё ва ҳаҷми истеҳсолот зиёд мегардад.
Зимни муаррифии лоиҳаи ташкили хатҳои нави истеҳсолӣ дар заминаи Корхонаи воҳиди давлатии “Фулузоти нодири Тоҷикистон” ба Сарвари давлат маълумот дода шуд, ки дар солҳои оянда сехи истеҳсоли либоси варзишӣ бо 23 ҷойи нави корӣ, хатти истеҳсоли қуттиҳо барои тухм бо 18 ҷойи корӣ, сехи истеҳсоли чархҳои буранда бо 30 ҷойи корӣ ва нуқтаи хизматрасонии техникӣ бо 15 ҷойи корӣ ташкил мегардад. Дар сехҳои нав асосан маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда истеҳсол карда мешавад.
Коргоҳи нави қолинбофӣ
Дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Коргоҳи қолинбофии Корхонаи воҳиди давлатии “Фулузоти нодири Тоҷикистон”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Коргоҳи қолинбофии дастӣ бо истифода аз нахи абрешим дар мамлакат нахустин буда, дар коргоҳ ҳунармандони тоҷик дар якҷоягӣ бо ҳунармандони кишвари дӯсту бародар Ҷумҳурии ӯзбекистон ба бофтан ва омода намудани қолинҳои хуштарҳ машғуланд.
Дар коргоҳи қолинбофӣ 14 нафар занону духтарон бо омезиш додани тору пуд дар қолинҳо нақш меофаранд. Барои омода намудани як қолини дастибоф мувофиқ ба ҳаҷмаш то 6 моҳ ва зиёда аз он вақт сарф мешавад. Ба коргоҳ 14 адад дастгоҳи қолинбофӣ ва дигар намуди ҳунарҳои дастӣ аз Ҷумҳурии ӯзбекистон ворид шудааст. Ҳунари дастӣ, ки заҳмати бештарро талаб мекунад, ҳамеша харидорони зиёд дорад.
Дар замони соҳибистиқлолӣ ба масъалаи эҳёи анъанаҳои миллӣ, аз ҷумла ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷуҳи бештар равона шуд. Бо дастгирӣ ва ғамхории Ҳукумати мамлакат садҳо марказҳои ҳунармандӣ, аз ҷумла атласу адрасбофӣ ва қолинбофӣ ташкил гардида, дар самти соҳибкасб шудани занону духтарони бешуғл замина фароҳам оварда шуд.
Бино ба маълумоти оморӣ дар вилояти Суғд 283 маркази ҳунармандӣ амал мекунад. Маҳсули ҳунари дастии ҳунармадонро асосан сайёҳон, ки ба Тоҷикистон ташрифашон сол аз сол зиёд мегардад, ҳамчун армуғон харидорӣ мекунанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо ҳунармандони коргоҳи қолинбофии Корхонаи воҳиди давлатии “Фулузоти нодири Тоҷикистон” ва ҳунармандони вилояти Марғелони Ҷумҳурии ӯзбекистон ба маҳсули ҳунари дасти ин бонувон баҳои баланд дода, барои рушди ҳунари қолинбофӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ масъулинро вазифадор намуданд.
Корхонаи истеҳсолии коғазҳои ранга
Дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон Корхонаи истеҳсоли коғазҳои рангаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Дурахшон Бӯстон”-ро ба истифода доданд.
Корхонаи нави саноатӣ бо саҳми соҳибкори ватанӣ Ғайбулло Раҳмонов, бо мақсади таъмини бозори дохила бо маҳсулоти ватании ивазкунандаи воридот, бо 20 ҷои корӣ, дар масоҳати 0,47 гектар таъсис дода шудааст.
Барои бунёди корхона ва таъмини таҷҳизоти технологияи инноватсионӣ 7 миллион сомонӣ маблағ харҷ карда шудааст.
Дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсолӣ аз ширкатҳои бонуфузи Ҷумҳурии Мардумии Чин харидорӣ ва насб карда шуда, махсулот дар тачхизоту дасгохи муосир бо риояи технологияхо дар якчанд мархила амали мегардад.
Ифтитоҳи корхонаи нави истеҳсоли қоғазҳои ранга ташаббус ва иқдоми соҳибкорони ватанӣ дар заминаи тавҷӯҳи Пешвои миллат ва дастгирии давлатии соҳибкории истеҳсолист. Иқтидори истеҳсолии корхона дар як моҳ 20 тонна ва дар як сол 240 тонна коркарди ашёи хом мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ташаббусҳои созандаи сохибкорон оид ба хиссагузорӣ дар панҷсолаи рушди соҳаи саноат баҳои баланд дода, таькид намуданд, ки маҳс рушди соҳаи саноат аз имконияту иқтидорҳои таҳкими содирот мебошад.
Дар саҳни корхонаи истеҳсоли коғазҳои рангаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Дурахшон Бӯстон” маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхонаҳои саноатии шахри Бӯстон, аз ҷумла корхонаи истеҳсоли қубурҳои оҳанин ва профилҳои ҶДММ “Ганҷофар”, корхонаи истеҳсоли мехи печони ҶДММ “Нуртез”, корхонаи истеҳсоли халтаҳои калонҳаҷми ҶДММ “Суғдпак-2”, маҳсулоти истеҳсоли ЧДММ “Мироб”, ЧДММ “Гарант Микст”, ҶДММ “Зиннат” ва ҶДММ “Тоҷфилиз” ба намоиш гузошта шуд.
Саноатчиёни шаҳри Бӯстон дар нимсолаи аввали соли равон ба маблағи 286,2 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд. Маврид ба зикр аст, ки аз соли 2017 то ин ҷониб дар шаҳри Бӯстон бо иштироки бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 17 корхонаи саноатии гуногун мавриди баҳрабардорӣ карор гирифта, дар натиҷа садҳо нафар сокинон соҳиби ҷойи кор шуданд.

Бобоҷон Ғафуров
Корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ ва полиэтиленӣ
9 август дар доираи сафари кории худ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ ва полиэтилении Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ориён Пак”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Корхонаи мазкур дар масоҳати 0,54 гектар, бо харҷи 4,6 миллион сомонӣ сармояи дохилӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ Муинҷон Ҳусайнов, Файзуллоҷон Улмасбоев ва Саидакмал Олимов бунёд шуда, аз ду ошёна иборат аст.
Дар ошёнаи якуми бино истеҳсоли ресмону ороиши халтаҳо ва дар ошёнаи дуюм истеҳсол ва бандубасти халтаҳо ба роҳ монда шудааст.
Зимни боздид аз корхонаи мазкур Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарият ва мутахассисони ин корхонаи истеҳсолӣ дастур доданд, ки ба сифати маҳсулот таваҷҷуҳ дода, содироти онро ба роҳ монанд.
Дар корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ ва полиэтиленӣ дар маҷмуъ 100 ҷойи корӣ мавҷуд буда, айни замон 86 нафар сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъминанд. Маоши миёнаи кормандон аз 1 ҳазору 200 то 1 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад.
Тамоми таҷҳизоти корхона аз Ҷумҳурии Мардумии Чин дастрас карда шудааст. Шумораи дастгоҳ аз 32 мошини бофандагӣ, 4 мошини дӯзандагӣ ва 5 дастгоҳи ресандагию ороишӣ иборат буда, маҳсулоти истеҳсолнамудаи он ҷавобгӯи меъёрҳои ҷаҳонӣ мебошад.
Дар корхона дар як шабонарӯз аз 20 то 25 ҳазор дона халта истеҳсол карда мешавад. Нархи халтаҳо бо ҳаҷм ва сифати онҳо вобаста мебошад.
Соҳибкорон ашёи хомро аз давлатҳои ӯзбекистон, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Туркманистон ворид менамоянд.
Маҳз таваҷҷуҳ ва дастгириҳои Пешвои миллат нисбат соҳибкорон аст, ки дар воридоти маҳсулоти хом имтиёзҳо пешбинӣ шуд ва ин иқдом боиси рушди соҳаи саноат ва амалишавии ҳадафи чоруми мамлакат - саноатикунонии босуръати кишвар гардид.
Боздид аз ангурзори Хоҷагии деҳқонии “Дӯстӣ”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Дар ҷараёни сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ангурзори Хоҷагии деҳқонии “Дӯстӣ”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дидан намуданд.
Хоҷагии ангурпарварии “Дӯстӣ”-ро оилаҳои Муҳиддиновҳо ва Тоҳировҳо аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бунёд намуда, имрӯз зиёда аз 10 нафар аъзои ин ду оила дар майдони токзор ба ангурпарварӣ машғул ҳастанд.
Зимни шиносоӣ бо фаъолияти токзор хоҷагидорон ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки хоҷагии ангурпарварӣ соли 2015 дар ҳамкорӣ ва бо истифода аз таҷрибаи бойи токпарварони шаҳри Турсунзода бунёд карда шудааст.
Масоҳати умумии хоҷагии ангурпарварии “Дӯстӣ” 3 гектарро ташкил дода, дар он 1000 бех ниҳоли ангури навъҳои “ҳусайнӣ”, “шоҳона”, “победа”, “ҳусайнии сиёҳ” ва дигар намудҳо пеш аз ҳама барои таъмини бозори дохилӣ ва ҳам содирот нигоҳубину парвариш карда мешаванд. Хоҷагидорон аз он изҳори қаноатмандӣ доранд, ки аллакай ду сол инҷониб аз ин токзор ҳосили фаровони ангур ба даст оварда истодаанд. Соли гузашта ҳосили аввали ин майдони токзори навбунёд 25 тоннаро ташкил дод. Имсол бошад ҳосили ангур дар майдони токзори хоҷагӣ хеле фаровон буда, интизор меравад, ки ангурпарварон дучанд ҳосил мегиранд. Мавриди зикр аст, ки парваришу нигоҳубини ангур дар хоҷагии “Дӯстӣ” аз рӯи таҷрибаву анъанаҳои миллии ангурпарварии халқи тоҷик бо истифода аз талаботи агротехникии пешрафта ва муосир, аз ҷумла усули интенсивӣ ба роҳ монда шуда аст.
Зимни суҳбат бо хоҷагидорон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз кору фаъолияти ангурпарварон, ҷамъоварии ҳосили рӯида дар токзори хоҷагӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, барои боз ҳам зиёд кардани майдони токзори хоҷагӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, ба роҳ мондани нигоҳубину парвариши навъҳои дигару ҳосилхези ангур, зиёд намудани ҳосилнокӣ ба масъулони хоҷагӣ маслиҳатҳои муфид доданд.
Боздид аз боғи себ ва бодоми “Боғи миллии Ваҳдат”
9 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафар ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз боғи себ ва бодоми муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат” дидан намуданд.
Боғи себ 5,21 гектарро ташкил дода, дар он асосан навъи самаренко, ки маъмултарин намуди себ ба ҳисоб меравад, парвариш меёбад. Дар ин масоҳат ниҳолҳои себ 1400 бех буда, бо андозаи 6 бар 6 шинонида шудаанд. Ин тарзи анъанавӣ бунёди боғ мебошад. Алҳол боғи себ ғарқи ҳосил аст ва меваи он дар моҳи сентябр пурра пухта мерасад.
Гуфтан ба маврид аст, ки боғи себ соли 2008 таъсис дода шуда, он аз соли 2013 самар медиҳад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат бо хоҷагидорону боғдорон таъкид намуданд, ки боғу боғдорӣ аз самтҳои муҳиму афзалиятноки соҳаи кишоварзӣ буда, Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон баҳри рушди соҳа, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли меваҳои шаҳдбор, ки дар баробари таъмини бозорҳои ватанӣ аз иқтидорҳои содиротии кишвар ба ҳисоб меравад, тадбирҳо меандешад.
Боғи бодом дар ин мавзеъ дар 4 ғектар соли 2008 бунёд шуда, дар масоҳати 6 бар 4 1200 бех ниҳоли бодом шинонида шудааст.
Давраи пухта расидани меваи донакдори бодом июлу август арзёбӣ мегардад. Парваришу ҳосилбандии меваи бодом собит менамояд, ки иқлиму обу хоки минтақа ба парваришу истеҳсоли бодом мувофиқ аст. Намудҳои “лангедок”, “десерти”, “пистабодом” аз навъҳои асосии боғи бодом мебошанд.
Дар маҷмуъ, дар “Боғи миллии Ваҳдат” дар 33,21 гектар боғи себ бо фарогирии навъу намудҳои “Ҳусни Юсуф”, “Ренет”, “Розмарин” ва “Самаренко” ва дар 12,14 гектар боғи бодом мавҷуд аст.
Боздид аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии вилояти Суғд
Ҳамчунин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат” аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва анвои меваю сабзавот боздид намуданд.
Дар намоишгоҳ кишоварзони меҳнатқарини шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, ки имрӯзҳо дар ҳама бахшҳои кишоварзӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд, самараи мехнати худро ба маъраз гузоштанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо маҳсули заҳмати сокинони 18 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд ба роҳбарони шаҳру ноҳияҳо ва мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ҷиҳати истеҳсолу захираи кофии маводи ғизоӣ, хӯроки чорво, афзоиши иқтидори истеҳсолии хоҷагиҳо, таъмини бозорҳои кишвар бо маҳсулоти тару тозаи босифат ва содироти он ба хориҷи кишвар дастуру тавсияҳо доданд.
Кишоварзони вилояти Суғд соли ҷорӣ ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин баҳри дар амал татбиқ намудани барномаҳои давлатӣ софдилонаю муташаккилона фаъолият намуда, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ кишту парвариши 279 ҳазору 768 гектар зироатро амалӣ намуданд, ки дар қиёс нисбат ба ҳамин давраи соли пешин зиёд мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз фаровонии асал, тарбузу харбуза, ангур, помидор ва дигар навъҳои меваю сабзавот ва полизию лубиёгиҳо, ки аксаран маҳсулоти содиротӣ мебошанд, изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид доштанд, ки истеҳсоли чунин маҳсулот ва коркарди он дар корхонаҳои саноатӣ бояд афзун гардад ва аз ин ҳисоб иқтидори содиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон боло бардошта шавад.
Зимни тамошои намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба натиҷаҳои фаъолияти аҳли заҳмат ва дастовардҳои бузурги меҳнатии онҳо баҳои баланд дода, рушди соҳаи кишоварзиро омили муҳими таъминкунандаи амнияти озуқаворӣ арзёбӣ карданд.
Дар намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, соҳибкор аз Ҷумҳурии ҳамсояи ӯзбекистон Муминҷон Юлдошев лоиҳаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Суғд – Фарғона Агрокластер”-ро муаррифӣ намуд.
Иттилоъ дода шуд, ки ҷиҳати зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли пахта ва то ҳадди ниҳоӣ коркард намудани он бо истифода аз заминҳои бекорхобидаи ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Ашт 20 ҳазор гектар замин дар амалишавии лоиҳа фаро гирифта мешавад.
Барои амалишавии лоиҳа маблағгузории 52 миллион доллари америкоӣ пешбинӣ гардида, дар марҳалаи якум 5 ҳазор нафар ва дар марҳилаи дуюм то 20 ҳазор нафар бо ҷойи кор таъмин мегарданд.
Дар марҳилаи аввали амалишавии лоиха 5000 гектар замин тариқи обёрии қатрагӣ ба гардиши кишоварзӣ дароварда мешавад.
Нақшаҳои оғози ҳамкориҳоро бо ҷалби сармояҳои мустақим дар самти истифодаи самараноки замин, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, хусусан нахи пахта ва коркарди минбаъдаи онро дар коргоҳу корхонаҳои бунёдшаванда Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз иқдоми наҷиби соҳибкор маънидод намуданд.

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: