Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » ПЕШВОИ МИЛЛАТ – РОҲНАМОВУ ҲИДОЯТГАРИ ВАРЗИШГАРОН

ПЕШВОИ МИЛЛАТ – РОҲНАМОВУ ҲИДОЯТГАРИ ВАРЗИШГАРОН

9-08-2022, 14:31
Хабарро хонданд: 961 нафар
Назарҳо: 0
ПЕШВОИ МИЛЛАТ – РОҲНАМОВУ ҲИДОЯТГАРИ ВАРЗИШГАРОН
Дар таърихи миллатамон соҳиби давлати комилан мустақил шудан руйдоди нодири таърихӣ мебошад ва бешак бо гузашти солҳо барои сокинони кишвар Истиқлолияти давлатӣ, ки соле қабл, аз 30 солагии он натиҷагирӣ кардем, аҳамияти қавитару бештарро касб менамояд. Ва имрӯз мардуми мо албатта ифтихорманд аст, ки бо номи Тоҷикистон давлати мустақил ва Ватани ободу осоишта дорад.
Гарчанде Тоҷикистон солҳои нахустини истиқлолият ба мушкилоту монеаҳо дучор омад ва дар ин раванд роҳи душвори ташаккули давлатдориро аз сар гузаронд, халқи тоҷик, ки аз азал марзу буми худро дӯст медораду барояш ҷоннисорӣ мекунад, бори дигар собит сохт, ки дорои заковату хирад буда, қудрати бартарафсозии ҳар як душвориро дорад. Дар ин ҷараён Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имсол аз 30-солагии он истиқбол мегирем, бо интихоби асосгузори давлати навини соҳибихтиёр, абармарди сиёсат, фарзанди фарзонаи халқи тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи халқамон саҳифаи тақдирсозу дурахшоне гардид, ки ба дигаргунсозиҳои сарнавиштсоз, бунёди таҳкурсии устувор ва рушду такомули минбаъдаи мамлакат асос гузошт.
Тавре аз сарчашмаву далелҳои таърихӣ бармеояд, инсоният дар тӯли таърих ба бисёр дастовардҳои бузурги фарҳангӣ ва илмиву иҷтимоӣ муваффақ шудааст, ки яке аз ин дастовардҳои башарият варзиш мебошад, ки аз қадимулайём то ба имрӯз ба хотири солиму тавоно нигоҳ доштани инсон хидмат мекунад. Илман ба масъала назар афканем, ҳанӯз аз асри «Авасто» то хирадномаҳои аҳди Сосониён ва аз он то замони Рӯдакӣ ва аз он то Абдураҳмони Ҷомӣ ва аз он то замони мо тандурустии инсонро дар мадди аввал гузоштаанд. Ва дар ҳамон қарнҳои пешин байни халқамон ҳикмате арзи вуҷуд кард, ки баъд ҷаҳонро фаро гирифт: «Тани солимро рӯҳи солим». Дар ин замина, миллати тоҷик ба варзиш ҳамчун воситаи муҳими беҳдошти саломатӣ ва ташаккули ҷисмониву маънавии инсон ҳанӯз аз замонҳои қадим майлу рағбати зиёд дошт. Ба ибораи дигар, муносибати миллати тоҷик ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҷанбаи таърихиро доро аст: мардуми тоҷик аз азал ба варзиш муносибати хоса, хиради бузург - хиради варзишгаронаро доро буд. Аз замонҳои қадим аз давраи Куруши Кабир анъанае буд, ки ҷавонмардони ҳақиқӣ камаш аз се имтиҳони ҳаёт гузашта, баъд номи ҷавонмардиро соҳиб мешуданд. Имтиҳони аввал тандурустӣ ва паҳлавонӣ, имтиҳони дуюм ақлу дониши расо ва ниҳоят имтиҳони сеюм одобу фаросати ҳамида буд. Ҳарсеи ин имтиҳон дар ҳикмати «Рафтори нек, гуфтори нек ва пиндори нек» таҷассум меёфт. Худи ибораи «варзиш» нерумандию паҳлавонӣ, адабу ҷавонмардӣ ва рӯҳи солим аст. Бешубҳа, мо зери калимаи варзиш ҳамзамон варзишҳои суннатии миллии хеш, таровату нафосат ва салосату инкишофи соҳоти мухталифи онро эҳсос менамоем.
Дар ҳадиси пайғамбар омадааст, ки «Бештари мардум дар бораи ду неъмат мағбуданд: «Саломатӣ ва фароғат». Бешак, дар тамоми синну сол ин ду неъмат зарур аст. Набояд фаромӯш кард, ки ҳар як фарди солимақли ҷомеа бояд саломатии худро нигоҳ дорад, зеро саломатӣ барои инсон ва ҷомеа беҳтарин неъмат ба шумор меравад. Шахс тавоноии ҷисмониашро маҳз бо хирад пайваста, ҳамеша соҳиби обрӯву эҳтиром мегардад, ки албатта намунаи пайравист. Ин нуқта дар эҷодиёти гузаштагони бузурги мо ба такрор таъкид шудаааст. Ба ақидаи Зардушт, «Тани солиму ақли солим кори солимро анҷом медиҳад». Воқеан, ҳанӯз дар китоби муқаддаси динии ниёгонамон – зардуштиён «Авесто», ки яке аз аввалин таълифоти адабию ахлоқию фалсафию сиёсии башарият низ ҳисоб мегардад, нахустин ақидаҳои ориёнаҷдодон дар боби варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ акс ёфтааст.
Тавре ишора гашт, мутафаккирони бузурги гузаштаамон кашфиётҳои муҳиме дар баробари дигар илмҳо дар мавриди варзиш анҷом додаанд. Масалан, «Шоҳномаи Фирдавсӣ» саросар мавзуи паҳлавонию мардонагиро дар бар мегирад. Низоми тарбияи ҷисмонии Сино ҳамчун маводи таърихӣ ва методологии варзишие мебошад, ки то ҳол дар низоми умумии варзишӣ қиёс надорад.
Ҳамин тавр, сарчашмаҳои зиёди боэътимод гувоҳ аз онанд, ки ниёгонамон барои беҳдошти саломативу неруи ҷисмонӣ ҳамеша омода буданд. Ҳамин аст, ки дар сиёсати имрӯзаи ҷумҳуриамон масоили солимии миллат, инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш беш аз пеш мавқеъ пайдо намуда, барои пешрафту камолот ва равнақу инкишофи тарзи ҳаёти солим тадбирҳои зиёд анҷом гирифта истодаанд. Баъди ба даст овардани истиқлолият, дар кишвар муносибат ба варзиш ҳамчун мактаби бузурги тарбия ва воситаи муаррифии давлати соҳибистиқлол мазмуну моҳияти нав пайдо кард. Ба шарофати сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзиш дар Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи таркибӣ ва пураҳмияти арзишҳои фарҳангӣ гашта, рушду инкишоф додани он дар байни табақаҳои васеи омма яке аз омилҳои муҳими солимгардонии ҷомеа муқаррар гашт.
Воқеан, таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои муаззами миллат ба рушди варзиш ва оммавигардонии он миёни аҳолӣ заминаи воқеӣ дорад. Агар мо аз лиҳозӣ илмиву аз таҷриба ба ин масъала назар афканем, ҳамон вақт ҷомеа рушду инкишоф меёбад, ки аҳолиаш солим бошад. Пайваста ба варзиш машғул шудан истеъдоду салиқаи инсонро такмил медиҳад. Ҳамин аст, ки “Варзишро воситаи тавоноӣ, зебоӣ ва доноӣ” мегӯянд. Ҳамзамон ба ин, ба воситаи варзиш миллат қудратманду эътибору нуфузаш боз ҳам баланд мегардад, ғайр аз ин, муаррифгари миллат аст. Бубинед, ки аз ҳар як ғалабаи варзишгарон дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ давлат, сокинон то чи андоза рӯҳбаланду шод мегарданд.
Воқеан, барои мо – аҳли варзиш мояи ифтихормандист, ки варзиш бо арзишҳои олии худ дар давоми асрҳо дар ташаккули худшиносӣ, худогоҳӣ, ҳамбастагиву муттаҳидии халқу миллатҳо, дар мустаҳкам намудани сулҳ ва дӯстӣ хизмати босазое кардааст. Дар тамоми давру замонҳо варзиш қосиди сулҳ, омили муттаҳидсозии аҳолӣ ва заминаи боэътимоди ташаккули тафаккури солим буду боқӣ мемонад.
Имрӯз шуруъ аз маркази шаҳру ноҳияҳо то дуртарин деҳот садҳо майдонча, иншоотҳои хурду бузург, маҷмааҳои муосири варзишӣ бунёду мавриди истифода қарор гирифтаанд, ки шаҳрвандони касбу кори гуногун, бахусус, наврасону ҷавонон бо шароитҳои муосиртарин баҳри ба варзиш шуғл варзидан пайдо намуданд.
Нуктаи дигарро махсус мебояд зикр сохт: солиёни зиёд аст Сарвари маҳбуби давлат, ҳамзамон, роҳбарии ниҳоди муҳими варзиш – Кумитаи олимпиро ба зимма доранду, инчунин, бо дастуру ҳидояти Пешвои миллат роҳбарони бисёр вазорату раисони вилояту шаҳру ноҳияҳо сарварии федератсияҳои варзиширо ба зимма доранд. Чунин тарзи корбарӣ албатта барои рушди варзиш замина фароҳам меорад, аз ҷумла раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ чандин сол инҷониб, ҳамчун Раиси Федератсияи футболи кишвар баҳри рушди ин намуди маъмул дар кишварамон тадбирҳои зиёдро роҳандозӣ намудаанд. Ҳамагон шоҳид будем, бо ҳидояту роҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллат ва талошҳои раиси шаҳрамон муҳтарам Рустами Эмомалӣ 21 июли соли 2020 дар пойтахт Маҷмааи боҳашамати замонавии варзишӣ ба истифода дода шуд, ин минтақаи шаҳрро бешак метавон як шаҳраки варзишгарон ном бурд, балки имрӯз пойтахти азизамон ба як маркази бузурги варзишӣ мубаддал гаштааст.
Албатта, ин пешравиҳои соҳа аҳли варзиши кишвар, минҷумла омӯзгорону мураббиёни ДТҶТ ба номи С.Раҳимовро, ки ҳамчун манбаи омода намудани мутахассисони соҳаи варзишу варзишгарони касбӣ дар пешрафти соҳа рисолати муҳимро ба зимма дорад, рӯҳбаланду ҳамзамон, масъулияташонро бештар гардонидааст. Воқеан, донишкада, ки соле қабл 50 солагии худро истиқбол намуд, кохи пуршукӯҳи варзиш, парваришу омӯзиш ва такягоҳи асосии тарбия ва тайёр намудани мутахассисони варзиши касбӣ ва дорои дараҷаи таҳсилоти олии омӯзгорӣ барои мактабу маорифи тамоми Тоҷикистон ва берун аз он ба ҳисоб рафта, таърихи бою рангин ва наҷибу ибратбахши худро дорад. Тамаддуни варзиши тоҷик хеле қадимӣ бошад ҳам, бешубҳа ривоҷу равнақи илми варзиш бевосита ба номи ин донишкада вобаста аст. Дар ҳамин замина, дастоварду натиҷаҳои варзишии мамлакат, бахусус нишондиҳандаҳои донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов се чанд боло рафт гӯем, хато намешавад...
Умуман, навгониҳои соҳаи варзиш ва дастовардҳоямон дар кулли дигар бахшҳо албатта ҳар сокини ватандӯсту хештаншиносро болидаву рӯҳбаланд намудааст. Пас, мо бояд бо шукргузорӣ аз сулҳу суббот, ваҳдати бебозгашти миллӣ, сиёсати Сарвари маҳбуби давлат ҳар яке чун узви ҷомеа бо амалу рафтори шоиста, бо ҳамон фарҳанги волои тоҷикона дар ободии кишвар худро масъул донему ба ин васила, барои боз ҳам боло рафтани нуфузу эътибори Тоҷикистон, барои вусъати худшиносиву худогоҳии миллӣ боз ҳам бештар талош варзем. Ҳидояту нишондодаҳои Роҳбари давлатамонро дар тамоми самтҳо, аз ҷумла дар мавриди оммавияти варзиш ва дар ин замина, ҷалби аҳолӣ, бахусус насли ҷавон ба варзиш мавриди амали ҳаррӯзаамон қарор диҳем.

Шодӣ САФАРОВ, ректори ДТҶТ ба номи С.Раҳимов, доктори илмҳои педагогӣ, Корманди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: